Абдусалом МИРАЛИЕВ: Имтиҳонҳои давлатӣ ба меъёрҳои муқарраргардида ҷавобгў буд…

Таълим бахши асосии ҳар муассисаи таълимӣ, аз ҷумла Донишгоҳи миллиро ташкил медиҳад. Дар бештари маврид натиҷаҳои ин бахш боиси шинохти донишгоҳ ва эътирофи он дар дохилу хориҷ аз кишвар мегардад. Ҳамин аст, ки донишгоҳ пеш аз ҳама ва беш аз ҳама ба равишҳои навини таълим, баҳрамандии донишҷўён аз илмҳои фарогирифта ва ғайра таваҷҷуҳ намуда, ба роҳу равишҳои замонавӣ сатҳи донишазхудкунии онҳоро дар тўли соли таҳсил месанҷад. Гузашта аз ин, ҳамасола дар охири таҳсил хатмкунандагон имтиҳоноти давлатӣ супорида, аз кори хатмкунӣ ва рисолаи дипломии худ дифоъ мекунанд ва бо ҳамин ба гирифтани унвони бакалавр ва ё мутахассиси ин ё он соҳа мушарраф мешаванд. Ба хотири иттилоъ ёфтан аз натиҷаи ҷамъбасти имтиҳонсупории мавсими тобистонаи донишҷўён суҳбате доштем бо муовини аввал, муовин оид ба таълим дар ДМТ, профессор Абдусалом Миралиев.
-Устод, нахуст фарорасии соли таҳсилро ба Шумо табрик гуфта, дар ин замина аз ҷамъбасти имтиҳоноти мавсими тобистона пурсидан мехостем. Натиҷаи ҷамъбастии имтиҳоноти мавсими зикршуда чи гуна буд?
-Сессияи санҷишию имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2014-2015 дар шуъбаи рўзона мувофиқи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ (бо фармоиши ректор) аз 1-уми июн шурўъ шуда, то 21-уми июни соли 2015 давом кард. Раёсат ва сохторҳои таркибӣ ҷараёни баргузории имтиҳонҳоро дар факултетҳо назорат намуда, бо садорати факултетҳо, мудирони кафедраҳо, мудирони озмоишгоҳҳои таълимӣ баҳри муътадил гузаштани сессия фаъолияти муштарак бурданд.
Бо фармоиши ректори донишгоҳ ба хотири назорати самараноки ҷараёни сессияи санҷишию имтиҳонӣ дар нимсолаи баҳории соли таҳсилии 2014-2015 дар факултетҳои донишгоҳ кормандони раёсати донишгоҳ ва таълим ба сифати сарпараст (куратор)-и факултетҳои донишгоҳ вобаста карда шуданд. Тибқи фармоиши мазкур ба сарпарастони факултетҳо супориш дода шуда буд, ки ҷараёни сессияи санҷишию имтиҳонӣ, баргузории машваратҳо, талаботи фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 18.12.2008, №2457), фармоиши ректори донишгоҳ ва дастурамал оид ба гузаронидани сессияҳои санҷишию имтиҳонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии донишгоҳро дар ин хусус дар факултетҳои вобасташуда назорат намуда, аз натиҷааш ҳамарўза ба раёсат ахбор манзур намоянд.
Дар ДМТ чанд соли ахир донишҷўён дар ду низом: таҳсилоти анъанавӣ ва кредитӣ таҳсил менамоянд ва ба усули анъанавию кредитӣ имтиҳон месупоранд.
Дараҷаи имтиҳоназбаркунии донишҷўён дар низоми таҳсилоти анъанавӣ дар сессияи тобистона дар маҷмўъ баъд аз даври якум, яъне рўзи 22-юми июн даври фаъол ҷамъбаст гардид, ки 69,5%-ро ташкил дод. (Натиҷаи даври фаъоли сессияи имтиҳонии соли таҳсили 2013-2014 дар ҳамин вақт 69,0%-ро ташкил медод). Натиҷаи даври фаъоли имсола нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5 % баланд мебошад. 
Баъд аз ҷамъбасти даври фаъоли сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2014-2015 дар гурўҳҳои анъанавии донишгоҳ дар маҷмўъ 2006 нафар донишҷў қарздор монданд. Аз онҳо 1257 нафар аз як фан, 464 нафар аз ду, 143 нафар аз се ва 93 нафар аз чор ва зиёда аз чор фан қарздор монданд. Дар сатҳи факултетҳо бошад, зиёдтар аз ҳама нисбат ба теъдоди умумии донишҷўёни имтиҳонсупоранда қарздорон дар факултетҳои ҳуқуқшиносӣ (592 нафар), тиббию фарматсевтӣ (592 нафар), молиявию иқтисодӣ (320 нафар), муносибатҳои байналхалқӣ (174 нафар) ба назар мерасид. 
Чи тавре қайд кардем, аз 5169 нафар донишҷў 3163 нафар бомуваффақият ҳамаи имтиҳонҳоро ба тартиби зайл супориданд:
1. Бо баҳои аъло – 448 нафар (8,6 %); 
2. Бо баҳои хуб – 360 нафар (6,9 %); 
3. Бо баҳои хубу аъло – 887 нафар (17,1 %); 
4. Бо баҳои хубу аъло ва қаноатбахш – 1346 нафар (26,0%); 
5. Бо баҳои қаноатбахш – 122 нафар (2,3 %). 
Ҳамин тариқ ба даври дуюми супориданаи имтиҳонҳо 2006 нафар донишҷўи низоми таҳсилоти анъанавӣ роҳ ёфтанд.
Дар асоси ҷамъбасти натиҷаҳои давраи асосии сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2014-2015 муайян карда шуд, ки аз 8765 нафар донишҷўе (100%), ки аз оғози соли таҳсил дар гурўҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, 6360 нафар (73%) сессияи имтиҳониро пурра супорида, 2350 нафар (27,%) донишҷў аз як, ду, се чор ва зиёда фанҳои таълимӣ дорои қарзҳои академӣ гардиданд. 
Сатҳи донишазбаркунии донишҷуёни гурўҳҳои академии низоми таҳсилоти кредитӣ дар давраи асосии сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2014-2015 дар донишгоҳ ба 73,0% баробар мебошад. Ин нишондиҳанда дар баробари ба маротиб зиёд шудани теъдоди умумӣ (контингент)-и донишҷўёни гурўҳҳои академӣ нисбат ба ҳамин давраи сессияи имтиҳонии тобистонаи соли таҳсили 2013-2014, ки 68,8% буд, 4,2 % баландтар гаштааст. 
-Имсол фаъолияти Комиссияҳои аттестатсионии давлатӣ дар донишгоҳ чӣ гуна буд. 
-Қайд кардан ба маврид аст, ки имсол тибқи фармоиши Вазири маориф ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.04.2015, № 738 ҳайати раисони Комиссияҳои аттестатсионии давлатӣ тасдиқ ва ба донишгоҳ барои корбарӣ ирсол карда шуд. Раёсати таълими донишгоҳ дар асоси фармоиши мазкур ҷадвали кори Комиссияҳои аттестатсионии давлатӣ (КАД)-ро доир ба ихтисосҳо, дифоъи корҳои хатмкунӣ, рисолаҳои дипломӣ ва магистриро барои хатми соли таҳсили 2014-2015 аз рўйи се равия (табиатшиносӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ) тибқи фармоиши ректори донишгоҳ аз 11.04.2015, №№ 95, 96,97 омода намуда, ба мавқеи иҷро вогузор намуд.
Барои ихтисоси роиҷи донишгоҳӣ, ки имсол аз рўйи онҳо донишҷўён донишгоҳро хатм намуданд, 35 Комиссияи аттестатсионӣ таъсис дода шуд. Бо сабаби зиёд будани теъдоди хатмкунандагон дар факултетҳои молиявию иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ иқтисод ва идора, таърих, ҳамчунин гуногун будани характери ихтисосҳо дар баъзе факултетҳои дигар (геология, филология ва механикаю математика) ду ва зиёда Комиссияи фаннии аттестатсияи давлатӣ таъсис дода шуд. Котибони КАД бошанд, аз ҳисоби омўзгорон ва кормандони хушхат интихоб карда шуданд, то дар рафти пур кардани протоколҳои имтиҳонӣ талаботи мавҷударо пурра риоя намуда, хушхат ва хонно нависанд. 
Хатмкунандагони имсола аз рўи 3 зинаи таълим, бакалвр (низоми таҳсилоти кредитӣ) мутахассис ва магистратура имтиҳоноти давлатӣ супориданд. Аз рўйи зинаҳои мазкур барои супоридани имтиҳонҳои давлатӣ 3277 нафар иҷозат гирифтанд, ки аз ин шумор 199 нафар аз донишҷўёни солҳои гузашта буданд. Дар маҷмўъ, аз теъдоди умумӣ 2345 нафар хатмкунандаи шуъбаи рўзона (1124 нафар хатмкунанда тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ) ва 932 нафар хатмкунандаи шуъбаи ғоибонаро ташкил медиҳад. 
Дар асоси ҷадвали таъсисдодашуда имтиҳонҳои давлатӣ аз 13.04.2015 оғоз гардида, то 26.06.2015 идома ёфтанд. 
Ёдовар мешавем, ки ҳама имтиҳонҳоро 3127 нафар донишҷў бомуваффақият супориданд, ки аз онҳо 2212 нафар хатмкунандаи шуъбаи рўзона ва 915 нафар хатмкунандаи шуъбаи ғоибона мебошанд. Тибқи пешниҳоди садорати факултетҳо 150 нафар дар супоридани имтиҳонҳо муваффақ нагаштанд. 
Боиси ифтихор аст, ки имсол 163 нафар (4,9%) ба гирифтани дипломи аъло мушарраф гардиданд, ки аз онҳо 8 нафарашон магистрон мебошанд.
Байни хатмкунандагони имсола 103 нафар донишҷўёне Донишгоҳро хатм намуданд, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Теъдоди хатмкунандагоне, ки бо сабабҳои гуногун ба аттестатсияи давлатии хатми соли таҳсили 2014-2015 иштирок накарда, аз донишгоҳ хориҷ шуданд, 54 нафарро ташкил медиҳад.
-Чи тавре маълум аст, ҳар ҷойе, ки кор бошад, орӣ аз камбудӣ нест. Барои рафъи камбудҳое, ки дар ҷараёни имтиҳоноти давлатӣ ёд мешаванд, ДМТ чӣ чорае андешидааст?
-Ба ҳамаи ин муваффақиятҳо нигоҳ накарда, дар кори Комиссияи аттестатсионии соли хонишии 2014-2015 низ баъзе камбудию нуқсонҳо ба назар расиданд, ки онҳо дар пешниҳоди раисони КАД низ зикр шудааст ва беҳдошти фаъолияти КАД ва ҷамъбасти саривақтии натиҷаҳои он иҷрои маҷмўи чораҳои таъсирбахшро тақозо мекунанд, ки ишораи якчанд нукта аз он муфид хоҳад буд:
1. Барои баланд бардоштани савияи фикрронии донишҷўён кори маҳфилҳои илмии кафедравии донишҷўёнро фаъол кардан зарур аст. Дар назди кафедраҳо бештар маҳфилҳо ва семинарҳои илмӣ-назариявӣ ташкил ва доираи васеи донишҷўён бояд ҷалб гарданд. Дониши назариявии баъзе хатмкунандагон ҷавобгўи талабот набуда, баъзан мафҳумҳои одии фанҳои таълимии тахассусиро намедонанд. Нутқ, баромад ва суханронии онҳо ҳангоми ҳимояи рисола ва баромад дар имтиҳон онқадар хуб нест; 
2.Ҳамзамон шўроҳои илмию методӣ ва кафедраҳои тахассусии факултетҳоро зарур аст, ки барои рисола (лоиҳа)-ҳои дипломӣ ва магистрӣ мавзўъҳои фарогири талаботи замони истиқлол, аз ҷумла, мушкилоти рўзмарраи илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, техникӣ, таърихи тамаддуну фарҳанги миллӣ, раванди эҳёи он дар замони истиқлолият, дастовардҳои илмию техникии олимони тоҷикро дар ҳамбастагӣ ба рушди илми ҷаҳонӣ муайян намоянд;
3.Хуб мебуд, агар ҳимояи корҳои дипломӣ тариқи презентатсия (муаррифинома) тавассути технологияи иттилоотӣ ва иртиботӣ сурат мегирифт.
Дар маҷмўъ, натиҷаи имтиҳонҳои давлатӣ дар ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ қаноатбахшу ҷавобгўи меъёрҳои муқарраргардида сурат гирифта, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуд.
Ташаккур барои ин суҳбати пурмаҳтаво.
Суҳбаторо 
М. Худойдодова

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj