Бо равзанаи журналистикаи сиёсӣ

(дар ҳошияи мақолаи доктори илмҳои фалсафа Саидмурод Фаттоҳзода бо номи «Ҳазорсола роҳ аст, аз ту то мусалмонӣ!...» АМИТ Ховар, 10.02.2017)

 

Ҳикмати ҳокимияти хабар

Мақолаи «Ҳазорсола роҳ аст, аз ту то мусалмонӣ!...» мавзўи рўз аст ва феълан афкори љомеа дар такомулу ташаккули худ ба ин гуна навиштаҳо ниёзманд аст. Онро як нафаре иншо кардааст, ки молики нигоҳи  маљмуии таҳқиқиву оммавӣ ба ҳолати иљтимоии љаҳони муосир аст. Чун банда робитае ба роҳу равиши эљод дорам, пас аз мутолиа чунин хулосае бароям ҳосил мешавад, ки дар он, пеш аз ҳама, нуқтаи назари журналистикаи сиёсӣ матраҳ аст. Љомеаи башарӣ ҳанўз аз асрҳои гузашта моҳияти идеологии журналистикаро дарк намуда буд ва ин ҳолат як љараёни табиии таҳмили афкор дар шароити љаҳонишавии кунунӣ  маҳсуб меёбад. Зеро дар шароити интихоби беҳудуду беҳисоби таҳмилу ташвиқу тарғиби ақоиду афкор бештару афзалтар аз журналистика дигар соҳае нақш дошта наметавонад. Моро ҳамин љиҳатҳои мақола бештар љалб месозанд ва мехоҳем, то чанд андешаи худро дар ҳошияи нуктаҳои алоҳидаи он баён дорем. Албатта, мақола аз самтҳои фарогири дигаре низ иборатанд, ки дар маљмуъ оҳанги публитсистии хосро соҳиб гаштаанд.  

Агар замоне адабиёту фалсафа, санъату фарҳанг ва дигар илмҳои назариявии таъсир ба шууру афкор дар роҳи таъсир ба олами андешаҳои љамъият тавассути доираву қолабҳои мухталифи дастрасӣ (воизон, доираҳои адабӣ, варақа, китоб ва ғ.) рисолат дошта бошанд, пас, имрўз ин ҳамаро дар шакли фишурдае журналистика ба дўш дорад. Мақолаи мазкур низ бо таљаммуи самтҳои гуногун, ба монанди сиёсат, дин, фарҳанг, шуур ва амсоли он  ақидаҳои иљтимоии мушаххасро бо рўҳияи иљтимоии хос шакл бахшидааст. Ба андешаи мо яке аз нуқтаҳои меҳварии мақола ин фазои иттилоотӣ ва таҳкими он ба ҳисоб меравад.   Ин ақидаву ҳукмро андешаи худи С.Фаттоҳзода собит менамояд: «Инқилоби иттилоотии солҳои охир, ки онро рушди бесобиқаи шабакаҳои иттилоотии фаромиллӣ ва пайдоиши интернет таҳрик доданд, ба халалдор гардидани фазои иттилоотиву фарҳангӣ ва арзишҳои суннатии давлатҳо ва миллатҳои гуногуни љаҳон оварда расониданд». 

Муҳаққиқи сиёсатшинос омилҳои таҳрикдиҳандаи афкорро дар шароити феълӣ дарк намуда, оҳанги ташвишу изтироб аз он дорад, ки тавассути фазои иттилоотии ноустувор  фарҳангҳои бузург фарҳангҳои кучакро фурў бурда истодаанд. Аз љониби дигар љойи инкор нест, ки ин раванд мураккабу хатарзо буда, барҳам задани ваҳдати фарҳангии миллату халқиятҳоро ба вуљуд оварда, ба нобудии сарзаминҳо бурда расонида истодаааст. Ин љо дар назар дошта мешавад масъалаҳое, ки марбут ба дину мазҳабу фирқаҳо мебошанд ва маҳз дар заминаи ин омил ҳатто минтақаҳои алоҳида ба гирдоби муноқишаҳои беҳудуд афтодаанд. Яъне, тавассути фазои иттилоотии нокомилу ноустувори кишварҳои алоҳида, идеологияи «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» аз як нуқта ба нуқтаи дигар хеле осон таҳмил мешавад. Ин равандро дар гузаштаҳо тавассути ҳаракатҳои миссионерӣ дида метавонистем, ки формулаи беҳтарини онро ҳанўз дар асри 19 императори Эфиопия Теодараси 2 (эммиссар+сафир+афсар=салтанат)  муайян карда буд. Равшан аст, ки дар асри пешрафти техника ва технологияи иттилоотӣ ин тарҳ шаклу қолаби худро дигар намудааст. 

Пасманзари ниқобҳо

Дар шароити тезутунди љаҳонишавӣ дар љангҳои итттилоотӣ истифода аз ниқобҳои мухталиф ба монанди «демократия», «озодии динӣ», «истиқлолхоҳиҳо», «ҳуқуқ» ва амсоли он ба як амри маъмулӣ табдил ёфтаанд. Ҳамзамон, ба он боис гаштаанд, ки кишварҳои мухталиф дар оташи љангу низоъ афтанд ва  ҳатто ба қисматҳо људо гарданд. Мафҳумҳои демократия, истиқлол, хуқуқ, озодӣ ва амсоли он дар шакли аслӣ ҳељ гоҳ тамоюли манфӣ нест ва чун арзишҳои муқаддас барои аҳли башар ба ҳисоб мераванд. Аммо вақте ба дидаи  таҳқиқ менигарем, алҳол чун як силоҳи тарканда барои абарқудратону манфиатхоҳону идеологияҳои алоҳида чизи дигаре беш нестанд. Имрўз аҳли башар ба баъзе «демократиясозӣ»-ҳо бо назари шубҳа менигарад ва аз оқибати ин гуна «саҳнасозиҳои демократияҳо» ҳарос ҳам дорад. Масалан, ниҳоят душвор аст, ки баъди фанои шўравӣ ҳадди аққал як намунаи демократиясозии хољагони демократияро дар руӣ сайёра мисол овард, ки боиси саодати халқе гашта бошад. Хилофи ҳадафу ваъдаҳо дар кишварҳои ба ҳоли худ ором тўфонҳоеро барпо карданд, ки садҳо ҳазор нафар қурбон гашта истодаанд. Сурия, Ироқ, Афғонистону дигар мамолики шарқ ва билохира Украинаи аврупоиро бо ҳамин тарҳу ниқобҳо гирифтори љангҳои дохилӣ гардониданд, ки акнун аз сарҳадҳои худ берун ҳам баромадаанд ва баромадан мехоҳанд. Дар ин «рўйхат» даҳҳо кишварҳои рўи сайёраро мисол овардан мумкин аст, ки овораи демократиясозиҳо шуда аз дастоварҳои қаблияшон низ маҳрум гаштаву дар ҳолати инфиљору таркиши иљтимоӣ мебошанд. Ин ҳама давоми мазмуни шиор, ё формулаи шартии «тафриқа андозу ҳукмронӣ намо» мебошад, ки дар мақола зикр шудааст. 

Қудратхоҳиҳо  дар набардҳои иттилоотӣ

 Набардҳои иттилоотии муосир як љараёни мураккабу печидаеанд, ки авзои кулли љаҳонро тағйир дода истодаанд. Ин нуктаҳо низ дар ҳамбастагӣ ба фазои иттилоотӣ ва љангҳои иттилоотӣ аз назари муаллиф дур намондаанд: «Имрўз мафҳумҳои наве, мисли  љанги иттилоотӣ ва таҳмили ақоиду љаҳоншиносии сунъӣ арзи вуљуд намудаанд, ки ҳадафи аслиашон бо роҳи ташкили инқилобҳои ранга, роҳандозии нигилизми сиёсӣ ва ташкили низоъҳои нарм  дар байни омма, ба даст гирифтани қудрат дар харитаи нави сиёсии љаҳон аст.» Дар иқтибоси боло матлаби муаллиф он аст, ки дар ин љараён  абарқудратону сармоядорони алоҳида нақши марказӣ доранд. Дар ин самт низ љойи инкор нест, ки баъд аз солҳои панљоҳуми асри гузашта ин навъи мубориза дар консепсияи нави тақсими љаҳон ва идора кардани он ҳамчун беҳтарин усули ноаён ба кор бурда мешавад. Натиљаи қаноатмандкунанда барои ихтироъкорони ин усул фано сохтани империяи бузурги шўравӣ буд, ки боиси ҳайрати имрўзаи сиёсатмадорони рус аст. Бояд гуфт, ки муаллифи мақола аз қонуниятҳои имрўзу гузаштаи таъсир ба олами афкор воқиф аст. Дар домани андешаҳои ў як навъ оҳанги даъват ба доираи зиёиёну равшанфикрони кишвар ба назар мерасад, ки онҳо бояд ҳассосиятҳои љаҳони муосирро сарфи назар нанамоянд: «Ҳанўз дар қарни гузашта љомеашиноси канадагӣ Маршал Маклюен гуфта буд: «Қалам рўз то рўз пуриқтидортар аз шамшер мешавад ва дере нагузашта сиёҳӣ (ранг), аксҳо ва воситаҳои электронӣ љойгузини аскарону танкҳо хоҳанд шуд»». Дар ҳақиқат дар амалия тамоми љаҳон шоҳид гашт, ки корбасти чанд карикатура, ки бидуни љумлаву афкори муайян интишор гаштанд, дар љомеаҳои алоҳида чи гуна вокўнишҳои хунинро ба бор оварданд. Ё ин ки пахши наворҳои қатли равшану ошкори инсонҳо (ДИИШ) дар мафкураҳо чи даҳшатро ба бор овард, барои ҳамагон маълум мебошад. Дар фазои иттилоотӣ мавзўоти сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг, иљтимоиёт ва амсоли он ҳар кадом ба таври худ гардишу љараён ва таҳаввулу тағйир ба миён меоранд. Аксар вақт чунин пиндоште вуљуд дорад, ки танҳо сиёсат ташаккулдиҳандаи фазои иттилоотӣ аст. Ин гумон иштибоҳ нест, аммо дар ин роҳ сиёсат хеле осону номаълум аз дигар мавзўот истифода бурда, барои худ заминаи маълуму ҳадафдореро ба вуљуд меорад. Таҳримот алайҳи Россия (иқтисодиёт), карикатураҳо нисбат ба дину оин (фарҳанг), муҳољирони сарсони араб дар Аврупо ва масъалаи печидаи қабул кардан ё накардани онҳо (иљтимоиёт) ҳар кадом таъсири амиқ ба фазои иттилоотии кишварҳо ва минтақаҳо дар ниҳоят дар қолаби сиёсат доранд. Гумон мекунем, ки ин андешаҳои муаллифи мақола дар сабқату рақобатҳои иттилоотӣ фаъол будани љомеаҳои алоҳидаро талқин медоранд. Љойи дигар низ С.Фаттоҳзода аз талаботу қонуниятҳои маълуми асри иттилоотӣ сарфи назар кардан намехоҳад ва таъсири суханро амиқтар аз ҳама навъи муборизаҳои љаҳони муосир медонад: «Ҳодисаҳои солҳои охири манотиқи даргири љаҳон комилан собит намуданд, ки воқеан ҳам имрўз  қалам љойи шамшерро гирифтааст ва халалдор сохтани тарзи ҳаёти суннатӣ, таҳрифи арзишҳои миллӣ, таҳрик додани муқовимати диниву мазҳабӣ ва ба љойи арзишҳои аслӣ таҳмил намудани арзишҳои сунъӣ омили ҳама гуна низову хушунат гардидаанд». Андешаи боло заминаи илмӣ низ дорад ва муаллиф чун як сиёсатшиноси воқиф ҳолатҳои таҳдидкунандаву пурхатарро дарк менамояд. 

Таъкид ва ҳушдор аз «силоҳи нави қатли ом»

Ҳанўз соли 1998 аз љониби вазири корҳои хориљии Россия ба котиби генералии СММ мактубе ирсол гардид, ки дар он дар бораи амнияти иттилоотии байналхалқӣ сухан мерафт. Дар мактуб зикр мегардид, ки башарият бояд дар бораи падид омадани силоҳи нав - силоҳи иттилоотӣ андешад ва дар бораи паҳн нагаштан ва истифода нашудани ин аслиҳаи нави қатли ом чора андешад. Баъди фосилаи баҳсҳо ин тасмим љонибдорӣ гашт ва қарори махсуси СММ  (рақами 53/70) аз 4 декабри соли 1998 бо мазмуни дастовардҳо дар фазои иттилотӣ ва телекоммуникатсия дар доираи  амнияти  иттилоотӣ  қабул гардид. Вале боиси нигаронист, ки љомеаи љаҳонӣ ба истиснои чанде аз кишварҳои абарқудрат то ҳанўз натавонистааст, ки ҳақиқату воқеияти  фазои иттилоотӣ  ва таҳдиду хатарҳои фазои  иттилоотиро дарк намояд. Ин паҳлуи ҳассос низ бо мароми ишораҳои хос дар мақолаи боло матраҳ мегардад. Тавре аз мазмуни он бармеояд, муљиби аслии аксар муноқишаву нороомиҳои минтақаҳои муайян ва, умуман, сайёра ба ин хатари нави љаҳонӣ алоқамандии зич дорад. Ҳамин аст, ки муаллиф чун як публитсисти сиёсатшинос роҳи ҳалли масъаларо низ пешниҳод намудан мехоҳад: «Барои мо низ хеле муҳим аст, ки роҳҳои ҳифзи фазои иттилоотӣ, фарҳанги маънавӣ ва арзишҳои миллии худро пешорўи ин гуна таҳдидҳо муайян намоем». Маълум, ки таркиби ин «силоҳи нави қатли ом» аз ангезаҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ҳатто варзишӣ низ иборат буда метавонад. Дар ин самт ба таври мисол афкору андешаҳои муаллиф дар мавриди аз ислом сохтани идеологияи сиёсӣ қобили зикранд. Муаллиф бепарда баён медорад, ки ҳизбу созмону гурўҳҳои ифротӣ  такя бар дин карданд ва ин омил боиси оташи љангу низоъ дар арсаи байналмилалӣ гардид, ки дар ин роҳ низ нақши расонаҳову воситаҳои иртиботиро истисно намедонад. Зеро дар ин роҳ низ зери ниқобҳои инқилобу озодиву демократия ва дигар даъватҳои дурўғин тариқи шабакаҳои иљтимоӣ дар оғоз танҳо чанд гурўҳи љавононро ба майдон кашида буданд. 

Аз мақолаи С.Фаттоҳзода танҳо дар самти фазои иттилоотӣ ва ҳифзу ба вуљуд овардани сипари муайян дар муқобили љараёни афкори зараровару манфӣ, чунин бардоште ҳосил мегардад, ки аксар љомеаҳо (љомеаи мо низ) ниёзманди таҳкими фазои иттилоотии фарогири худ мебошанд. Ин таҳким тавре аз бахшҳои дигари мақола бармеояд, пеш аз ҳама, баланд бардоштани сатҳи маънавии љомеа мебошад. Худшиносиву худогоҳӣ ва љаҳонбиниҳои судманди сиёсии аҳли љомеа садди устувор дар муқобили афкори таҳмилии ғаразмандона мебошад. Маълум, ки ба таври умумӣ ин ҳадафро сиёсати иттилоотӣ, ки маљмуи тадбирҳои сиёсӣ, иљтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангии давлату ҳукуматҳо, ки барои пойдории салтанатҳоро равона мешаванд, ифода менамоянд. Аммо тавре мазмуни мақола ифода менамояд, бетафовутиҳои андак ва нодида гирифтани равзанаҳои ахбориву шаклгирии афкори љомеаҳо дар тамоми самтҳо (дин, оин, фарҳанг, сармоя, геополитика, сиёсат ва ғ.) натоиљи мусбат нахоҳанд дошт. Ин нуктаҳо аз равзанаи журналистикаи сиёсӣ дар мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода дар доираи мантиқии хос љойгоҳ пайдо кардааст.

Бахтиёр Қутбиддинов,

мудири кафедраи 

журналистикаи байналхалқии ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj