«Пашшақапак» ва «демократия»-и инсонкуш

Шабеҳиятро дар ҳама чизе метавон дарёфт. Дар ашё, дар кору амал, дар шаклу шева, дар симо, дар рафтору гуфтор, дар муносибату сиёсат… ва ин рӯйхатро метавон беинтиҳо идома дод. Барои нависандаи ин сатрҳо он демократия ва озодие, ки аз ҷониби соири кишварҳои ғарбӣ талқину ташвиқ, ё аниқтараш бар гардани дигарон бор мегардад, ҳамон коғази часпаки чинӣ («пашшақапак») мебошад, ки дар фасли гармо барои нобуд кардани пашшаҳо истифода  мешавад. Зеро ҳам ваъдаю ҳам коғаз олудаи  ширинии маҷозие мебошанд, ки баъди гирифторӣ аз будаву дошта халосат месозанд. Ҳарду ширинианд, бо оқибати талх. Шириниашон он сон ҷаззоб аст, ки даҳҳо пашша рӯйи коғазаке гирифторанду даҳҳои дигар ҳарчанд маргу гирифтории ҳамҷинсонашонро мебинанд, бехудона худро боз ҷониби он меафкананд. Даҳҳо кишвар дучори ҷангҳои дохилӣ гаштаанду садҳо ҳазор куштаву хонавайрон, вале барои дигарон ҳеҷ сабақ намегардад.  
Ҳосил аз демократияву озодии ба кишварҳои арабӣ, Украина, Ироқу Афғонистон интиқолёфта танҳо хушунат асту зӯроварӣ, тахрибкорию куштор бо шеваҳои даҳшатноктарину ғайриинсонӣ. Аз  баракати пешрафтҳои навтарини технологӣ, мо ҳамаи инро бо чашми хеш назора мекунем, танҳо хулосаи зарурӣ бароварда наметавонем.
Дигар барои касе пӯшида нест, ки  имрӯз раванди ҷаҳонишавӣ дар сайёра бо шаклу шеваҳои нав шиддат меёбад. Ва усули тозатаринаш интиқоли ҳамон «демократия» ва «озодӣ»-ест, ки намунаашро дар Либия, Миср, Яман, Украина ва ғайра дидем. Бо рангҳои  «сабз»-у «сурх»-у «норинҷӣ», «твитерӣ»-ю «фейсбукӣ» ва ғайра.  Дар ин росто, давлатдории муосири миллӣ, хештаншиносии миллатҳо ва рӯоварии онҳо ба асли хеш, барои қудратҳои манфиатдор монеаи асосӣ гаштаанд. Зарбаи аввалинро ба кишварҳое зада истодаанд, ки низоми давлатдории миллӣ доранд. Вазъиятро ба таври хостаҳои худ баҳо медиҳанду идора мекунанд. Масалан, дар Сурия садҳо ҳазор мулкии бегуноҳи аз чониби террористҳои «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида» кушташударо намебинанд. Онро  табиӣ мешуморанд. Сарбозони суриягиро, ки аз марзу бум ва амнияти мардуми хеш ҳимоя мекунанд, ҷинояткор эълон мекунанд. Сокинони Украинаро ба ду ҷиноҳи муқобил тақсим сохтанд. Зарари аз сӯхтору тахрибкории гурӯҳҳои мусаллаҳ расидаро ҳоло ҳеҷ кас ҳисоб накардааст. Тамомияти арзии кишварро аз байн бурданд.
Чаро мардум тақдири Либияро ин қадар зуд фаромӯш  карданд? Ҳар миллату қавме, ки мехоҳад худро аз бадбахтиҳо ҳифз кунад, онро бояд ҳамешагӣ дар хотир нигаҳ дорад. Ҳаводисе, ки дар ин кишвар рух доданд, нишонаи баландтарини беақлии инсонҳост. Агар дар тӯли таърих, шаҳону сарварони давлатҳоро барои азобу машаққати раият, зулм, гушнагию азобу уқубат мекуштанд, Қаззофиро барои он ваҳшиёна ба қатл расониданд, ки барои мардумаш истиқлолият овард, сераш карду  сатҳи зиндагии баландтаринро дар минтақаю сайёра барояш фароҳам сохт. Сокинони Либия то ҳол дарк накардаанд, ки бо дастони онҳо Ғарб аз Қаззофӣ интиқом гирифт. Зеро ғарбиҳо фаромӯш накарданд, ки чӣ гуна ҷавони 27 сола – капитан Муаммар Қаззофӣ дар соли 1969 дастнишондаашон Идриси 1-ро сарнагун кард ва худи онҳоро аз хоки кишвараш берун. Ӯ маҷбур кард, ки  моҳи апрели соли 1970 низомиёни англис аз пойгоҳи Тобрук, моҳи июн қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА аз пойгоҳи Уилус-Филд (наздикии Триполи) бароварда шаванд. 7 октябри ҳамон сол, 20 ҳазор итолёвии дар Либия истиқоматдошта аз хоки кишвар берун карда шуданд. Дар давоми солҳои 1969-1971 тамоми бонкҳои хориҷӣ, заминҳое, ки моликияти Италия ва Фаронса ҳисобида мешуданд, ширкатҳои коркарди нафт (корхонаҳои ширкати англисии «Бритиш петролеум», ширкати амрикоии «Банкер Хант» ва чандин ширкатҳои фаронсавӣ), инчунин 51 дар сади ширкатҳои нафтии дохилӣ моликияти миллӣ эълон гардиданд. Кишварҳои ғарбӣ мавқеи монополистонаи худро дар Либия аз даст доданд. Дасти онҳо аз фоидаи чашмрасу ғоратгаронае, ки аз нафти Либия ба даст меомад, бурида шуд. Талошҳои Қаззофӣ ба истиқлолияти ҳар чӣ бештари сиёсӣ ва иқтисодии Либия, муттаҳид намудани тамоми қавму кишварҳои арабӣ ва комилан муқобили манфиатҳои ИМА, Британияи Кабир ва Фаронса равона гардида буданд.  
Қаззофӣ тавонист Либияро ба кишваре табдил диҳад, ки сатҳи зиндагии мардум на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон аз беҳтаринҳо гардад. Обу газу барқ бепул. Хизматрасонии тиббии тамоми қишрҳои мардум ва таҳсил аз сатҳи поёнӣ то макотиби олӣ бепул. Даромади умумӣ ба ҳар сари аҳолӣ то 14 ҳазор доллар бардошта шуд. Нафақа дар кишвар 80 фоизи музди меҳнатро ташкил медод.   Либия ҳамчун кишвари сатҳи таваррумаш пасттарин – 3,1%  ба китоби рекордҳои Гиннес ворид карда шуд. Дар тамоми  кишварҳои Аврупо бо оғӯши боз пешвозаш мегирифтанд, худкомагиашро намедиданду сар  даровардан ба хаймаи таърихии Қаззофӣ  барояшон мояи ифтихор буд. Аз тӯҳфаҳои гаронқимматаш рӯ намегардониданд. Саркозию Берлускони ва садҳо сиёсатмадорони Ғарб ошкоро ӯро дӯсти худ мегуфтанд. Беш аз 50 миллион долларашро Саркозӣ дар маъракаи интихоботии худ сарф кард. Аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид ба ҷои 15 дақиқа, ду соат суханронӣ карду демократмаобони Ғарб, бидуни эътирозу тарки толор, хомӯшона, бо камоли майл ӯро гӯш карданд. Кӯшише баҳри буридани суханаш накарданд.
Тадриҷан зери таъсири ҳавою ҳаваси дастрасӣ ба нафти Либия ғарбиҳо Қаззофиро «худкома»-ю девона ва монанди инҳо хонданд. Алайҳаш таҳримҳо эълон карданду беш аз 50 миллиард доллари ИМА – маблағи Либияро дар бонкҳои аврупоӣ ба ҳабс гирифтанд.  Дар ин сарзамин  дастаҳои  эътирозиро созмон додаву мусаллаҳ гардониданд. Пуштибонии иттилоотии дастаҳои террористиро дар васоити ахбори оммавии ҷаҳон роҳандозӣ  карданд, дастгирии ҳавоии онҳоро бо нуфузе, ки дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ доранд, расмӣ  кунониданд ва болои Қаззофию кишвараш борони марговари бомбҳоро рехтанд. Лек, тавре мегӯянд: «ғолибонро суд намекунанд». Онҳо ба ҳадафи худ расиданд.
Ғарбиҳое, ки аз ҳимояти арзишҳои инсонӣ, волоияти қонун, адолати судӣ ва ғайра ҳамеша дама мезананд, дар мавриди пешгирӣ аз куштори ваҳшиёнаи Қаазофӣ сари мӯйе парво накарданд. Зеро барояшон Қаззофии мурда муфидтар буд. Чунки мурофиаи судии Қаззофии зинда метавонист тӯл кашаду судбардорӣ аз амалиёти навбатии «демократӣ»-ашон бо мушкилот рӯ ба рӯ гардад. Маҳз чунин шаклгирии тақдири Қаззофӣ  боиси шодии Обамаю Саркозӣ  ва иттиҳодчиёни  дигари онҳо гашт, табассуми рӯшод дар лаб аз пирӯзии демократия дар Либия изҳорот медоданд. Ҳанӯз тани ваҳшиёна беҷонкардаи Қаззофӣ хунук нашуда, ки киштиҳои аввалин бо нафти баландсифати либиёӣ  ба самти Аврупо лангар бардоштанд. Нафти ин кишварро ба даст гирифтанд. Масрафи ҳар дақиқаи парвози ҳавопаймоҳо, қиммати бомбҳои дар замини Либия партофта, силоҳу таҷҳизоти ба эътирозчиён дода ва маоши он низомиёни НАТО-ро, ки дар қазияи Либия шарик буданд,  тибқи хостаашон ҳисоб карданду миллиардҳои ҳабснамудаи Қаззофиро ҳамчун ҷуброн ситониданд, ин кишвар миллиардҳои дигар қарздор карда шуд.
Барои Либия дар ивази «демократия» ва «озодӣ»-и ваъдагӣ чӣ расид? Мустақилияти гумкарда, манифтҳои миллии аздастрафта, мухолифатҳои нави қабилавӣ, буҳрони шадиди иқтисодӣ-иҷтимоӣ,  ба нуқтаи доғи навбатии сайёра табдил ёфтани кишвар. Тадриҷан мардуми ин кишвар вопасин суханҳои Қаззофиро дарк карда истодаанд, ки «…оне барои кишвараш мубориза мебарад, қаҳрамон аст ва оне ки кишварашро мефурӯшад хоин…», аммо дер карданд.
Зиндагӣ борҳо исбот кардааст, ки ҳар фардеро дар алоҳидагӣ ва ҳар миллатеро дар маҷмуъ роҳи бо арзишҳо, урфу одатҳо, менталитету ҷаҳонбинии хоси миллӣ муайян гардидааст ва мақоли маъруфе низ ҳаст, ки «он чӣ барои мағрибӣ хушоянд бувад, барои машриқӣ баробар бо марг аст». Қазияи Либия, Миср, Яман, Ироқ, Афғонистон, Украина ва дигар кишварҳои доғ сабақи навбатӣ бояд  барои онҳое бошанд, ки озодию демократияи дурӯғину макролударо орзу мекунанд ва омодаанд, ки  барои манфиатҳои шахсию гурӯҳӣ тақдири миллату Ватанашонро ба дасти бегонагон супоранд. Муҳиддин Кабирӣ дар ин пайроҳаи шайтонӣ рафту тираш хок хӯрда, расвои худӣ гашту азизи ғайр. Ин ҳам сабақ нашуд. Шокирҷон Ҳакимов ва Файзиниссо Воҳидова акнун «намакхӯр»-у «кофе»-нӯшаки Ғарб гаштаанд ва аз боби «озодию демократия» бароямон фасонагӯӣ доранд. Барои онҳо ранги дилфиребу зебои «евро» хеле хушоянд аз сари бурида, аз хуни садҳо ва ҳазорҳо мардуми бегуноҳ кушташуда мебошад. Онҳо қабул карданӣ нестанд, ки ҳеҷ миллатеро ҷуз  фарзандони худаш дигар ғамхору ғамгусоре нест. Фарзандони ятиммондаро дар ин мамлакатҳо танҳо модари зори худашон, бо оби чашм, ба воя хоҳад расонд. Хонаи аз оташ валангоршудаи ин мардумро худашон бо сад дарду алам, ашки хунбор ва заҳмати душвор аз нав хоҳанд сохт. Тарроҳони ин фоҷиаҳои мардумӣ аз дуриҳои дур ин бадбахтиро назора доранд ва меболанд, ки нақшаи навбатии худро амалӣ карданд, ба ҳоли ин мардум механданду бо «пирӯзӣ»-и навбатӣ якдигарро табрик мегӯянд.
Танҳо кӯр ҳамаи инро намебинаду ташнаи ҳокимият.
Назари Олимпур
Бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж» №8 (481) аз 17.02.2016с.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj