Бояд сазовори боварии Пешво бошем…

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромаду суханрониҳояшон ба мо ҷавонон дар бораи ҳурмату эҳтироми падару модар ва калонсолон таъкид менамоянд: «Ҷавонон бояд аз ҳама кишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлат, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерўи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд». 

Беҳуда нест, ки гузаштагони мо дар хусуси  ҳангоми ҷавонӣ тарбия кардани фарзанд ва ё дигар хешону наздикон суханони ҳикматомези зиёде гуфтаанд. Масалан,  Амир Хусрави Деҳлавӣ чунин фармудааст:

                                   Шав адабомўз писарро ба пеш,

К–ў чу шавӣ шуд, натвониш беш.

Ё худ Шайх Саъдӣ ба ин маънӣ гуфтааст:

Ҳар кӣ дар хурдиаш адаб накунанд,

                                 Дар бузургӣ фалоҳ аз ў бархост.

Мо-ҷавононро  зарур аст, ки баробари шукронаву ифтихор кардан аз Ватани аҷдодиву давлати соҳибистиқлоламон тамоми азму талоши худро ба таҳкими ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии миллат равона карда, ободии имрўзу фардои кишварро таъмин намоем ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастӣ, ифротгароиву тахрибкорӣ ва тундравию таассуб ба тафаккури мардуми  мо, бахусус ҷавонон нуфуз пайдо кунанд. 

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ҳар яки моро зарур аст, ки дар соли 2017, ки Соли ҷавонон эълон шудааст, корҳои тарѓибу ташвиқотиро дар байни ҷавонони пурзўр намоем. Онҳоро ба омўзиши илму маърифат, корҳои ибратбаҳш ва ихтироъкорию созандагӣ ҳидоят намоем. Дар ҳар як мактаб, маҳалла, гузар, кўча, паскўча, рафтору кирдори ҷавононро назорат карда, баҳри ислоҳи камбудиҳояшон тадбирҳои мушаххас андешем.

Хуллас, назари неку фарогири масоили доѓи рўз, ҳидоятҳои дилсўзонаю созандаи Пешвои миллат гувоҳи он аст, ки тамоми самтҳои муҳимми ҳаёти ҷавонон таҳти ѓамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат қарор доранд. Аз ин рў, мо-ҷавононро мебояд, ки сазовори боварии  Пешвои миллат бошем!

Фарҳод ҲУСЕЙНОВ,

донишҷўи курси 4, 

факултети иқтисод ва идора

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj