Абдусалом Миралиев: ФОИЗИ АЗХУДКУНИИ СЕССИЯИ НАВБАТӣ ВА СИФАТИ ТАҲСИЛОТ БА НАТИҶАИ САНҶИШИ ХАДАМОТ БАРОБАР ШУД…

Чанде пеш дар донишгоҳ сессияи имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2016-2017 ҷараён дошт. Дар робита ба ин мо тасмим гирифтем, то оид ба бурду бохти сессияи мазкур ва ҷараёни таълими донишгоҳ суҳбате бо муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим, профессор Абдусалом Миралиев ороем.

ҶАРАЁНИ СЕССИЯ

      -Устоди азиз, қаблан оид ба самти ҳуҷҷатгузории ҷараёни сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2016-2017 дар донишгоҳ чанд сухан мегуфтед?

-Сессияи санҷишию имтиҳонии зимистонаи соли таҳсили 2016-2017мувофиқи нақшаҳои амалкунанда дар се марҳила: - барои донишҷўёни курсҳои 1-ум ва 5-уми низоми таҳсили кредитӣ, барои донишҷўёни факултети муштараки Донишгоҳи миллӣ ва Донишгоҳи давлатии Белорус (ДДБ) ва барои донишҷўёни курсҳои 5-уми низоми анъанавӣгузаронида шуд. Сессияи имтиҳонӣ барои донишҷўёни курсҳои 1-уми факултети муштараки ДМТ ва ДДБ аз 26.01.2017 то 27.01.2017 давом кард. Давраи сессияи фаъол барои ҳамаи ихтисосҳо бошад, дар донишгоҳ аз 03.01.2017  то 23.01.2017 идома ёфт. Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣба раванди сессияи санҷишию имтиҳонӣ тааллуқдошта тасдиқ гардиданд. Аз ҷумла, ҷадвалҳои имтиҳонӣ, гўшаҳои сессияи санҷишӣ, ситоди амалкунандаи назди ректори донишгоҳ ва ситодҳои амалкунандаи назди садоратҳои факултетҳо муқаррар карда шуд. Ин ситодҳо дар давраи сессияи фаъол ҳамарўза аз ҷараёни сессия натиҷагирӣнамуда, ҳамзамон, дар назди муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим ҷараёни сессияро мавриди баррасӣва натиҷагирӣқарор медоданд. Тибқи фармоиши ректори донишгоҳ ба садорати факултетҳо дастур дода шуда буд, ки ҳамарўза натиҷаи имтиҳонҳоро аз шуъбаи омор, яъне аз шуъбаи иттилоотӣ–таҳлилӣ то соати 16:00 гузаронанд ва аз натиҷаи он ба ситоди назди муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим гузориш диҳанд.

Дар сессияи санҷишӣ-имтиҳонӣдар маҷмуъ 17721 нафар донишҷўёни шуъбаи рўзона иштирок намуданд, ки аз ин 13253 нафар донишҷўи низоми кредитӣ ва 4468 нафар донишҷўи низоми таҳсилоти анъанавӣбуданд. Ҷамъбасти сессияи донишҷўёни низоми таҳсилоти кредитӣ нишон дод, ки натиҷаи имтиҳоназбаркунӣ дар ин низом ба 61,9% расидааст, ки ин нисбат ба давраи фаъоли сессияи санҷишию имтиҳонии соли гузашта 5,5% зиёд мебошад. Сифати имтиҳоназхудкунии гурўҳҳои низоми анъанавӣба таври зайл тақсимбандӣ карда шуд: 360 нафар бо баҳои аъло, 471 нафар ба баҳои хуб, 97 нафар ба баҳои қаноатбахш ва 1585 нафар бо баҳои гуногун. Тавре қайд намудем, ба 61,9%-и донишҷўён муяссар шуд, ки пурра сессияи имтиҳониро ҷамъбаст намоянд. Чуноне ки қайд намудем, донишҷўёни низоми таҳсилоти кредитӣ 13253 нафарро ташкил менамуданд, ки баъди ҷамъбасти сессияи имтиҳонӣ дар низоми мазкур фоизи имтиҳоназбаркунии донишҷўён ба 74,9% расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 0,5% баланд мебошад. Агар нисбат ба давраи сессияи зимистонаи се сол қабл гирем, ки 70,2% буд, ин нишондод 4,9% баланд мебошад. Ҳамин тавр ба 285 нафар донишҷўдар ин низом муяссар гардид, ки пурра имтиҳонҳоро бо баҳои аъло аз бар намоянд.

Як нуктаи муҳимро бояд гуфт, ки имсол байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ оид ба сатҳи сифати таҳсилотаз ҷониби Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф ва Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ рейтинг гузаронида шуд, ки Донишгоҳи миллӣ дар байни 31 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ бо гирифтани 599,3 хол сазовори ҷойи 1-ум гашт, ки сатҳи сифати таҳсилот ва азхудкунӣ ба 74% баробар аст. Воқеият ин аст, ки ҳамин фоизи муайяннамудаи Хадамоти мазкур ба фоизи сессияи санҷишию имтиҳонии имсола (74,9%) баробар мебошад.

Бояд ёдовар шуд, ки сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаи таълимӣ аз рўи азхудкунӣ тариқи баҳои хубу аъло муайян мешавад. Аз ин рў, сатҳи сифати таҳсилот имсол ба 54,3% баробар буд.

Дар маҷмуъ, метавон гуфт, ки давраи фаъоли сесссия пурра ҷамъбаст гардид ва аз натиҷаи он дар ҷаласаи Шўрои олимон ва ҷаласаи Шўрои илмӣ-методӣгузориш пешниҳод шуд ва қарорҳои дахлдор барои давраҳои сессияҳои баъдӣ қабул карда шуд.

ДОНИШҶЎ ВА НУҚСОНҲОИ ТЕСТ

          -Супоридани имтиҳонҳо тариқи истифодаи технологияи муосир (компютер), хусусан дар низоми таҳсилоти кредитӣ яке аз самтҳои муҳимми  ҷараёни таълим ба шумор меравад. Ба андешаи Шумо дар сессияи навбатӣ ин масъала чи гуна ба роҳ монда шуд?

- Се сол қабл тибқи қарори Шўрои олимони донишгоҳ супоридани имтиҳонҳо тариқи технологияи иттилоотӣ ба таври пилотӣ сурат гирифт. Ин таҷриба дар назди факултетҳои муносибатҳои байналхалқӣ ва филологияи рус ба роҳ мононда шуда буд. Имсол ҳама имтиҳонҳо дар назди монитор сурат гирифт, ки натиҷаи хуб ба даст омад. Ин аз як ҷиҳат сарфаи вақт ва аз ҷиҳати дигар сарфаи дигар хароҷоти молиявӣ-иқтисодиро дар бар гирифт. Як беҳбудии сессияи гузашта дар он буд, ки натиҷагирии фаъолияти донишҷўён дар нимсолаи сипаригашта қариб дар аксарияти факултетҳо тариқи журнали электронӣ ба роҳ монда шуд. Ин маънои онро дорад, ки ҳар ҳафта омўзгор ба фаъолияти донишҷўбаҳогузорӣнамуда, дар охири ҳафта натиҷаи фаъолияти донишҷўбо холҳои азбаркардааш  муайян карда мешавад. Пурсишҳо нишон доданд, ки натиҷагирии фаъолияти донишҷўён тариқи журнали электронӣҳам писанди донишҷўён шуду ҳам писанди омўзгорон.

Бояд қайд намоем, ки имсол генератсияи саволҳо дар ҳузури омўзгорон ба роҳ монда шуд. Масалан, дар вақти имтиҳон омўзгор саволномаро бо қалидҳо дар шакли экзел омода карда ба компютер  ворид мекунад. Агар аз ҷониби омўзгор қабл аз имтиҳон ҷавобҳои дуруст ба донишҷўён дода нашавад, дар рўзи имтиҳон дастрас намудани ҷавобҳо мушкил аст. Дар ин ҳолат донишҷўмаҷбур мешавад, ки худ ҷавобҳои дурустро кофта ёбад.

Агар донишҷў дар журнали электронӣбарои иштирок дар дарс, барои иҷрои талаботи дастурамали вазифавӣ ва барои дар дарсҳои амалию семинарӣ иштироки фаъол намуданаш холҳои муайянро гирад, ҳоҷат ба ҷустуҷўи роҳи ҳалли мушкилоти давраи имтиҳонӣ намемонад.  Аз ин рў, яке аз мақсадҳои гузаштан ба журнали электронӣ ин баланд бардоштани масъулияти имтиҳонсупории донишҷўёнмебошад.

ОМЎЗГОР ВА КАМБУДИИ САВОЛНОМАҲО

       -Имрўз соҳаи маорифро бе истифодаи технологияи муосир тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт то ҳол андешаю мушкилиҳои гуногун дида мешавад. Гурўҳе ба он ақидаанд, ки супоридани имтиҳонҳо тариқи компютер аз донишҷў масъулияти баландро талаб намекунад.  Андешаи Шумо дар ин маврид чист?

-Бояд иқрор шуд, ки дар назди компютер супоридани имтиҳон аз донишҷўмасъулияти баландро талаб мекунад. Мо дар аксарияти факултетҳо шоҳид шудем, ки донишҷўён ҳама саволҳое, ки аз ҷониби омўзгорон пешниҳод гардидааст ва дар бонки саволҳо муқаррар шудааст, пурра ҳифз кардаанд. Аз ин рў, омўзгорро зарур аст, ки давра ба давра дар доираи барномаи таълимӣ ба саволномаҳои тестӣ таѓийрот ворид кунад, то донишҷўаз пайи кофтукоб ва омода гаштани саволҳои тестӣшавад. Дар ин сессия камбудӣ дар таҳияи саволномаҳои тестӣ дар баъзе кафедраҳо ба назар расид. Масалан, маҷмуи саволҳо кам пешниҳод мегардад ва ё  ба таври сода таҳия мешавад. Агар дар доираи барномаҳои таълимӣсаволномаҳо мураккаб таҳия шаванд ва пурра фарогири барномаи таълимӣбошанд, дар ин ҳолат саволҳо донишҷўроба фикр кардан ва ҷустуҷўи ҷавобҳо равона месозад. 

Бояд гуфт, ки кор бе мушкилӣ намешавад. Мушкилиҳо дар ҷараёни сессия баъзан ба чашм мерасид, вале онҳо зуд роҳи ҳалли худро ёфтанд. Ин ҳам бошад, мушкилиҳои техникӣ, ба мисли нуқсонҳои техникӣ дар саволномаҳо буд.  Ростӣ, дар  ин сессия мушкилии техникие, ки имтиҳон ба дигар рўз гузошта шавад, қариб дида нашуд.

Мо мушоҳида намудем, ки таҳия ва корбарӣ намудан аз  барномаи раванди таълим (учебник процесс) ба манфиати кор аст ва дар самти саволномаҳои ҷараёни сессия истифода бурдем. Агар хатогие дар саволнома дида шавад, барнома фаъолияти худро гум мекунад. Аз ин рў, кор бо барнома аз корманди техникӣ масъулияти баландро талаб мекунад.

ДОНИШҶЎ, НИЗОМИ КРЕДИТӣ ВА СТИПЕНДИЯ

-Оё супоридани имтиҳонҳо тариқи истифодаи технологияи муосир, аз ҷумла имтиҳонҳои дар назди монитор ба донишҷў фазои озодию шаффофро муҳайё месозад?

-Бояд қайд намуд, ки ҳангоми супоридани имтиҳонҳо дар назди компютер шаффофият албатта дида мешавад. Тасавур кунед, ки агар дар як гурўҳ 25 нафар бошад, омўзгор наметавонад дар вақти муайяншуда ба ҳама донишҷў кумак расонад. Барои супоридани як имтиҳон дар факултетҳои гуманитарӣ  25 дақиқа  ва барои равияи табиатшиносӣ30 даққиқа муқаррар шудааст. Аввал ин ки омўзгор дар ин вақт имконияти 25 нафарро кумак кардан надорад,   дигар ин ки донишҷў мустақил аст. Яъне, ў пурра метавонад бо фикри худ ба савлономаҳое, ки пешниҳод шудааст, ҷавоб гардонад. Саволномаҳое, ки қаблан донишҷўаз сомонаи интернетии донишгоҳ, ки ду моҳ қабл дар сомона гузошта мешавад, дастрас карда ҳифз намуда бошад, бе мушкилӣ дар вақти муайяншуда ҷавобҳоро меёбад.

Бояд дар хотир дошт, ки аз натиҷаи сессияи санҷишӣ-имтиҳонӣ ба донишҷўён стипендия муқаррар карда мешавад. Имрўз 60 фисади донишҷўёне, ки дар гурўҳҳои буҷавӣба таҳсил фаро гирифта шудаанд, барои гирифтани стипендия пешниҳод мешаванд. Боиси хушнудист, ки дар донишгоҳ ҷиҳати ҳавасмандгардонии донишҷўён боз стипендияҳои гуногуниномӣмуқаррар гардидааст. Масалан, барои донишгоҳи мо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои мамлакат барои 12 нафар стипендияи Президентӣ муайян шудааст. Ҳамзамон, дар донишгоҳ стипендияҳои Шўрои олимон, Исмоили Сомонӣва тахассусии вобаста ба факултетҳо вуҷуд доранд, ки барои ҳавасгардонии донишҷўён пешбинӣ шудааст.

ВАЗИФАҲОИ ОМЎЗГОРОН ВА ДОНИШҶЎЁН

 мрўз раёсати донишгоҳ дар самти таълим тамоми шароитро фароҳам сохтааст. Бахши таълими донишгоҳ барои боз ҳам рушд бахшидани низоми таълим дар донишгоҳ, хусусан супоридани имтиҳонҳо тариқи истифодаи технологияи муосир (компютер) дар низоми таълими кредитӣ чи тадбирҳоро рўйи кор овардааст?

- Тавре дар боло ишора намудем, дар ҳама факултетҳо марказҳои тестӣ омода шудааст. Минбаъд дар назди мудирони кафедраҳо ва садорати факултетҳо вазифа гузошта мешавад, ки ба таҳияи саривақтӣва сифатнокии саволномаҳои тестӣоѓоз намоянд. Қаблан мо кўшиш мекардем, ки саволномаҳоро аз ҷиҳати техникӣба талабот мутобиқ кунем, ки ба ин марҳила то андозаи зарурӣ расидем. Акнун, вақти он расидааст, ки мо ба сифати саволномаҳо диққат диҳем.

Бо мақсади таҳияи босифати саволномаҳои тестӣ ва ба ин восита баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилот қисми таълими донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ба таҳияи саволномаҳои тести матнӣ оѓоз намояд. Таҳияи тестҳои матнӣ ба таври пилотӣ дар факултети муносибатҳои байналхалқӣ аз ин нимсола оѓоз гардида, дар сессияи имтиҳонии тобистона татбиқ хоҳад шуд.

Ҳамзамон, барои раёсати таълим силлабусҳо ва барномаҳои таълимиро ҷиҳати ҷоннок ва ба талаботи муосир ҷавобгўгардонидани раванди сессияи санҷишию имтиҳонӣтамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣомода шудааст.

Бо ин ҳама дар раванди беҳтарнамоии сифати таълим баъзе мушкилот ба назар мерасад. Аз ҷумла, масъулин барои беҳтар шудани сифати таълим бояд лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотӣва таълимиро ҷоннок намоянд. Агар донишҷўаз дониши назариявӣба амалия нагузарад ва назарияро дар амал татбиқ нанамояд, мутахассиси хуб шуда наметавонад. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сифати таълим таъмини устодону донишҷўён бо маводи таълимӣ, аз ҷумла бо забони тоҷикӣ зарур аст.Масалан, имрўз дар равияҳои табиӣ маводи бо забони тоҷикӣ кам нашр мешавад, ки ба андешаи мо, таҳияи ин гуна китобҳо зарур ва мутобиқи талаботи замон аст. 

САМТИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҶАВОНОН

-Таманниёти Шумо дар Соли ҷавонон.

-Боиси хушнудист, ки имсол бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид. Донишгоҳи миллӣ ҳамчун муассисаи таълимӣ дар самти тарбияи дурусти ҷавонон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намудааст. Имрўзназдики 85% ҷавонон-донишҷўён дар донишгоҳ кору таҳсил доранд. Қувваи асосӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ донишҷўён мебошанд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ ба хотири бедор кардани ҳисси ватандўстии ҷавонон дар ҷадвалҳои дарсӣ-таълимӣдарсҳои тарбиявӣба роҳ монда шудааст. Таъкидҳои пайвастаи раёсати донишгоҳ, хусусан раёсати таълим ба сарпарастони гурўҳҳои академӣ, мудирони кафедра ва садорати факултетҳо бо истифода аз барномаи таълимӣбаланд бардоштани ҳисси ватандўстӣ, масъулиятшиносӣва бедор намудани ҳисси миллии донишҷўён мебошад. Агар ба барномаи таълимии дарсҳои тарбиявӣназар афканем, мебинем, ки 75 фисади мавзўъҳои дарсҳои тарбиявиро мавзўъҳои ватандўстӣ, хештаншиносӣ,  нагаравидан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва ѓайра дар бар мегирад. Тибқи нақша-чорабиниҳои Соли ҷавонон ба тамоми садоратҳо дастур дода шудааст, ки дар нимсолаи дуюм масъалаҳои ватандўстию хештаншиносии ҷавонон-донишҷўён, нагаравидани онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, омода шудан ба ҷашнҳои миллию давлатӣ, аз қабили 20-солагии рўзи Ваҳдати миллӣ, таҷлили Артиши миллӣ, Рўзи модар, Ҷашни байналмилалии Наврўз дар дарсҳои тарбиявӣталқин карда шаванд.  Ҳамин аст, ки дар блоки якум ва дуюми нақшаҳои таълимие, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҳия шудааст, ба тарбияи дурусту ватандўстонаи ҷавонон диққати бештар дода шудааст ва фанҳое, ки дар умум метавон тарбиятгари инсон номид, дар ин қисм гузошта шудаанд. Масалан, фанҳои таърихи халқи тоҷик, забони тоҷикӣ ва забонҳои хориҷӣ, диншиносӣ, мантиқ, фалсафа, психология, ҳуқуқшиносӣ ва ѓайра. Вақте донишҷў ин фанҳоро аз худ карду ба муҳити донишгоҳ ворид шуд, аз худ кардани фанҳои тахассусӣбарояш осон менамояд.

Дар умум, ба ҷавонон-донишҷўён саломатӣ, дар таҳсил муваффақиятҳои нав ба нав ва дар ҷодаи илму истеҳсолот дастовардҳои тозаю назаррасро хоҳонем.

-Барои чунин суҳбати самимӣ, изҳори сипос менамоем.

Саломат бошед!

Суҳбаторо

Н. Худойдодова

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj