Бузургдошти Иқбол

Бо ташаббуси кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба «Рўзи Иқбол» Конференсияи ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид. Дар конференсия Сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон, Тариқ Иқбол Сумро, муовини ректори ДМТ оид ба илм,  профессор С. Сафармамадов, муовини ректори донишгоҳ оид ба робитаҳои байналмилалӣ, дотсент Х. Ғафуров ва намояндагону устодони дигар макотиби олии пойтахт иштирок доштанд. Сараввал, муовини ректори донишгоҳ оид ба илм,  профессор С.Сафармамадов ва декани факултети мазкур, дотсент Р.Шодиев роҷеъ ба ҳамкориҳои илмию адабии Покистону Тоҷикистон суханронӣ намуда, ҳамкориҳои ҳар ду кишварро судманд арзёбӣ намуданд. 

Сипас сафир Тариқ Иқбол Сумро аз фаъолияти Ҷамъияти дўстии Тоҷикистону Покистон ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии ҶТ изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки равобити сиёсию фарҳангӣ ва иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистону Покистон дар сатҳи баланд қарор дорад. Сафир дар идомаи суханронияш афзуд, ки эҷодиёти аллома Муҳаммад Иқбол дар адабиёти ҳарду кишвар – Тоҷикистону Покистон мақому манзалати хосе дорад.

Баъдан маърўзаҳои профессори кафедраи филологияи Ҳинд Ҳ. Раҷабов «Премчанд ва Иқбол», мудири кафедраи антология ва назарияи маърифат, профессор И.Зиёев «Худӣ – ҷавҳари фалсафаи Иқбол» ва дигаррон  шунидаю баррасӣ шуд. 

Бояд гуфт, ки рафти нишастро хониши бадеӣ, яъне қироати шеърҳои Иқбол бо забони ҳиндию тоҷикӣ, ки донишҷўёни шуъбаи урду омода намуда буданд, ҳусни дигар бахшид. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj