Давраҳои асосии ташаккул ва инкишофи сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар ҳама давру замон ба масъалаи донишомўзӣ ва инкишофи қобилияти ҷавонон диққати махсус дода мешавад, зеро рушди минбаъдаи тамоми соҳаҳои ҷомеа маҳз аз ҷавонон вобаста аст. Ба хотири самаранок намудани ин раванд сиёсати давлатии ҷавонон амалӣ мегардад, ки дар ҳамбастагӣ ба дигар шаклҳо ва навъҳо сиёсати давлатӣ ба роҳ монда мешавад. Самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон рушди минбаъдаи инкишофи ҷомеаро дар тамоми соҳаҳо муайян менамояд. 

Ҳанўз дар оѓози солҳои 90-ум анҷумани XXV Кумитаи марказии комсомоли Тоҷикистон қарори заруриро нисбат ба лоиҳаи Қонун «Оид ба сиёсати ҷавонони ҶШС Тоҷикистон» қабул менамояд. Дар анҷуман вазъияти номусоиди иқтисодӣ, ҳолати ногувори маънавӣ ва ҷисмониву ахлоқии насли ҷавон махсусан қайд гардида, зарурати таъмини заминаи ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон иброз карда мешавад. Кумитаи марказии комсомолии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро барои баррасӣ ва тасдиқ ба парламенти кишвар пешниҳод менамояд. Ҳамин тариқ, бо пешниҳоди Кумитаи марказии комсомолии Тоҷикистон сохторҳои алоҳидаи амалӣ намудани сиёсати ҷавонон дар кишвар таъсис дода мешавад (Миралиев Қ. Ҷавонон ва 20 соли истиқлолият. – Душанбе, 2012. –С. 9). 

Вале ин кўшишҳо дар шароити Тоҷикистон бенатиҷа ба анҷом расид. Таҳлили сарчашмаҳои гуногуни илмӣ нишон медиҳанд, ки сабаби асосии номуваффақ гардидани сиёсати давлатии ҷавонон ин ба инобат нагирифтани пешниҳоду дархостҳои сохторҳои марбута ба ин соҳа мебошад. Баъдтар  соли 1993 бо Қарори Шўрои Вазирони ҷумҳурӣ Кумитаи корҳои ҷавонони назди Шўрои Вазирон  таъсис меёбад. Қайд намудан зарур аст, ки ин кўшиши дуюм, ташаккул додани сиёсати давлатии ҷавонон буд, ки мутаассифона ҷомаи амал напўшид, зеро баъд аз муддати на чандон тўлонӣ дар натиҷаи ислоҳоти механизми давлатӣ ин сохтор аз байн рафт(Миралиев 2012, –С. 9). 

Метавон ин давраро – давраи якуми ташаккул ва инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон дар шароити Тоҷикистон шуморид, ки солҳои 1990-97 –ро дар бар мегирад. 

Баъди ба даст овардани ризоияти миллӣ ташаккул ва инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон идома дода мешавад. Соли 1997  Фармони Президенти кишвар «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон» ба имзо расид. Дар асоси ин Фармон Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуда, ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон бо муваффақият ба итмом мерасад. Ҳамин тариқ, давраи дуюми инкишофи сиёсати  давлатии ҷавонон соли 1998 оѓоз мегардад. Сиёсати давлатии ҷавонон дар ин давра хусусиятҳои навро касб менамояд. Дар ин давра дар раванди таҳкими асосҳои меъёрию ҳуқуқии сиёсати давлатии ҷавонон, таҳияи механизмҳои татбиқи қонуни асосии ҷавонони ҷумҳурӣ, дастгирии ҷавонони боистеъдод ва ташаккули хадамоти иҷтимоӣ барои ҷавонон ва ё дар умум натиҷаҳои муҳиму самарабахш дар ҷараёни инкишофи сиёсати ҷавонон ба даст омаданд.

Яке аз омилҳои асосии инкишофи сиёсати давлатии ҷавонон, беҳтар гардидани шароити зиндагии ҷавонон ин баргузории мулоқоти ошкорои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷавонони кишвар мебошад. Дар ин мулоқотҳо масъалаҳои зиёди мубрами ҳаёти ҷавонони кишвар баррасӣ ва ҳал гардидаанд. 

 

Маҳмадов Саймумин, 

аспиранти соли дувуми 

факултети муносибатҳои байналхалқӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj