Ватан хонаи умеди мост!

Ватан сар мешавад аз гаҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ватан сар мешавад аз он тавора,

Ки онро сохтааст дастони модар.

Бале, Ватан, модар ин ду мафҳум ба ҳам тавъаманд. Ҳар зарра хоки Ватанро мебояд муққадас донист ва онро ҳифз намуд.    Оре, Ватан ин хонаи умеди ҳар як фарди ватандору ватандўст аст. Дар ҳифзу марзу буми он бояд саҳм гузошт ва нагузошт, ки ягон шахси нохалафе ворид гардаду онро ба макони хоку хун мубаддал гардонад. 

      Имрўз масъалае, ки тамоми ҷомеаи  ҷаҳониро ба ташвиш овардааст, шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳаракатҳои ифротгароӣ ва пайвастан ба гурўҳҳои террористиву экстромистӣ мебошад. Барои пешгирӣ кардан аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гурўҳў равияҳо мо бояд тамоми саъю талошамонро сарф кунем. 

Ҷавонон бояд донанд, ки мулки бегона ҳеҷгоҳ ба кас вафо намекунад.

           23-юми январи соли ҷорӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боби ватандориву ватандўстӣ, чунин гуфтанд: “ Мо бояд Ватани худро сидқан ва  баробари ҷони хеш дўст дорем, ватандўсту меҳанпарасти воқеи бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муққадаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ  ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рўзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рўз заҳмат кашем”. 

 Моро зарур аст, ки сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумати хешро ҳамеша ҷонибдорӣ намуда, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гашта, Ватанамонро обод ва аз душманони дохиливу хориҷӣ ҳифз намоем.

 

О. Мирзоев

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj