Аз пашша фил сохтан

Ҷойи шак нест, ки ҷаҳонишавӣ дар баробари пайомадҳои мусбии худ аз авоқиби зиёди манфӣ низ бархўрдор нест. Вале бо баҳонаи ҷаҳонишавӣ намешавад бар арзишҳову озодиҳои дигар миллат дахолат намуд ва ба баҳонаи демократикунонӣ демократияҳои кишварҳои дигарро зери суол бурд.

Ин ҷо сухан аз қатномаи ахири Иттиҳоди Аврупо нисбат ба бархе аз тасмимҳои Ҳукумати кишвар меравад. Ба ин маъно, ки вакилони ин иттиҳод аз Ҳукумати кишвар дархост намудаанд, ки аъзоёни Ҳизби мамнуъшуда ва терростии наҳзати исломиро озод намояд.

Воқеан, нафаре, ки аз ҳақиқати маҳкум шудани аъзоёни ин ҳизби мамнуа огоҳ аст, аз чунин пешниҳоду қатъномаи онҳо ҳайрон мемонад. Агар Иттиҳоди Аврупо ҳодисаҳои нангини солҳои навадуми ин кишварро аз хотир бароварда бошад, наход ҳодисаҳои сентябри соли 2015-ро, ки маҳз аз ҷониби дастанкорони ин ҳизби мамнуа сурат гирифта буд, фаромўш карда бошад.

Аз чунин мавқеъгириҳои Иттиҳоди Аврупо ва «аз пашша фил сохтан»-и он кас чунин хулоса мебарорад, ки ҳанўз гурўҳҳо, ҳатто шояд кишварҳое бошанд, ки рушду нуму ва сарсабзиву сулҳу суботи ин кишвари офтобрўро намехоҳанд. Агар не, чаро бо тасмимҳову қарорҳои конститутсионии ин кишвар дар мавриди нафароне, ки сулҳу суботи ин мардумро намехоҳанд ва аз пайи афрўхтани оташи низоъанд чунин сару садо менамоянд. 

 Ҳақ ба ҷониби донишҷў Аслиддин Хушвахтов аст, ки мегўяд: “Онҳо хостанд табадуллот барпо кунанд, ки, воқеан, ин хиёнат аст. Аврупо онҳоро дифоъ карда, талаб дорад, ки онҳоро Тоҷикистон озод кунад. Магар  демократия ин озодии террорист аст. Мо гуфтанием, ки мо демократияи худро дорем. Мо демократие дорем, ки агар ба қонун касе итоат накунад, новобаста аз мавқеи сиёсиаш ҷазо мегирад”. 

Беҳрўзи САФО

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj