Андарзи бузургон

Эътибор ва обрўи инсон арзишҳоеянд, ки ҳаргиз набояд онҳоро аз даст дод. 

Танҳо ду гурўҳ наметавонанд афкори худро иваз кунанд: девонагони бемористон ва мурдагони гўристон. Вин Дейр

Зиндагӣ шинохти худ нест, зиндагӣ барои сохтани худ аст. Б.Шоу 

Ҳеҷ вақт бадахлоқии касеро ба хотири симои зебояш таҳаммул макун! 

Бифаҳм, ки шикаст нуқтаи муқобили муваффақият нест, он қисмате аз муваффақият аст. 

Садама шуморо лаҳзае заиф ва як умр қавӣ мекунад.

Забондарозӣ нишонаи дасткўтоҳист.

Аз либоси кўҳнаат хиҷлоат макаш, балки аз афкори кўҳнаат шарманда бош! А.Эйнштейн 

Барои инсонҳои муваффақ дар ҳар ҳафта ҳафт имрўз вуҷуд дорад, вале барои инсонҳои номуваффақ дар ҳар ҳафта ҳафт фардо.Тафовутҳои кўчак натиҷаҳои бузурге ба бор меоварад. 

Лабханди шумо дарвоқеъ ашкҳое ҳастанд, ки  сарозер намешаванд. Франз Калка 

Ҳарчанд оқил ҳам бошӣ, дилат туро агар як маротиба ҳам бошад, аҳмақ месозад. 

Вақте мемиред, намефаҳмед, ки мурдаед, таҳаммулаш фақат барои дигарон сахт аст. Бешуур будан ҳам мушобеҳи ҳамин ҳолат аст. К. Филип 

Қавӣ будан ба ин маъно нест ки дар як задухўрд мубориза кунед,қудрати воқеи ин аст ки аз канори ҳарфҳои пучу бемантиқи одамони фитнагар бо бетаваҷҷуҳи убур кунед. 

Вақте мушкилие дорӣ, ба зоҳир ҳамдарданд, аммо дарвоқеъ парвои туро надоранд. Вақте мушкил доранд, бо ту хело меҳрубонанд, инҳо бадбахтарин инсонҳои рўи замин ҳастанд, ки оромиш надоранд. Пауло Каэло

Агар шод ҳастӣ оҳиста биханд, то ѓам бедор нашавад ва агар ѓамгин ҳастӣ ором гиря кун, то шодӣ ноумед нашавад. Чарли Чаплин 

Одаме ки манфӣ меандешад, дар фурсатҳо мушкилотро мебинад, одаме ки мусбат меандешад, дар мушкилот фурсатҳоро мебинад. У Черчил 

 Ҳайфи одам баъзе чизҳоро вақте мефаҳмад, ки дигар фаҳмидан ё нафаҳмиданаш фарқе ба ҳолаш надорад. Муҳаммад Ризо Котиб

Вақте дигарон аз маҳол будани орзуҳоят суҳбат  мекунанд, ношунаво бош! Ҳомид Сулаймӣ

Бозии зиндагии бозии бумерангҳост, кирдор ва гуфтори инсон дер ё зуд бо диққати ҳайратангез ба худи ў боз мегардад. С Флоренс.

Омўхтаам, ки бо пул метавон хона харид, вале ошёна на, метавон рахти хоб харид вале хоб на, метавон соат харид, вале замон на, метавон мақом харид, вале эҳтиром на, метавон китоб харид, вале дониш на, метавон дору харид, вале саломатӣ на, метавон одам харид вале дил на...Чарли Чаплин

 

Ҷонмардов Зулфиқор, 

донишҷў

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj