Адиби нуктадон ва ҳамсари меҳрубон

Ҳар ҷо, ки сухан дар бораи устод Лоҳутӣ меравад, беихтиёр ёди ҳамсари азизашон Силсилабону дар хотираҳо бедор мегардад. Ин бонуи номвару эҷодкор ва тарҷумони шоҳасари безаволи “Шоҳнома”-ро ҳамчун фарзанди фарзонаи ду миллат-русу тоҷик мешиносанду ба хидматҳояш арҷ мегузоранд.

Ситсилия Бенсионовна соли 1911 дар Любечи Украина ба дунё омада, пас аз хатми курси шарқшиносӣ дар Киев барои омўзиши пурраи забон ва адабиёти тоҷик ба Самарқанд меояд. Муҳаббат ба забону адабиёти ѓаноманди мо ба ин бонуи эҷодкору серѓайрат имкон медиҳад, ки дар муддати кўтоҳ забони шевои тоҷикиро омўхта, ба ҳайси тарҷумон дар радиои "Овози тоҷик" фаъолият кунад. Шиносоӣ бо устоди бузург, бунёдгузори адабиёти навини тоҷик Садриддин Айнӣ дар зиндагии Ситсилия гардиши куллиеро ба вуҷуд меорад. Устод Айнӣ ба  шоираи ҷавон, ки он вақтҳо барои бачагон шеър эҷод мекард, тахаллуси зебову тоҷиконаи Силсилабонуро пешниҳод мекунанд. Аз ў ба хонандагон се маҷмуаи ашъор бо унвони “2 хат”, “Иттифоқи мустаҳкам” ва “Ҳикояҳои пионер” ба ёдгор мондааст.

Адабиётшинос ва адиби маъруф Атахон Сайфуллоев дар песаи худ бахшида ба устод Лоҳутӣ қайд кардааст, ки Силсилабону дар баробари омўзиши забони тоҷикӣ ба ҳамсару фарзандони устод Айнӣ забони русиро меомўзонид ва ҳам аз суҳбати маърифатбахшу ҳам аз китобхонаи устод Айнӣ баҳраҳои фаровон бурда, борҳо қайд кардааст, ки устод Айнӣ барои ў ҳаққи падарӣ доранд. 

Омўзиши пайваста муҳаббати Бонуро ба адабиёти ҳазорсолаи тоҷику форс афзуда, боис мешавад, ки шоира ба тарҷумаи асарҳои бадеӣ аз забони тоҷикӣ ба русӣ ҷиддӣ машѓул шавад. 

Ошноии Силсилабону бо ҳамсафари зиндагиаш низ аз ихлосу меҳр ба адабиёти тоҷик сурат мегирад. Барои ҷолиб гардонидани бахшу барномаҳои радио Силсилабонуро лозим меояд, ки шеърҳои бахшида ба инқилоби Октябрро аз бар намояд. Ашъори инқилобии шоири мубориз Абулқосим Лоҳутӣ ба ин бонуи нозуктабъ бештар писанд меоянд ва Бону онҳоро ба забони русӣ тарҷума мекунад. Баъди ошноӣ бо эҷодиёти Лоҳутӣ устод Айнӣ кўшиш мекунанд, Силсилабонуро ба худи шоир муаррифӣ намоянд, аммо шарму ҳаёи духтарона намегузорад, ки Бону бо Лоҳутӣ шинос шавад. Ниҳоят соли 1930 дар шуъбаи забони тоҷикии нашриёти Марказии ИҶШС дар Маскав барои пайдо кардани кор ба дафтари кори устод Лоҳутӣ медарояд ва бо нафаре вомехўрад, ки шеърҳояшро борҳо хондаву писандида ва ба забони русӣ тарҷума карда буд ва тавсифашро аз забони устод Айнӣ мешунид. Суҳбати кўтоҳи Бону бо устод Лоҳутӣ дар китоби “Саргузашти устод Лоҳутӣ”-и профессор Х.Асозода ба қалам дода шудааст. Устод Лоҳутӣ Бонуро бо самимият пешвоз гирифта, шўхиомез мегўяд, ки дирўз аз ман гурехта будӣ, имрўз бо пои худ омадӣ. Ҳамин тавр баъди радду бадал шудани чанд ҷумлаи мухтасар онҳо ба ҳам аҳди оиладорӣ мебанданд. 

Пайванди риштаи умри устод Лоҳутӣ бо Силсилабону ба фаъолияти эҷодии ҳар ду қаламкаш таъсири мусбат расонидааст. Ду шоир, ду инсони шариф ва ду фарзанди баруманди як сарзамин то охири умр дар хидмати халқу ватани маҳбуб буда, дар рушди адабиёти тоҷик саҳми бориз гузоштаанд. Силсилабону бо ҳиммат ва шуҷоати бузург тарҷумаи “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Фирдавсиро оѓоз мекунад ва ба ин кор дилгармонаву самимона машѓул мешавад. Дар ин кори пурмасъулияту сангин ҳамсари шоираш ҳамеша дасти мадад дароз менамуд.

Мувофиқи маълумоти рўзноманигор ва нависанда Мансур Суруш Силсилабону дар маросими бузургдошти устод Лоҳутӣ гуфтааст, ки ман дар зиндагиам ду Абулқосимро дўст доштам: яке Абулқосим Фирдавсӣ ва дигаре Абулқосим Лоҳутӣ. 

Муҳаббат ба ду Абулқосим имкон дод, ки Силсилабону умри хешро дар тарҷумаи "Шоҳнома"-и безаволи Фирдавсӣ сарф кунад. Самараи заҳматҳои пайвастаи ў буд, ки ин асари ҷаҳонӣ ва бебаҳо дар шаш ҷилд бо забони русӣ тарҷума ва нашр гардид. 

Дар баробари тарҷумони муваффақ будан Бону, пеш аз ҳама, ҳамсари арзандаи шоири ҳассос буд. Дар фаъолияти минбаъдаи эҷодии устод Лоҳутӣ саҳми Силсилабонуро нодида гирифтан аз рўи адолат нест. Устод Лоҳутӣ, ки дар навҷавонии хеш мушкилоти зиёдро паси сар ва аз ватани бобоии худ фирор карда буд, ба шарофати ѓамхориҳои ҳамсари меҳрубонаш пеши азобу уқубатҳои тоқатфарсо сар нафаровард, Иттиҳоди Шўравиро ватани маҳбуби худ хонду дар ин ҷо барои мурѓи илҳоми хеш парвозгоҳи наву муносиб ёфт ва дар ташаккули адабиёти муосири тоҷик саҳми бузург гузошт. 

Фарзандони ин оилаи мустаҳкаму муваффақ ва эҷодкор Далер, Гев ва Лайлӣ низ ҳамчун волидайни азизи хеш бо фазилатҳои хуби инсонӣ чун мутахассисони варзида ба камол расида, барои ватани азизи хеш хизмати шоиста мекунанд.

Номи Силсилабону аз саҳифаи илм ва адабиёти мо чун адибу тарҷумони варзида ва аз хотираҳо чун ҳамсари меҳрубону ѓамхори шоири бузург ҳаргиз зудуда нахоҳад шуд. 

Мафтуна Назирова, 

донишҷўйи курси 4, 

ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj