Гузариш ба тиҷорати электронӣ

Даҳсолаҳо пеш ҳатто ба фикри кас намеомад, ки дар оянда дигар истеъмолкунанда (харидор) барои хариди  ягон  молу  маҳсулот  ва ё хизматрасонӣ ба касе  муроҷиат накарда, ҳатто ба бозор ҳам наравад. Дар баробари  ин  истеҳсолкунанда ва ё фурўшанда низ  барои  фурўш ва ё  таблиғи  молаш  аз саҳар  то бегоҳ  дар бозор  нанишинад. Аммо  акнун  ин  даҳсолаҳо  гузаштанд  ва  бо  пайдо  шудани  мафҳуми «тиҷорати  электронӣ»  чунин  имкон ба вуҷуд  омад. Яъне дар натиҷаи  пешрафти  илму  техника  ва  прогресси  илмӣ-техникӣ  ин  мафҳум  дар амал  татбиқ  карда  шуд. Акнун имконият даст дод, ки   истеҳсолкунанда  ва  ё фурўшанда молу хадамоташонро тариқи технологияхои  теллекоммуникатсионӣ ба  фурўш  пешниҳод  намояд. Ин  амалиётро  метавон  тариқи компютерҳои  фардӣ, планшетҳо,  телефонҳои  мобилӣ иҷро кард. Албатта, набояд  фаромўш  кард,  ки  ин  воситаҳо  бояд  ба «шабакаи  интернет»  пайваст  бошанд.

 Барои истифодабарандагони ин  навъи  хизматрасонӣ, якчанд  талаботи  зарурӣ  пешниҳод карда  мешавад, яъне  доштани  компютер  ва  пайваст  будани  он бо  шабакаи  интернет, доштани  IР- суроға, ҳамёнҳои  электронӣ ва,  ҳатман,  малакаи  кори  амалӣ дар ин  соҳаи  хизматрасонӣ.

Албатта,  гузариш  аз  тиҷорати  анъанавӣ  ба  электронӣ яку якбора  ба  вуҷуд  наомадааст ва ҳоло ҳам ин ҷараён  идома дорад. Ин ҷараён  якчанд  зинаҳоро  паси сар  намудааст. Зеро дар  аввал  корхонаҳо  ва    истеҳсолкунандагон танҳо   дар шакли  анъанавӣ  фаъолият  мекарданд. Ва  бо интернет  ягон  рабте  надоштанд. Аммо  бо  мурури  замон ва  пешрафти   илму  техника метавонистанд фаъолияташонро  дар  интернет  низ ба  анҷом  расонида, барои  таблиғи  молу маҳсулоташон  аз  сохторҳои  электронӣ  истифода  баранд.

Имрўз тиҷорати электронӣ бо суръат рушд карда, ба як қисми ҷудонашавандаи иқтисодиёти ҳар як давлат табдил ёфтааст. Чанд сол пеш одамон бо ҳазар ба харидорӣ намудани молу маҳсулот тариқи интернет назар мекарданд, аммо имрўз сафи  истифодабарандагони   хизматрасонии  мазкур рўз  аз  рўз  зиёд  шуда истодааст. 

Мутахассисони соҳаи  мазкур  қайд   намудаанд,  ки   имрўзҳо  шумораи  одамоне, ки  аз  тиҷорати  электронӣ  истифода  бурда, аз  шабакаҳо  харидорӣ  мекунанд, кариб   39 %- и  аҳолии  тамоми  дунёро  ташкил  медихад. Таҳлилгарони  Marketline  пешгўӣ  мекунанд, ки  дар соли  2016  суммаи  гардиши  маблағ  аз  фурўши  яклўхт  дар бозори  электронӣ  827   млрд  доллари  амрикоиро  ташкил  хоҳад  дод.

Давлатҳое,  ки  аз  рўи  рушди  босуръати  тиҷорати  электронӣ  дар  сафи  пеш  қарор доранд,  ин Британияи  Кабир, Германия,  Австралия,  Америка ва Чин мебошанд. Мувофиқи  пешгўии  мутахассисони  ин  соҳа, баъди  соли  2016  Аргентина,  Мексика,  Бразилия,  Россия  ва  Италия  низ  дар  ин  саф  қарор  мегиранд.

Мувофиқи  сарчашмаҳои  дастраснамудаи  мо  имрўз Америкаи Шимолӣ  аз рўи харидорӣ ва ё иҷора додани  ҷой  тариқи интернет дар ҷои аввал меистад. Вобаста  ба  ҳамин  самт  дар ҷои дуюм минтақаҳои Осиёгии  назди  Уқёнуси ором қарор дорад. Аммо  экспертони Marketer пешгўӣ мекунанд, ки баъди соли 2015 ин ҳолат тағйир ёфта, минтақаи  номбурда ба ҷои аввал мегузарад. Германия бошад  аз рўи гардиши  тиҷорати  электронӣ  дар   ҷои  дуюм қарор дорад,  зеро  92 %-и  истифодабарандагони  интернетии  он  молҳоро  тариқи  шабакаҳои  интернетӣ  харидорӣ  мекунанд. Ва  экспертони  он  ҷо  қайд  намудаанд, ки  то  соли  2020  Германия  нишондодашро  аз  рўи  фурўш  тариқи  тиҷорати  электронӣ  то  100  млрд.  евро  зиёд  хоҳад  кард.

Аз  рўи  маълумоти  дастраснамуда  нафароне, ки  дар  тиҷорати  электронӣ  иштирок  доранд,  ҳангоми  фармоиши  маҳсулот  тариқи  интернет  82 %  аз  компютерҳои  фардӣ,  10 %  аз  планшетҳо  ва  боқимонда  8 % аз  телефонҳои  мобилӣ  истифода  мебаранд.

Дар  Тоҷикистон  низ сафи  истифодабарандагони  тиҷорати  электронӣ дар  ҳоли    афзоиш аст.  Чи тавре  дар  сомонаи  интернетии Палатаи  савдо ва  саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар  дода  шуда буд, санаи  01.04.2015  миёни Ташкилоти ғайридавлатии тоҷикистонӣ (технологияи олӣ), Ширкати  «Хуатэ»-и   Ҷумҳурии мардумии Чин  ва Палатаи  савдо  ва  саноати  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  ҳамкорӣ дар самти  тиҷорати  электронӣ  ва  ташкил  кардани  шабакаҳои интернетӣ барои  хариду  фурўш, ба роҳ мондани  технологияҳои  информатсионии  баландсифат  шартномаи   сеҷониба ба  имзо расидааст. Ин аз  он  шаҳодат  медиҳад, ки  имрўз  барои  рушди  ин  навъи  хизматрасонӣ  дар  кишвар  корҳои  назаррас  ба  сомон  расонида    шуда  истодааст.

                                                       

Таҳияи Ганҷина Алимова,

 донишҷўи курси 2,

факултети баҳисобгирию иқтисодӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj