Кошифи рӯзгори бонувони тоҷик

Вақте ба таърихи таъсиси факултети таърих менигарем, пеш аз ҳама, симои муаррихи нуктасанҷ ва олими шинохта Мансур Бобохонов– аввалин декан, сарвари он пеши назар меояд. ӯ марди хеле ҳам ситорагарм, ҳалим, нармгуфтору ботавозӯъ ва ботамкине буд. Мо, шогирдон аз рӯзи аввали донишҷӯӣ эшонро ҳамин хел шинохтем. Мансурхон Бобохонов дар ҳамон рӯз моро бо як самимияти хоссе  бо устодони факултет шинос кард. Дар байни онҳо олимони маъруфу муаррихони номӣ ба мисли М.Р. Шукуров, Ҳ. Назаров, А.Т. Слонимский, Ҷ. Усмонов, А. Ҷалилов, Ш. Ҷалилов, Ю. Шибаева, Т. Луқмонов ва дигарон буданд.  Миёни устодону муаллимони факултет ситораи  ҷавонзани 26-28-солае ба назари мо – шогирдон басо гарм расид. Вай қомати расо дошту либоси миллӣ ба пайкари нозукаш  шинам афтода буд. Дар он солҳо муаллимони донишгоҳ аз ҳисоби бонувони маҳаллӣ ангӯштшумор буданд. Баъдан бароямон бармало гашт, ки ин бонуи ситорагарм Роҳат Набиева– муаллимаи факултаамон будааст.      

 Дар курси дуюм муаллима Роҳат Набиева ба мо аз фанни таърихи халқи тоҷик дарс дод. Дарсҳои муаллима аз нигоҳи муҳтавою мантиқ хеле баланд, лаҳни гирою зебояш шогирдонро мафтун мекард. Муаллима, гарчанде бо ҷузвдони лексия меомад, боре надидем, ки чашм ба коғаз бурда бошад. Мавзӯъро  фаҳмо ва бо оромии ба худаш хос баён мекард. Дар ибтидои дарс, муаллима ба донишҷӯён, ҳатман, якчанд саволро матраҳ менамуд, то таваҷҷуҳи шогирдон ба мавзӯъ бештар бошад. Ин хоси омӯзгорони пажӯҳишгар, равоншинос, кошифи истеъдодҳо аз миёни шогирдон аст. Мо он вақт ба ин масоил он қадар сарфаҳм намерафтем, лекин ба суолҳои матраҳкардаи устодамон то ҷое посух мегуфтем.  Моро хотираи қавии муаллима дар ҳайрат гузошта буд. Маъхазҳо, воқеаҳо, солҳо, номҳо, маҳалҳои ҷуғрофиро аз ёд мегуфт, гӯё ки худ он айём зиста ва воқеаҳоро бо чашмони худ дида, боре нашунидем, ки ӯ ҳарферо ба такрор гуфта бошад. Як сифати волои муаррих ҳам ҳамин аст. Аксари мо кӯшиш мекардем, ки шабеҳи омӯзгори донишмандамон бошем.

 Ман дар курси аввал дар пайравӣ ба ин бонуи донишманд қадам  бардоштам. Азбаски як сол дар рӯзномаи ноҳиявӣ кор карда будам, бароям навиштани ягон гузориши таърихӣ он қадар душворӣ надошт. Роҳат Набиева дар вуҷуди мани донишҷӯ ҷавҳареро кашф кард ва бо фарорасии хатм бандаро  чун мутахассиси   ҷавон   дар кафедраи машҳури ҳамонвақтаи «Таърих СССР»  ба ҳайси муаллим тавсия дод. Бахт ба рӯйи ман хандид, бо кумаку дастгирии Роҳат Набиева рисолаи номзадии хешро дар Университети давлатии Москв ба номи М.В. Ломоносов ҳимоя кардам. Инак, қариб панҷоҳ сол боз дар паҳлуи муаллимаи азиз ва устоди меҳрубону сахтгирам дар Донишгоҳи миллӣ ба фаъолияти илмӣ- омӯзгорӣ машғул ҳастам.

 Агар ба ҷаҳони дирӯзу имрӯз назар андозем, аз ҳисоби занон муаррихон қариб, ки ба назар намерасанд, гарчанде аз ҳисоби онҳо олимон дар соҳаҳои дигари илм– риёзӣ, физика, биология ва кимиё хеле бештаранд. Хушбахтона, доктори илмҳои таърих, профессор Роҳат Набиев дар сархати муаррихони ҷаҳони муосир аз ҳисоби занон қарор дорад. Муаллима дар  мактаби бузурги академик   Зариф Шарифович Раҷабов тарбият дида, яке аз идомадиҳандагони кору пайкори ин абармард,   ки номаш дар таърих мондагор аст, маҳсуб меёбад. Академик Зариф Шарифович соҳибмактаб буд ва анъанаи соҳибмактабии ин устоди бузургворро имрӯз муаллимаи мо Роҳат Набиева идома медиҳад. 

Муаллима Роҳат Набиева зодаи шаҳри бостонии  Хуҷанд буда, дар вилояти Хатлон бузург шуда, дар шаҳри Душанбе ҳамчун олими маъруфи соҳаи таърих ба камол расидааст. Бо маслиҳату машварати устодаш академик З.Ш.Раҷабов ба мавзӯи хеле аҷиб–тадқиқи таърихи ташаккулёбии бонувони тоҷик ҳамчун парчамбардорони таҳаввулоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ машғул шуда, вобаста ба мавзӯи мазкур рисолаи номзадӣ ва докторӣ   ҳимоя мекунад. Дар он замон унвони профессори илми таърих то андозае мазмуни идеалогӣ дошт, ки ин дар мадди назари таърихчиён қарор гирифта буд   ва ин унвони баландро, ҳатман, ба инобат мегирифтанд. Роҳат Набиева дар илм аз пайи шуҳрат наомада буд, саъй дошт, то  дар илм саҳми кучаке дошта бошад. Мақолаҳои пажӯҳишии эшон ба масъалаҳои ширкати занони тоҷик дар ташаккули ҷомеаи ҳамонвақта, бахусус фаъолиятҳои сиёсии онҳо бо назардошти марҳилаҳои таърихӣ   бештар рӯи чопро диданд. Таҳлили воқеӣ ва ҳамаҷонибаи нақши занони тоҷикро дар истеҳсолот: саноату сохтмон,  кишоварзӣ ва дигар соҳаҳо танҳо муаррихи донишманду воқеъбин карда метавонист. Дар он замон занони тоҷик дар бунёди ҷомеаи навин, оғоз аз солҳои бисту сии қарни гузашта саҳмгузор буданд. Дар тӯли ду-се даҳа зан-модари тоҷик аз  мушкилоти иҷтимоӣ, бахусус идеологӣ тамоман берун омада наметавонист, ба ин нигоҳ накарда,  ихтисосҳоеро  ба мисли пизишк, муаллим, муҳандис ва ғайра, ки  ба ҷомеа зарур буданд, соҳиб шуда, дар ҷомеа аз худ ба ҳайси як неруи бузурги иҷтимоӣ дарак доданд. Ин таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоиро   муаллима Роҳат Набиева кӯшиш мекард аз нуқтаи назари методология ва таърихнигорӣ ба ҳайси муаррих воқеъбинона ба қалам бидиҳад. 

     Инъикоси саҳми занони тоҷик дар ширкату пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар навиштаҳои Р. Набиева ҷойгоҳи махсусе дорад. Аз ҷумла, таваҷҷуҳи бонуи муаррих ба корнамоиҳои лётчикдухтари тоҷик Ойгул Муҳаммадҷонова, ки дар майдони ҷанг тайёраи ҷангии зарбазанаро идора мекард,  бештар мегардад. Асари калонҳаҷми Р.Набиева бо номи «Бонувони Тоҷикистон» (Душанбе, Ироқ, с. 1988) маводҳоеро дар бар мегирад, ки аксари онҳо ба зиндагиномаи    бонувони тоҷик бахшида шудаанд, ки ин китоб аз нигоҳи илмӣ бунёдӣ ва мондагор аст.    

  Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон    фаъолияти илмӣ-эҷодии Р. Набиева доманадор гашт ва мазмуну   мундариҷаи нав пайдо кард. Диди муаррихи нуктасанҷ, профессор Р. Набиева ба саҳми бонувони тоҷик дар ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштироки онҳо дар таҳаввулоти ҷомеа ба хотири таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нигаронида шуд. Соли 1999 ба Р.Набиева муяссар гашт, ки асари таҳқиқотии хешро бо номи «Саҳми занон дар ҷамъият» (Душанбе, ДМТ, 1999) ба чоп расонад. Дар ин асар муаллима кӯшиш намудаанд, ки бештар нақши занонро ҳамчун парчамбардорони рӯзгори навин дар замони соҳибистиқлолии воқеӣ нишон диҳанд.  

  Бояд тазаккур дод, ки фаъолияти Роҳат Набиева ҳамчун бонуи донишманд хеле доманадор аст. ӯ дар баробари кори пурзаҳмати омӯзгорӣ, навиштани  осори илмӣ, китобҳои дарсию дастурҳои методӣ ҳамчун роҳбари дилсӯзу мушфиқи ҳамагон шинохта шудааст.  Зиёда аз сиюпанҷ сол роҳбарии кафедраи таърихи халқи тоҷикро ба уҳда дошт.   Бо саъю талоши   муаллима кафедраи мазкур ба як маркази муҳимми илмӣ-методии  омӯзиши таърихи халқи тоҷик   табдил ёфт. Натиҷаи кору заҳмати шоёни профессор Р.Набиева аст, ки мактаби муаррихии вай аз худ дарак дод ва ҳоло  дар кафедараи мазкур олимони маъруфи соҳаи таърих   ба фаъолияти илмӣ- таълимӣ машғуланд. Ҳамаи профессорон, дотсентон шогирд ва дастпарвари худи  профессор Р.Набиева   мебошанд. Солҳои 1983-1987 роҳбарии факултаи таърих ба дӯши Роҳат Набиева афтод. Он замон баъзе мушкилиҳо сар зада буданд, ки роҳбарияти Донишгоҳ барои ислоҳи камбудиҳо ба ин зани ташкилотчӣ бовар доштанд. Ҳамчун декани факултет, дар тӯли беш аз чаҳор сол фаъолияти мураттабу бонизоми онро    таъмин   карда тавонист. 

 Прфессор Роҳат Набиева   пажӯшгар ва муҳаққиқи сермаҳсул буда, ба таърихи миллати куҳанамон, давраҳои пуртаҳлукаю тақдирсози он таваҷҷуҳи хосса доранд. Диққатро ба он равона сохт, ки насли имрӯза, ки ояндаи кишвар ба дӯши онҳост, бояд таърихи Ватанро хубтару беҳтар бидонанд. Печидагиҳои сиёсии чоряк аср қабл бо кадом сабабҳо рух доданд ва он ҳаводиси домангири миллат аз рушди устувору  тараққиёт, ба арсаи сиёсати калон омадану ворид гардидани фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон бояд дар оинаи таърих сабт гардад. Хушбахтона, дар замони соҳибистиқлолӣ китобҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон    «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Аз Ориёи то Сомониён» ва «Истиқлолияти миллат ва эҳёи Тоҷикистон» ба майдон омад, ки ин  асарҳо, бахусус каҷравию афкори нодурустеро, ки нисбати миллати мо аз нигоҳи ғаразу нотавонбинӣ  дар илми таърих   вуҷуд доштанд, собиту ислоҳ ва фош сохт. Профессор   Роҳат Набиева дар пайравӣ ба Пешвои миллат ба таълифи таърихи тоҷикон ва барномаҳои таълимии он аз дидгоҳи тамоман   нав шурӯъ кард ва дар ин ҷода муваффақ низ шуд. Пай дар ҳам чоп шудани китобҳои дарсии муаллима аз ҷумла «Таърихи халқи тоҷик» (Дастури таълимӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ, Душанбе 2001, «Таърихи халқи тоҷик»    (барои синфи 11), Душанбе, 2006, «Таърихи Ватан», Душанбе, 2007, «Тоҷикистон дар асри XX ва авали асри XXI», Душанбе, 2008 намунае аз маҳсули эҷодии ин профессори соҳибмактаб мебошад.  

      Яке аз пахлуҳои фаъолияти профессор Роҳат Набиева ҳамчун педагоги нуктсанҷ тайёр кардани кадрҳои илмӣ –муаррихони унвондор   мебошад. Беш   аз  30 сол мешавад, ки раисии Шӯрои диссертатсионии Донишгоҳи миллӣ доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ заҳмат мекашад. Дар ин муддат бо кумаку дастгирӣ ва роҳбарии профессор Роҳат Набиева даҳҳо   нафар   дараҷаи илмии номзад ва доктори фанҳои таърихро дифоъ кардаанд.  Шӯрои диссертатсионии профессор Р.Набиева   дар назди ВАК- и Фидератсияи Русия эътибору обрӯ ва нуфузи калон дорад.

Хизматҳои профессор Р. Набиева ҳамчун  узви ҳақиқии Академияи байналхалқии донишгоҳҳои олӣ бо унвонҳои ифтихории «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон», Ифтихорномаи раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин мукофоту ҷоизаҳои ҳукуматӣ қадрдонӣ карда шудааст.  

 Оилаи муаллима Роҳат Набиева ҳама олимонанд. Шавҳараш Ф.Зикриёев-доктори илмҳои таърих, солҳои зиёдест, ки бо ҳамсари меҳрубонаш ҳамкор мебошад. Духтари эшон– Малика Зикриёева, дар пайравии модару падар гом бардошт. Малика таҳти роҳбарии волидони бузургвораш қуллаи баланди илмро фатҳ карда, ҳамчун доктори илми таърих унвони профессорро ноил шудааст. М. Зикриёева дар факултаи таърихи Донишгоҳи миллӣ ба донишҷӯён дарс мегӯяд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оилае, ки дар он се доктори илм барои шукуфоии Ватан заҳмат мекашанд, маҳз оилаи профессорон Роҳат Набиева ва Файзӣ Зикриёев маҳсуб меёбад.

Муаллимаи азизи мо дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон шогирдони зиёде дорад, ки онҳо дар солҳои гуногун факултети таърихро хатм намудаанд. Ҳамаи онҳо устоди азизу дилсӯз, профессор Роҳат Набиеваро ба 80-умин баҳори умрашон табрику муборакбод карда, ба вай саломатӣ ва умри дарозро таманно доранд.  

    

 Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов,

дотсенти ДМТ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj