Дар шинохти хештан

«Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад» унвони пажўҳишест аз донишманди тоҷик С.Ятимов, ки ахиран матбааи «Ганҷнашриёт» ба табь расонидааст. Бо вуҷуди он ки У.Кайковус ва «Қобуснома»-аш барои хонандаи тоҷик ошност, аммо дар тўли замон ҳеҷ як бурхўрди муҳаққиқонаи шоиставу ҳамаҷониба аз зовияҳои гуногуни илмӣ аз ҷониби пажўҳандагони тоҷик дар перомуни он сурат нагирифтааст. Мақолоти ҷудогонае, ки нашр шудаанд, бештар ба ҷанбаҳои адабӣ ва тарбиявии он такя мекунанд. 

Дар китоби мазкур саъй шудаааст, то масъалаҳои зиёде, мисли шинохту маърифати воқеият, омилҳо ва ҷараёнҳои сиёсӣ, падидаву рўйдодҳои мансуб ба онҳо, ки дар замонаш зеҳни ин бузургмарди таъриху фарҳанги моро ба худ машѓул дошта, мавриди омўзишу арзёбӣ қарор гиранд. 

Мантиқан суоле ба зеҳн мерасад, ки руҷуи муаллифи китоб ба «Қобуснома», ки аз таълифаш қарнҳо гузаштааст, чи иллату чи ҳадафе метавонад дошта бошад?  Ё пай бурдан ба чигунагии сатҳу андозаи донишу ҷаҳоннигарии Кайковус ва муосиронаш дар дарку шинохти воқеияти айнӣ, раванди умумӣ ва мазоҳири пурпечи ҳаводиси рўзгор барои имрўз чи суду манфиатеро метавонад ба бор орад? 

Махсусан, дар марҳилаи кунунӣ, ки дунё бо суръати тез таѓйири сурат мекунад, ба таври рўзафзун гиребонгири мушкилоти тоза мегардад. Дар бистари он раванду ҳаракатҳое ба зуҳур рисадаву шакл мегиранд, ки дар давоми таърихи дуру дарози башарӣ назиру ҳамтое надоштаанд.

Як чашмандози гузаро ба матлабҳои дар таҳқиқ омада гувоҳ бар он аст, ки нависандаи он мехоҳад такя ба масири зеҳнии Кайковус, шинохту маърифати шеваҳои таҳлилу натиҷагирии вай дар бозшиносии мазоҳири ҳастӣ, посухе равшану эътимодбахш барои пурсишҳову суолоти мубрами ҷомеаи муосири мо пайдо намояд.

Муҳаққиқи арҷманд мутмаин аст, ки «Қобумнома» аз зумраи шоҳкориҳои фарҳангии мост ва зимнан ангезаи муносибу шоистаест барои тааммулу андеша дар атрофи роҳёбӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеаи имрўзӣ, расидан ба рушду камолу шукуфоии миллат.

Мухотибони муаллиф дар маҷмўъ аҳли ҷомеае мебошанд, ки илму дониши имрўз дар омўзишу маърифати дақиқаш таъхир намудааст.

Замоне, ки ҷамъиятшиносӣ дар дастёбӣ ба марзҳои номакшуфи равоншинохтии  ҷомеа, дунёи печидаи омили асливу муҳаррики ҷомеа инсон ва гузашта аз он фароҳамсозии пояҳои ҷаҳоншинохтии он ақиб мемонад, барои он ҷомеа ва шаҳрвандонаш мушкилоти зиёде эҷод мешавад. Набудани чунин ҷаҳонбинии фароху ба ҳам омезиш ёфта муҷиби он мегардад, ки қишри бунёдии ҷомеа, неруи корсозу ояндаофарини он- ҷавонон, осебпазир гарданд. 

Маъмулан зимни зуҳури ҳар мушкиле лозим аст, амали решашиносӣ, иллатёбӣ ва роҳҳои рафъи он сурат бигирад. Иҷрои ин амал дар навбати худ як навъ ниёз ба эҳсоси пешрафту камол ва худшукуфоист. Аз сўйи дигар ин ҳадаф ба ҷуз аз тариқи донишу хирад ва омўзишу таҳқиқ ба даст намеояд.

Ба андешаи муҳаққиқ берун шудан аз ин бунбаст барои қавму миллатҳое, ки собиқаи камранги таърихиву фарҳангӣ доранд, масъалаи бузургест. Вале барои мо, ки гузаштаи дурахшони фарҳангӣ-адабӣ дорем, масири бурунрафт ҳамвортар аст. «Олимону файласуфон ва адибони мо,- менависад муаллифи асар,- дар гузашта тавонистанд дороии хеш - донишу хирад ва таҷрибаи андўхтаашонро рўйи кор оварданд. Ахлоқи иҷтимоии афрод, гурўҳҳо қишрҳои ҷамъиятиро мавриди омўзиш қарор диҳанд, тарбият кунанд ва ислоҳ намоянд». 

Пеш аз тафсиру шарҳи бештар ниёз ба таъкид аст, ки қасди донишманди арҷманд аз руҷуъ ба «Қобуснома»-и У.Кайковус бозгуфти ин нукта аст, ки асари ёдшуда имрўз низ короятар беш аз ҳар замони дигар мебошад. Чун муаллифи он, пеш аз ҳама, ҷодаи марзу бум, бархоста аз муҳити пурбору бекарони фарҳангӣ- таърихӣ, илмии сарзамини мост. Болои ин аҳкоми китобаш, масоили мавриди назараш, зодаи озмоишу таҷрибаҳои дуру дароз бар пояи зиндагии иҷтимоист.

Агар чунин аст, пас, мо бояд, даст рўйи даст каноранишин набошем, гузаштаи пурѓановату ибратомўзи мардуми хешро ва муҳимтар аз ҳама имконоту зарфиятҳои ақлонии худро нодида нагирем.

Муаллиф бар ин ақида аст, ки Кайковус аз ҷумлаи ангуштшумор фозилонест, ки пойи зеҳнаш фаротар аз замонаш буд. Бар хилофи донишҳои марсуми замон дар бахши инсоншиносӣ ба ин нукта даст ёфта буд, ки худи инсон аст, ки барои хеш зиндагиофарину таҳаввулгари масири ҳастист. Гузашта аз ин вай мисли «як равшанфикри воқеӣ, мутафаккири даврони хеш, ошкоро, бо далелҳои мушаххас, ба ҳамватанон, ба насли хешу пешиниён нишон дод, ки ҷаҳон ба бозофаринӣ, бозсозии башардўстона, пешрафт дар асоси илму дониш, ба таври умда шинохтану азхудкунии табиат  аз тарафи инсон муҳтоҷу ниёзманд аст». Ба дигар сухан пешрафту шукуфоии як ҷомеа побанду вобастаи андозаи донишу хиради бошандагони он аст.

Нависандаи мазкур дар бахши аввал аз «Сарсухан»-е, ки ховаршиноси саршиноси собиқ Шўрави узви вобастаи АИ ИҶШС зиндаёд Е.Э.Бертелс барои нашри русии «Қобуснома» (1958) навишта буд, ёдовар мешавад. Равшан аст, ки «Қобуснома» асрҳо пеш бо доштани мазомини  умумибашарӣ по аз марзҳои худӣ берун ниҳода буд ва бо забонҳои мухталифи ҷаҳон баргардон шуда буд.

Хидмати бузурги Е.Э. Бертелс аз нигоҳи муаллиф дар он зоҳир мешавад, ки номбурда муҳаққиқонаву мўшикофона, такя ба далелҳои арзишманди мавҷуд мисли «Қобуснома» нақшу ҷойгоҳи нахустин давлати тоҷикон Сомониён, доманаву густураи неруи фарҳангу забони тоҷикиро ва бад-ин шева манзалату бузургии миллати тоҷикро собит намудааст. Бертелс ба аҳамияту судмандии асар дар омўзиши таърихи миллатҳои Осиёи Миёна, забону адабиёт, расму сунан ва дигар риштаҳои улуми роиҷ ишора менамояд.

Муҳаққиқ бар асоси нукоти мазкур натиҷа мегирад, ки «Қобуснома» бо доштани ҷанбаҳои неруманди миллӣ, илмӣ, ҷомеашинохтӣ дар асри ҳозир метавонад сарчашмаи корсозе дар амри худсозиву худшиносӣ, маърифати мабдаъ ва сарчашмаҳои миллият, ифтихори миллӣ, арзишҳои миллӣ бошад. 

Нуктаи дигаре, ки муаллиф рўйи он таваҷҷуҳи махсус менамояд, ҳифзу нигаҳдошти доштаҳо ва дар заминаи он  рушду густариш додани арзишҳои кунунист. Гузашта аз ин ҷалби маҳфилҳои илмӣ- пажўҳишӣ ба дидгоҳҳои пажўҳандагони саршиноси сатҳи ҷаҳонӣ дар пайванд бо фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик ва махсусан забони тоҷикӣ, ки забони асаре мисли  «Қобуснома» аст,  корсозу пураҳамият аст.

Ҳамон гуна ки зикр шуд, яке аз масоиле, ки дар китоби олими арҷманд мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор гирифта аст, аҳамияту ҷойгоҳи илм ва шинохти воқеият дар  «Қобуснома» ба шумор меравад. Албатта, тарҳи мавзўи илму дониш ва ҷойгоҳи он дар раванди ҳастӣ таърихи тўлонӣ дорад ва дар дарозои таърих  дар осори адибону пажўҳандагони давраҳои мухталиф ба шеваҳои пуршумор матраҳ гардидааст. Вале ба андешаи муҳаққиқ бархўрди Кайковус ба ин рукни фарҳангии ҳастии башар шохисҳо, барҷастагии вижае дорад, ки қобили мулоҳиза аст.

Нахуст бояд арз дошт, ки Кайковус бархоста аз муҳити фарҳангӣ ошно бо офаридаҳои зеҳни инсонӣ, донишҳои роиҷи замон буд. Ў ба умқи ин воқеият расида буд, ки ягона пояи рушду идомаи ҳастӣ дастёбӣ ба домони илму дониш аст. Омиле, ки қодир аст сурату симои дунёро таѓйир диҳад.

Шинохти неруву зарфиятҳои нуҳуфта дар вуҷуди инсон ба дасти дониш яке аз мавзўъҳои калидиест, ки ба қавли муҳаққиқ дар  «Қобуснома» ба таври густурда матраҳ гардидааст. Ба навиштаи муаллиф «саъю талоши ҳамаҷонибаи муаллифи «Қобуснома» гувоҳ бар он аст, ки қобилиятҳои инсонӣ имкон дорад, рози ҷаҳонро дарёбанд, муҳити атрофро дарк намоянд, вижагиҳо ва равобиту пайванди онро равшан созанд ва ҳамаи инро ба манфиати инсон таҳаввул ва мутобиқат бахшанд».

Дар бахши мазкур ҳамчунин дар мавриди дидгоҳи Кайковус перомуни ҷавонон ва пайвандашон бо илму ҳунар, фарогирии масоили фалсафӣ, маърифати олами моддӣ, нақши забон дар мантиқи баёни онҳо сухан рафтааст.

Хотирнишон шудааст, ки ҳадафи Кайковус танҳо ситоишу такрими хираду заковати инсон, шинохти аҳамияту арҷи дониш дар зиндагии башар набуда, дастёбӣ ба қаламравест, ки инсон дар вуҷуди хеш Инсонро бишносад.

Муаллифи китоб бо овардани масъалаҳои дар ин бахш матраҳшуда бар ин назар аст, ки ҷалби ҷомеаи имрўза, чи хурду чи бузург ба донишандўзӣ, маърифати масоили бузурги равандҳои ҳастӣ ниҳоят мубраму пураҳамият аст. 

Масъалаи дигаре, ки дар арзёбии «Қобуснома» муаллифи таҳқиқ ба он таъкид меварзад, мавзўи давлатдорӣ  ва давлатсозист.  Дар пайванд бо ин ба нақши адабиёт, дар фароҳамсозии аркони давлатдорӣ, ки аз роҳи бозтоби бадеии донишу фазилат сурат мегирад, ишора шудааст. Воқеан, адабиёт ва бахусус адабиёти бадеӣ ҳамеша бистаре будааст, ки қавму миллатҳо дар лаҳзаҳои ҳассосу буҳронии таърихи хеш дар домани он на танҳо фарҳангу тамаддун, балки муҳимтарин дастовардҳои илмии хешро ҳифз намудаву ба ояндагон интиқол додаанд.

Вуҷуди донишу фазл, эҳсоси масъулият, хираду адолатпешагӣ, ки дар ҳошияи мавзўи бунёди давлатдорӣ баррасӣ гардидааст, гувоҳ бар доманаи фарохи донишу ҷаҳонигарии Кайковус аст, ки ба андешаи муаллиф имрўз низ ниҳоят корсозу ибратомўз мебошад.

Мавзўи дигаре, ки зеҳни пажўҳишгарро дар арзёбии «Қобуснома» ба худ ҷалб намудааст, дидгоҳҳои мавсуф перомуни шахсияти хизматчиёни давлатист. Забондонӣ, бохабарӣ аз улуми мухталиф, ошноӣ бо шеваву низоми муошират, доштани шуҷоату родмардӣ маҷмўи сифоте ҳастанд, ки Кайковус вуҷуди онҳоро дар такомулу боландагии шахсияти хизматчии давлатӣ муҳим арзёбӣ мекунад.

Баррасии густурдаву амиқи ин масъала муҳаққиқро ба ин натиҷа мерасонад, ки «ин мавзўъҳои мантиқӣ дар таърихи миллатҳо ҳазорҳо маротиб озмуда шудаанд. Аз ин рў табиӣ буда, дар ҳамаи давру замонҳо мубраму муҳимманд. Махсусан, имрўз, ҳамин лаҳза, худи ҳозир».

Чи тавре ки дар боло хотирнишон сохтем, муаллифи китоб ба мутолиоти фаровон ва дониши пурҷавониби Кайковус ишорат намуда, талош меварзад, марзҳои тайнамудаи зеҳну ҳуши ўро таҳлилу арзёбӣ намояд. Дар ин миён беш аз ҳама ба мавзўи хирад ва шеваҳои шарҳу тавзеҳи он дар «Қобуснома» таъкид меварзад ва ин беҳуда нест. Зеро маҳз бо баракати хирад аст, ки раванди шинохти воқеияти айнӣ, муҳит ва ҷаҳону мазоҳири печидаи он дарку маърифат мешаванд.

Бояд қайд намуд, ки масъалаи бозтоби хирад ва ҷойгоҳи он дар зиндагии инсонӣ аз ҷониби донишманди фозил ба таври густурда, ба тафсил ва муҳим аз ҳама олимона, такя ба дидгоҳҳои пажўҳандагону муҳаққиқони дохилу хориҷ оварда шудаанд.

Дар поён лозим ба тазаккур аст, ки китоби «Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад» ҳадяи арзишмандест, ки барои ҳамватанони гиромӣ, дўстдорони ин марзу бум арза шуда. Хондани он бо дидаи таҳқиқ имкон медиҳад, ки биниши мо, дарки мо аз воқеияти имрўзин, падидаҳову рухдодҳои нохушоянд дар паҳнои гетӣ, чеҳра иваз кунад, ба раванди худшиносиву инсоншинохтии мо, инкишофу пешрафти ҷомеаи муосир ангеза диҳад ва шояд имконоти хуфта дар  ниҳоди моро ба ҷунбиш водор созад. 

Миралиев Абдусалом, 

профессор, муовини ректори ДМТ оид ба таълим

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj