Артиши Сомониён: ташаккул ва мушкилоти он

Таъсиси артиш ба пайдоиши нахустин давлатҳо марбут аст, зеро лашкар бе давлату ҳокимияти сиёсӣ арзи ҳастӣ карда наметавонад. Аз ин рў, давлатҳои нахустин ба маққсади таъмини амнияти шаҳрвандон ва ҳимояву посбонии марзҳои худ ҷузву томҳои гуногуни  артишро созмон медоданд. Хусусан, дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиён, Сосониён, Ҳайтолиён, Кушониён, Тоҳириён, Саффориён, Сомониён ва монанди он ба таъсиси артиши миллӣ эътибори ҷиддӣ медоданд. Вале дар ин ҷо перомуни артиши пуриқтидори давлатҳои асримиёнагии тоҷикон чанд сухан ироа кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Артиш дар замони Ҳахоманишиён мавқеи бузургро соҳиб буда, пояи асосии давлат ва иқтидори ҳукумати шоҳ ба шумор мерафт. Асоси қўшунро форсҳо ва модҳо ташкил медоданд. Ҳайати лашкар аз қўшуни зархарид иборат буда, аз ҳарбиёни касбӣ таркиб меёфт.  Қўшун асосан ба дастаҳои савора ва пиёдагард-камондорон, шамшерзанҳо, табарзиндорон ва найзазанҳо ҷудо мешуданд. Дар маъхазҳои таърихӣ доир ба ҷойгиршавӣ ва ҳайати қўшун, сафкашӣ ва ҳаракати он ҳангоми набарду муҳорибаҳо, ба ҷанг дохил шудани лашкари Ҳахоманишӣ ва монанди он санаду маводи сершумор маҳфуз мондаанд. Дар лашкари Ҳахоманишиён хидмат кардани сарбозон ҳатмӣ буд. Ҳайати қўшун аз сатрапҳо ба мақсади хидмати гарнизонӣ бо талаби шоҳ даъват карда мешуд. Низомиёни даъватшуда берун аз мулки худ хизмат мекарданд. Лашкари Ҳахоманишӣ вобаста ба ҳудуди миллӣ ташкил карда мешуд. Мувофиқи анъанаи давлатдорӣ, ҳар як ҳоким дастаи махсуси ҳарбӣ дошт. Маъхазҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки дастаҳои ҳарбии суѓдӣ, сакоӣ, хоразмӣ, бохтарӣ ва ѓайра бар зидди душманони берунӣ мубориза бурда, борҳо ѓалаба ба даст дароварданд. Масалан, дар соли 490 то мелод  дастаҳои сакоиҳо ва хоразмиҳо дар муҳорибаи бузурги Марафон фаъолона ширкат намуда, ба пирўзиҳо ноил гашта буданд. Дар таърихномаҳо теъдоди чунин дастоварду комёбиҳои низомиёни артиши тоҷикбунёди Мовароуннаҳру Хуросон бешумор буда, аз шуҷоату ҷасорат ва қаҳрамониҳои бемислу монанди онҳо башорат медиҳанд.
Ҷанговарони ҳайтолӣ ҷавонони далеру шуҷоъ ва ҷасур буда, худро дар қувваозмоиҳои гуногун ва ҳарбу зарбҳо обутоб медоданд. Онҳо машқҳои гуногуни ҳарбӣ гузаронида, ҳатто дар амалиёти ѓаввосӣ низ таҷриба меандўхтанд. Низомиён дар муддати тўлонӣ дар зери об истода, душманро интизор мешуданд  ва баъдан дар фурсати мувофиқ ногаҳон ҳуҷум намуда, ба дастовардҳо ноил мешуданд. Усулҳои гуногуни муборизаи Ҳайтолиён ва созмон додани артиши миллӣ ба давлатдорони пасин намунаи иборат гардидаанд.  
Тоҳириён артиши миллии хешро дар асоси таҷриба ва тарҳи низомии Хилофати Араб бунёд намуданд. Аммо давлатдорони Саффорӣ баръакси онҳо, урдўи миллии худро аз рўи усули нави ҳарбӣ ба ҳарбу зарб омода мекарданд. Подшоҳи Саффорӣ Яъқуб ибни Лайс марди қавиирода ва ҷасур буда, дар интихоб ва созмони лашкар эътибори ҷиддӣ медод. Мавсуф, қабл аз ҳама, ба тандурустӣ ва омодагии ҷисмонии ҳар як сарбоз диққати махсус медод. Пас аз супоридани имтиҳони ҷиддӣ сарбоз ҳуқуқ пайдо мекард, ки ба сафи лашкар ворид шуда, ба сару либос, яроқ ва маош соҳиб гардад.
Ҳанўз Сомониён дар ибтидои ба сари қудрат расидани худ дар созмони артиши миллӣ саъю талош намуданд. Онҳо дар ибтидо артиши худро дар Самарқанд, Чочу Истаравшан, Ҳироту Фарѓона таъсис  доданд. Зеро дар ин мулкҳо намояндагони сулолаи Сомониён – Нўҳ дар Самрқанд, Аҳмад дар Фарѓона, Яҳё дар Чочу Истаравшан ва Илёс дар Ҳирот ҳоким таъйин гардида, ба мақсади таъмини амният артиши худро ташкил доданд, ки он дар охир асоси урдўи миллии Сомониён гардид.                                                                              
        Бештар худи амирони сомонӣ дар зарбу ҳарбҳо ва муҳорибаҳо ширкат мекарданд. Дар замони ҳокими Самрқанд ва сардори тамоми қаламрави давлат будани Нўҳ бини Асад (солҳои 818-842) худаш вазифаи сарлашкариро иҷро мекард. Рафтору кирдор ва фаъолияти дурандешонаи ў ба дигар намояндагони сулолаи Сомониён- Абунаср ва Исмоил бинии Аҳмад намунаи ибрат буданд. Дар аҳди Аҳмад ибни Исмоил (солҳои 907-914) дар дарбор мавқеъ ва нуфузи сипаҳсолор боло рафта, доираи вазифаҳои ў васеъ гардиданд.
Тамоми  ҷузву томҳои қувваҳои ҳарбии Давлати Сомониён дар ихтиёри Девони вазирон- ҳоҷиби бузург вогузор гардида буд. Девони соҳибушурот бевосита аз болои кору фаъолияти лашкари Сомониён назорати доимӣ бурда, онро бо силоҳу аслиҳа, озуқа,  либос ва моҳона таъмин мекард.
Дар воқеъ, амирони Сомонӣ, хусусан Исмоили Соминӣ артишро пушту паноҳи давлат медонистаннд. Бе сабаб нест, ки қувваҳои ҳарбию низомӣ бевосита дар ихтиёри сарвазир- ҳоҷиби бузург қарор гирифта буд. Маъхазҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки амирони Сомонӣ ба артиши давлатӣ эътибори зиёд медоданд. Дар ин хусус санаду далелҳо кам нестанд. Чунончи сардори девони соҳибушурот  (вазорати дифоъ) рўйхати умумии низомиёни артишро дар ду нусха тартиб дода, онро ба амир пешкаш менамуд. Пас аз гузаштани назорати амир он рўйхат аз ҷониби ҷаласаи дарбор тайид мешуд. Сониян, як нусхаи номгўи низомиёни лашкарро дар девони соҳибушурот нигоҳ дошта, нусхаи дигарашро ба девони муставфӣ ё хазинадор ирсол менамуданд. Ҳуҷҷатгузори дарбор бо номи «нақиб» машҳур буда, тамоми ҳуҷҷатҳои муҳимми давлатиро махфӣ нигоҳ медошт. Хусусан, «нақиб»  кўшиш менамуд, ки душманон аз сирри дохилии дарбор ва теъдоди умумии низомиёни артиш хабардор набошанд. Зикр кардан ҷоиз аст, ки артиш бевосита таҳти назорати доимии давлат ва ѓамхории ҳукумати Сомонӣ қарор гирифта буд. Бино бар ахбори маъхазҳои хаттӣ, агар даромади умумии давлати Сомониён 45 миллион дирҳамро ташкил медода бошад, пас, қариб 20 миллиони он ба эҳтиёҷи лашкар, ҷузву томҳои он ва маоши амалдорони давлатӣ сарф мегардид.
Дар даврони Сомониён қариб ҳар як деҳқон (феодал) ва ҳоким дастаҳои махсуси худмуҳофизатиро доро буданд. Онҳо ҳангоми ба сари давлат омадани хавфу хатар бо дастаҳои ҳарбии худ ба марказ-ихтиёри амир  ҳозир мешуданд. Чунончи ҳокими Чаѓониён гарчанде ба Сомониён тобеъ набошад ҳам, вале дар мавридҳои зарурӣ 10 ҳазор сарбозро бо тамоми лавозимоти ҷангӣ ба ихтиёри дарбори Сомониён вогузор менамуд.
Дар замони Сомониён ду намуди лашкар мавҷуд буд: якум, лашкари низомии кироя, ки пурра дар таъминоти давлат буда, ба ивази хидматашон маош  мегирифтанд; дуюм, ҷанговароне, ки ҳангоми рўй додани хавфу хатарҳо ва ҳуҷуми душманони беруна ҷамъ оварда мешуданд. Он дастаҳои ҳарбӣ аз ҷониби деҳқонон  (феодалон) –у ҳокимони маҳаллӣ бар зидди душман омода карда мешуданд.
Амир Исмоили Сомонӣ ва дигар намояндагони сулолаи Сомониён, хусусан, Насри II (солҳои 914-943) баҳри ташкил намудани лашкари доимӣ ѓамхориҳои зиёде мекарданд. Ҳайати лашкари Сомонӣ аз ѓуломтуркони музофотҳои гирду атрофи Мовароуннаҳр иборат буда, онҳо дар давлатдорӣ нақши муассир гузоштанд. Маъхазҳои таърихӣ пиромуни ҳайати этникии артиши Сомониён ахбори мушаххас боқӣ гузоштаанд. Дар ҳақиқат ҳам, урдўи давлати Сомониён аз намояндаи қавму миллатҳои гуногун иборат буд. Дар артиш баробари тоҷикон, туркҳо, инчунин, арабҳо, форсҳо, русҳо, курдҳо ҳиндуҳо ва дигарон хизмат мекарданд. Қисми савораи лашкарро тоҷикон, дайламиён, курдҳо ва арабҳо ташкил медоданд. Ҳиндуҳо бошанд, ромкунанда ва савораи филҳои ҷангӣ ба ҳисоб мерафтанд.
Амирони Сомонӣ дар корҳои ҳарбӣ  ва  тарбияи низомиён аз усулҳои фаъол ва намунавии таълим ба таври васеъ истифода бурда, онро такмил ва тавсеа мебахшиданд. Хусусан, сипаҳсолорони Сомонӣ дар ташаккул ва тавсеии лашкари бонизоми ҷангӣ ҷаҳду талош меварзиданд. Онҳо аз таҷрибаи бою ѓании давлатдорони гузашта баҳраманд шуда, ба ҳар як сарлашкару афсар ва сарбозон усулҳо ва таҷрибаи ҷангии давлатдорони аҷдоди тоҷиконро меомўхтанд. Зимнан ба омодабошӣ ва машқу санҷишҳои низомии лашкари пиёдагарди даргоҳӣ аҳамияти махсус дода мешуд. Ҳайати артиши пиёданизомро дар набарду ҷангҳои дурдаст тавассути нақлиёти маҳаллӣ аз ҷумла, шутуру филҳо интиқол медоданд. Хосатан чунин муносибати хайрхоҳона ба сарбозони Сомонӣ имкони мусоид фароҳам меовард, то  ки душманро ба осонӣ маҳв созанд.  
Мутафаккири бузурги форсу тоҷик Низомулмулки Тўсӣ дар асараш «Сияр- ул- мулук» («Сиёсатнома») тавсифи умумии горди назди дарбори Сомониёнро ба тариқи мушаххас ба қалам додааст.  Мувофиқи маълумоти ў, ѓуломи зархариде, ки аз байни ѓузҳо- туркманҳо буд, соли аввал чун сарбози пиёдагард хизмат мекард ва либоси пахтагии оддии занданиҷӣ мепўшид. Дар соли дуюм, аспу абзоли одӣ мегирифт ва ба сафи савораҳо дохил мешуд. Дар соли сеюм ҳуқуқ пайдо мекард, ки шамшери «қарачур»- ро соҳиб гардад. Дар соли панҷум хизмат, ѓулом либоси  нимабрешимии қиматбаҳо, гурз ва  ба аспаш ҷилави ситорадор, дар соли шашум, соҳиби либоси анбон, дар соли ҳафтум бошад, агар ягон ҷинояте содир накарда бошад, унвони ҳарбии «висоқбошӣ» (сардори хайма ) ва сардори се ѓуломи ҷанговар мегашт. Ў ба сифати аломати фарқкунанда кўлоҳи сиёҳи намадини нуқракўб ва либоси қимати ганҷавӣ ба бар менамуд. Он ѓуломи ҳушёру зирак  ва қобилятноке, ки дар хидмати артиш худро ҳаматарафа нишон медод, тадриҷан теъдоди зиёди ѓуломони ҷанговарро ба ихтиёри худ мегирифт ва ба унвонҳои олии горд- аввал хайилбошӣ, баъд ҳоҷибро соҳиб мегардид. Дар «Сиёсатнома»- и Низомулки Тусӣ пиромуни артиши Сомониён, аз ҷумла шарту шароити парвариш ва таълими сарбозону афсарон санаду маводи ҷолибе оварда шудаанд. Маъхазҳо шаҳодат медиҳанд, ки аз байни сарбозони кироя чандин лашкаркашони номдор ба воя расида, ҳатто соҳиби боигарию сарват ва мулкҳои зиёде гардиданд, ки сарлашкари бархе аз онҳо то ба дараҷаи ҳоҷиби бузург сабзида расиданд. Вай ба ѓайр аз ташкили  ҷангу мубориза бар зидди душман, инчунин, қасру кўшкҳо, девонҳо ва идораҳои давлатиро муҳофизат мекард. Бурҳонҳо далолат мекунанд, ки ҳоҷиби бузург яке аз унвонҳои баландмартабаи давлати Сомониён ба шумор мерафт. Воқеан, ҳоҷиби бузург ба тамоми корҳои давлатӣ дахолат менамуд ва нуфузи ў рўз то рўз афзуда, эътибораш баланд мегардид. Дар замони салтанати Сомониён бархе аз ѓуломони пештараи туркӣ ба туфайли заҳматҳо ва истеъдоди баландашон ба унвони ҳоҷиби бузург ноил гаштанд. Бино бар ахбори маъхазҳои хаттӣ, аз зумраи чунин ашхос Алптегин ва Сабуктегин ба ҳисоб мерафтанд. Чи тавре маълум аст, Алптегин дар синни 35-солагиаш ҳамчун лашкаркаши моҳиру сиёсатмадори номдор машҳур гашта, то мартабаи сипаҳсолори (сарфармондеҳ) лашкари хуросонии Сомониён сабзида расид. Вай дар ихтиёри худ 2700 нафар ҷанговар дошт. Дар Мовароуннаҳр ва Хуросон боигариҳои зиёде гирд оварда, ба шахси сарватманд табдил ёфт. Бар замми он, аз сафи  ѓуломони дигар Сабуктегин дар ин давра ҳамчун лашкаркаши бузург ном бароварда, дар чандин муҳорибаҳо ѓалаба ба даст дароварда, шуҳратманд мегардад. Вай бо Алптегин робитаи хешу таборӣ барқарор намуда, ҳокими  Ѓазна  мегардад  ва минбаъд ба давлати  Ѓазнавиён асос гузошт. 
Давлатдорони Сомонӣ дар рафти кишваркушоӣ баробари асирону ѓаниматҳо, инчунин, боигарӣ ва сарватҳои зиёдеро соҳиб мешуданд. Аз Фарѓона, Тахористон, Чаѓониён, Хатлон, Туркистон бештар ҳайвоноти савора ва боркашро, ба монанди аспу уштур ва ѓайра аз худ мекарданд. Зеро ҳангоми муҳорибаҳо аз ҳисоби аспҳои бидаву бодпо лашкари савораро созмон медоданд. Дар набарду муҳорибаҳо, қабл аз ҳама, филҳои ҷангӣ чун роҳкушо амал мекарданд ва аз паси онҳо тўдаи филҳо пеш  мерафтанд. Сониян, селаи найзазанҳои аспсавор ва аз паси онҳо бошад, артиши пиёдагарди тирандозу шамшерзан ҳаракат менамуданд. 
Сипаҳсолорони Сомонӣ аз таҷрибаи лашкаркашиҳои артиши давлатдорони аҷдоди тоҷикон сабақ гирифта, ба мақсади таъмини ѓалаба бар душман чораву тадбирҳои муфид меандешиданд. Аз ин рў, дар ҳайати лашкар дастаи махсуси муҳандисони пулсозу роҳсоз ва дигар шахсони масъул кору фаъолият менамуданд. 
Хуллас, аз таҷрибаи созмони лашкари Сомониён ва фаъолияти босамару фатҳовари он дар замони истиқлолият моҳирона ва эҷодкорона истифода бурдан ба мақсад мувофиқ аст.
Дар охир, ҳамаи аҳли қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба рўзи Иди касбияшон табрик намуда, ба онҳо тамоми хушиҳои рўзгорро таманно менамоем.
 
Юсуфи Шодипур,        
     н.и.т., дотсенти ДМТ.
Сафармоҳ Муқимова,       
донишҷўи курси 3, факултети таърих   

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj