«Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре…»

В-он ки ҷуръат намояд андар кор,

Хештанро бузурвор кунад.

(Аз «Футувватномаи султонӣ»-и Воизи Кошифӣ)

Мутафаккири бузурге бо исми Уорхолл ҷое менависад: «Мегўянд, ки замона ҳамаро тағйир медиҳад. Чун бо чашми хирад бингарем, ин кори замона нест, кори одамон аст». Воқеан, дуруст аст, ки чархаи таърихро одамон ва ҷомеаи инсонӣ гардон мекунанд. Аммо суду зиёни бештари ин дигаргунсозиҳои замона ва таҳаввулот ба масъулияти онҳоест, ки ҷомеаҳоро идора мекунанд. Аз таърих даста-даста мисолҳо овардан мумкин аст, ки чи гуна давлатмардон бо ибтикороти наҷиби хеш роҳи мақсуди башариятро ҳамвор кардаанд: Куруш ва Анўшервон ё Хусрави Парвиз дар Шарқ, Перикл дар аҳди бостон, Генрихи 4 дар Аврупо ва даҳҳо дигару дигар… Ҳамагӣ дар китоби шарафу бешарафиҳои таърих сабт ҳастанд. Замонаҳо дигар мешаванд, аммо ибтикорот мемонад, гуфторҳо ва кирдорҳои наку мемонад ва онҳоро бо номҳое аз бузургон мансуб медонанд. 

Дар тўли се даҳсолаи ахир олам шоҳиди ҳазорон ҳодисаҳо шуд. Дар паҳнои кишвари як замон номвари шўравӣ давлатҳои зиёде бо дидгоҳҳои мафкуравии хосса ва равишҳои мустақили иқтисодашон зуҳур карданд. Тоҷикистон низ дар радифи аксар кишварҳои ин паҳно роҳи демократии рушдро интихоб намуд. Дар ин роҳи душвор монеаҳои зиёдеро пушти сар кард ва кунун аз нигоҳи амну субот ва тараққиёти муназзам ба як давлати осудаву дар ҳоли рушд шинохта шудааст. Сиёсати дарҳои боз, иқтисоди либералӣ ва муомилот бо назардошти манофеи миллӣ ҷойгоҳи ин мамлакатро дар радифи кишварҳое таъйин кардааст, ки ба оянда назари нек доранд. Бешак, бо чунин сиёсат ва барномарезиҳо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистон ояндаи муътадил хоҳад дошт. 

Яке аз масоили муҳим дар вазъи кунунӣ баланд бардоштани имиҷи Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалист. Дар ин масъала Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати зиёде ба харҷ дод, то номи кишвар ҳамчун кишвари ташаббускор вирди забонҳо гардад. Нахустин иқдоми Сарвари давлати Тоҷикистон, дар даврае, ки ҳанўз гирудори дохилӣ хотима наёфта буд, масъалаи ба рифоҳ овардани Афғонистон буд. Сарвари Тоҷикистон аз минбари баланди СММ таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба манбаи хатари бенизомиҳо дар минтақа равона кард. Баъд аз ин, пайиҳам чандин ташаббусҳо ва пешниҳодоти нав ва афкори бисёр муҳим дар масоили амнияти минтақа ва ҷаҳон, иқтисодиёт ва бартарафсозии монеаҳои рушди кишварҳои рў ба тараққӣ дар чандин нишастҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби Тоҷикистон садо доданд. Як худи анҷом додани силсилаи чорабиниҳо барои вуруди кишвар ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар як муҳлати маҳдуд барҷастатарин иқдомест, ки ба номи Сарвари давлати Тоҷикистон марбут аст. 

Ибтидои солҳои 2000-ум ташаббусҳои Тоҷикистон ба масоили об ва танзими захираҳои об робита гирифтанд. Ташаббусҳои пешини Сарвари Тоҷикистон дар ин масъалаи ниҳоят муҳим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Инак, дар рўзи Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат 22-юми декабри соли 2016 Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин муждаро расониданд, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаро роҷеъ ба ташаббуси навбатии Тоҷикистон – эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, барои солҳои 2018-2028» қабул намудааст ва ин хабари нек мардуми Тоҷикистонро ба  ваҷд овард. Исми Тоҷикистон бори дигар вирди забонҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ шуд. 

Воқеан, дар сатҳи СММ, ки алҳол бузургтарин созмони ҷаҳонист, қабул шудани ташаббуси навбатии Сарвари давлати Тоҷикистон оид ба идоракунии захираҳои об дар миқёси байналмилалӣ рўйдоди дорои аҳамияти сайёравист. Ин иқдом гувоҳӣ медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари рў ба тараққӣ ва амну субот дар баробари ҳалли масоили сиёсати дохилии кишвар ва минтақа, инчунин, дар миқёси олам низ ба ҳалли мушкилоти мардумони аксар мамолики дунё дар масъалаи дастрасӣ ба захираҳои об бо назардошти алоқамандии захираҳои об, озуқаворӣ, энергетика ва муҳити зист дар партави ҳадафҳои рушди устувор расидагӣ мекунад. Аз ҷониби 177 давлати ҷаҳон истиқбол ёфтани ташаббуси Тоҷикистон шаҳодати дар арсаи ҷаҳонӣ нуфузи баланд доштани Тоҷикистон мебошад. 

Ин иқдом аз як тараф, агар махсусияти экологию иқтисодӣ дошта бошад ҳам, аз ҷониби дигар–даъвоҳои беасос ва подарҳавои он мубаллиғонеро ба нестӣ мебарад, ки тибқи иддаои онҳо гўё кишварҳои хурд имкони иштирок ва мусоидати фаъол дар ҳалли мушкилоти глобалиро надоранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати сулҳхоҳ ва ниҳоят масъул дар баррасии масоили амният ва ҳамкориҳо дар минтақа, инчунин, кишвари мудом дар ҷустуҷўи роҳҳои ҳалли ҳамгироии мамлакатҳо дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони шартномаи амнияти коллективӣ ва чандин сохторҳои дигар ибтикороте аз худ зоҳир мекунад, ки онҳо якдилона пазируфта мешаванд ва дар ҳаёт татбиқ мегарданд. 

Пешвои миллат қабл аз ин бори аввал оид ба ин ташаббус дар Форуми 7-уми ҷаҳонии об, ки моҳи апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея доир гардида буд, иттилоъ дода, таъкид намуда буданд, ки «таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйирёбии иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кўдак ҳанўз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд». 

Дар зимни гузориши ин масъалаҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки баъди анҷоми ташаббуси пешинаи Тоҷикистон дар мавриди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт - 2005-2015» ҷониби Тоҷикистон Лоиҳаи нави Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор»-ро омода намудааст, ки ин тадбир на танҳо корҳои бозмондаи даҳсолаи пешинро ба итмом мерасонад, балки ба ҳамоҳангӣ ва пешбурди тамоми кўшишҳо барои ҳалли масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба манбаъҳои обӣ мусоидат менамояд. 

Қаблан низ мо шоҳиди он будем, ки маҳз бо ибтикори Пешвои миллат соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкории об, инчунин, Соли байналмилалии беҳдошт аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷонибдорӣ ва дар амал татбиқ гардида буд. 

Корҳои анҷомдодаи Тоҷикистон дар заминаи ин ташаббусҳо афзуншуморанд ва ҳар яки онҳо тавассути масъулияти баланди давлатмардони Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шудаанд. Дар ин давра ду чорабинии хеле пурмасъулияти ҷаҳонӣ дар кишвари мо амалӣ гардиданд, ки яке аз онҳо - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об (августи соли 2013) ва дуюмӣ - Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» моҳи июни соли 2015 ба шумор мераванд. 

 Воқеан, чун амиқтар назар афканем, мушкилоти аз ҳама шадиде, ки дар ҳоли ҳозир ҷомеаи ҷаҳониро нигарон намудааст, норасоии об ва дар баъзе манотиқи ҷаҳон умуман ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоштани мардум мебошад. Тоҷикистон яке аз кишварҳои дорои захираҳои фаровони обӣ буда, аз ин ҷиҳат саҳмаш дар таҳким ва танзими захираҳои обӣ низ назаррас аст.

Суоле дар зеҳн ҷо мегирад, ки оё бо эҳсоси камбуди об ва то кунун ҳал нагардидани масъалаи танзими захираҳои обӣ магар роҳбаре аз миёни дигар мамолики пешрафта набуд, ки ин масъалаҳоро бардорад ва таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба онҳо равона намояд? Бо таассуф метавон гуфт, ки ҳоло дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба масоили экологиву ҳамгироии иқтисодӣ масъалаҳое мавриди баррасии абарқудратҳо қарор мегиранд, ки ба манфиатҳои миллии онҳо ва сиёсати геополитикиашон созгор ҳастанд. Аз ин нуқтаи назар ва ба қавле дигар, давлатҳои пешрафта он масъалаҳоеро мехоҳанд баррасӣ намоянд, ки нафъи кунунии онҳо ва устувор шудани мавқеи онҳоро дар шароити имрўза мадди назар доранд. 

Аз ин мавқеъ, ибтикороти Тоҷикистон ва роҳбари дурандеши он хусусият ва аҳамияти гуманистонаи умумибашарӣ доранд. Ин хислати инсондўстонаи Сарвари давлат, албатта, аз фарҳанги волои аҷдодӣ, аз маданияти инсонпарваронаи бузургони адабиёту дин ва маънавиёти оламшумули тоҷикон сарчашма мегирад. Шеъри машҳури Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ ишора ба ин мекунад:

Бани Одам аъзои як пайкаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рўзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ…

Ҳамин ҷиҳати инсондўстӣ ва ҷаҳонпарварии Пешвои миллат аст, ки ў дар ҷаҳони имрўза ҳамчун шахсияти дар хизонаи афкори хеш фарогири мушкилоти халқҳои дигар ва ташаббускори ҳалли бисёр муаммоҳои зиндагии башарӣ шинохта шудааст ва эҳтироми самимона миёни роҳбарони дигар давлатҳои ҷаҳон пайдо кардааст. Дар баробари хўрдани ғами миллат ва давлати хеш, ба вазъи мушкили мардумони олам низ таваҷҷуҳи вижа дорад. Ҳамон гунае, ки устод Мирзо Турсунзода мегуфт: «Шодам, аммо мехўрам ғамҳои халқи дигаре…».

Зеро ҳамчун роҳбари рў ба сарнавишти минбаъдаи олам медонад, ки ҷаҳони имрўза арсаи ҳамкориву ҳамгироист ва ҳеҷ кишваре дар алоҳидагӣ наметавонад тараққиёти хуб ва амнияти бардавом дошта бошад. Аз ин рў, мушкилотеро, ки дар оянда эҳтимол аст домангири Осиёи Марказӣ ва умуман ҷаҳони муосир гарданд, пешбинӣ намуда, барояшон роҳи ҳалли муносиб ба миён мегузорад. 

Ҳамин аст, ки роҳбарони аксар кишварҳои  дунё аз ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон пуштибонӣ мекунанд. Дар ин маврид овардани суханони  муовини Дабири кулли СММ Ша Цу Кан дар соли 2010, дар маҷлиси умумии сатҳи олии Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бахшида ба масъалаҳои ҳадафҳои рушди ҳазорсола хеле мувофиқ хоҳад буд. Ин роҳбари олирутба дар он ҷаласа изҳор намуда  буд, ки: «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чемпиони ҷаҳон дар ҳалли масоили глобалии вобаста ба об мебошад». 

Бояд дар ин замина қайд намуд, ки ташаббусҳои Сарвари давлати Тоҷикистон хеле фарогиру доманадор ва пураҳамият дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон мебошад. Масалан, Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми 3-юми ҷаҳонӣ доир ба иқлим соли 2009 дар Женева, сипас ҳамон сол дар Конфронси 15-уми СММ оид ба тағйироти иқлим дар Дания пешниҳод намуданд, ки Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шавад. Дар ҳудуди Тоҷикистон нобуд шудани 1000 пирях дар давоми 30 соли охир далели он аст, ки минтақаи Осиёи Марказиро дар даҳсолаҳои оянда мушкилоти экологии шадиде домангир хоҳад шуд. Ин дар ҳолест, ки минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҳоло ба камбуди оби ошомиданӣ дучор аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти вазъи кунунии таъмини минтақа бо об ақидаи интиқоли обро аз кўли Сарез ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб пешниҳод намуданд. Зеро Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои обӣ дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъди Русия дар ҷои дуюм ва дар ҷаҳон баъди Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои ҳаштум меистад, ки ин барои Тоҷикистон захираи бисёр бузург аст. 

Ин ва дигар пешниҳодоти Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва манфиатҳои ҳама кишварҳоро дар бар мегиранд, яъне барои ободии умум ва беҳбуди ҳама халқҳо ва кишварҳо нигаронида шудаанд. Рафтору гуфтор ва андешаҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ва дигар пешниҳодот сари вақт ва хеле одилона ҳал кардани проблемаҳоест, ки солҳои сол дар даврони шўравӣ ҳал намешуданд ва касеро ҷиддан парвои ин масъала ҳам набуд, ҳарчанд кўшишҳо дар сатҳи давлатҳои алоҳида, на дар сарҷамъӣ зоҳир мегардиданд.

Дар маънавиёту ахлоқ ва фарҳанги мо таваҷҷуҳ ба об дар гунаи ташнаеро об додан, заминеро шодоб гардонидан, биёбонеро ба гулистон табдил додан, хулоса, обу ободӣ ва некиву накукорӣ дар заминаи тараққиёт ва дастгирии ҳамдигарӣ аҳамияти бузурги ахлоқиву тарбиявӣ дорад. Ҳамчунин, дар радифи хоку оташу бод - об чаҳорумин унсури муқаддаси ҳастии кайҳонист. Барои ҳамин ҳам, тозаву пок нигоҳ доштани ин муъҷизаи ҳастӣ ва бохирадонаву сарфакорона истифода намудани он аз ҳар як инсони бошараф ҳам аз нигоҳи маънавӣ ва ҳам аз мавқеи қавонини давлати дунявӣ тақозо мешавад. 

ҲАФИЗ РАҲМОН

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj