Аз розҳои пинҳоннишин

   «Аз пайраҳа то роҳ» унвони дафтарест аз сурудаҳои баргузидаи шоири арҷманд Файзи Ашўр, ки тавассути нашриёти «Адиб» мунташир гардидааст. Ҷомеаи адабии мо ўро дар радифи шоир будан, ҳамчун драманавису таҳиясози намоишномаҳои ҷашнӣ мешиносанд, вале ба гумони мо маҳз дар домани сабзи шеър аст, ки истеъдоду ҳунари ў рух боз мекунад ва атру бў мепароканад.
   Нахустин нуктаи андешабарангез унвони китоб аст: «Аз пайраҳа то роҳ». Ҳадафи ниҳоӣ аз ворид шудан ба ҳар пайраҳае расидан ба шоҳроҳ аст. Шоҳроҳе, ки идомати ҳастӣ, маънои будану зистан вобастаи он аст. Аммо нуктаи муҳим дар ин амр шеваи паймудан аст. Ин шеваи корсоз замоне коргар мешавад, ки серобу камолёфта аз ранҷи шинохту маърифати донишҳои пешину имрўзин бошад. Ҷустуҷўгарӣ, пўёӣ, мутолиоти амиқи фарҳангу адаб, фаро гирифтани андўхтаҳои зеҳни дигарон созандаи шеваи мавриди назаранд.
Миёни ин пайраҳаҳо пайраҳаи шеър ҷудогона аст. Равандаи ин роҳ, аз ҷаҳону муҳити дигарест ва рисолати бузургтар аз дигаронро ба дўш дорад. Гап дар ин аст, ки ба андешаи Мавлоно «дунёе нестваш» дар перомун, конуни будубоши мо дар ҷараён аст, дунёе, ки мо бо дидану донистанаш, пай бурдан ба розҳои пинҳоннишастааш ниёз дорем. Аммо на ҳар касе тавони дидану дарёфтани ҷилваҳои садранги онро дорад. Танҳо шоир аст, ки дар ин равандагӣ, ҳамабину ҳамагир аст. Чашми зеҳнаш, эҳсоси ғарибаш, ба нуҳуфтатарин саҳнаҳои парданишин мерасад, ўст, ки дар зеботарин сурат бо ёрии вожагону таркибот, саҳнаҳои он дунёи хостании нествашро зебову чашмгир меофаринад. Чакидаи зеҳну ҳуши халлоқашро мо мепазирем. Ин дидор бо зиндагии мост.
Шеъру офаридаи як шоир, як ҳунарманд, то замони зодан, рўи коғаз рехтан, моли худовандгораш аст. Ҳамзамон, бо вуҷуди хатӣ пайдо намудан моли ҳамагонӣ мешавад.
Сайр дар маҷмўаи ашъор гувоҳ бар ин аст, ки саҳнаҳои мунъакиси он воқеияти рўзгори мардуми мост.
Шеърро сурате аз зиндагӣ хондаанд, ки дар пазириши он шакку тардиде нест. Вале зиндагӣ наметавонад ҳамеша якрангу якмаром, саршор аз шодиву тараб бошад. Домани он фарогири ҳазор гуна ҳолату вазъият аст. Шеъри ҳар шоире замоне ба марзи пухтагиву камол ва  расонандагӣ мерасад, ки тавони баёну бозтоби воқияти ҳар ҳолатеро дошта бошад.
Аммо аз сўи дигар, «ҳолат ҳамеша савор бар «муҳтаво» ва муҳтаво асири он аст. Чаро ки инсон асири ҳолат аст. Агарчи арўзи ҳар ҳолат ба дунболи иллатҳои муносиби он рўй медиҳад ва, масалан, иллали шодиву иллали ғам мутафовитанд, аммо бурузи ин ҳолатҳо дар ҳар миллат ранги вижае дорад, ки маълули гузашта, шароити иҷтимоӣ ва ҷуғрофиёӣ ва ҳамаи авомиле аст, ки бар онон асар гузашта… Ҳолат, мерос ва вадиаи обу хок аст ва он ҷо ки рўҳи ҳунарманд беш аз ҳама конуни ин тобиш аст. Ҳунари ҳар миллат мояҳои ғанӣ, аз ҳолатҳои он миллат пайдо мекунад ва бухусус ҳунармандоне, ки бо мероси фарҳангии кишвари худ ошноии васеъе доранд, ҳунарашон саршор аз ҳолат аст».
Мо намунаи чунин ҳолату воқеиятеро дар сурудаҳои Файзи Ашўр зиёд мебинем. Ашъори маҷмўа бар мабнои муҳтаво ва дарунмояҳои шеърӣ ба бахшҳо ҷудо шудааст.
«Мояи ифтихор» нахустин унвони бахш ва фарогири чиҳилу ҳафт қитъа дар ситоиши мавзўъҳои ҷовидонии адабиёт, мисли меҳанпарастӣ, эҳтирому арҷугузорӣ ба хонаводаву аркони аслии он падару модар, бозтоби табиати Ватан ва шигифтиҳои он, такрими ахлоқу кирдори шоистаи одамӣ, монанди ҷавонмардӣ, башардўстиву инсондўстӣ мебошад. Шеърҳои «Суруди Тоҷикисон», «Меҳри миллат», «Истиқлол», «Биё баҳор», «Рангинкамон», «Наврўзӣ», «Ҳастии шоир», «Дили модар» гувоҳи матлабанд.
Қобили зикр аст, ки беш аз ним аср аст, шеъри муосир дучори таҳаввулу тағйири шигарфе шуда. Шеваҳои тозаи сохторӣ падид омадааст, ки шарҳаш мавзўи ҷудогонаест. Аммо шеъри Файзи Ашўр бар рўйи пояҳои пешин аст. Танаввуи жанру шаклҳои шеърӣ дар девонаш зиёд нест. Бештар ғазал, чаҳорпора, рубоӣ ва гоҳ-гоҳе дар арўзи озод шеър мегўяд. Аз шоирони камгў ва гузидагўи адабиёти муосири мост. «Рози об», «Рози нур», аз сурудаҳои хуби бахши мазкуранд, ки дар матни онҳо бо забону баёни сода, фалсафаи вуҷудии ин ду рукни ҳастисоз баёну шарҳи шоирона пайдо намудааст.
Дар «Рози об» мазоҳири ҷодуии об ўро ба хаёлу андеша вомедорад. Вуҷуди об барои зеҳну огоҳии инсон ҳамеша шигифтовар буда. Тўли замон бисёре аз гўшаҳои зиндагии об аз ҷониби инсон омўхта шуда, вале шоир дарку тасаввури башарро аз об комил намедонад. Хира шудан дар марзи поку муназзаҳи он, нукоти тозаеро пеши чашм боз хоҳад намуд:
Гаҳе дар сурати абрам,
Гаҳе барфам, гаҳе борон.
Гаҳе дар шакли шабнам мекунам парвоз, то хуршед,
Гаҳе чун чашмаҳо аз кўҳсорон мешавам пайдо
Гаҳе рўдам, гаҳе дарё
Канори ман равон асту ҷавон аст аз ман ин дунё…
Замину осмон донад
Ва инсон низ медонад
Ки ман дар сина дорам аз азал анвори яздонӣ
Биё, эй аҳли инсонӣ,
Варо пайдо бикун аз қалби ман бо илми кайҳонӣ.
Файз шоири табиатгарост, зебоиҳои ин дунёи мунаққаш, зеҳни ўро ба шўр меорад, вале шеваи нигаришу биниши ў нисбат ба табиату дороии он аз дигарон мутафовит аст. Зимни пардохтан ба падидаҳои табиат ҳадафаш бештар шикастани девори фаромўшӣ ва беэътиноии инсонҳо нисбати ҳама неъмату муъҷизоти худовандист.
Ў худро «муҳаққиқи тасвирҳои руъёӣ» меномад, вале шеваи дунёшинохтӣ ва ҷаҳоннигарӣ, бархўрдаш ба табиату доштаҳои он ниҳоят фароху арзишманд аст:
Агар ба гўш нагирам садои боронро
Чу як ҳадиси паямбар баҳор меранҷад.
В-агар таронаи наврўзро набишносам,
Ба мисли аллаи модар, ҳазор меранҷад.
Шоир дар ҳар банде аз шеъри мазкур ба пайванди зиндагиофарини миёни табиату инсон, таъкид меварзад. Дар қаламрави табиат ҳеҷ нуқтае беҳикмат нест. Ҳама аҷрому аҷсом марбуту вобастаи якдигаранд. Конуни зиндагии онҳо равшан аз нуру сафои муштарак аст:
Маро, ки маст кунад бўйи хоки намхўрда,
Чи гуна дўст надорам баҳору боронро?
Манам муҳаққиқи тасвирҳои руъёӣ,
Дар он миёна биҷўям ҷамоли армонро.
Дар бисёре аз наврўзномаҳо, рисолаҳои наврўзӣ омада, ки Худованд инсонро дар аёми наврўзӣ, яъне, дар баҳор халқ карда. Ин андешаро шоир дар ниҳояти зарофату латофат дар банди поёнӣ тасвир месозад:
Баҳори муъҷизакор аст, аввалин эҷод,
Зи обу хоки баҳор аст, аввалин одам.
Чи гуна лоиқи раҳми Худо тавонад буд?
Баҳорпарвар агар нест дар замин одам?
Шеър, аслан, ба шоир ва мизону андозаи тарбияти зеҳнии ў устувор аст. Касе, ки дар ин замина ба марзи камол расидааст, ҳаргиз пушти вазну қоидаҳои шеърсоз намегардад. Барои расонидани ҳар паёме ба муносибтарин шеваи баён даст мебарад, аз имконоту зарфиятҳои забон, мусиқии дохилии он баҳра меҷўяд. Забон барои шоири серобшуда аз ин сарчашмаҳо ҳама чиз аст. Дар адабиёт мо адибоне дорем, ки ба хотири изҳори паёму ҳадафҳои хеш забони дархўр месозанд. Ҳамқадами онҳо гурўҳи дигаре ҳастанд, ки аз забон кор мегиранд. Забонро бо ҳамон зебоиву шукўҳу ҷалолаш, дурахшишу таҷаллояш истифода мекунанд. Аз ин нигоҳ, сурудаҳои Файзи Ашўр қобили мулоҳизаанд. Ў, махсусан, дар тарсими мавзўъҳои ҷовидонии адабиёти муосир мисли модару падар, рўҳу муҳити рустоӣ ва мазоҳири он ниҳоят чирадаст аст.
Яке аз аносири маҳаллӣ дар ашъори вай тануру ҷойгоҳи он дар зиндагии инсонӣ аст. Шояд дар шеъри ҳеҷ шоире ба андозаи сурудаи Файз танур бозтоби ҳунармандонаву воқеии хешро наёфта бошад. Ногуфта намонад, ки замоне аз танур сухан дар миён меафтад, нохудогоҳ симои дўстдоштании молику бозигари аслии он, модар пеши назари мо ҷилвагар мешавад. Дар шеъри «Дасту танур» тамомии ҷузъиёти нонпазӣ дар дохили танур ба наҳви аҳсан наққошӣ шудааст. Тасвирҳо, таркиботу иборот сода, самимӣ наву зеҳннишинанд: Холкўбии модар бо «муғпари гулдор» бар синаи нонҳо, «боридани орд аз нуги панҷаҳо», «пораи абри хамири ширбор»:
Дар танури чун шафақ сурх,
Лахча чун истора месўхт
Чашм рўшан, чеҳра пурнур
Модари ман кулча мепухт…
Шоир бо тасвири ҷузъиёти ҷараёни нонпазӣ оқибат ба нуктаи ниҳоӣ, ба онҷо ки шеър зода мешавад, мерасад. Дар тасаввури ровӣ модар пушти ҳам на кулча, ки хуршед мепазад:
Модари эъҷозкорам,
Бар қатори кулчаҳояш дида медўхт…
Гўйё ў дар муҳити моҳу анҷум
Пушти ҳам хуршед мепўхт.
Шеърҳои «Дили модар», «Нури ширу шири нур», «Ёди бачагӣ», «Насиҳат», «Нони модар», «Ҳастияш инқилобҳо дорад» дар ин замина ҷалби таваҷҷуҳ мекунанд. Аслан, маъноофаринӣ ҳунару нубуғ, биниши амиқ тақозо мекунад. Яке аз ҷанбаҳои барҷастаи ҳунари шоирии Файз бо вожагони содаву маълум бар мабнои эҷоду барқарорсозии робитаву пайванд офариниши маъноҳои тоза аст.
Аз сўйи дигар, эҷоди иртиботу пайванди тоза миёни калимоте, ки дар имтидоди замон шакл гирифтаву зеҳни мо ба он одат кардааст, мушкили бузургест.
Барҷастагии ҳунари Файз дар он зоҳир мегардад, ки ў дар ин замина шоири муваффақ аст. Бо ҳамдидор сохтани калимоте, ки шояд ҳаргиз ҳамнишину ҳамрадифи якдигар набуданд, тасвирҳои марғуб меофаринад. Мо ин андешаро дар қитъаи «Нони модар» ниҳоят неруманд мебинем. Эҳтирому гиромӣ доштани нон миёни мардуми мо решаҳои амиқу маъруфе дорад. Камбуди нон надоштан, дастрас будани он, нишони оромиш, осудахотирӣ, амонӣ ва ҷанбаҳои дигаре аз зиндагии инсонист. Дар шеъри мазбур ў бо пайванд задан миёни вожагони «ҳуҷҷату тинҷӣ» чи шоирона ин мазмунро мерасонад:
Ин нони чапотияш, ки гарм асту лазиз,
Волотар аз он нест дар ин дунё чиз.
Мо нони варо ба дидаҳо мемолем,
Чун ҳуҷҷати тинҷӣ аст  бар халқ азиз.
Бозтоби ҷаҳони модару ҷойгоҳаш дар конуни хонаводагӣ дар қитъаи «Ҳастияш инқилобҳо дорад» ниҳоят ҷаззобу гўшнишин аст. Файз бо ҷойгузин сохтани калимоти муносиб бидуни баҳрагирӣ аз санъатҳои бадеӣ, бо беҳтарин шева рўҳу равон ва дунёи модарро тарсим мекунад.  Дар ин маврид аз калимоте кор мегирад, ки барсохтаи ўянд ё ҳаргиз дар забони адабӣ ба кор нарафтанд. Вожагоне, мисли «покафида», «рафожанг», «нолишолуда» ва ғ.:
Меҳмонаш, вале агар ояд,
Покафида шитобҳо дорад,
Баҳри қатли ҳазор навмедӣ.
Аз насиҳат танобҳо дорад.
Мактаби ҳалли мушкилотам ўст
Ҳама ҳолат ҷавобҳо дорад
Дар рафожангҳои пешони-ш
Беҳтар аз мо китобҳо дорад…
«Дар сояи гесўи ёр» бахши дигаре аз мунтахаби ашъор аст ва фарогири ошиқонаҳо, ашъори ғиноии Файзи Ашўр. Аз нигоҳи сохтор, сурудаҳои бахш иборат аз чаҳорпораҳои сарбаста, ғазал, рубоиву дубайтӣ ва такбайтҳо мебошанд. Ҳарчанд таърихи сурудани ашъори ин бахш равшан нест, вале баёну муҳтавои аксар гувоҳ бар ин аст, ки моли давраи ҷавонӣ, нахустин дидорҳо бо мафҳуме бо номи ишқанд. Дар ашъори мавриди назар тамоми эҳсосот ониву ширин, саршори меҳру дўстдорӣ, умеду орзу ва интизорист. Эҳсоси дўст доштан, ошно будан дар аксари ин ашъор забони хос  дорад. Вале ин ҷанба дар ғазалҳову рубоиёт ранги тозаву барҷаста пайдо мекунад. Паступун дар гирдоби эҳсосоти ошиқона ровӣ мехоҳад аз тарона гўшвору ҳалқаву дастпона бисозад. Аз дубайтӣ ойинаву аз рубоӣ шона созад:
Гўшвор аз тарона месозам,
Ҳалқаву дастмона месозам.
Аз беҳин байтҳои шоирҳо
Муҳраи нуқрадона месозам.
Оина аз дубайтии рўшан,
Аз рубоёт шона месозам.
Шоир дар як рубоии дигар бо ҳамнишин сохтани вожагони бўсаву роҳ калимаи тозае месозад, ки дилкашу гўшанишин ва маънирасон аст:
Эй ёр, туро ҷаҳони роз аст,
Сар то қадами ту лутфу ноз аст.
Вақте ки дароз гардани туст,
Бўсараҳи ошиқон дароз аст.
«Сели андўҳ» яке аз бахшҳои муассиру такондиҳандаи маҷмуа аст. Дар ин қисмат марсияҳо ва сўгномаҳое ҷойгузин шуда, ки мутааллиқ ба зиндагии фардии шоиранд. Вале фардияте, ки хеле зуд ба куллият мепайванд, ҳамагонӣ, мардумӣ, типӣ, башарӣ мешавад.
Адабиёти классику муосири мо аз ин навъи шеърҳо намунаҳои зиёде дорад. Вале воқеият ин аст, ки ҳама ашъор инсонро таҳти таъсир намегузорад ва дарди дар он нуҳуфтаро худӣ намесозад. Ба андешаи мо, таъсиргузор шудани як сўгнома марбут ба самимият, решаҳои ростин аст, ки аз замини синаи ҳунарманд сар мекашад.
Бахши умдаи ин ашъор дар сўгвории шоири бузурги миллат Ашўр Сафар нигошта шудаанд. Маҳз дар матну батни ин ашъор аст, ки мо ба гаронии марги шоир мардум пай мебарем. Марг падидаи нохушоянд, вале ногузири ҷаҳони ҳастист. Вале даргузашти шоир мардум, падидаи содае нест. Сангинии бори он ба андозаест, ки тамоми мавҷудоти муҳити перомунро такон медиҳад. Ин рухдоди ногузир бодҳои вазонро ғамин месозад, дарахтонро дар сўг менишонад, «офтобро хираву камхун мегардонад»:
…Шуша мебаст оҳи вазнини дарахтон,
Дар ҷабини бод печон буд ожанг.
Сурфа мезад осмон ҳамчун сигорӣ,
Синааш пурҷут буд аз дилфигорӣ
Хираву камхуну сарду зардрў буд
Офтоб аз рўи хешиву таборӣ
Даргузашти шоирон ҳеҷ касеро, ҳеҷ мавҷудеро бетараф намегузорад. Зеро зиндагии ҳама мавҷудот бо ҳазор ришта ба зиндагиву ҳарими шоир пайванд хўрданд. Бузургии ин дардро мо дар қитъаи дигаре ниҳоят қавӣ ва муассир мебинем ва бори дигар ба ин воқеият рўбарў мешавем, ки то чи андоза сухану сухангустар дар зиндагии мо нақш дорад:
Вақти видои ту
Мотам шукуфт дар дили пажмурда боғҳо,
Ҳар як дарахти шаҳр ба зону заду гирист,
Гардид хушк дар лаби ҷў хандаҳои тар.
Парвоз кард аз пайи паврози рўҳи ў
Аз қалбҳо сурур
В-аз дидаҳо шарар.
Зикр шуд, ки дар сурудаҳои Файз ҳар як фардияте обастану печида ба куллият аст. Дар сўгвориҳо танҳо таҷассуми ҳолату шиддату ҳиддати ғаму андўҳ нест. Фазоҳое садсозу барангезандаи зеҳну андеша дар матни шеър мавҷуд аст, ки бояд шинохта шаванд. Ба пиндори бархе аз пажўҳишгарон: «Шеър ё ҳар навъи дигари адабӣ ва ҳунарӣ сари роҳи мухотиби худ монеъ мегузорад. Бар хилофи бархе аз назариёт мафоҳимро осону қобили дастрас намекунад. Чун вақте ки монеъе сари роҳ аст, ҳаракат тундтар мешавад. Бояд дар ҳар мақтае таваққуф кард ва роҳи гузар аз монеъро дарёфт. Ба ҳамин ҷиҳат идрок кундтар мешавад ва ба тадриҷ моро ба асли матлаб мерасонад». Шеъри «Садои зинда» ва марсияе, ки дар марги бародар суруда шуда ин маъноро бо равшанӣ мерасонанд. Барои намуна метавон мисоле зад:
Ҳайф, сад ҳайф ба гўше нарасид,
Ғамсадое, ки муборак буд он.
Оқибат қалби бузургаш таркид,
То садояш шунавад гўши ҷаҳон.
Ё ки:
Аз бурунаш фишор оварданд,
Аз дарунаш фишор бар сар зад.
Арзёбии шоирона аз падидаву рухдодҳои даврони даргириҳои начандон дури мо мавзўи ашъори бахши «Боди ваҳшат» аст, ки хонданӣ, донистанӣ ва ибратомўз аст. Ҷанги шаҳрвандӣ зарбаи камаршикане ба миллати мо зад. Ҳама доштаҳо, арзишҳо фуру рехт. Шоир ғарқ дар андешаву афкори роҳҷўву илоҷгар, бо афсўсу дареғ саҳнаҳои зистаро барандоз мекунад, бурду бохтро мавриди арзёбӣ қарор медиҳад, то натиҷаи матлуб ба даст биёяд. Дар чунин муҳите нанговару фишорафкан, таҳаммулнопазир ў танҳо наззорагари маъмулӣ нест. Зеҳни халлоқи ў дар перомуни илалу заминаҳои ин даҳшати ғайринтизор, табиати вожгуни одамиён, марги арзишҳо меандешад, то роҳи бурунрафт пайдо кунад. Дар ғазале чи зебову баҷо, ба итминону бовар, эътиқоду андешаи раҳогари инсон ишорат мекунад:
Сукут дар лаби ман чун ғизои фикри ман аст,
Ҳавои дарки саодат ҳавои фикри ман аст.
Ҷаҳони андешаи шоир дар ғазалиёти ин бахш рангину аз нигоҳи дарунмояҳо пурвусъат аст, ки зикри бештар аз чаҳорчўби ин мақола берун аст. Муҳим он аст, ки аз пушти саҳнаҳои ғарқ дар фазоҳои хираву меҳолуд мо ҳунармандеро мебинем, ки бо қалби саршор аз умеду дўстдорӣ, имону эътиқод, чашм ба сарзамини офтобӣ андохтааст. Бовару эътимод, такопуву пўяндагист, ки инсонро ба сарманзили хостҳо мерасонад:
Шарти нахусти чашм шудан об гаштан аст,
Шабнам, ки буд чашми тамом, офтоб дид.
Инҷониб, пешниҳоди дафтари «Аз пайраҳа то роҳ»-и Файзи Ашўрро барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи М. Турсунзода иқдоми шоиста ва қобили дастгирӣ мешуморам.
Умар Сафар,
 устоди ДМТ
    
  
 
          

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj