Дирӯз, имрӯз ва фардои илми физика

Мафҳуми «Физика»-ро ба илм бори аввал файласуфи Юнони атиқа Арасту ворид намуд, ки дар зери фаҳмиши атиқии физика илмҳои «ғайриамалӣ», яъне улуми табиатшиносии имрӯза дар назар дошта мешуд. Чунин навъи тасаввурот оид ба физика аз фаҳмиши муосири он ба таври куллӣ фарқ дорад. Аз рӯйи тақсимбандии давраҳои таърихии илм (парадигма) аз аҳди бостон то асри XVII ба давраи тоилмият тааллуқ дошта, дар ин давра физика ҳамчун илм  рушд наёфт. Бо гузашти беш аз ХХ қарн физика ҳамчун илми алоҳида дар давраи аз Галилей то Нютон ба рушди бемайлон ноил гардид. Истилоҳи «физика»-ро ба илми Русия «падари илми рус» М.В. Ломоносов ворид намуд ва пас аз ӯ донишмандон аз дигар халқу миллатҳо дар соҳаҳои гуногуни физика саҳмгузорӣ карданд. 

Дастоварду кашфиётҳои илмии олимони тоҷику форс дар садаҳои VIII-XV яке аз саҳифаҳои муҳимтарини илму фарҳанги умумибашариро дарбар мегирад. Мутафаккирони асримиёнагии тоҷику форс, ба монанди М.Хоразмӣ, З.Розӣ, А.Форобӣ, А.Берунӣ, Ибни Сино, Н.Тӯсӣ, Ибни Шотир, А.Бузаҷонӣ, Умари Хайём ва дигарон ба масоили мухталифи табиатшиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, барои баёни қонунияти ин улум асарҳои пурарзишу гаронбаҳои илмие эҷод кардаанд. Аз ҷумла, Абунасри Форобӣ (874-950) дар  асари «Китоб-ул-мусиқӣ-ал-кабир» баъзе ҳодисаҳои физикӣ, яъне паҳншавии садо ва қонуни паҳншавии мавҷҳои механикиро мавриди тадқиқ қарор дода, усулҳои арифметикиро  барои шарҳи бузургиҳои садо истифода намуда, ки баъдан заминаи ҳисобкуниҳои дифференсиалии Лейбнитс ва Нютон гардидаанд.

Олими намоёни тоҷик Абурайҳони Берунӣ (973-1048) бори аввал оид ба вазни хоси минералҳо, хусусияти пайдоиши онҳо ва ҷинсҳои кӯҳӣ, сабабҳои фаввора зада баромадани чашмаю обҳои зеризаминӣ, арзу тӯли ҷуғрофӣ ва радиуси сайёраи Замин маълумотҳои дақиқи илмӣ додааст. Ӯ дар яке аз асарҳои худ «Китоб-ут-тафҳим», ки  дар бахши физика, нуҷум, ҳандаса ва ҷуғрофия навишта шудааст, оид ба якчанд асбобҳои худсохти нуҷумии замонаш маълумот додааст. 

Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино (980-1037) беш аз 30 асарашро ба масоили мухталифи нуҷум ва дигар илмҳои табиатшиносӣ бахшидааст. Андешаҳои табиатшиносии Ибни Сино бештар дар асарҳои «Китоб-уш-шифо», «Донишнома», «Китоб-ал-қонун-фи-т-тиб» ва ғайра зикр ёфта, ақидаи Арастуро дар бораи ҳаракати азалии ҷисмҳо таҳлил намудааст, ки дар мазмуни он ба қонуни бақои импулс хеле наздик аст.   

Номи чунин мутафаккирону донишмандон ва саҳми беназири онҳо дар ташаккули илми физикаю астрономия ва соҳаҳои мухталифи онҳо ба кулли башарият маълум аст. 

Бояд гуфт, ки бо барқароршавии Ҳокимияти Шӯравӣ дар Осиёи Миёна давраи муосири инкишофи улуми табиатшиносӣ, аз ҷумла физика дар Тоҷикистон оғоз гардид. Яъне, таърихи навини пайдоиш ва эҳёи илмҳои дақиқу бунёдӣ, дар кишварамон бо ғалабаи Инқилоби Кабири Октябр ва ташкил ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пайванди  ногусастанӣ дорад. Дар давоми солҳои 30-50-уми асри ХХ дар Тоҷикистон бисёр рӯйдодҳои муҳимми илмию фарҳангие ба вуқуъ пайвастанд. Аз ҷумла, ДДТТ ба номи Ибни Сино, ДАТ ба номи Ш.Шоҳтемур, ДДОТ ба номи С. Айнӣ, ДМТ, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмию таълимӣ маҳз дар ин марҳилаи таърихӣ ба фаъолият оғоз намуданд. Махсусан, кушодашавии АИ ҶТ ва пажӯҳишгоҳҳои табиатшиносии ҳайати он, аз ҷумла физикаю техника ва астрофизика, воқеан ҳам саҳифаи наверо дар таърихи илми тоҷик боз карданд. Хусусан пас аз соли 1957, баъд аз Президенти АИ ҶТ интихоб гардидани физики номвари тоҷик Султон Умаров (1908-1964) тадқиқоти илмӣ дар бахши илмҳои табиатшиносӣ пурзӯр гардид. Дар ин солҳо чандин олимони ҷавони кишвар ба муассисаҳои илмию тадқиқотии дигар мамолики ҳамҷавор барои такмили ихтисос ва пур кардани халои зеҳнии пажӯҳишгоҳҳои навтаъсис  сафарбар карда шуданд. Хизмати таърихии С.Умаров аз он иборат аст, ки ӯ дар ин ҷода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, потенсиали илмӣ ва кадрии марказҳои маъруфи илмию тадқиқотии Иттиҳоди Шӯравиро барои тайёр намудани мутахассисони ҷавон дар соҳаҳои гуногуни илмҳои дақиқу бунёдӣ барои Тоҷикистон васеъ истифода намудааст.

Албатта, дар пешрафти илму техника ва кашфиёту дастовардҳои нав илми физика пешоҳанг буда, тадқиқоти физикӣ мавқеи намоёнро ишғол мекунанд. Дар солҳои охир бошад, дар ин соҳа чунин тадқиқотҳое ба вуқуъ пайваста истодаанд, ки истифодаи амалии онҳо техника ва технологияи истеҳсолотии муосирро ба куллӣ тағйир дода, таъминоти моддии инсониро рӯ ба инкишоф ниҳоданд. Бинобар ин, омӯзиши таърихи тадқиқоти илмӣ ва таъсиси марказҳои тадқиқоти илмӣ дар соҳаи физика имрӯз барои ҷомеаи соҳибистиқлоли Тоҷикистон амрест ниҳоят зарурӣ ва бамаврид. Дар робита ба ин, қайд кардан зарур аст, ки дар пешрафт ва рушди илми физика дар кишвар, дастпарварони факултети физикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон саҳми босазо доранд. 

Бо ташаббуси Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон (Б.Ғафуров) ва Шӯрои Вазирони ҶШС Тоҷикистон (Ҷ.Расулов) ба Вазорати мактабҳои олии ИҶШС С.Кафтанов  муроҷиат намуда, хоҳиш карданд, ки дар бораи ташкил намудани университет муосидат намояд. Пешниҳоди сарварони вақти ҶШС Тоҷикистон аз ҷониби роҳбарияти Иттифоқи Шӯравӣ мусбат пазируфта шуд. Санаи 21-уми марти соли 1947 дар шаҳри Москва қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС таҳти №643 оид ба таъсиси Университети давлатии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси Шӯрои Вазирони ИҶШС  И.Сталин ва Раиси умури идораи он П.Чадаев ба имзо расид. Тибқи қарори мазкур дар университет таъсиси чор факултет: физикаю математика (бо шуъбаи химия); хокшиносӣ-геологӣ-ҷуғрофия; биология ва таъриху филология (бо шуъбаи шарқшиносӣ) пешбинӣ гардид. Вале мувофиқи имконияти он замон сохтори университет соли 1948, андаке тағйир ёфт, ки он ба шароити ҷумҳуриамон алоқаманд буд. Сипас, соли 1948 дар ҳайати университет се факултет: геологӣ-хокшиносӣ (декан А.С. Раевский), биология (декан В.А.Ратсиборский) ва таъриху филология (декан Т.П.Мануилова) ташкил ёфтанд. 

Нақши муайянкунандаи илми физика дар пешрафти илмию техникии ҷомеа ва пояи зарурии интелектуалии физикҳои касбиро ба назар гирифта, соли 1965 шуъбаи физикаи факултети физикаю математика дар асоси Қарори ҶШС Тоҷикистон ба факултети мустақил табдил дода шуд. Пас аз мустақил гардани факултети физика, нахустин декани он Ф.Х.Ҳакимов буда, хатми аввалини донишҷӯён ба соли 1965 рост омад. Хатмкунандагони аввалини факултети физика Тӯйчиев Ш.Т., Саидов Д.С., Одинаев С.О., Нарзиев Ҳ.Н., Акимбеков Х.О.,Мисриён С., Сучков А.А., Сидоренко Т.А., Губер В.А., Шарифов Қ.Н. ба ҳисоб рафта, шумораи умумии хатмкунандагон ба 58 нафар мерасид. Бояд қайд кард, ки таълим дар факултети навтаъсиси физика аз рӯйи нақшаҳои таълимии донишгоҳҳои бонуфузи шаҳрҳои Москва, Ленинград (ҳоло Санкт-Петербург), Новосибирск, Харков, Киев, Минск ва ғайра ба роҳ монда шуда буд. Ин нақшаҳо аз нақшаҳои таълимии донишгоҳҳои дигари ҷумҳурӣ ба куллӣ фарқ дошта, онҳо асосан барои тайёр намудани кадрҳои соҳаи илм равона карда шуда буданд. Аз ин сабаб, аксар хатмкардагони факултети физикаи ДМТ барои идомаи таҳсил ва адои корҳои илмию тадқиқотӣ ба дигар донишгоҳҳои мамолики собиқ  ИҶШС сафарбар мегардиданд, то муҳити холии илмии ватани хешро пур намоянд. 

Пас аз мустақилияти факултет то ба имрӯз сарварии онро ашхоси зерин: Ҳ.У. Содиқов (1965-1967; 1970-1971), С.Н. Каримов (1967-1970; 1971-1987), Ф.Х. Ҳакимов (1987-1998), Н.С. Султонов (1998-2000), А. Абдурасулов (2000-2001), Қ. Комилов (2001-2007; 2009-2011), Ҳ.М. Абдуллоев (2007-2009) ва Д.Қ.Солиҳов (аз 2011 то имрӯз) бар дӯш доштанд.

Дар ибтидои таъсиси факултет, яъне соли 1949 дар он танҳо як кафедра - кафедраи физика  амал мекард, ки онро В.Ф. Лукянченко (1949-1950), К.С. Мустафин (1950-1953) ва А.В. Макагон (1953-1954) сарварӣ намудаанд. Соли 1954 кафедраи номбурда ба ду кафедра -  кафедраи физикаи амалӣ (эксперементалӣ) бо сарварии дотсент Б.Н. Нарзуллоев (1955-1957) ва кафедраи физикаи умумию назариявӣ бо роҳбарии дотсент А.А. Адҳамов (1955-1957) тақсим гардид.

Соли 1957 бошад, кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ боз бо ду кафедраи мустақил - кафедраи физикаи назариявӣ ва кафедраи физикаи умумӣ табдил дода шуд. Роҳбарии кафедраи физикаи назариявиро солҳои минбаъда С.У. Умаров (1957-1964), А.А. Адҳамов (1964-1965), Ф.Х. Ҳакимов (1965-1967; 1969-1973; 1975-1979; 1982-1987; 1992-1996), Ш.Ш. Шокиров (1980-1982), Қ. Комилов (1987-1992), Ҳ.О. Абдуллоев (1996-2011), А.Қ. Зарипов (2011-2015) ба уҳда доштанд. Аз соли 2015 то имрӯз вазифаи мудирии ин кафедраро дотсент О.Ш. Одилов бар дӯш дорад. 

Кафедраи физикаи умумиро бошад, солҳои баъдина А.А. Адҳамов (1957-1959),  Ҳ.У. Содиқов (1957-1977), Т.Б. Бобоев (1977-1985; 1991-2009), О.Ш. Шокиров (1985-1991), З.Н. Низомов (2009-2011) ва Ф.Х. Истамов (2011 - то ҳол) сарварӣ намудаанд.

Соли 1961 дар заминаи кафедраи физикаи умумӣ кафедраи оптика ва спектроскопия бунёд гардида, то имрӯз дар ҷумҳурӣ ягона кафедрае мебошад, ки дар ин самт мутахассисони ояндаи соҳибмаълумотро омода мекунад. Сарварии кафедраро аз ибтидо то ба ҳол  К.С. Мустафин (1961-1963), Л.И.Алперович (1963-1975), Б.Н.Нарзиев (1975-1986; 1991-2009), Қ.Ҷ.Ҷумъабоев (1986-1991) ба уҳда доштанд. Аз соли 2009 то имрӯз дотсент З.З.Исломов ин вазифаро ба зимма дорад.

Бо ташаббуси олимони варзидаи ҷумҳурӣ С.У. Умаров, Б.Н. Нарзуллоев, А.А. Адҳамов, В.В. Чердинсев ва Ҳ.У. Содиқов соли 1962 кафедраи физикаи ҳаста, яъне нахустин кафедра дар ин самт дар қаламрави Осиёи Марказӣ таъсис ёфт. Дар солҳои гуногун Л.П. Кашкаров (1960-1964), В.Ғ. Ғафуров (1964-1974), А.А. Ястребинский (1974-1979), Г.Г. Самойлов (1979-1982), Қ.Н. Шарифов (1982-1985), Н.С. Султонов (1985-1991), Ҷ.А. Саломов (1990-2004), Я.Ш. Шукуров (2004-2005), Ф.Н. Нормуродов (2005-2010), С.Ш. Шухиев (2010-2011) сарвари кафедра буданд. Аз соли 2011 то ҳол ин вазифаро дотсент Б.И. Махсудов ба уҳда дорад. Соли 2014 дар назди кафедраи мазкур ихтиссоси радиоэкология ба фаъолият оғоз кард, ки мутахассисони соҳибмаълумотро дар ин самт омода менамояд.

Соли 1965 кафедраи физикаи амалӣ (эксперименталӣ) ба кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт табдили ном карда, пас аз 20 сол, яъне соли 1985 он ба худ номи кафедраи физика ва механикаи полимерҳоро гирифт. Ин кафедра яке аз марказҳои омоданамоии мутахассисони соҳибунвон буда, сарварии онро С.Н. Каримов (1965-1972; 1982-1983), Б.Н. Нарзуллоев (1972-1982), М.Қ. Қурбоналиев (1983-1997), Ш. Тӯйчиев (1997- 2009) бар уҳда доштанд.  Аз соли 2010 то имрӯз мудири ин кафедра профессор Ҳ.М. Абдуллоев мебошад. Ихтисоси метрология, стандартизатсия ва сертификатсия дар назди ин кафедра соли 2012 кушода шуда, дар ин соҳа мутахассисони соҳибмаълумот омода менамояд.

Баъдтар, соли 1965 дар заминаи кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт Лабораторияи проблемавии физикаи мустаҳкамии полимерҳо (ЛПФМП) таъсис ёфта, имрӯз номи Шуъбаи илмию тадқиқотии физикаи муҳитҳои конденсиро (ШИТ ФМК) касб кардааст. ШИТ ФМК дар якҷоягӣ бо КФҶС яке аз марказҳои пурқуввати илмӣ ва таълимии омӯзиши сохтор, хосиятҳои физикаи ҷисмҳои сахт ва полимерҳо дар ҷумҳурӣ ва Осиёи Марказӣ ба шумор мерафтанд ва мераванд. Дар давоми фаъолияти худ шуъба дар ҳамкорӣ бо КФҶС беш аз 14 доктор ва зиёда аз 60 номзади илм тайёр кардааст. Солҳои охир шуъбаи номбурда ба Интситути илмию тадқиқотии ДМТ ҳамроҳ карда шуда, роҳбарии онро дотсент С.Х. Табаров бар дӯш дорад.      

Кафедраи усули таълими физика, яке аз кафедраҳои пешбарандаи усулҳои тадриси физика дар ҷумҳурӣ буда, соли 1969 таъсис ёфтааст. Кафедраи мазкурро Т.Қ. Қодиров (1969-1976), М.Ҷ. Ҷамолов (1976-1987), A.M. Муҳаммадиева (1987-1992), Б.Ҳ. Ҳамзаев (1992-2009), И. Дӯстов (2009-2011), Т. Раҷабов (2011-2012), Н. Нарзуллоев (2012-2015) роҳбарӣ намудаанд. Аз соли 2015 то ҳол роҳбарии онро профессор Т.А. Шукурзод бар уҳда дорад. 

Дар факултети физика барои омода намудани мутахассисон дар соҳаи астрономия соли 1980 бо ташаббуси бевоситаи академик П.Б. Бобоҷонов кафедраи астрофизика кушода шуд, вале он дер напоид ва соли 1987 баста гардид. Дар давоми ин солҳо мудирони кафедра П.Б. Бобоҷонов (1980-1981) ва Қ.Х. Саидов (1981-1987) будаанд. Соли 1999 бо пешниҳоди садорати факултету раёсати донишгоҳ ва дастгирии Ҳукумати ҶТ кафедраи астрономия ба фаъолият оғоз намуд, ки нахустин мудири он П.Б. Бобоҷонов (1999-2001) буд. Солҳои 2001-2004  ва 2009-2012 Х.И. Ибодинов ва 2004-2009 ва 2012 - то ҳол А.А. Раҳмонов сарварии кафедраи фавқро бар дӯш доранд. 

Соли 1990 дар асоси ихтисоси «Радиофизика ва электроника», ки ҳанӯз соли 1980 кушода шуда буд, кафедраи электроникаи физикӣ таъсис гардид. Сарвари аввалини кафедра профессор  В.Ғ. Ғафуров (1992-1998) буда, онро солҳои баъдина ашхоси зерин бар уҳда доштанд: С.М. Гадоев (1999-2011; 2013 - то имрӯз) ва  К.Д. Азизов (2011-2013). 

Бо тақозои замон ва пешрафти илму техника соли таҳсили 1994-1995 дар заминаи кафедраи атому ҳаста тахассуси ҷадид - метеорология таъсис ёфт ва дар заминаи ин тахассус соли 1998  кафедраи метеорология бунёд ёфта, сарварии онро узви вобастаи АИ ҶТ Ф.X. Ҳакимов (1998-2009) бар дӯш дошт. Соли хониши 2009 ихтисоси метеорология ба кафедраи астрономия ҳамроҳ гардида, соли 2011 аз нав донишҷӯёнро дар ин ихтисос қабул намуд. Соли 2014 бошад, дар заминаи ҳамин ихтисос кафедраи метеорология ва климатология таъсис ёфт, ки мудири он узви вобастаи АИ ҶТ Норматов И.Ш. (2014 - то ҳол) мебошад.  

Раванди бошитоби информатсиякунонии ҷомеаи муосир, ба татбиқи васеи дастовардҳои информатика ва техникаи компютерӣ асос ёфта, дар назди маорифчиён вазифа мегузорад, ки муаллимонро барои фаъолияти ояндаи касбии онҳо ҳамаҷониба тайёр намоянд. Бо ҳамин мақсад соли 2003 ихтисоси нав - мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо кушода шуда, аввалин донишҷӯёнро қабул намуд.  Дар асоси ихтисоси номбурда соли 2006 кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ба фаъолият оғоз намуд. Сарварии кафедраро аз рӯзи таъсисёбӣ то имрӯз дотсент Х.Ш. Ҷӯраев ба уҳда дорад. 

Айни замон дар факултет кафедраҳои физикаи умумӣ, физикаи назариявӣ, физикаи атому ҳаста, физикаи ҷисмҳои сахт, усули таълими физика, оптика ва спектроскопия, электроникаи физикӣ, астрономия, мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳо ва метеорология ва климатология фаъолият намуда, барои соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ аз рӯйи ҳафт ихтисос: физика, астрономия, гидрометеорология ва климатология, радиофизика ва электроника, барномасозӣ, метрология, стандартизатсия ва сертификатсия ва радиоэкология мутахассисонро омода менамояд.

Соҳаҳои асосии фаъолияти факултетро асосан ба ду равия ҷудо намудан мумкин аст: якум, тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси соҳаҳои физика, астрономия, радиофизика, мошинҳои электронии ҳисоббарор, метеорология ва ғайра мебошад, ки ба чунин кадрҳо пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, макотиби олӣ ва миёна, вазоратҳо ва дигар идораю коргоҳҳои ҷумҳурӣ ниёз доранд; дуюм, ин пешбурд ва ривоҷу равнақ додани корҳои илмӣ-амалӣ, илмию назариявӣ ва илмию методӣ дар бахшҳои гуногуни илмҳои физикӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон додааст, ки факултет дар ҳар ду самт ба натиҷаҳои назаррас ноил гардида, дар тӯли мавҷудият беш аз 7000 нафар мутахассисонро омода намудааст. Дар ин маврид, қайд кардан зарур аст, ки дар ташаккул ва равнақи факултет оид ба омоданамоии мутахассисони соҳаҳои гуногуни физика саҳми ашхоси равшанфикру олимони шинохта ва фидоёни роҳи илму дониш С.Умаров, А.Адҳамов, Б.Нарзуллоев, Л.Хоҷаев,  Ҳ.Содиқов, П.Бобоҷонов, Ф.Ҳакимов, С.Каримов, В.Ғафуров, А.Шулман, Л.Алперович, В.Чердинсев, М.Қурбоналиев, Ҳ.Абдуллоев, Б.Нарзиев, А.Ястребинский, Қ.Комилов, Д.Қ.Солиҳов ва ғайра бағоят назаррас аст. 

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон марҳилаи боз ҳам ҷадидтари инкишофи илму техника оғоз гардида, равобити илмӣ бо як қатор кишварҳои хориҷи дуру наздик ба роҳ монда шуданд. Истиқлолият барои олимони кишвари мо шароитеро фароҳам овард, ки онҳо дигар дар ҳайъати ИҶШС не, балки ба таври мустақил дар конфронсу симпозиум ва чорабиниҳои илмии минтақавию ҷаҳонӣ ширкат меварзанд. Пас аз истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бо дастгирии бевоситаи  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишгоҳ ба рушди бесобиқа соҳиб гардида, дар он якчанд факултет, кафедра ва тахассусҳои нави барои пешрафти кишвар зарурӣ ташкил гардиданд.

Чи тавре дар боло ишора шуд, сарварии факултетро солҳои 2000-2007 ва  2009-2011  профессор Комилов Қ. ба уҳда доштанд. Маҳз дар давраи роҳбарии  профессор Комилов Қ. сохтмони нави бинои таълимии факултети физика дар шаҳраки донишҷӯён ба анҷом расид ва факултет бо таҷҳизотҳои  муосири таълимию илмӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд. Шумораи лабораторияҳои таълимию илмӣ зиёд карда шуда, имконияти  гузаронидани машғулиятҳои лаборатории таълимӣ ба сатҳи баланд бароварда шуд. 

Кушодашавии бинои нави факултет бо ташрифи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба пояи илмию таълимии факултет баҳои баланд дод. 

Яке аз самтҳои самарбахшу ояндадори факултети физикаи ДМТ равобити илмии факултет бо марказҳои мухталифи илмии дохилу хориҷ, созмонҳои байналмилалӣ ва донишгоҳҳои кишварҳои хориҷи дуру наздик мебошад. Ин анъанаи нек аз аввалҳои таъсиси факултети мазкур ба роҳ монда шуда, то имрӯз аксарияти донишҷӯёну устодони факултет аз мактабҳои бузурги илмии марказҳои илмӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ (махсусан, Федератсияи Русия) гузаштаанд. Масалан, А.А. Адҳамов, Ф.Х. Ҳакимов, У.М. Мадвалиев, Б. Назаров, А. Комилӣ, Д. Абураҳмонов, Ю.М. Шукринов ва Р. Иқбол дар ДДМ ба номи М.В. Ломоносов ба корҳои илмию тадқиқотӣ машғул гардида, рисолаҳои илмии худро дифоъ кардаанд.  Дар Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи тадқиқоти ҳастаӣ (ш.Дубна) Ҳ.О. Абдуллоев,  И. Сарҳадов, Ҳ. Насруллоев, А.Ҷ. Саломов, Х.М. Холмуродов, Ф.Қ. Раҳимӣ, Ҳ.Ҳ. Муминов, И.Р. Раҳмонов  масоили мухталифи физикаро тадқиқ карда, дар ин замина натиҷаҳои хуби илмӣ ба даст овардаанд. Аз мактаби илмии Донишгоҳи давлатии ба номи А.Жданови Санкт-Петербург бошад, Б.Н. Нарзиев, В.М. Коровина, С.Н. Ниёзов, Ҷ.М.Маҳкамбоев ва дигарон сарбаландона гузаштанд. Олимоне чун, Т.Б. Бобоев, Н.С. Султонов, Ш.Т. Тӯйчиев, Д.С. Саидов, С. Мисриён ва С. Қосимов дар Институти физкаю техникаи ба номи А.Ф. Иоффе корҳои илмию тадқиқотии назаррасро ба анҷом расониданд.  Дар Институти физикаи ба номи П.Н.Лебедеви Академияи илмҳои Федератсияи Русия  Қ. Комилов, Д.Қ. Солиҳов, Б.И. Махсудов, И. Шохӯҷаев  ва Қ. Нарзуллоев  ба омӯзиш ва тадқиқи масоили гуногуни физика шуғл варзида, рисолаҳои илмии хешро сарбаландона ҳимоя карданд. Донишгоҳи давлатии шаҳри Свердлов (ҳоло Екатеринбург)-ро М.Қ.Қурбоналиев, Институти муҳандисӣ-физикии Москваро Б.И. Махсудов,  Н.Нарзуллоев  ва дигар донишгоҳу донишкадаҳои гуногунро олимони дигари соҳа хатм намуда, баҳри пешрафти таълиму тарбия ва пажӯҳишҳои илмӣ дар факултети физикаи ДМТ саҳми арзишманд гузоштанд.

Дар пешрафти ин соҳа, олимону роҳбароне чун С.У. Умаров аз соли 1957, Л.Ш. Хоҷаев аз соли 1952, А.А. Адҳамов аз соли 1952, Б.Н. Нарзуллоев аз соли 1952, С.Н. Каримов аз соли 1958, Ф.Х. Ҳакимов аз соли 1959 ва дигарон саҳми босазо гузошта, баҳри пешрафт ва ҷоннок намудани ҳамкориҳои гуногунҷониба бо бисёре аз марказҳои илмию тадқиқотӣ ва донишгоҳҳои хориҷӣ нақши назаррас доранд. Масалан, аз соли 2011 то имрӯз беш аз 20 нафар донишҷӯёни курсҳои болоӣ барои анҷом додани корҳои дипломӣ ба факултети физикаи ДДМ ба номи М.В. Ломоносов фиристода шуданд. 

Факултет бо донишгоҳҳои бонуфузи Русия, Украина, Қазоқистон, Узбекистон, Эрон, ИМА ва чанде аз мамолики дигар робитаи қавии илмӣ дорад. Масалан, дар асоси шарномаи тарафайн бо факултети физикаи ДДМ ба номи М.В. Ломоносов, Институти физикаи Академияи илмҳои Федератсияи Русия ва ғайра донишҷӯёни факултет барои идомаи таҳсил фиристода мешаванд ва инчунин, олимони ин муассисаҳои бонуфузи илмӣ барои хондани лексияҳо ва курсҳои махсус даъват мегарданд.

Факултети физикаи ДМТ ҳанӯз аз давраи ба фаъолият оғоз намудан, ба яке аз марказҳои пешбаранди илми физика дар ин гӯшаи кишвари паҳновари ИҶШС табдил ёфта, барои рушди соҳаҳои мухталифи физика ва муттаҳид сохтани физикони ҷумҳуриҳои бародарӣ чандин конфронсҳои бонуфузи умумиттифоқиро баргузор кардааст. Инчунин, бо ташаббуси бевоситаи садорати факултети физика бахшида ба  солгарду зодрӯзи устодони ботаҷрибаю бунёдгузорони илми физикаи кишвар чандин конфронсҳои байналхалқӣ ташкил ва дар сатҳи баланд гузаронида шуданд ва ин амали наку имрӯзҳо низ идома дорад.

Дар айни замон, ҳар як кафедраи факултет самт ва мавзӯъҳои илмӣ-тадқиқотии худро дошта, тайи чанд соли охир кормандони факултет беш аз 800 мақолаи илмӣ, фишурдаи мақолаҳо, китобҳои дарсӣ ва васоити таълимию методиро ба нашр расондаанд. Донишҷӯёни факултет дар қатори таълиму тарбия ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ ҷалб карда мешаванд. Иҷроиши самарабахш ва ҳимояи бомуваффақияти корҳои курсӣ ва рисолаҳои дипломии донишҷӯён, нашри мақолаҳо ва иштироки онҳо дар семинару конфронсҳои донишгоҳию ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.

Ба рушди малакаи илмӣ ва бедорсозии маҳорати тадқиқотчигии донишҷӯён дар факултети физика диққати махсус дода мешавад. Иҷрои ин вазифаи ниҳоят муҳим ба дӯши чандин маҳфилҳои илмӣ, ки дар назди кафедраҳо таҳти роҳбарии устодони варзида фаъолият менамоянд, вогузор карда шудааст. Аз ҷумла, маҳфилҳои «Муаллими ҷавон» (кафедраи усули таълими физика), «Ҳалли масъалаҳо» (кафедраи физикаи умумӣ), «Астрономи ҷавон» (кафедраи астрономия), «Метеоролог» (кафедраи метеорология ва климатология), «Спектроскописти ҷавон» (кафедраи оптика ва спектроскопия), «Изотоп» (кафедраи физикаи ҳаста), «Квант» (кафедраи физикаи назариявӣ), «Радио» (кафедраи электроникаи физикӣ), «Барномасоз» (кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, шабакаҳо ва системаҳо) ва «Физикаи полимерҳо» (кафедраи физикаи ҷисмҳои сахт) мебошанд, ки дар маҷмӯъ беш аз 150 нафар донишҷӯро дарбар мегиранд. Дар ин маҳфилҳо донишҷӯён аввалин қадамҳои мустақилонаи худро дар роҳи мушкили тадқиқоти илмӣ гузошта, бо адабиёти муосири соҳаи мушаххаси илм шинос ва дорои қобилияти масъалагузории илмӣ мегарданд. 

Дар байни хатмкардагони факултет, инчунин, шахсиятҳое низ кам нестанд, ки дар вазифаҳои масъулияти ҳизбию давлатӣ, роҳбарони донишгоҳу донишакадаҳо, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳбарони шаҳру навоҳӣ, афсарони қисмҳои ҳарбӣ фаъолият кардаанд ва карда истодаанд. Масалан, Ф.Қ. Раҳимӣ - Президенти АИ ҶТ, академики АИ ҶТ, С.Одинаев - ноиби Президенти АИ ҶТ, академики АИ ҶТ, Ҳ.Ҳ. Муминов - директори Институти физикаю техникаи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, И.Ш. Норматов - собиқ директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи АИ ҶТ, узви вобастаи АИ ҶТ, А.Т. Мақсудов - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғ. Ғафуров, дотсент, А. Абдурасулов - собиқ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, дотсент, Х.М. Холмуродов - мудири сектори Институти муттаҳидаи тадқиқоти ҳастаи ш. Дубнаи ФР, профессор, И.Сарҳадов - ходими пешбари илмии Институти муттаҳидаи тадқиқоти ҳастаи ш. Дубнаи ФР ва дигарон мебошанд. Ҳоло аз ҷумлаи дастпарварони бевоситаи факултет академикҳо А. Турсон, P.Маърупов, С.Одинаев, Ф.Раҳимӣ, узви вобастаи АИ ҶТ И.И.Исмоилов, Ҳ.Ҳ.Муминов, И.Ш.Норматов ва зиёда аз 30 нафар докторон - профессорон ва шумораи зиёди номзадҳо - дотсентон дар Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он фаъолияти пурсамари илмию тадқиқотӣ ва эҷодӣ доранд.  Хатмкардагоне чун, И.Б. Бобоҷонов (1956), С.Н. Каримов (1959), Р.М. Раҳимов (1959), Ф.Х. Ҳакимов (1959), М.И. Салоҳиддинов (1959), А.Турсон (1961), Ҳ.Р. Саидов (1963), С. Қодирӣ (1962), Я. Шукуров (1962), Ф. Нормуродов (1966), О. Олимов (1968), Б. Назаров (1973), У. Мадвалиев (1974), С.Ф. Абдуллоев (1980) ва дигарон дар доираҳои мухталифи ҷамъият маҳбубияти хосае доранд, ки ин ҳам маҳбубияти факултети физика мебошад.

Имрӯзҳо аз таъсиси факултет 50 сол сипарӣ мешавад ва садоарти факултет бо имконияте, ки дорад, мекӯшад, то дар тарбия намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат саҳмгузор бошад. 

 

Давлат СОЛИҲОВ,

д.и.ф.-м., декани факултети физика, 

Номвар ҚУРБОНОВ,

устоди факултети физика 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj