Аз ҳаёти занони роҳбар

Дар Китобхонаи миллӣ, бо иштироки намояндагони сохторҳои илмию таълимӣ ва ҷамъиятии фарҳангӣ рўнамоии китоби «Бонувон дар сиёсат» баргузор гардид. Дар нишаст  муовини Раиси ҲХДТ, доктори илмҳои филология Раъно Бобоҷониён ва Вакили Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ходими ҷамъияти сиёсӣ  Хайриниссо Юсуфӣ оид ба саҳми бонувон дар рушди соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд. Дар нишаст таъкид шуд, ки китоби мазкур бахшида ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ ва 22-юмин солгарди таъсиси ҲХДТ бо ибтикори Раиси ҲХДТ, Ассосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расидааст.

Дар китоби «Бонувон дар сиёсат» (504 саҳифа) дар бораи беш аз 100 нафар бонувони кишвар, ки дар мансабҳои баланди давлатӣ кору фаъолият намудаанд, маълумот дода шудааст. Ҳаёт ва фаъолияти ибратомўзи занони пешсафи ҷомеа, нақши онҳо дар таҳкиму густариши ғояҳои созандаю бунёдкоронаи Ҳукумати ҶТ ва дигар матолиб мавриди тавваҷҷуҳ ва маводи меҳварии китоби мазкур мебошад.  Китоб дар амалияи таърихнигоронии сиёсии ҳизбӣ дар даврони нави давлатсозии тоҷикон ва марҳилаи ҷадиди Истиқлолияти Тоҷикистон аз нахустин таҷрибаҳо буда, ба доираи васеи хонандагон тавсия шудааст. 

Ёдовар мешавем, ки дар ин чорабинии фарҳангӣ омўзгорону донишҷўдухтарони факултетҳо ва намояндагони сохторҳои гуногуни раёсати Донишгоҳи миллӣ, таҳти роҳбарии муовини ректори донишгоҳ оид ба тарбия, дотсент Ҷ.Раҳмонова ҳузур ёфта, дар қисмати мулоҳизарониҳои  чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд. Мафтуна Назирова, донишҷўи курси 4-уми факултети журналистика зимни суханронӣ ва ироаи порчаи шеърие аз эҷодиёти Фарзона диққати ҳозиринро ҷалб намуда, қайд кард, ки сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат дар самти зан-роҳбар боиси дастгирӣ ва пайравӣ  мебошад.  

Дар ҳамоиш иштирокчиён афзуданд, ки мо бояд ҷавоб ба ғамхориҳои Ҳукумату Давлат ҳамчун зан-роҳбар бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар пешрафти ҷумҳурӣ саҳми босазо гузорем. Чорабинӣ бо намоиши барномаи фарҳангию фароғатии омоданамудаи ҳунармадони ҷумҳурӣ хотима ёфт. 

Нигора Худойдодова

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj