Афкори маорифпарварӣ ва ҷадидони Бухоро

Маълум аст, ки дар ҳама давру замон равобити адабӣ миёни кишварҳои олам вуҷуд дошт. Хусусан, тайи ду-се қарни охир ин гуна робитаҳо бисёр авҷ гирифтаанд. Дар масъалаи таъсир доштани адабиёти форсу тоҷики асрҳои миёна ба аксар кишварҳои олам маводи фаровон ва таҳқиқоти зиёде ба мушоҳида мерасад. Пас аз асри XVII адабиёти кишварҳои ѓарбӣ якбора рушд карда, минбаъд ба адабиёту жанрҳои адабии кишвари мо низ бе таъсир набудааст. Маҳз ҷунбишҳои маорифпарварии Фаронса ва аврупоӣ буд, ки дар асри ХІХ дар Осиёи Миёна, хосатан, дар Самарқанду Бухоро маорифпарварӣ бо номи “ҷадидия” ё “ҷадидҳо” ба миён омад ва намунаи барҷастаи он Аҳмади Дониш, Шоҳин, Асирӣ, Садри Зиё, Мунзим, Аҷзӣ ва билохира устод Айнӣ буданд. 

Бояд ёдовар шуд, ки маорифпарварӣ идеалогия ва ҷунбиши фикрие буд, ки дар Аврупои Ѓарбӣ дар асрҳои ХVІІ аввал дар Англия ва баъдтар дар Фаронса дар миқёси васеъ ба вуҷуд омад. Маорифпарварӣ бо воқеаи пайдоиш ва арсаи сиёсию иҷтимоӣ баромади синфи нави буржуазия алоқаманд буд. Идеалогияи маорипарвар барои таёр намудани инқилобҳои буржуазӣ ва махсусан инқилоби буржуазии Фаронса  нақши бузург дошт. 

Дар мамлакатҳои Шарқ низ аз аввалҳои  асри ХVІІ сар карда бедории фикрии иҷтимоие ба вуҷуд омад, ки асосан ба муқобили асосҳои куҳна ва иртиҷоии  сохти феодалӣ ва ҳукмронии сарварони динӣ равона карда шуда буд. Дар тадқиқотҳои илмӣ одатан ин бедории фикрӣ ва ҷунбиши иҷтимоиро афкор ва ҳаракати маорифпарварӣ меноманд.

Ба ин тартиб ҷадидия ҷараёни фарҳангию маърифатӣ ва иҷтимоию сиёсии ислоҳотхоҳонае ба шумор меравад, ки дар асри Х1Х, аввали асри ХХ дар байни зиёиёни бедоргаштаи маҳаллии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст. Тарафдорони ин ҳаракат ақибмондагии иқтисодию сиёсии ҷамъиятро дарк намуда, дар андешаи он буданд, ки 

-бо роҳи тарѓиб намудани маърифат дар асоси ислоҳи усули куҳнаи таълим дар мактабу мадрасаҳо, ташкили мактабҳои усули нав, паҳн намудани адабиёти навину нашри рўзномаю маҷаллаҳо аҳволи мардумро беҳтар намоянд;

- ба ислоҳи тарзи идоракунии мулки худ ноил гардида, барои дар қатори халқҳо ва давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон инкишоф ёфтани он  шароит муҳайё созанд;

-бо барҳам додани ҳар гуна разолати давр,  бетартибию  ѓоратгариҳо ҳангоми ситонидани андозҳо, худсарии амалдорон ва ѓайраҳо мушшарраф шаванд.

Марказҳои намоёни ҳаракати ҷадидӣ дар аморати Бухоро, шаҳри Бухорои кўҳна (яъне пойтахти аморат); дар кишвари Туркистон шаҳрҳои Самарқанд, Қўқанд, Тошканд ва хонигарии Хева, шаҳри Урганҷ ба ҳисоб мерафт. Зеро ин шаҳрҳо дар баробари марказҳои маъмурӣ ҳисоб шудан, боз ҳамчун маркази илму маърифат, марказҳои асосии зиёиён ҳам буданд. Намояндагони ҷараёни ҷадидия дар байни тоҷикон Садриддин Айнӣ, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Аҷзӣ, Абдулвоҳид Мунзим, Аҳмадҷон  Ҳамдӣ, Абдурауфи Фитрат, Маҳмудхоҷаи Беҳбудӣ  ва дигарон буданд.

Ташаккулу тарвиҷи ҷадидияро бояд чун ифодаи дигаргунии иҷтимоию сиёсӣ пазируфт, ки дар фазои иҷтимоии аморати Бухоро ба зуҳур омад. Пас аз соли 1905 аз дохили ҷадидия ду тамоюл: буржуазию демократӣ ва буржуазию миллатгароӣ ҷудо шуд. Ин тамоюлҳо бо якчанд ҳассосиашон аз ҳамдигар тафовут мекарданд. Ҷараёнҳои номбурда мақсад ва усулҳои мухталифи ба он муваффақ шуданро доштанд ва мавқею  рисолати гуногунро дар ҳаёти ҷомеа ноил гардида буданд.

Ҷадидия ҳамчун маҳсули марҳилаи мустамликадории ҳассоси зидди феодалӣ ва зидди мустамилкавиро  низ  доро буд. Онҳо  сохт ва усули салтанатдории аморати  Бухоро ва низоми таълиму тарбия ва самтҳои дигари  ҳаёти  иҷтимоию фарҳангии ҷомеаро мазаммату накўҳиш  карда, барои дигаргунии куллии онҳо тадбирҳои амалӣ  меандешиданд. Равияи буржуазию миллатгароӣ манфиатҳои ашрофони  маҳаллиро  ҳимоя мекарданд. Ин тамоюл бештар ѓояҳои иртиҷоиро ҷонибдорӣ намуда, саъй ба дигаргун намудани  сохти ҷамъиятӣ, шакли ҳокимияти навро мехостанд. Онҳо таълимоти сохтакоронаи «муттаҳидии миллӣ»- и худро  амалӣ  карданӣ шуда, ба сиёсати мустамликавии  рус муқобилияти беҷуръатона нишон медоданд. 

Дар Аморати Бухоро маорифпарварон шахсоне буданд, ки баробари маорифпарвар будан баъзеашон, шоир, муаллифи шеърҳои лирикӣ, файласуф, мунаҷҷим ва баъзеи дигарашон  мусиқишинос, табиб, таърихшинос буданд. Аксарияти онҳо дар дарбори ҳукуматдорон хизмат мекарданд ва қисми дигарашон бошад, чун намояндаи халқ буданд. Он маорифпарвароне, ки дар дарбор хизмат мекарданд, тамоми эҷодиёташон, ҳатто озодии шахсии онҳо дар зери назорати амир буд. Онҳо зулму доди ҳукуматдоронро дида ошкору пинҳонӣ эҷодиёташонро бар зидди ҳукуматдорон равона мекарданд. 

Ҷовидон МАҲМАДОВ,

устоди факултети забонҳои 

Осиё ва Аврупо

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj