Аз таърихи Қувваҳои мусаллаҳ

Рӯзи 23-юми феврал ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омадааст. Имсол аз 24-умин солгарди таъсисёбии он ҷашн гирифта мешавад.

Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона артиши Осиёи Марказист, ки аз оташи ҷанги тамом гузашта, ниҳоди худро аз сифр ва бо заҳмати ихтисосмандони худи такмил додааст. Артиши миллӣ, ки зодаи даврони Истиқлолият мебошад, дар зарфи 24 соли мавҷудияташ ба такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат табдил ёфта, мардуми шарифи Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ имрӯз ҳомию муҳофизи ҳақиқии худро мебинад.

Мусаллам аст, ки сулҳу оромӣ ва тинҷиву осоиштагии ҳар як давлату миллат аз қудрату тавоноии Қувваҳои Мусаллаҳи он вобастагии калон дорад. Аз ин хотир, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чун дигар давлатҳои собиқ Шӯравӣ баъди ба даст овардани Истиқлолият зарурати такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ба миён омад. Вале таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мушкилотҳои зиёде ба даст меомад. Зеро баъд аз пош хӯрдани давлати Шӯравӣ ва ба асари нооромиҳои дохилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳ қариб ки амал намекард.

Илова бар ин вазъи душвори ҳарбӣ-сиёсии он солҳо имкон надод, ки Тоҷикистон аз мероси Артиши Иттиҳоди Шӯривӣ бархӯрдор гардад. Новобаста аз ин, баъди анҷом ёфтани Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон роҳбарияти нави мамлакат бо сарварии бузургмарди миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мушкилиҳои зиёди мавҷуда нигоҳ накарда масъалаи таъсиси Артиши миллиро дар навбати аввал гузоштанд ва ҷиҳати ҳалли мусбии он талошу ҷонбозиҳои зиёде намуданд. Бо ин мақсад, аз анҷоми Иҷлосияи таърихӣ ҳамагӣ чанд рӯз нагузашта, 18-уми декабри соли 1992 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро ба имзо расонид. Маҳз дар асоси ҳамин қарор дар назди Кумитаи Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастаи махсуси марзбонон таъсис дода шуда, баъди 10 рӯз, яъне 28 декабри ҳамон сол мутобиқи қарори раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати ҳифзи сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид ва он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд. 

Пешрафту пойдории Қувваҳои Мусаллаҳро бе мутахассисони баландпоя тасаввур кардан ѓайриимкон аст. Ба ин хотир, имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ вазорату гвардияҳо, академияву литсейҳо ва мактабҳое амал мекунанд, ки фаъолияти онҳо барои тайёр намудани мутахассисон дар соҳаҳои низомӣ равона карда шудааст.

Ҳоло, ки аз 24-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ватани азизамон ҳарф мезанем, моро ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастӣ боло гирифта, бо як азми қавӣ ва дили соф дар паҳлуи сарбозони шуҷои Ватан рост истода, барои орому осуда будани мардум камари ҳиммат мебандем. Супоришҳо ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор медиҳему баҳри гулгулшукуфоии ин Ватан саҳм мегузорем.

Таҳияи Мавзуна Чоршанбиева, 

донишҷӯи курси 1,

факултети филологияи тоҷик

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj