Дастгирии иҷтимоии ҷавонон-самти муҳимми фаъолияти давлатӣ

"Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд".
Эмомалӣ Раҳмон

 

Аслан, мувофиқи қисми 3-юми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо тағйироту иловаҳо аз санаи 22-уми майи соли 2016)“Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Яъне, аз муқаррароти ин меъёри ҳатмии конститутсионӣ бармеояд, ки самти асосии фаъолияти давлатӣ дар таъмин намудани шароити зиндагии арзанда ба аҳолии мамлакат ва дастгирии иҷтимоии онҳо равона карда шудааст. Бевосита, ин нуктаро Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар баромадҳояшон қайд намуда, таъкид месозанд, ки таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад ва мо тамоми захираву имкониятҳоямонро барои расидан ба ин ҳадаф сафарбар сохта истодаем.

Масъалаи марказии Паёми Пешвои миллат, ки дар санаи 22-уми декабри соли 2016 сурат гирифт, ба қишри муҳим ва ояндасози аҳолӣ-ҷавонон бахшида шудааст, чунки аксарияти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро (70%) ҷавонон ташкил медиҳанд ва онҳо ҳамчун неруи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол пазируфта мешаванд. Дар Паёми мазкур бо назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат аз ҷониби Пешвои миллат пешниҳод карда шуд, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ҷавонон эълон карда шавад. Ин ташаббус, албатта, созанда ва бармаҳал буда, боиси дастгирии на танҳо насли ҷавон, балки аҳли ҷомеа мебошад. Чунки ҷавонон фардову ояндаи миллату давлат маҳсуб мегардад ва ҷомеаи солимро бе насли ҷавони созанда тасаввур намудан ғайриимкон аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси татбиқи сиёсати давлатии ҷавононро барномаҳои давлатии ҷавонон, аз қабили “Барномаи рушди саломатии ҷавонон”, “Барномаи тарбияи ватандўстии ҷавонон”, “Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон” (Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04.10.2011 сол, таҳти №480), “Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” ташкил медиҳад, ки ин идомаи мантиқии раванди созандагӣ дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.  

Ба ҳайси заминаҳои ҳуқуқии ин гуна ташаббусҳо аз ҷониби парламенти мамлакат доираи муайяни қонунҳо ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо” ва қонуни махсус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” аз 15.07.2004 сол, таҳти №52 қабул ва ба тасвиб расонида шудааст.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию  иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад. Ҷавонон гуфта, он гурўҳи иҷтимоии демографиеро меноманд, ки аз 14 то 30-соларо дар бар мегирад.

Мувофиқи муқаррароти қонуни мазкур мақсади сиёсати давлатии ҷавонон аз мусоидат ба инкишофи маънавӣ, фарҳангӣ, иҷтимоию ҷисмонии онҳо, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон, муҳайё сохтани шароит барои мустақилона ва бо ҳисси масъулият ширкат кардани ҷавонон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва дастгирии моддӣ, молиявӣ, ва иҷтимоии ҷавонон, инчунин, ташаббусҳои аҳамияти иҷтимоидоштаи онҳо иборат мебошад.

Ҳамасола дар буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, минтақавӣ ва маҳаллии ҷавонон, амалӣ намудани робитаҳои байналмиллалии ҷавонон мутобиқи шартномаҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташаккули фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии мусоидат ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, хароҷоти сохтмон ва таъмири объектҳое, ки ба мақомоти ваколатдори давлатии кор бо ҷавонон мансуб мебошад, маблағҳои муайяни пулӣ ҷудо карда мешавад. Дар ин самт қонунгузорӣ пешбинӣ менамояд, ки барои тадбирҳо оид ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон имкон дорад аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар маблағҳое, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб шудаанд, маблағ ҷудо карда шавад.

Хулоса,  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалигардонии ҳама гуна марому мақсад ва ҳадафу орзуҳои созандаи насли ҷавон тамоми имкониятҳои мавҷударо фароҳам меоварад. Дар навбати худ мо-ҷавонони замони истиқлолро мебояд, ки ба ин ғамхориву имкониятҳо шукргузорӣ намуда, ҷавобан бо хизмати софдилонаи худ, пешниҳоду ташаббусҳои созанда, бо дилу нияти пок ба халқ ва Ватани азизи хеш хизмат намуда, парчамбардори миллату давлат ва ҳимоятгари марзу буми аҷдодии хеш бошем.

 

Мадина Отабоева,                  

донишҷўи курси 5, 

 факултети ҳуқуқшиносӣ                                                     

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj