Дар забони хеш дарёфтам, бақои миллатам…

Таърихи илми асримиёнагии Шарқ, хусусан бахшҳои алоҳидаи он ба монанди таърихи илмҳои дақиқ ва илмҳои ҷомеашиносӣ ва ё таърихи забону забоншиносӣ, бо вуҷуди ғановати аснодаш, яке аз соҳаҳои камтаҳқиқшудаи тамаддуни волои башарӣ ба шумор меравад. Кам анҷом пазируфтани таҳқиқот дар ин риштаи илм ва то ҳанўз рушди бояду шояд накардани он сабабҳо ва омилҳои зиёд дорад. Ин заъфу тақсир вобаста ба он аст, ки феълан бештари сарчашмаҳои таърихию илмӣ бар асари ҳаводиси ногувори таърихӣ аз миён рафта ва ё қисмати дигаре аз он осори гаронбаҳо то ҳанўз ба доираҳои таҳқиқии донишмандон ворид нашудаанд. Ва ҳамчунони дигар омўзиши як сарчашма ё порае аз он ва дастрас набудани адабиёти дигар барои муқояса ва хулосабарорҳои ниҳоии илмӣ дар баъзе маворид муҳаққиқонро ба кўргиреҳҳои илмӣ гирифтор мекард. Дигар ин ки амиқ надонистани забонҳои шарқӣ, ноогоҳӣ аз усулҳои хосси баёни илмии асримиёнагии шарқӣ, роҳу равиши нависандагии онҳо ва дар ниҳоят ба умқи фаҳму дарки ин ё он масоили илмии ин ришта нарафтани муҳаққиқон ва ё амсоли дигари монеаҳо имкони комил надодааст, ки ҷойгоҳи ҳақиқии забонҳои шарқӣ, хусусан забони форсӣ-тоҷикӣ дар тамаддуни башарӣ аён гардад.

Китоби ба тозагӣ таълифнамудаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат» аз зумраи он осори гаронбаҳои илмӣ-мантиқиест, ки барои донишмандон ва муҳаққиқони ин соҳаи илм мушкилкушои беназир ва хазинаи асноду далоили фаровони мувассақ дар кушоиши масоили марбута буда метавонад. 

Дар пешгуфтори китоб муҳимтарин масъалаҳои таърихӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии охири асри XX ва заҳматҳои шабонарўзии Ҳукумати ҷавони Тоҷикистонро дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва нигоҳ доштани ин неъмати бебаҳо, ки орзуи ҳамешагии миллати тоҷик буд, инъикос менамояд. Солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ва вазъи ногувори сиёсии замонро муаллифи китоб чунин маънидод намудааст: «Пас аз фурўпошии Иттиҳоди Шўравӣ ва тақсимоти дороиҳои ин давлати абарқудрати ҷаҳон низ мероси зиёде насиби Тоҷикистон нашуд. Ҳар чи бурданӣ буд, бурда шуд ва ҳар чи монданӣ тороҷ ва ба расми маъмул дар он солҳо зуд «соҳиб» пайдо кард ва ё «аз худ» карда мешуд». Дар чунин вазъияти ногувори иҷтимоиву иқтисодӣ Тоҷикистони соҳибистиқлоли ҷавон ба гирдоби буҳрони сиёсӣ ва ҷанги бародаркуш гирифтор гардид. Барои ислоҳи вазъи сиёсӣ ба андешаи муаллиф «ягона роҳи дуруст, роҳи сулҳу оштӣ, гузашту созиш ва баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ба ватан буд. Дар ғайри он ҳатто барои шахсони дур аз сиёсату дониши амиқи таърихӣ аён буд, ки агар чунин худкушӣ ба ин бебокӣ чанд вақти дигар дар ин сарзамин давом кунад, дере нагузашта Тоҷикистон ҳамчун давлати ягонаву мустақил аз байн хоҳад рафт». Дар чунин вазъияти ниҳоят ҳассоси таърихию сиёсӣ, ба ҷуз ба даст гирифтани бедорӣ ва зиракии сиёсии сокинони кишвар, баланд бардоштани донишҳои таърихию сиёсӣ ва фарҳангӣ дар маҷмўъ баланд бардоштани худшиносии миллӣ ва ифтихори миллӣ дигар чорае дида намешуд. Бо фаро расидани истиқлолияти давлатӣ ва забони расмии давлатӣ эълон шудани забони тоҷикӣ, масъалаи забон аҳамияти хосса пайдо кард. Забони тоҷикӣ ягона омиле буд, ки ҳизбу ҳаракатҳои мухталифро дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати умумимиллӣ ҳамфикру ҳамақида мекард.

Боби аввали асар, ки «Даврабандии таърихи забони тоҷикӣ» номгузорӣ шудааст, муаллиф ба муҳимтарин масъалаҳои таърихи забон ва забоншиносӣ таваҷҷуҳ намуда, доираи таҳқиқи мавзўи мазкурро аз мардумони ориёӣ ва забони онҳо, давраҳои таърихӣ ва даврабандии таърихии забони тоҷикӣ, ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар гурўҳбандии забонҳои эронӣ оғоз намуда, бо таҳлили масъалаи ҳудуди ҷуғрофӣ ва хронологии истифодаи забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) ҷамъбаст менамояд. 

Боби сеюми китоби мазкур «Забони мо дар давраи истилои араб ва нахустин сулолаҳои эронитабор» унвон шуда, муаллифи он дар ин боб масъалаҳои боз ҳам нозуку муҳими таърихию забонии халқи тоҷикро аз қабили истилои араб ва оқибатҳои он барои забон ва фарҳанги мардуми Эронзамин, наҳзатҳои фикрии эрониён-тоҷикон дар Хуросону Мовароуннаҳр, тақдири ин забон дар замони эҳёи давлатдориҳои миллии Тоҳириён ва Саффориёнро мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор додааст. Муаллиф дар таҳияи ин боб аз сарчашмаҳои таърихии дасти аввали нусахи хаттии забони форсӣ, ки то имрўз омада расидаанд бисёр бамавқеъ истифода намуда, масъалаи раванди забткории арабҳоро дар ҳудуди ҷуғрофии забони форсӣ-тоҷикӣ (Хуросону Мовароуннаҳр), давраҳои забкориҳои аъроб, шаклҳо, омилҳо ва сабабҳои исломпазирии мардумони бумии ин манотиқ, зуҳури наҳзатҳои фикрии эрониён-тоҷикон ва эҳёи давлатдории миллии тоҷикону забони тоҷикиро ҳаллу фасл намудааст.

Боби чаҳоруми асар «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» номгузорӣ шуда, дар мавриди умдатарин масоили илми забоншиносӣ ва катибашиносиву манбаъшиносӣ аз қабили, куҳантарин намунаҳои хаттии забони тоҷикӣ, нахустин осори хаттии назму насри тоҷикӣ, заминаҳо ва омилҳои ташаккули забони адабӣ, забони илм ва ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ ва забони байниқавмию байналхалқӣ гардидани забони тоҷикӣ баҳс менамояд.

Дар ин боб муаллиф намунаҳои аввалини осори хаттии тоҷикиро аз ибтидои зуҳури ислом, ки дар катибаҳову манбаъҳо инъикос шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дода, таъсири забони тоҷикиро ба забонҳои қавмҳои дигар ва дар ниҳоят ба ҳайси забони байниқавмию байналхалқӣ машҳур шудани шудани онро бо далелҳои мувассақи таърихӣ шарҳ медиҳад. 

Муаллиф дар боби панҷуми асари худ, ки «Давраи боландагӣ ва шукуфоии забони тоҷикӣ» номгузорӣ шудааст, масоили вазъи забони модарии мо дар аҳди Сомониён, вижагиҳои забони тоҷикӣ дар ин давра, забони модарии мо дар аҳди Ғазнавиёну Зиёриён ва Бувайҳиёнро мавриди таҳқиқ қарор додааст. Муаллиф нақши хонадони Сомониёнро дар баланд бардоштани ҳувийят ва худшиносии миллӣ, эҳтироми забони модарӣ ва парасторӣ намудани шоирону олимон чунин ба қалам додааст: «Сомониён аз забони модарии хеш ҳамчун силоҳи сиёсӣ бар зидди арабҳо барои расидан ба истиқлолияти комил истифода мекарданд. Аз ин рў, забони форсии дариро, ки забони мардумони бумии Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон ва назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро бо ин забон нависанд. Дар натиҷа забони модарӣ миёни хоссу ом мавқеи устувор пайдо кард ва ба иҷрои нақши иҷтимоию ваҳдатовари худ муваффақона шурўъ намуд». Ин ғамхории Сомониёнро соҳибқирони шоирон Рўдакӣ чунин сурудааст:

Киро бузургиву неъмат зи ину он будӣ,

Маро бузургиву неъмат з-оли Сомон буд.

Адибони ин замон низ аз гузаштагони шуубии худ пайгирӣ намуда, бо дастгирии амирони Сомонӣ назму насри ҷавони забони дариро бо офаридаҳои худ ғанӣ мегардониданд. Дар ин давра бузургтарин осори адабию таърихӣ ба монанди «Шоҳнома»-и Дақиқӣ, «Калила ва Димна»-и Рўдакӣ ва дигар осораш, «Таъриху-р-русули ва-л-мулук»-и Табарӣ, «Тафсир»-и Табарӣ, «Саводу-л-аъзам»-и Ҳаким Самарқандӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, осори гаронмояи Закариёи Розӣ ва дигарон офарида шуданд, ки дар ташаккули забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) ва ташаккули халқи тоҷик саҳми боризу арзанда доранд. 

Муаллиф дар зерфаслҳои ин боб ба вазъи забони тоҷикӣ дар давраи ҳукумати хонадони Зиёриён, Бувайҳиён ва сулолаи турктабори Ғазнавиён таваҷҷўҳ намуда, иброз медорад, ки дар айёми салтанати ин сулолаҳо забони тоҷикӣ на танҳо ба ҳайси забони расмии давлатӣ ва коргузорӣ эътироф мешуд, балки амирону салотини ин хонадонҳо бо забони тоҷикӣ шеърҳо низ сурудаанд. 

Боби шашуми асари мазкур «Густариши забони тоҷикӣ ба сифати забони байналмилалӣ» номгузорӣ шуда, муаллифи он бештар ба масалаҳои густариши забони модарии мо ба минтақаҳои дигари ҷаҳон, вазъ ва нақши забони тоҷикӣ дар давлатҳои Салҷуқиён, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён, омилҳо ва раванди густариш забони тоҷикӣ ва ба сифати забони байналмилалӣ амал намудани забони тоҷикиро дар давоми асрҳои миёна мавриди таҳқиқ қарор додааст. 

Муаллифи китоб сабабҳои густариши забони тоҷикиро пеш аз ҳама дар нуфузи баланди илмиро касб кардани фарзонагону фарҳехтагони тоҷик, густариши ислом дар манотиқи васеи машриқу мағриб ва забони дуюми мусулмонон эътироф гардидани забони форсӣ, таълифи китобҳои дарсии мадориси исломӣ аз ҷониби донишмандони тоҷик ва баъдан бар асари ҳуҷумҳои муғулҳо фирории иҷборӣ гардидани донишмандони тоҷик маънидод менамояд. 

Илова бар ин муаллиф аз сабабҳои байналмилалӣ шудани забони тоҷикӣ аз қабили, таъсири мутақобилаи забонҳо, иқтисодӣ, нуфузи динӣ, низомӣ, сиёсӣ, илмӣ ва адабӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ёдовар мешавад, ки миёни онҳо сабабҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ мавқеъи хосса доранд. 

Аз таҳлилу баррасии умумии китоби мазкур, ки ҳамакнун ба мухтасар дида шуд, чунин бармеояд, ки агар дар асрҳои миёна барои фаҳму дарки ҳувият ва худшиносии миллии тоҷикон «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, дар замони Шўравӣ «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров саҳм дошта бошанд, пас, бидуни шак ин рисолатро дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон «Забони миллат–ҳастии миллат»-и Эмомалӣ Раҳмон иҷро хоҳад кард.

 

Тоҷиддин ҒУЛОМОВ,

 мудири кафедраи таърихнигорӣ 

ва архившиносии факултети таърих

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj