Баррасии омилҳои таҳкимбахши давлат дар Паём

Маорифро омили асосии таҳкими давлат ва наҷоти миллат эътироф намудан ин баёнгари таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин соҳаи муҳимми давлатӣ мебошад, ки аз фаъолияти он боло рафтани ҳувияти миллӣ, нақши ҷумҳурӣ ва миллати тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар вобастагии калон дорад. 

Маориф ягона соҳаест, ки дар он аз коргари одӣ то мутахассиси олӣ тарбия ва ба камол расонида мешавад. Дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳон ва Тоҷикистон гардиши куллии сиёсиву иқтисодиву иҷтимоиро аз сар мегузаронад, бе дастгирӣ ва роҳнамоиҳои оқилонаи Пешвои миллат ин соҳа наметавонад вазифаҳои худро дар шароити муосир амалӣ гардонад. 

Масъулини соҳаи маориф, пеш аз ҳама, онҳое, ки ба таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон машғул ҳастанд, наметавонанд нутқи пурмазмуни Пешвои миллатро нодида гиранд, зеро дар Паём Пешвои миллат муҳимтарин масъалаҳои фаъолияти системаи маориф ва илмро мавриди баррасӣ қарор дода, дастовардҳо ва камбудиву норасоиҳои онро қайд карданд ва роҳҳои ҳалли мушкилот ва вазифаҳои аввалиндараҷаи муассисаҳои таълимиро дар тарбия ва ба воя расонидани насли наврас ва ҷавонон аниқ намуданд. 

Пешвои миллат бори дигар аҳамияти бузург доштани таълиму тарбияро дар рушди ҷавонону ҷомеа ва мавқеи соҳаи маориф ва илмро дар фаъолияти ҳаёти сиёсиву иқтисдии ҷумҳурӣ бо далелҳои возеҳ таъкид намуданд. Зикри ин нукта муҳим аст, ки имрўзҳо фаъолияти низоми маориф ва илм, таҷдиди низоми таълиму тарбия, таъмини моддию техникии муассисаҳои таълимӣ ва ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омўзгорон дар маркази диққати роҳбарияти ҷумҳурӣ ва Пешвои миллат қарор доранд. Ва далели ин гуфтаҳо ин аст, ки дар давоми солҳои гузашта то ба имрўз барои ба низом даровардани фаъолияти соҳаи маориф ва илм ва самарабахш гардондани кори таълиму тарбия қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи таҳсилоти олӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ”, “Дар бораи ҷавонон”, “Дар бораи тандурустӣ”, ҳамчунин, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Вазорати маориф, дар бораи қабули духтарон ва писарон тибқи квотаи президентӣ ба мактабҳои олӣ, дар бораи стандартҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олии касбӣ, “Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул гардида, заминаи қонунгузории соҳаи маориф дар сатҳи меъёрҳои байналхалқӣ дар ҷумҳурӣ ба вуҷуд оварда шудааст. 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди мушкилиҳои муайяни иқтисодӣ, пайваста ҳаҷми буҷаи соҳаи маорифро зиёд мекунад ва дар баробари афзоиши умумии буҷаи давлат хароҷоти соҳаи маориф низ меафзояд. Илова ба маблағгузориҳои буҷетӣ, ҳар сол аз фонди захиравии Президенти ҷумҳурӣ ва аз ҳисоби кумакҳои башардўстона ва дигар сарчашмаҳо ба соҳаи маориф маблағҳои зиёд харҷ карда мешаванд. Пешвои миллат дар Паёми худ қайд карданд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо, аз ҷумла аз ҳисоби лоиҳаҳои афзалиятнок барои рушди соҳаҳои энергетика, саноат, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ 88 миллиард сомонӣ равона гардидааст. 

Бояд гуфт, ки Паёми Пешвои миллат таконбахши тозае дар соҳаи маориф ва илм ва муайян намудани вазифаҳои таъхирнопазири муассисаҳои таълимии кишвар дар марҳалаи тараққиёти тозаи устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ва нутқи фарогири Пешвои миллатро дар ин Паём метавон барномаи фаъолияти тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, иттиҳод ва созмонҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои таълимӣ ва падарону модарон барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавон номид. Бояд зикр намуд, ки дастуру вазифаҳое, ки дар Паём омадааст, меҳвари асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф ва илм ташкил медиҳанд. Ин таълимот дар пояи ҳадафи асосӣ - баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва сатҳи донишу маърифати ҷавонон қарор гирифта, роҳу усул ва омилҳоеро, ки ба тарбияи насли наврас ва ҷавонон ба таври самарабахш мусоидат мекунанд, нишон медиҳад.

Пешвои миллат вазифаи мактабу маорифро, ки дастгоҳи ба иҷро расонидани стратегияи Ҳукумати Тоҷикистон бобати ба вуҷуд овардани насли нав, шахсиятҳои фаъолу созанда ва дилсўзу ғамхори Ватан мебошад, ба инобат гирифта, дар робита ба ин, таъкид карданд, ки “роҳбарони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Агентии омор, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар ин самтҳо ҷойдошта чораҳои муассир андешанд, ҷойҳои нави корӣ таъсис дода, ба рушди ҳунарҳои мардумӣ, касбомўзӣ ва фаъолияти марказҳои таълими калонсолон диққати бештар диҳанд ва аз натиҷаи воқеии корҳои амалигардида дар як сол ду маротиба ба Ҳукумати мамлакат ҳисобот пешниҳод намоянд”. Воқеан, тарбият кардани насле, ки фардои ҷомеаро ба таври шоиста бар дўши худ гирад, русуми аслӣ ва қонунияти бақои зиндагии ҷамъият аст. Аз ин рў, чӣ гуна сурат гирифтани сифати иҷтимоии ба камол расидани насли оянда робита бо сатҳи илму донишу фарҳанги насли имрўза дорад. 

Дар баробари ин Пешвои миллат таъкид карданд, ки “дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус дар зинаи таҳсилоти касбӣ, на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгўи талаботи замони муосирро тарбия намоем”.

Пешвои миллат қайд карданд, ки Тоҷикистон аз рўи барномаҳои давлатии қабулкардаи Ҳукумат минбаъд ба сўи мамлакати саноативу кишоварзӣ қадам мегузорад, дар ояндаи наздик талабот ба мутахассисони сатҳи баланди касбҳои техникӣ ва технологӣ дошта хеле зиёд мегардад ва ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кумитаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, телевизион ва радио, кор бо занон ва оила, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта тадбирҳои иловагӣ андешида, бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва боло бурдани тафаккури техникии наврасон озмунҳо ва мусобиқаҳои илмиву эҷодиро роҳандозӣ намоянд.

Инчунин, Пешвои миллат иброз доштанд, ки “илм дар шароити муосир нақши калидӣ дорад, ба рушду тараққиёти давлат мусоидат менамояд” ва ин соҳа дар сиёсати давлатӣ мақоми хоса дорад ва аз ҳамаи имтиёзҳои Ҳукумат ва Президенти ҷумҳурӣ бархўрдор аст.

Хулоса, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тарбияи кадрҳои илмии болаёқат барои ҷомеаи Тоҷикистон имконият медиҳад, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ бо мамлакатҳои мутамаддин аз баробарии илмиву фарҳангӣ муносибат кунем, обрўву нуфузи давлати тоҷикон ва миллати тоҷикро баланд бардорем. Таъкиди ин нукта муҳим аст, ки мо бояд ба омўзиши илму дониши муосир сафарбар шуда, аз илму донишҳои замон бохабар бошем ва аз ахлоқу маънавиёти аҷдодии худ бехабар намонем. Муҳимтарин омили нигоҳ доштани асолати миллӣ, яъне густариш додани худогоҳии таърихӣ ва худшиносии миллӣ, мебошад. Вазифаи дигаре, ки мо бояд дар чаҳорчўбаи мактабу донишгоҳҳо анҷом диҳем, ин парвариши хонандагон ва толибилмон дар рўҳияи одобу рафтори миллӣ ва ахлоқи ҳамидаи инсонӣ аст. Рукни дигари бағоят муҳимми ахлоқи миллӣ, тарғибу ташвиқи саъю кўшиш кардан ба меҳнати ҳалол аст. 

Асре, ки дар он мо умр ба сар мебарем, асри пешрафти бесобиқаи илмиву технологӣ ва рушди босуръати мубодилаи иттилоотӣ мебошад. Ин барои инкишофи мафкура ва васеъ гардидани ҷаҳонбинии насли ҷавон бениҳоят хуб аст, вале аз тарафи дигар дар мавриди таҳти таъсири барномаҳои таблиғкунандаи он мондани ҷавонон комилан хилофи ахлоқу одоби миллии мо аст ва оқибатҳои ногуворо низ интизор шудан мумкин аст. Барои он ки унсуру арзишҳои бегона ба ҷомеаи мо роҳ наёбанд, мо бояд бо тарғиби арзишҳои волои ахлоқи миллиамон машғул бошем, тарзи зиндагонии солим ва маънавиёти поки инсониро дар зеҳну тафаккури аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама дар зеҳну тафаккури насли ҷавон ҷой диҳем. Пешвои миллат бо дарназардошти рафти ҳассос ва мураккаби замон нисбат ба тамоми давраҳои дигари таърихӣ ба илму маърифат, ҳифзи арзишҳои фарҳангиву ахлоқӣ, ҳамдиливу ҳамкорӣ ва меҳру рафоқату инсондўстӣ дар байни ҷавонон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карданд, ки соли 2017 «Соли ҷавонон» эълон гардад. 

Итминони комил дорам, ки мо аҳли илму маориф бо захираи бузурги зеҳнии худ метавонем ҳамроҳ бо Пешвои миллат аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии хеш бароем ва барои ояндаи Ватану миллатамон насли сазовору арзанда, дорои дониши замонавӣ, ҷаҳонбинии васеъ, ватандўсту худогоҳ ва ворисону созандагони фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлолро тарбия карда ба воя мерасонем. 

 

К.А. Қудратов

номзади илмҳои таърих, асситенти кафедраи 

таърихи нав ва навини кишварҳои хориҷии ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj