Абдуманон Сатторов - шахси хирадманд ва олими шинохта

Профессор Абдуманон Сатторов яке аз шахсиятҳои наҷибе ме-бошанд, ки дорои сифатҳои хуби инсонианд. Меҳнатдўстӣ, дуран-дешӣ, хирадмандӣ, ҳалимию меҳрубонӣ, хайрхоҳӣ, серталабӣ, сахтгирӣ нисбат ба худ ва шогирдон, хоксорию зиндадилӣ бархе аз хислатҳои наҷиби устод мебошанд. Доимо ўро бо чеҳраи кушода ва лабони пуртабассум мебинем. Сўҳбат бо он кас ҳамеша гуворост ва шахс аз он як ҷаҳон баҳра мегирад.

А. Сатторов дар таърихи 01.04.1946 дар деҳаи Сурхакчашмаи ноҳияи Ҳисор чашм ба олами ҳастӣ кушода, соли 1962, пас аз хатми мактаби деҳа, ба шуъбаи риёзиёти умумии факултети физикаю математикаи ДДТ ба номи В. И Ленин дохил ва онро бо дипломи аъло ба итмом       расонидааст.

Соли 1967 А. Сатторов ба аспирантури Донишгоҳи давлатии Моcква дохил шуда, таҳти роҳбарии академик В.А. Илин ба кори илмӣ оѓоз менамояд. Вале моҳи декабри 1967 ба сафи армияи советӣ даъват мешавад ва соли 1968 баъд аз адои хизмат дар Ҷумҳурии Чехословакия ба ватан баргашта, ба ҳайси муаллими кафедраи назарияи функсияҳо ва таҳлили математикии ДДТ ба номи В.И.Ленин ба фаъолияти омўзгорӣ шурўъ менамояд. Солҳои 1971-1973 таҳсилро боз дар аспирантура давом дода, соли 1980 таҳти роҳбарии олими барҷастаи тоҷик, академик Н. Раҷабов рисолаи номзадиро дар мавзўи «Тадќиќи масъалаҳои асосии канории муодилаҳои дифференсиалӣ бо хати сингулярӣ» ҳимоя намуд.

Солҳои 1987-1990 таҳсилро дар докторантураи Донишгоҳи давлатии Ленинград ба номи А.А. Жданов идома дода, соли 1990 таҳти роҳбарии профессор М.М. Смирнов рисолаи докториро бомуваффаќият дифоъ намуд. 

Соли 1992 сазовори унвони профессор ва соли 1995 узви вобастаи академияи байналхалќии илмҳои мактабҳои олӣ интихоб гардидааст. 

Ў аз соли 1991 то ин дам вазифаҳои пурмасъулро дар уҳда дошт: ҷонишини аввали проректор оид ба корҳои илмии ДМТ (1991-1996), проректори илм ва робитаҳои берунаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (1996-2002), мудири шуъбаи «Муодилаҳои дифференсиалӣ ва татбиќи амалии онҳо»-и ИИТ ДМТ (2005-2010). 

Ҳоло ў ба ҳайси профессори кафедраи математикаи олии ДМТ фаъолият дорад ва ба таълими илми математика ва тарбияи шогир-дон машѓул аст.

Дар тўли 49 соли фаъолияти илмӣ ва омўзгории худ профессор А. Сатторов зиёда аз 130 асари илмӣ ва таълимию методӣ ба табъ расонидааст. Аз ҷумла, ў муаллифи 5-то китоби дарсӣ барои до-нишҷўёни мактабҳои олӣ аст.

Ќобили ќайд аст, ки тадќиќотҳои илмии профессор А. Сатторов диќќати аҳли илмро ба худ ҷалб кардааст ва соли 2000-ум ўро ба китоби 500 олимони пазируфтаи ҷаҳон дар ИМА дохил намудаанд. 

Хизматҳои пурсамари А. Сатторов дар ҷодаи омўзгорӣ, илмӣ ва ҷамъиятиаш борҳо ќадр шудаанд. Ў «Аълочии маорифи ҶТ», «Ѓолиби мусобиќаи сотсиалистӣ» соҳиби ифтихорномаҳои ҳукуматӣ ва соҳавӣ, зарбдори меҳнати коммунистӣ мебошад.

Марҳалаҳои пайроҳаи эҷодии устод худ таҷассумгари ҳаёти      пурбаракати ўст ва ќобили пайравист. Маҳз пирони барнодилу рўзгордида барои ҷавонон намунаи ибратанд ва устод А. Сатторов яке аз онҳост. 

Имрўз устод А.Сатторов дар остонаи синни мубораки ҳафтодсолагӣ ќарор доранд ва дар авҷи камолоти илмию эҷодӣ мебошанд. Мо шогирдон бо камоли мамнуният ба устоди маҳбуб рўзгори нек, тансиҳатӣ, дарозумрӣ, болидахотириро таманно намуда, дар ҷодаи эҷоди асарҳои навини илмӣ ва фаъолияти омўзгорӣ комёбиҳои нав ба нав орзумандем.

Ҳ. Шукуров, дотсенти кафедраи

     математикаи олӣ,

Б. Рўшанов,  ассисенти кафедраи

      математикаи олӣ,

Ҷ. Назаров, аспирант

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj