Бояд ба бовариҳо сазовор бошем…

«Ба андешаи ҷавонон ҳаёт ин ояндаи дури беохир мебошад…» фармудааст файласуфи машҳури олмонӣ Артур Шопенгауэр. Дар воқеъ ҳар як шахс дар айни ҷавонӣ худро ба мисли паррандае дар парвози баланди зиндагӣ хаёл карда, ҳамеша дар ҷустуҷў ва дар такопў мебошад. Ҳаёти давраи ҷавонӣ ниҳоят давраи ҳассос,  ширин ва ҳалкунандаи давоми зиндагист. Маҳз дар сини ҷавонӣ инсон ояндаи дурру наздики худро муайян месозад. Ҳар як амале, ки имрўз дар овони ҷавонӣ иҷро мешавад, натиҷа ва самараи худро дар оянда ба бор хоҳад овард. 

Аз ин лиҳоз, дар ин айём тарбияи насли ҷавон дар рўҳияи ватандустӣ, инсондўстӣ ва эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ниҳоят манфиатбахш мебошад, ки ин яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карданд: «Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташабусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.» 

Имрўзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушду ояндаи ҷомеаи ҷавон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудааст. Дар тўли 25 соли Истиқлолияти давлатӣ тамоми соҳаҳои гуногуни зиндагӣ рў ба беҳбудӣ оварда, барои зиндагии осоишта шароит муҳайё гардид. Дар ин замина Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи таълим низ назари махсус зоҳир намуда, сиёсати маорифпарваронаро пеш гирифт. Сохтани садҳо ииншоотҳои хурду бузург барои муассисаҳои таълимӣ ва таҷҳизонидани онҳо ботехникаву технологияҳои муосир ва дигар шароитҳои муосири таълимӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Натиҷаи ин ҳамадастгириҳо ва ободкориҳо ин буд, ки олимони тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо ҷойизаву диплом ва дигар мукофотҳо қадрдонӣ гаштаистодаанд. Донишмандони тоҷик имрўз бо ибтикороту ихтирооти худ номи миллат ва давлатиморо дар арсаи ҷаҳон боло бардоштанд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар давлатҳои пешрафта шинохта шуда, рўз то рўз мақому шуҳратӣ худро дар назди оламиён боз ҳам зиёдтар кардааст.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми ҶТ ҳамкориҳои донишгоҳу донишкадаҳои кишвар бо дигар муассисаҳои таълимии бонуфузи ҷаҳон вусъат ёфта, сафи донишҷўёни дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда хеле зиёд шудааст, ки ин дар оянда хазинаи кадрии ҳукумати кишварро метавонад боз ҳам ѓанитар гардонад. 

Соҳаи варзиш низ имрўз дар ҷумҳурӣ хеле зиёд рушд ёфтааст. Дар ин самт низ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти наҷибе пеш гирифта, дар тамоми гўшаву канори диёри азизамон толору майдонҳои варзишӣ, ва дигар таҷҳизот барои рушди соҳаи варзиш таъмин намудааст. Ҳамин буд, ки имрўз варзишгарони тоҷик ҳунари волои худро нишон дода парчами давлатиморо дар байни дигар давлатҳо боло бардоштаанд. Иштироки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ ва сазовори ҷойҳои намоён гаштани онҳо нуфузи варзиши тоҷикро боз ҳам баландтар мекунад. Дар соли 2016 яке аз дастовардҳои муҳимме, ки дар риштаи варзиш ба даст омад, ин Қаҳрамони олимпии РИО – 2016 гардидани фарзанди барўманди тоҷик Дилшод Назаров мебошад. Агар ба таърихи бозиҳои олимпӣ нигарем, зиёда аз 60 давлатҳое мавҷуданд, ки то ҳол як медали бозиҳои олимпиро низ соҳиб нашудаанд. Боиси ифтихор ва сарфоризии мост, ки аллакай варзишгарони тоҷик ба чунин дастовардҳои назаррас дар сатҳи байналмилалӣ ноил гардиданд, ки ин ҳам бевосита бо кумаку дастгириҳои ҳукумати кишвар мебошад.

Ба ҳамаи ин дастгириҳо ва дастовардҳо нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмашон ба Маҷлиси Олӣ оид ба нақши ҷавонон дар рушди имрўзаву фардои кишвар, саҳми онҳо дар таҳким бахшидани сулҳу собот дар ҷомеа ибрози назар карда, зикр карданд, ки «Бодарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва саҳми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шавад».

Вокеан, ин пешниҳоди Пешвои миллат ҳар яки мо ҷавононро водор месозад, ки баҳри пешрафти имрўзу фардои кишвар ва мустаҳкам кардани пояҳои истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ даҳчанд кўшиш намоем.Акнун, вазифа ва уҳдадориҳои мо-ҷавонон боз ҳам зиёдтар шуда. Аз ин пешниҳоди Пешвои миллат ба чунин хулосае метавон омад, ки имрўз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон такя намуда, тақдири зиндагии фардоашонро ба дасти худи онҳо додаст.

Албатта, мо-ҷавонон бояд ба ин боварӣ ва ѓамхориҳои Пешвои миллат сазовор бошем. Мо, ҷавонон бояд нишон диҳем, ки дар якҷоягӣ мо як қувваи бузург буда, метавонем давлату миллати худро аз ҳар гунна хавфу хатар эмин нигоҳ дорем. Аз тамоми имконияту дастгириҳо истифода намуда, донишу малака ва заковати инсондўстӣ ва меҳанпарастии хешро бояд қавитар гардонем. Мо ҷавонон, омўзгорон дар ҷавоб ба ин боварӣ ва ѓамхориҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда медиҳем, ки дар таълим ва тарбияи насли ҷавони кишвар нақши худро гузошта, ҳамеша дар пайи ҷустуҷуйи илмҳои замони муосир буда, баҳри пешрафт ва ободии диёри азизамон нақши калидии худро хоҳем гузошт. 

Мо омўзгорон ҳамеша кўшиш менамоем, ки дар қалби ҳар як ҷавони бонангу номус ва бофарҳанг ҳисси баланди ватандўстиро бедор намуда, онҳоро аз гаравидан ба ҳар гунна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро боз гардонем. Ҷавонон бояд бидонанд, ки ин умр дубора нест ва ин зиндагии орому осуда на ба ҳар касс муяссар мегардад.  

Назари Муҳаммадхоҷа

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj