Дарси ватандӯстӣ

Таҳкурсии тарбияи ватандӯстонаи насли имрӯз бояд аз оила гузошта шавад. Оила ҳамчун як унсури асосии ҷамъиятӣ дар тарбияи насли наврас нақши  бунёдӣ дорад. Инсон бояд дар оила тавре камол ёбад, ки аз фарҳангу маънавиёти миллӣ огоҳ бошад. Дар таърихи миллати мо оилаҳое буданд, ки аз насл ба насл фарҳангу маънавиётро бунёд гузоштаанд. Масалан, оилаи Бармакиҳо, вазирони машҳури давлати Сомониён, дар давраи аморати Бухоро қозиёну муфтиён ва ғ. Ин анъана дар илму фарҳанги тоҷик нақши босазо гузошт. Чунин хонаводаҳо дар ҷамъият бисёр дида мешаванд. Яъне тарбияи суннатии хонаводаҳо бояд ба насли ҷавон таъсири хуб расонад, зеро тарбияи ватандӯстии инсон аз оила оғоз меёбад. Аз дӯст доштани падару модар, хоҳар, бародар ва ғайра. Бояд ҳар оила дар хонавода тарбияи дурусти ватандӯстиро ба роҳ монад. 

Хонавода бе сохторҳои ҷамъиятӣ вазифаро пурра иҷро карда наметавонад. Барои ҳамин дар низоми тарбиявии мо кӯдакистонҳо, мактабҳо, донишгоҳҳо ва ғайра ҳастанд, ки бояд тарбияи хуби ватандӯстонаи ҷавонону наврасонро ба роҳ монанд. Дар таълимгоҳҳо омӯзгорон вазифадоранд, ки дар дарсҳои худ ба ҷавонон оид ба таърихи илму фарҳанги халқи тоҷик ва қадру манзалати Ватан суҳбатҳо ороянд. 

Таърих омӯзгор ва роҳнамои мо дар зиндагист. Бидуни омӯхтани амиқу ҳамаҷонибаи таърихи гузаштаи Ватан имрӯзу фардои ҷомеаро дарку тасаввур кардан маҳол аст. Ҳамин тариқ, агар мо таърихи халқи хешро ба хубӣ бидонем ва тавонем дар оилаи худ аз рӯзгори мардони арзандае, ки дар таъриху тамаддуни халқи тоҷик нақши босазо гузоштаанд, ба фарзандонамон қиссаҳо намоем ва онҳоро водор намоем, ки аз зиндагиномаи фарзонафарзандони миллат омӯзанд, бешубҳа метавонем дар дили онҳо меҳри Ватан ва муқаддасоти миллиро бедор созем.

Т.Н. КАРИМОВ, 

устоди кафедраи 

ҷарроҳии факултаи тиббӣ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj