Дар боби ручка (қалам)

Рўзе  аз рўзҳои дарсӣ ба «ручка»-и дар даст будаам чашм дўхта, ба дарёи андешаҳо ғарқ мешавам. Онро мо барои чи истифода мекунем? То кадом андоза «ручка»-и замони мо аз «ручка»-и солҳои пеш (тақрибан  солҳои 1980–1990) фарқ мекунад? Оё онро қаблан бештар  кор мефармуданд, ё имрўз? Ин «ручка» дар замони таҳаввулоту пешравиҳо мондагор аст, ё моро тарк мегўяд? Оё дар эҷоди «Шоҳнома»-ву шоҳасараҳои имрўза «ручка» (қалам) нақш дорад, ё компютер? Ин саволҳое буданд, ки сари онҳо фикр мекардам.

Қалам ифодаи умумии маълум ва ё мафҳуми муқаддас аст. Онро дар забони умум «ручка» мегўем. Махсусан, дар миёни мо ҷавонони риштаҳои сухангустарӣ «ручка» аз серистеъмолтарин калимот аст ва ин ҳамон қаламест, ки гузаштаҳоямон онро «шоҳи ҷаҳон» тасвиф мекарданд. Бо ин ручкаву(он қалам) лексияю вазифаҳои дарсиамонро менависем, суханҳои лозимаро қайд мекунем, аризаю баёнотҳои гуногун навишта мекунем, андеша ва ақидаи дигаронро иншо мекунем… Хулоса,  «ручка» барои мо донишҷўён ҳамраҳи доимист. Аммо он ашёест назарногир …

Модарам мегўяд, ки «ручка»-и замони мактабхониҳоямон дигар буд. Ҳам аз ҷиҳати арзиш, ҳам дастрасӣ ва ҳам мақсади ба кор бурдани он.  Яке дар васфи диёр шеър эҷод мекард,  дигаре  зери сензураи коммунизм маводе менавишт, шабзиндадоре  баҳри офаридани шоҳасаре  мекушид, ошиқе бо хуни дил мактуби ҷудоӣ менавишт, аскаре  бо ифтихор аз хизмати Ватан ба волидону наздикон номаи саломатӣ иншо мекард… Ин гуфтаи дигари модар маро бештар андешаманд месозад: «Мо як бор «ручка»-ро мехаридему ҳангоми тамом шудани рангаш онро намепартофтем. Рангдони онро, ки ҳамагӣ як тин арзиш дошт, харида, иваз мекардем». 

Ҳоло бошад, «ҳаёти ручка» чунону чандон рангин нест.  Ҷойи онро дар ҳаёти рўзмарра техникаю технологияи муосир танг намудааст.  Акнун аксарият дар мизи кориашон «ручка»-ю варақ не, балки компютерро ҷой додаанд. Акнун мактубҳои ҷудоию саломатӣ тавассути чатҳои гуногун ё сайтҳои иҷтимоӣ равон карда мешаванд. Технологияи электронӣ ба андешаи мунаққидон гўё корро сабук карда бошад. Афроде низ ҳаст, ки ручкаро ба воситаи дигаре иваз нахоҳанд кард. «Ручка»  ягона шоҳиди ҳамаи хушию хурсандӣ ва дарду алам ҳазорсолаҳо барои аҳли башар буд.  Он аз замони пайдоиши хат то ба ҳол рўзгори пургирудори  халқи тоҷикро тасвир карда истодааст. Он зиндагии гузашта, хозира ва ояндаи миллати точикро мепайвандад. Ручка (қалам) ҳазорсолаҳо аз хуни дили сухангустарон барои худ ранг мегирифту аз он дар рўи авроқ  нақшҳо месохт. «Хиш-хиши қалам», хиш-хиши дили ҳазорон фарди фарҳангӣ буд.

Дар рўзҳои  сахти зиндагӣ мо  дардамонро дар рўйи  коғаз менависем. Дили хешро холӣ аз ғам мекунем. Зеро лаззати коғазу қалам дигар аст. Гўё ин сир байни туву коғаз мемонад ва ҳеҷ кас аз он бохабар намешавад. Навиштаҷотро пинҳон мекунем ё тамоман нест менамоем, то касе аз сирамон хабардор нашавад. Аммо боре фикр намекунем, ки «ручка»-и дар дастамон буда низ аз ин роз огаҳ аст. Охир маҳз бо воситаи он  ҳама гапҳо навишта шуда буданд. Пас, чаро онро нодида мегирем?! Чунки медонем,  он ягона роздонест, ки ба касе сухани дили туро намегўяд, сири туро ифшо намекунад, ҳеҷ гоҳ хиёнат намекунад, то он даме, ки «умр» дорад, вафодор мемонад. 

«Ручка» (қалам) муъҷиза аст. Новобаста аз он ки он падидаи инсонист ё илоҳист, ҷондор аст ва ё беҷон он бо мақсади муайяне офарида шудааст. Бигузор он падидаи хурдакаке бошад, лекин дар ҳаёти ҷомеа соҳиби нақши амиқе ҳаст. Ё бо хоҳиши худ ё бо фишори  матлуби дигар офаринишҳо дорад. Новобаста аз он ки  дар майдони эҷод «рақибҳои пурқудрат» дорад,  моро бояд абадан тарк нагўяд.

 Дар тарҷумаву ифодаи имрўзаи «ручка» (қалам) душворӣ мекашам. Тақдири он чи мешуда бошад. Ин «ручка» (қалам) буд, ки мо ҳама дар мактаб аввалин бор калимаҳои муқаддаси  об, нон, модар, сулҳ, ватан ва амсоли  онро дар синфи якум буданамон менавиштем. Дуруст аст, ки компютеру планшету нотбукҳо барои мо воситаи сабту навиштан аст. Аксаран мегўянд, ки дар даҳсолаҳои наздик «ручка»-ву коғаз аз байн меравад. Инро чун як даҳшати башар қабул намудан мумкин аст. Яъне мо дигар бо дасти худ ҳарфҳоро навишта карда наметавонем. На! Бояд «ручка» (қалам) аз байн наравад. Ман хурсанду болидарўҳ мешавам, вақте устоде  ба донишҷўе «..канӣ дафтару қаламат?» мегўяд.

Парвина Ашурова, 

донишҷўи курси 2,  

ихтисоси журналистикаи байналхалқӣ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj