Дастури муфиди таълимӣ

Муҳимтарин воқеаи даврони навини таърихи тоҷикон дастёбӣ ба истиқлолияти давлатист, ки сарнавишти халқи моро ба куллӣ дигаргун кард. Истиқлолияти давлатӣ ҷумҳурии моро  бо ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваст ва заминаи мусоидро барои шомилшавӣ ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ фароҳам сохт. Дар даврони истиқлолият дар баробари рамзҳои миллии давлатдорӣ ниҳодҳо ва воҳидҳои нави давлатӣ низ ташаккул меёфтанд. Яке аз чунин мақомотҳои нав, ки меваи даврони истиқлолият аст, ниҳодҳои гуногуни дипломатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ рушду нумўъ намуда ба муҳимтарин мақомоти пешбарандаи сиёсати хориҷии мамлакат табдил ёфтаанд.

Дар замони муосир нақши дипломатия ҳамчун василаи пешбурди равобити байналмилалӣ ба маротиб афзуда дар ҳалли масъалаҳои мубрами инсоният мавқеи муҳимро ишѓол менамояд. 

Бо рушду инкишофи сохторҳои дипломатӣ дар ҷумҳурӣ зарурати тарбияи кадрҳои соҳаи равобити байналмилалӣ ба миён омад. Аз ин рў, аввалин маротиба дар ДМТ дар назди факултети таърих шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ таъсис дода шуд, ки баъдан ба факултети мустақили муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфт. Ҳоло дар як қатор донишгоҳҳои дигари кишвар низ аз рўйи чунин ихтисос мутахассисон тайёр карда мешаванд.  Аз ин рў, таълифи китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ аз фанҳои марбут ба дипломатия иқдоми саривақтӣ  ва хеле манфиатовар аст. 

Китоби тозанашри дарсии «Асосҳои дипломатия» ба қалами доктори илми таърих, профессор Мирзоев Н.М. ва номзади илми таърих  дотсент Шарипов А.Н. мутааллиқ аст.  Ин нашри дуюми китоб мебошад. 

Китоб дастури муҳим ва муфидест роҷеъ ба фанни дипломатия, ки ба забони давлатӣ таълиф гардидааст. Китоб аз 25 фасл иборат буда, роҷеъ ба асосҳои  дипломатия, таърихи ташаккул ва таҳаввули сохторҳо ва хадамоти дипломатӣ, консулӣ, рамзҳои расмии истиқлоли соҳибихтиёрии давлатӣ, русум ва ташрифоти дипломатӣ, забон ва асноди дипломатӣ, рутбаҳо ва суҳбатҳои дипломатӣ, сифатҳои шахсии дипломат ва нақши вазорати корҳои хориҷӣ дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ва тамоюлҳои асосии дипломатияи муосир ва дигар масъалаҳои марбут ба дипломатия маълумотҳои заруриро  дарбар мегирад.

Дар фарҷоми китоби дарсӣ якчанд санадҳои муҳимми дипломатӣ аз қабили «Низомномаи Вазорати корҳои хориҷии  Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ва «Эъломияи Вена дар бораи равобити дипломатӣ ва консулӣ» замима гардидааст.

Китоби «Асосҳои дипломатия» чун дастури таълимӣ барои донишҷўён, аспирантон, унвонҷўён ва дигар мутахассисони соҳаи равобити байналмилалӣ пешбинӣ гардида, мутолиа ва омўзиши он хеле судманд ва фоидаовар аст. 

Л. Нурова 

Ф. Шарифов

 унвонҷўёни ДМТ  

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj