«Наврӯзия»-и Тирмизӣ

Дар тӯли таърих бузургони илму адаби мо доир ба Наврӯзи оламафрӯз асарҳои хос офаридаанд, ки ин осор зери унвони умумии «Наврӯзнома»-ҳо ёд мешаванд. Аз миёни чунин асарҳо метавон аз «Наврӯзнома»-и Абуабдуллоҳи Тирмизӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Наврӯзия»-и Муҳаммадтақӣ ибни Муҳаммадризои Розӣ, «Наврӯзнома»-и Муҳаммадбоқир ибни Исмоили Исфаҳонӣ, «Наврӯзия»-и Разиуддин Муҳаммади Қазвинӣ, «Наврӯзнома»-и Абдулкарим ибни Муҳаммадҳодии Шаҳобӣ, «Рисолаи наврӯзия»-и Ѓиёсиддин Адиби Кошонӣ, «Аҳкоми Наврӯз»-и Муҳаммадшарифи Бухорӣ ибни Давлатмуҳаммади Бадахшонӣ ва ѓайра ном бурд.

Яке аз қадимтарин «Наврӯзнома»-ҳои то ба рӯзгори мо  расида «Наврӯзия»-и Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Алии Тирмизӣ мулаққаб ба Ҳаким (ҳудуди 820/830-907-912) мебошад. Муаллифи ин рисола аз ҳафтаҳои нуҷумии дар миёни ақвоми ҳинд ва эронитабор роиҷ сухан ба миён оварда, хусусиятҳои хоси рӯзҳои ҳафта: якшанбе=Хуршед, душанбе= Моҳ, сешанбе= Миррих, чаҳоршанбе= Аторӯд, панҷшанбе= Муштарӣ, ҷумъа= Зуҳра ва шанбе= Зуҳалро дар робита бо фарорасии Наврӯз дар он рӯз ба зевари табъ оростааст. Чунончи, агар Наврӯзи олам рӯзи якшанбе бошад, якшанбе Офтобро бувад. Далолат кунад, ки дар он сол фаррухӣ бошад ва ҳарбу мухолифат ва ҳаракати лашкарҳо миёни мардумон камтар бошад. Ва киштҳо ва полизҳо беравнақ шавад ва полизи карамро офат расад. Ва худованди полизро давлат расад ва киштҳо чунон набошад, ки намояд ва ҳарчи дар боѓҳо бувад, неку бувад. Ва ба охир нек бошад, аммо зуд бигзарад.

Ва агар Наврӯз душанбе бувад, мар Моҳрост. Дар он сол фарохӣ бувад ва боронҳо ва селҳо бисёр бувад ва барои дарахтон ва ҳоли султон неку бувад. Аммо аз атроф хасмон пайдо оянд ва мақҳур шаванд. Баҳориҳо миёна бувад ва киштҳо чун гандум чунон напояд, ки намояд ва полизҳоро офат нарасад ва гурӯҳе бо давлат бошанд. Ва сармои тирамоҳ бувад ва барф бисёр ояд ва гандум ширин шавад, валекин зуд бигзарад. Ва кори бозаргонон баста шавад ва марги кӯчакон ва беморӣ бувад ва кишт дар он сол бисёр карда  шавад.

Ва агар дар рӯзи сешанбе бошад, рӯзи сешанбе мар Миррихрост. Дар он сол фирохӣ ва ҳар чи аз замин рӯяд, неку бошад. Ва таом бувад ва мева бар дарахтон шавад. Ва чун рехтан ва заҳматҳо миёни мардумон бувад ва миёни худовандгор ва хоҷа ва ѓулом ва зану шавҳар ва падару фарзанд хусумат пайдо шавад ва бо якдигар адоват ангезанд. Ва боронҳо бевақт биборад ва ангур камтар бувад ва мева азиз шавад ва полези карамро офат расад ва киштҳо табоҳ шавад ва барнаояд магар дар охири сол ва далели хушкии сол бувад.

Ва агар чаҳоршанбе бувад, Аторӯдро бувад. Дар ин сол фитна ва ошӯб ва сахтиҳо ва хун рехтан ва қаҳту фасод дар миёни халқ пайдо ояд. Ва боронҳо ва селҳои бевақт ояд ва корҳои мулк ва мулук боравнақ бувад ва полиз неку бувад ва гандуму ҷав ва ангур боқимат шавад. Аммо бозаргонӣ бувад ва марги занону кӯдакон бисёр ва мору каждум ва монанди инҳо бисёр бувад. 

Ва агар панҷшанбе бувад, мар Муштарирост. Дар он сол фарохӣ ва неъмат бувад ва боронҳо неку бувад ва барф бисёр ояд. Ва ҳоли мулук ва салотин ба истиқомат бошад ва ҳоли хулафо ва вузаро ва қуззот бо равнақ бувад. Ва полизҳо андак ояд ва он чи ба атроф коранд, неку бошад ва сармо камтар бувад. 

Ва агар рӯзи ҷумъа бувад, мар Зуҳрарост. Дар он сол неъмат бисёр бувад ва гандуму ҷав арзон бувад ва полизҳо ва киштҳо некӯ ояд ва пунбаи бегоҳӣ неку бошад. Ва кори султон заиф ва фитнаҳо бисёр ва қатлҳо ошкор шавад. Ва мардумон бо якдигар хусумат кунанд аз заифии кори султон. Ва  сармо камтар бувад ва бемориҳо бувад. Аммо марг камтар бошад. Ва ѓалла нигоҳ бояд дошт ва садақа бояд дод.

Ва агар рӯзӣ шанбе бошад, мар Зуҳалрост. Дар он сол наҳс ва қаҳт бошад ва дар баъзе ҷонибҳо, хоса дар ҷониби Машриқ. Ва подшоҳон ва фосиқону бадкорон бисёр бошанд. Ва ҳоли киштҳо ва полизҳо ва пунбазорҳо чунон напояд, ки намояд. Ва сармоҳо ба охири сол бошад.

Таҳияи 

ҚАҲҲОРИ РАСУЛИЁН

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj