Аз таърихи гули лола

Намудҳои авлоди лола (лот.Túlipa) растаниҳои алафии пиёзакдор буда, ба оилаи замбақиҳо (лот.Liliaceae) мансуб мебошанд.   Авлоди лола зиёда аз 140 намудро дар бар гирифта, дар мамлакатҳои назди Баҳри Миёнзамин, Осиёи Хурд, қисми ҷанубии аврупоии Федератсия Русия, як қисми камашон дар Алтай ва Япония паҳн шудаанд. Ҳамаи лолаҳо растаниҳои геофитӣ – эфемероидӣ буда, барои зистан дар кўҳҳо ва дашту биёбонҳо, ки тобистонашон гарм ва зимистонашон хунук аст, мутобиқ шудаанд. Аз ҳама бештар намудҳои авлоди лола дар Осиёи Миёна паҳн шудаанд (65 намуд).      Аз ин миқдор 25 намудашон дар водиҳо ва кўҳҳои Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд.  Онҳо дар ҶТ дар ҷамоатҳои типи  наботи биёбонӣ, ҷангалзорҳои мезофилӣ ва ксерофилӣ, арчазорҳо ва даштҳои баландкўҳ дар баландиҳои 400-3000 м аз сатҳи баҳр мерўянд. Ҳафт намуди онҳо ба гурўҳи растаниҳои эндемикӣ мансуб буда, танҳо дар қаламрави Тоҷикистон мерўянд. Бо сабаби гули зебо доштанашон мардум гул ва пиёзакҳои лоларо ҷамъоварӣ намуда,  мефўрушанд. 

Лола яке аз гулҳои маъмултарини боғии аввали баҳорӣ ба ҳисоб меравад. Онро ҳам шахсони алоҳида ва ҳам дар сатҳи саноатӣ парвариш мекунанд. Ватани лола Осиёи Миёна мебошад.  Номи илми лола - Tulipa  (ба забони русӣ - тюлпан) аз калимаи   форсии «Тюрбан»  (турба – барои ғизо додани ҳайвонҳо) гирифта шудааст, ки шакли гули растанӣ   шабоҳати онро дорад. Маълумотҳои  аввалин дар бораи лола дар асарҳои адабии    олимони эронӣ дар асрҳои VI- VII   оварда шудааст. Шакли маданӣ (боғии) лоларо аввалин маротиба дар Эрон парвариш намуданд. Бинобар ҳамин шоирони форсу тоҷик  Ҳофизи Шерозӣ, Умари Хайём ва дигарон дар васфи зебоии он  ғазалу рубоиҳои зиёд  сароидаанд. 

Баъдан навъҳои боғии лоларо аз Эрон ба Туркия оварданд ва навъҳои гуногуни он парвариш карда шуданд. Дар асри XVI дар Туркия қариб 300 навъи он парвариш карда мешуд.  Баъдтар ба парвариши гули лола  занҳои  ашрофзодаи Туркия машғул шудаанд. Онҳо байни худ мусобиқа карда, барои  содиқ буданашон нисбат ба шаҳваронашон навҳои гуногуни лоларо дар гулгаштҳо, боғҳои давлатмандон парвариш менамуданд ва онҳоро ба дилбастагонашон туҳфа мекардаанд. Аз парвариши он давлат фоидаи калон ба даст меовард. 

Соли 1554 намояндаи сафорати империяи Австрия дар Туркия Огир Геселин де Басбек лоларо аз Туркия ба Австрия мебарад. Номи ў дар таърих аз ҳамин сабаб боқӣ мондааст. Дар он вақт дар боғи ботаникии Вена профессор К. Клузис кор мекард. Ў лолаҳоро парвариш намуда, ба наздиконаш ва дўстонаш туҳфа намуд. Ҳамин тавр солҳои 60-уми асри ХVI лола  дар Австрия, Франсия ва Германия васеъ паҳн шуд. Дар байни шахсони намоёни Аврупо каллексионерҳо ва дўстдорони гули лола буданд. Масалан, кардинал Ришеле, Волтер, император Франс II.   Император Луи XVIII бошад дар Версал ҳар сол «иди лола» ташкил менамуд. 

Аз ҳама бештар лола дар Голландия машҳур ва оммавӣ шуда буд.  Дар аввалҳо лоларо дар қасрҳои шоҳон парвариш мекарданд. Парвариш ва доштани лола рамзи ашрофзода ва  бадавлат будан ҳисоб мешуд.

Лолапарварони  голандӣ шаклҳои гуногуни онро парвариш намуда,   ба тамоми давлатҳои дунё мефўрухтанд. Лола дар биржаи байнидавлатӣ фурўхта мешуд. Қонундонҳо шарту шароити фурўши онро доимо тағйир медодаанд. Дар биржа нархи  як пиёзаки лола 2500 гулден меистод.  Дар фурўши пиёзакҳои гули лола дар баъзе маврид Ҳукумати Голландия дахолат менамуд. 

Голландия ватани дуюми лола буда, дар он ҷо боғи навъҳои лола «Кёкенхоф» мавҷуд аст. Ҳар сол дар моҳи апрел ба ин мамлакат садҳо туристон ташриф меоранд, то зебоии лолаҳои шукуфтаи баҳориро ба чашми худ бубинанд. Феълан Голландия мамлакати аз ҳама бузургест, ки дар қалмрави он навъҳои гуногуни лола парвариш карда мешаванд ва пиёзакҳои онҳо ба фурўш бароварда мешаванд. 

Дар Русия намудҳои табиии лола аз асри  XVI маълум буданд, вале навъҳои боғии лоларо  бори аввал Пётри I соли 1702 аз Голландия овард. Дар Русия дўстдорон ва коллкесионерҳои лола хело зиёд буданд  (графиня Зубова, граф Разумовский, П.А. Демидов). То охири асри XIX дар Русия лоларо дар майдонҳои наздиҳавлигӣ шахсони доро парвариш мекарданд.  Дар охири асри  XIX онро дар Кавказ ва Сухуми дар сатҳи саноати парвариш карда, ба фурўш мебароварданд. Лекин лола он қадар шўҳрату шаҳомате, ки дар  Голландия, Франсия ва Англия дошт, дар Росия пайдо накард.

Корҳои асосии селексионӣ ҷиҳати парвариши лола дар Русия дар охири асри  XIX ба ҷо оварда шуд.  Дар селексия лолаҳо  нақши директории ҳамонвақтаи Боғи ботаникии Петербург Э.А. Регел калон буд. Ў аз сафарҳои худ аз Осиёи Марказӣ миқдори зиёди лолаҳоро ҷамъоварӣ намуда (зиёда аз 65 намуд),  ба Петербург овард ва дар  Боғи ботаникии Петербург парвариш кард.   Натиҷаҳои таҳқиқотҳи хешро дар   китоби   «Флораи боғҳо» чоп намуд. Ба шарофати ў намудҳои гуногуни лолаҳои осёимиёнагӣ, аз он ҷумла лолаҳои Тоҷикистон бори аввал ба Голландия, Англия,  Франсия, Германия ва Америка бурда шуданд.  Дар ин мамлакатҳо селексионерон ба ранги зебо,  пояи баланди онҳо  аҳамият дода, навъҳои гуногуни лоларо ба вуҷуд оврданд, ки онҳо пешавлоди аксари  навҳои лолаҳои ҳозиразамон  мебошанд.

Ҳар сол пиёзакҳои зиёди лоларо ба Тоҷикистон аз хориҷи кишвар  меоваранд, ки нархи онҳоро аз 2,5 то 5 сомониро ташкил медиҳад. Имсол низ пиёзакҳои лоларо ба миқдори зиёд аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон оварданд. Аз сабаби қимат будани нархашон аксари онҳо ба фурўш нарафт, вақте мо онҳоро аз назар гузаронидем (даҳаи дуюми феврали соли 2016) онҳо ба касалиҳои гуногуни занбуруғӣ ва вирусӣ  гирифтор буданд, вақти шинониданашон  гузашта буд. Чанд сол аст, ки ҷашни иди лола дар саросари Тоҷикистон бо шукўҳу шаҳомати калон қайд карда мешавад. Барои нигоҳ доштани намудҳо ва навъҳои мавҷуда дар  Тоҷикистон дар баландиҳои 600 то 1000м аз сатҳи баҳр питомникҳои парвариш ва селексияи лоларо ба роҳ мондан лозим аст, то онро аз хориҷи кишвар ба нархи қимат нахарем ва касалиҳои гуногуни занбуруғӣ ва вирусиро ба кишаварамон ворид накунем.

С. РАҲИМОВ,       

профессори кафедраи ботаника,

А. ҲАЛИМОВ, 

мудири кафедра

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj