Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дўсттар…

Дар ягон минтақаи дунё барои дўст доштани Ватан ягон гуна меъёр муқаррар нашудааст, вале бо тарозуи ақлу идрок  метавонем   қадру қимати онро баркашем. Яке аз усулҳои фаъоли баркашидани меъёри ватандустӣ ва ифтихор аз он усули муқоиса аст, ки истифода аз он ба мо имкон медиҳад, то хайру шарро дар минтақа ва ҷаҳон дарк кунему бидонем. Фақат чанд далел кофист, то худ қазоват кунед: саргаштагиву оворагии мардуми афғону Ироқу Сурия, ҷанги сарди байни абарқудратҳо баҳри ба даст овардани нуфуз ва эътибор, азияти минтақаҳои гуногуни сайёра аз нарасидани оби ошомиданӣ…. 

Имрўз нодида гирифтани саъю талош ва ҷидду ҷаҳди миллати тоҷик баҳри боз ҳам гул-гулшукуфоии диёр амали нотавонбинона аст. Биёед, ба таърихчаи начандон дуре, ки миллати бонанги моро ба ҳам бори дигар пайваст, як назар афканем. Баъди кашмакашу озорҳои зиёд мо тавонистем, ки дасти ҳамдигарро бифишорем, оштӣ кунем ва дар канори ҳам боз кору фаъолият намоем. Дар ҷаҳон кам нестанд миллатҳое, ки даҳсолаҳост, ки хуни ҳамдигар мерезанд, хонаи ҳамдигарро месўзонанд, аммо ба сулҳу салоҳ намерасанд. Пас, месазад, ки ифтихор аз ин миллату ин сарзамин кунем.

Гузашта аз ин, миллати ин сарзамин созанда аст. Пас аз пош хўрдани Ҳукумати Шўравӣ  миллати тоҷик дар вартаи ҳалокат дучор гардида буд. Мурод аз ин гуфтаҳо он аст, ки ҳамсоякишварҳо бо истифода аз фурсати муносиб мехостанд ба сарватҳои ғании ин сарзамин дастдарозӣ кунанд. Аммо дар Иҷлосияи ХVI тақдирсоз сарнавишти мардуми парешони тоҷик ба дасти фарзанди дурандеш, оқилу хирадманд ва фарзона Эмомалӣ Раҳмон вогузошта шуд. Ў тавонист, ки дар як муддати кўтоҳ ҳамаи дороии халқи тоҷикро ҳифз намуда, рангобарангиҳои тамаддун ва фарҳанги бойи ин миллати куҳанбунёди тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Ифтихор аз Пешвои миллат мекунем, оне, ки тавонист дар лаҳзаҳои душвори сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҷилави ин аспи мастро, ки номаш бозиҳои таърих аст, бигирад, то ин Ватан ва ин миллат порча-порча нашавад. 

Имрўз Тоҷикистон на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон мақоми худро пайдо намудааст. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва демократӣ буда, асолати башардустона дорад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Қонуни асосӣ – Конститутсия (Сарқонун) ҳифз карда мешавад, ки яке аз беҳтарин дастовардҳои замони истиқлолият мебошад. 

Дигар муқаддасоти кишвар, ки мо аз он ифтихор дорем, забони тоҷикист, ки аз шаҳду шакар ҳам ширинтар аст. Бо ин забон бузургон шеър гуфтаанд, рисолаҳои илмӣ таълиф намудаанд ва дар васфи  Ватан таронаҳо сурудаанд. Ин забон дар Ватани маҳбуби мо ҳамеша ҳифз карда мешавад ва паҳлуҳои гуногуни он мавриди пажўҳиш қарор мегиранд, ки ин ҳам далели дигари ободонии Ватани  маҳбуби мост.

Дигар омили ифтихори ман аз ин сарзамин қувваи зеҳнии он аст. Ҷоннок гардидани кор дар самти табъу нашри китобҳо, таҳия гардидани барномаҳои давлатӣ ҷиҳати дастгирии илму маориф ва тандурустӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва ғайра аз дигар афзалиятҳои замони истиқлолият аст, ки боз ҳам эҳсоси ифтихор аз ин Ватанро дар тору пуди мо ҷой медиҳад.

Ватане, ки сулҳофару ваҳдатфизост, Ватане, ки хонаи умеди тоҷикони кулли дунёст, Ватане, ки дар он даҳҳо миллату халқиятҳо паҳлуи ҳам зиндагӣ мекунанд ва ин макони биҳиштосоро ватани аслии худ мешуморанд, Ватане, ки  моро чун модари ғамхор дар оғўши гарми  худ гирифта, намегузорад, ки хоре дар поямон халад, мояи ифтихори мост!

Ба воситаи ин сатрҳо мехоҳам ба диққати он ғофилоне, ки  ба қадри ин сарвати бебаҳо намерасанд, латма бар номи покаш мезананд, нуфузи онро бо амалҳои ношоиста дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ мекоҳонанд ва барои рушду нумўи он ҳиссагузор нестанд, бирасонам, ки ин неъмати бебаҳоро ҳифз кунанд, ба қадри обу нонаш бирасанд ва дар инкишофу вусъати тамоми паҳлуҳои ҳаёташ саҳми арзанда гузоранд, зеро ифтихори ватандориро дар амал нишон бояд дод!

Зўҳро Холиқова

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj