АХТАРИ ТОБОНИ ИЛМИ ПЕДАГОГИКА

Дар зиндагӣ ва фаъолияти ҳамешагӣ шахсе шарифу арҷманд мегардад, ки барои халқу Ватан садоқатмандона меҳнат карда, барои ҳидояту роҳнамоии дигарон роҳро ҳамвор гардонад ва барои ҷомеа суду манфиат орад. Воқеан, роҳу тариқати меҳнати  судманд барои ҷомеа росту ҳамвор набуда, пастиву баландиҳо, нобасомониву мушкилоти бисёре дорад, ки аз роҳрав ҷидду ҷаҳд ва сабру таҳаммули зиёдеро талаб менамояд. Ба таъбири Анварӣ:

Заҳмати сармову сарди моҳи дай,

Бар умеди навбаҳоре мекашам.

         Вақте кас қалам ба даст мегирад ва роҷеъ ба аҳволу рўзгори шахсияти муътабаре тафаккур мекунад, табиист, ки пиндору гуфтор ва рафтори эшон пеши назар меояд. Дар ин ҷо дар бораи кору фаъолияти яке аз шахсиятҳои варзида ва устоди устодони педагокаи тоҷик, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои байналхалқии мактабҳои олӣ Сангинмурод Қодиров  навишта менамоем. 

Муаллим С.Қодиров  ҳанўз ҳангоми дар интернат таҳсил намудан ба корҳои ҷамъиятӣ рағбати зиёд дошт. Ҳамин буд, ки ҳанўз дар интернат вазифаҳои масъули ҷамъяиятиро ба уҳдаи ў вогузор менамуданд. Сипас хизмат дар Қувваҳои мусаллаҳи собиқ Иттиҳоди шўравӣ барои ў мактаби дигари зиндагӣ гардид. Тайи се соли хизмат, ки ба солҳои 1965 – 1968 рост меомад, ба мушкилоти зиёд нигоҳ накарда, курси афсариро ба итмом расонид. Бо бозгашт аз хизмати аскарӣ С.Кодиров ба факултети филологияи руси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон шомил ва онро бомуваффақият хатм кард ва бо назардошти  таҳсили муваффақона ва ташаббускор будан аз ҷониби раёсати вақти донишгоҳ ба сифати коромўзи кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ва психология тавсия карда шуд.

Муҳити донишгоҳӣ ба фаъолияти баъдинаи ин ҷавони ташнаи маърифат шароиту фазои мусоидро фароҳам овард. Дар он вақт дар кафедра донишмандону устодони соҳибтаҷриба, аз қабили А.К. Власов, В.Г. Астахов, И. Филипповская, Б.Л. Милявский, Б.И. Казаков, А.А. Горбачевский, А.В. Демшин, И.П. Нечаева, А.Г. и Я.И. Гордонҳо, Ю.А. Молчагин, М. Абдуллоева ва дигарон кору эҷод мекарданд. 

Бо тавсия ва роҳнамоии устодон С.Қодиров дар илми педагогика ба масоили мубрами соҳаи мазкур дахл намуда, ба муваффақиятҳои арзишманд ноил гардид ва дар ин ҷода таҳқиқотҳои бунёдие ба анҷом расонид. Аз ҷумла, низоми педагогии тарбияи ҷавонон ба меҳнат дар шароити ҷумҳурӣ, ташаккули сифатҳои шахсии наврасон, вусъатбахшии тадбирҳои интихоби касб барои муҳассилини макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ, самарабахшии шаклу усули таълим дар ҷараёни дарс бо назардошти истифодаи таълими мошинҳои ҳисоббарори электронӣ дар макотиби олӣ, инкишофи нутқи хонандагони синфҳои 2– 4 дар раванди аз бар намудани ҳиссаҳои нутқ, низоми тарбия намудани муаллимони оянда барои фаъолияти наврасони душвортарбия, усулҳои фарҳанги тарбияи варзиш дар хонандагон, фаъолияти якҷояи муаллимон ва волидайн дар тарбияи наврасон ва ғайра ҷанбаҳоеанд, ки эшон ба онҳо дахл намуда, дар робита ба онҳо мақолоаву асарҳои арзандаву бунёдие  эҷод карданд. Ин таҳқиқоти нодир ва ботафсили муаллим барои муҳаққиқони муосир ва оянда ҳамчун сарманшаъ ва роҳнамо хизмат мекунанд.

Дар баробари сермаҳсулӣ дар таҳқиқу баррасии масоили гуногуни педагогӣ С.Қодиров дар тарбия ва омода намудани кадрҳои баланихтисоси илмӣ-педагогӣ низ саҳми назаррасу арзанда доранд. Чунончи таҳти сарварии эшон се нафар рисолаи докторӣ ва 13 нафар рисолаи номзадиро дифоъ карда, имрўз ба тадқиқи пахлуҳои мухталифи илми педагогикаи миллӣ машғуланд. 

Шахсияти С.Қодиров ибратомўз буда, сабурӣ, таҳаммулпазирӣ, қаноатпешагӣ, хоксорӣ, ҷавонмардиву покизагӣ ба эшон хос буд. Фаъолияти бобарору заҳматталаби муаллим буд, ки олимони намоён ва заршиносони илми педагогикаи ватаниву хориҷӣ дар васфаш  суханварӣ кардаанд.

   Академики Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор М. Лутфуллоев: «….. Профессор С. Қодиров дар таҳияю баррасии назарияи мактаби миллӣ ва «Қонун дар бораи маориф», ки ҳоло дар ҷумҳурӣ мавриди амал қарор доранд саҳми муфид гузоштаанд. Ҳамзамон бо дар назардошти тақозои давр дар тарбияи муаллимони оянда барои факултетҳои педагогӣ татқиқотеро анҷом доданд, ки аҳамияти илмию амалии онҳо назаррас аст…».

         Оид ба ҷабҳаи дигари фаъолияти С.Қодиров доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи миллии Қазоқистон Г.А.Уманов нигоштаанд: «… Равобити илмии мо дар бахши илмҳои  педагогӣ бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути профессор С. Қодиров сурат мегирад. Сангинмурод Қодиров ҳамчун муҳаққиқи соҳа дар симпозиум ва конференсияҳои илмию назариявие, ки дар кишвари мо Қазоқистон баргузор мегардад, бо маърузаҳои пурмуҳтаво баромад менамоянд. Инчунин, ў ҳамчун муқарризи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар Шўрои ҳимоя баромад намуда, барои беҳбудии татқиқот дастурҳои ҷолибпешниҳод менамоянд…»

Хулқи хушу устоди ғамхор будани С.Қодировро доктори илмҳои педагогӣ профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Ш. А. Шарофов чунин тасвир кардаанд: «… Устод Сангинмурод Қодиров мушовири рисолаи доктории банда буданд, ки соли 1996 дар шаҳри Алма-атои Ҷумҳурии Қазоқистон дифоъ намудам. Бо маҳорати роҳбарӣ, таҳамулпазирӣ, андешаҳои мубрами илмӣ ва дигар хислатҳои наҷибашон фазоеро муҳайё сохтанд, ки барои таълифот ниҳоят муҳиму созгар буданд. Устод барои амиқу дақиқ баррасӣ намудани моҳияти масъала маслиҳатҳои судманд медоданд. Хастагиро ҳангоми кор ҳис намекарданд, заҳмат кашидан барояшон мисле, ки роҳат буд, зеро натиҷаи дилхоҳашонро ба даст меоварданд. Ин аст, ки ман ҳамчун яке аз шогирдон то умр боқист ҳурмату эҳтиромашонро пос медорам.…»

Дар тўли фаъолияти пурсамари худ дар ДМТ ҳамчун мудири кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ба комёбиҳои зиёд ноил гаштанд. Маҳз роҳбарии хирадмандонаи профессор С.Қодиров буд, ки мақому мартабаи кафедраи мазкур на танҳо дар сатҳи  ҷумҳурӣ, балки дар арсаи дигар давлатҳо боло рафт. Ҳамин эътибор ва нуфузи кафедра аст, ки ҳоло аз дохилу хориҷи кишвар барои ризоият додан ба сифати муассисаи пешбари илмӣ дархосту пешниҳодҳои зиёд ирсол мешаванд. 

    Устоди зиндаёд С.Қодиров бо фаъолияти густурдаи хеш дар баррасӣ ва тадқиқи илми педагогияи муосир хидмати оқилонаву орифона намуданд. Ў дар умри бобаракати худ беш аз 120 китобу монография, дастуру барномаҳои методӣ ва мақолаҳои илмиро ба табъ расонданд. Аз ҷумла, “Масоили иҷтимоӣ: «Педагогии наврасони душвортарбия», «Ҷамъият ва наврасони душвортарбия», « Асосҳои интихоби тахассус дар мактаб», «Меҳнат – асоси тарбияи шаҳрвандии ҷавонон», «Равоншиносӣ» чанде аз асарҳои таълифнамудаи устоданд, ки дар солҳои гуногун ба табъ расидааст. Дастовардҳои илмию омўзгорӣ шодравон Сангинмурод Қодиров барои муҳаққиқин, муаллимон аспирантон ва донишҷўён ҳамеша ҳамчун дастурамал мавриди истифода қарор мегиранд.

      С.Қодиров ҳамчун омўзгори асилу қавиирода аз шогирдон даъват менамуданд, ки дар дарси ў  иштирок намоянд. Баъдан дар маҷлисҳои методии кафедра аз онҳо талаб мекарданд, ки фикру мулоҳизаҳояшонро дар мавриди дарс иштироккардаашон арз намоянд. Ҳангоми баррасии масъала ситоишро намеписандиданд ва ҳамеша таъкид мекарданд, ки «комёбиро ҳеҷ кас аз мову шумо рабуда наметавонад. Аммо шумо, шогирдони азиз, кўшиш намоед, ки аз дидгоҳи танқидӣ андешарони намоед, зеро дар ин ҷо ҳадаф ислоҳи хатоиву норасоиҳост».

     Шурўъ аз даврони соҳибистиқлолии кишвар устод ба масъалаҳое рў оварданд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо қобили писанд буданд. Ба монанди вижагиҳои корҳои ҳирфаӣ дар оила ва мактаб, маҳорати педагогии омўзгор дар партави консепсияи мактаби миллӣ, тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ, меҳнат асоси тарбияи  шаҳрвандии ҷавонон, шаклҳои фаъолият бо наврасони душвортарбия, идора намудани раванди тарбия дар шароити мухталиф, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон ва дигар мавзўъҳои фарогири даври навин.

          Фаъолияти мудаббирона ва машаққатҳои пай дар пай ба омўзгори фидоӣ имкон фароҳам овард, ки ба дараҷа ва унвонҳои  баланди илмию ифтихорӣ - доктори илмҳои педагогӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои педагогии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви пайвастаи Академияи илмҳои байналмилалии  мактабҳои олӣ ва Корманди шоистаи Тоҷикистон  сазовор гардад. Ҳамзамон, устод ба ҳайси узви Шўрои олимони Донишгоҳи миллӣ ва Шўрои ҳимояи рисолаҳои номзадию доктории Пажўҳишгоҳи илмҳои педагогии Вазорати маорифи кишвар меҳнати самарабахш намудаанд.

Бо туфайли ҷалби ҷавонони соҳибзавқу донишманд ба таҳқиқи мавзўъҳои алоҳидаи илмӣ ба устод муяссар гардид, ки саҳифаҳои наверо дар рушди низоми педагогикаи Тоҷикистони азиз барои хонандагон равшан намояд. Натиҷаи роҳнамоии дурусти устод  ба интихоби  мавзўъҳои илмӣ  буд, ки имрўз мо дар хусуси  вижагиҳои корҳои ҳирфаӣ дар оила ва мактаб, маҳорати педагогии омўзгор дар партави консепсияи мактаби миллӣ, тарбияи ҳуқуқию ахлоқӣ, меҳнат асоси тарбияи  шаҳрвандии ҷавонон, шаклҳои фаъолият бо наврасони душвортарбия, идора намудани раванди тарбия дар шароити мухталиф, пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни наврасон ва дигар мавзўъҳои фарогири даври навин иттилооти бештареро дар ихтиёр дорем. 

Ин ҷо месазад ному насаби чанд тан аз омўзгоронро ном бурд, ки маҳз таҳти роҳбарии бевоситаи устод С.Қодиров рисолаҳои докторӣ ва номзадии худро ҳимоя намудаанд: Миралиев Абдусалом Мустафоевич, Шаропов Шавкат Аҳмадович, Каграманов Герман Суренович, Соколава Алефтина Ивановна, Сатторов Шароф Сатторович, Пиров Қурбоналӣ, Қодиров Қосим Тошпулотович, Раҳимов Абдулфаттоҳ Иброҳимович, Мухаметов Ғафур Бобоевич, Шарипов Эргаш, Булбулов Ҷумъа, Хуррамов Зулфиқор Кучкорович, Содиқов Маҳмадназар Мирзоевич, Мироватов Мусобек Самиевич, Ахмедова Мушаррафа Сангинбоевна ва ғ. 

Бо боварӣ метавон изҳор дошт, ки устод мактаби бузурги илмиеро бунёд гузоштааст. Ўро барҳақ метавон ахтари тобони илми педагогика дар Тоҷикистон бо сарбаландӣ ном бурд. 

Ёдовар мешавем, ки бо ибтикори  кафедраи умумидонишгоҳии педагогика ҳамасола дар моҳи декабр ба муносибати солгардии профессор Сангинмурод Қодиров конференсияи илмию амалӣ ва семинарҳо баргузор карда мешавад. 

Имрўз ин шахсияти фидоӣ, инсони нек, муаллими фидокор ва олими шинохта бо амри тақдир дар байни мо нест, аммо рўҳи эшон бо мост, зеро накуном ба сар бурданд. Ба таъбири Шайх Саъдии Шерозӣ:

Зиндаву ҷовид монд ҳар ки накуном зист,

 К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.

А. Миралиев,

 д.и.п., профессор,

Ғ.  Бобокалонов,

 н.и.ҳ., дотсент,

М. Ғиёсиев,

 н.и.п., дотсент

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj