Бузургӣ, Падар!

Падар чи қадар бузург аст ва ба ҳамаи ин бузургӣ нигоҳ накарда, фарзандонро бо орзуҳои зиёд ба камол мерасонад ва ба роҳи рост равона месозад. Барои мо, фарзандон тамоми шароитро муҳайё сохта, ба қуллаҳои баландтарини ҳаёт, ки ояндааш пур аз мувафақиятҳост сафарбар менамояд.  Воқеан, як падар чандин фарзандро ба камол мерасонаду ҳамаи фарзандро ба як чашм менигарад. Ин аз дили бузурги падар аст, ки барои меҳру муҳаббати ҳамаи фарзандон ҷои алоҳидае дар қалби худ дорад. Аммо ҳама фарзандон меҳру муҳаббати як падарро дар дили худ ҷой намуда наметавонанд. Рўзҳову моҳҳо, ҳафтаву солҳо мегузрад, аммо фарзанд аз ҳоли ў хабар намегирад. Боре андеша намекунад, ки дуои падар мушкилкушои ў дар зиндагӣ мегардад ва бе дуои неки падар барои фарзанд роҳе дар ҳаёт нест.

Фарзанд вақте касберо интихоб мекунад, падар хурсанд шуда, тамоми нозукиҳои касбро меомўзонад, то дар оянда ба мушкилие рў ба рў нашавад. Падар барои касби интихобкардаи  фарзанд касберо шабу рўз заҳмат мекашад ва мудом насиҳат мекунад, ки  соҳиб шудан ба касбе басо кори мушкил ва заҳматталаб мебошад... 

Он чи дар боло қайд кардам аз баҳр як қатра аст ва мо ҷавонон бояд ба қадри падарон бирасем, хизмати эшонро ба ҷо орем ва ҳамеша бо ёду дуогирии ин шахсияти бузург бошем. Ба қавли шоир: 

Ҳар ки бе ёди падар як лаҳза бошад, ғофил аст, 

Ҳар ки бо ёди падар бошад, муродаш ҳосил аст .

Ҳар ки ғофил монад аз ёдаш, наёабд обурў,  

Ҳар ки мегирад хабар аз ҳоли ў, соҳибдил аст. 

Ҳайфи фарзанд, ки менолад ба ҳар ҷо аз падар,

Марги фарзанде, ки дар кори падар ноқобил аст.

Як дуои хайр деҳ фарзандро, эй падар ,

Бе дуои хайр фарзандро будан мушкил аст. 

Воҳидҷон МУҲАММАДИЕВ,

донишҷўи соли  4-уми 

факултети филология

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj