Ваҳдати миллӣ пояи сулҳ аст

Сулҳу ваҳдат ибораҳое ҳастанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода, бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд.

Сулҳ  оштиву фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар менамоянд.

Ваҳдат бошад, ба маънои ба ҳам омадан, сар аз як гиребон берун овардан, ҳамдигарфаҳму поктинату миллатдўст будан аст.

Ваҳдат  беҳтарин неъмат, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.     Танҳо дар сурати доштани ваҳдат душвориҳову монеаҳо паси сар мешаванд, рўзгори мардум рў ба беҳбудӣ меорад. Чи тавре  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад, дарахт соле як маротиба ҳосил медиҳад. Аммо ниҳоле  низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз роҳ намедиҳем, ки дигар теша ба решаи он расад».

    Воқеан, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дўстӣ ҳукмфармост, он давлат рўз то рўз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд ва аз ҷиҳати сиёсиву фарҳангӣ пеш меравад.

Ваҳдати кишвар бақои ҷони мост,

Парчами пирўзии даврони мост.

Бар муборакбодият шеър оварам,

Ҳамватан, Ваҳдат лаби хандони мост.

Шифо Собирӣ,

донишҷў                                            

       

 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj