Дорбозӣ дар Наврўзгоҳ

Дар гузаштаҳо тоҷикон Наврўзро дар шаҳрҳои Осиёи Миёна беш аз 40 рўз ҷашн мегирифтанд. Ба гуфти устод Айнӣ дар Бухоро гоҳе беш аз 70 рўз идома дошт. Дар рўзҳои Наврўз дар наврўзгоҳ ҳунарҳо ва бозиҳои гуногуни мардумӣ намоиш дода мешуд, ки яке аз он дорбозӣ буд, ки он пас аз ҷашн низ идома ёфта, мардуми зиёд ба тамошоя меомаданд.

Дорбозӣ аз ду калимаи тоҷикӣ сохта шудааст: аввал, «дор» ба маънои дарахт, танаи дарахт; чўби ғафсе, ки бо он болои хонаро мепўшонанд, онро болор низ мегўянд; сутуни махсуси баландест, ки ба замин насб кардаанд ва дар он гунаҳкорони маҳкум ба маргро бо ресмон, ё чилбур аз гарданаш меовезанд; дор ба маънои хона ва ҳавлӣ ҳам омадааст. Вале доре, ки мо дар ин навишта дар назар дорем, аз чўбҳои баланд таҳия шуда, дар болои он дорбозон ҳунари худро намоиш медиҳанд; дуюм, «бозӣ» ба маънои саргармӣ, ҳила, фиреб, найранг, рақс, ҳаракат, ҷунбиш ва ғ. Вожаи дорбозӣ муродифҳои худро дорад: ресмонбозӣ, (расанбозӣ), бандбозӣ, ки ин калимаҳо низ форсии тоҷикӣ мебошанд.

Дар замонҳои пеш дорбозиро расанбозӣ мегуфтаанд, ки хеле машҳур будааст. Яъне расанро (ресмонро) ба ду чўб ва ё ду тарафи дарахт ва ҷойҳои дигар баста расанбозон ё дорбозон ҳунарнамоӣ мекардаанд. Аз ҷумла, дар матни паҳлавии «Хусрави Қубод ва Ридак» аз расанбозӣ ба шакли «расанвочак» ёд шудааст. Дар адабиёти классик вожаи расанбозӣ зиёд ба кор рафтааст. Аз ҷумла Низомӣ гуфтааст:

Анкабўте шудам зи таннозӣ,

В-он шаби омўхтани расанбозӣ. (Низомӣ).

Бар он фараз бе он ки андеша кард,

Расанбозии ҳиндувон пеша кард. (Низомӣ).

Воизи Кошифӣ дар «Футувватномаи султонӣ» ҳам аз расанбозӣ ва ҳам аз дорбозӣ ёдовар шуда, аз ҷумла, дар қисмати ҳаштуми асараш, ки онро «Дар шарҳи раснабозон» гуфтааст, чунин оварда: «Ва эшон бар сурат ва аҳли бозианд. Мадори кори эшон бар ҷуръат ва қувват аст, лоҷарам эшонро дар миёни аҳли зўр навиштем. Бидон, ки расанбозӣ кори азим аст ва аҳли ин кор бояд, ки мардуми покизарўзгор бошанд ва ба сифати покӣ ва ростӣ муттасиф». Кошифӣ расанро ба таври муфассал шарҳ дода мегўяд, ки «расани борик, ки бар чўбе ё деворе бастаанд, ишорат аст бар сироте, ки бар рўи дўзах кашидаанд. Ва дар аҳодис омадааст, ки он сирот аз мўй бориктар аст ва аз шамшер тезтар ва ҳама касро гузар бар он хоҳад буд».

Дар замонҳои пеш расанбозон дастони худро ба ду самт рост карда, ба мисли чўби лангар, мувозинати худро дар болои расани дор нигоҳ медоштанд. Кошифӣ дар ин бора гуфтааст: «Чунонки расанбоз бе мизон натавонад рафт ва агар чунончи, зоҳиран мизоне ба даст надорад, дастҳои вай мизон хоҳад буд. Чунончи мурғонро дар паридан болҳои эшон мизон аст».

Ба гуфти Кошифӣ расан дар замони Одам Сафиюллоҳ пайдо шуда ва раснбозӣ (дорбозӣ) аз Нуҳ пайғамбар боқӣ мондааст: «…вақте ки оламро туфон гирифта буд ва он ҳазрат бо муъминон дар киштӣ буданд. Чун муждаи наҷот расид, расане, ки дар бодбони киштӣ буд, Нуҳ алайҳиссалом даст дар он ҷо зад ва ба мили киштӣ баромад, то бубинад, ки об чи миқдор аст ва чи қадар рафта ва чи қадар монда ва замоне бар болои расан даранг кард ва аз ин тараф ба он тараф ҳаракат намуд. Ва гуфтанд Хоҷаи олам саллаллоҳу алайҳи ва саллам расанбозии анкабут, ки бар дари ғор метанид, тафарруҷ фармуданд ва аз он ҷо осори қудрат мушоҳида намуданд, ки ҷонваре бад-он заифиро чи ҳис дода, ки бад-он навъ корҳо кунад» (с.225).

Мушоҳидаи худро Кошифӣ чунин ҷамъбаст кардаст: «Агар пурсанд, ки расанбозӣ ба чӣ чиз тамом мешавад? Бигўй: Ба се чиз: аввал, ҳиммати ҳозирон; дуюм, дуои пешқадамон; сеюм, покии дил аз занги ширк ва исён».

Кошифӣ дар ҷойи дигари асараш ишорат бар он мекунад, ки «дорбозӣ ба кӣ мерасад?» ва худ посух медиҳад, ки ба Нуҳ ва ҳамчунин дар бораи маънии дорбозӣ нигоштааст: «маънӣ ин аст, ки мо аз ҳама чизҳо ростиро ихтиёр кардаему бардошта, чи дор шакли алиф дорад ва алифро далолат ба ростӣ бошад».

Дар манбаъҳо «бандбоз» ва «бандбозӣ» низ ба маънии расанбозӣ ва дорбозӣ омадааст. Деҳхудо бо истифода аз фарҳангномаҳои гуногун чунин нигоштааст: «Номи бозӣ аст, ки бозигарон чўбе дароз ва бузург истода карда танобҳо мебанданд ва бозигаре сабуи об пур карда бар он таноб медавад ва он бозиро ба истилоҳот бандбозӣ гўянд. Қисме аз бозӣ ва барҷаҳидагӣ бар рўи таноб. Амал ва шуғли бандбоз. Ресмонбозӣ, окрубосӣ (акрабатӣ), навъи намоиши варзишӣ, ки дар он шахс дар рўи банд амалиёти баданӣ анҷом диҳад ва ҳунарнамоӣ кунад. Бандбоз барои ҳифзи таодули худ рўи банд маъмулан чўбе дар даст мегирад. Дар бандбозӣ шахси дувум ба номи ёлончӣ (расанбози дигар – Р.Р.) вуҷуд дорад, ки дар саҳнаи замин зери банд адоҳои мазҳакӣ дароварад» (Деҳхудо, Ҷ.3. с.4356).

Кунун ҳамчу бозигарон гоҳи куштан,

Канад ҳимматашро ҳаме бандбозӣ. (Сўзанӣ)

Бо мурури замон ба ивази расанбозӣ ва бандбозӣ истилоҳи дорбозӣ машҳуртар гардид. Дорбозӣ дар болои «дор»-и баланд ҳунарнамоӣ кардан аст, ки ҳоло марбути ҳунари сирк аст. Дорбоз дар болои дор дар ҳар ҳолате ҷисми худро, бо чўби лангар дар мувозанат нигоҳ дошта, дар болои ресмон (ё расан) маҳорти худро нишон медиҳад.

Дорбозӣ тахминан ду то се ҳазор сол пеш дар яке аз кишварҳои шарқӣ дар асоси бозиҳои навҷавонон ва ҷавонон, ки аз болои ресмон паридану ҷаҳидан яке аз саргармии онҳо буд ба вуҷуд омадааст. Пажўҳандагон бар он ишорат менамоянд, ки шояд макони аслии дорбозӣ Ҳиндустон бошад. Шоири форсизабони Ҳиндустон Амир Хисрави Деҳлавӣ гоҳе дар ашъораш ба дорбозӣ ишорат намудааст:

Мухолифи ту, ки бо дор мекунад бозӣ,

Бе пеши фитнаи қадри ту дорбоз ояд.

Модоме ки вожаи дор, дорбоз, дорбозӣ форсии тоҷикӣ аст, ин ҳунари ҷолиб дар байни тоҷикон низ аз замонҳои қадим шуҳрат доштааст. Бидуни ҳеҷ шак дорбозӣ дар байни тоҷикони Осиёи Миёна густариш ёфта буд. Маҳз ба кор бурдани вожаи дорбозӣ бар он шаҳодат медиҳад, ки яке аз поягузорони дорбозӣ тоҷикон будаанд. Далели раднашаванда он аст, ки вожаи дорбоз ва дорбозӣ дар фарҳанги гуфторӣ ва навиштории тоҷикон роиҷ аст. Баъдан қавму миллатҳои дигари Осиёи Миёна ин вожаро истифда карда, дорбозиро равнақ бахшиданд.

Дорбозӣ дар Осиёи Миёна аз замонҳои пеш вуҷуд дошта, дар асрҳои миёна густариш ёфтааст. Дар он асрҳо дар аксари шаҳрҳои Осиёи Миёна тоҷикон зиндагӣ мекарданд ва забони давлатӣ низ форсии тоҷикӣ буд. Дорбозон низ бештар тоҷикон буданд.

Тибқи ишораҳои навишторӣ дар даврони Темуриён қариб дар аксари ҷашнҳо дорбозонро меовардаанд. Дар ин бора дар «Зафарнома»-и Шарофиддини Яздӣ ва рўзномаи сафири Испания Клавихо низ ишорат шудааст. Модоме ки дорбозӣ дар замони ҳукмронии Темуриён вуҷуд доштааст, ин маънии онро надорад, ки дорбозӣ ин ҳунари тоҷикӣ нест. Бидуни ҳеҷ шакку шубҳа дорбозчиёни он даврон бештар тоҷикон буданд. Баъдҳо тадриҷан дар байни мардуми турктабор, аз ҷумла ўзбекҳо низ густариш ёфт. Зимнан дар ин бора ба як масъалаи муҳим бояд ишорат кард, ки дар тўли беш аз ҳазор сол мардуми эронитабор ва турктабор дар минтақаҳои гуногуни Осиё Миёна дар канори якдигар зиндагӣ мекунанд. Дар ҳамаи кору фаъолиятҳои иҷтимоӣ шарик ҳастанд. Дар чунин ҳолат табиӣ аст, ки фарҳанги яке ба дигаре таъсир мерасонад ва яке аз дигаре меомўзад.

Аммо гоҳе дар воситаҳои ахбори хориҷӣ ишоратҳое ба назар мерасад, ки гўё дорбозӣ фақат ба як миллат марбут бошад. Ҳатто чунин навиштаанд, ки дар асрҳои гузашта (дар кадом асрҳо маълум нест) дорбозҳои ўзбек ба кишварҳои Ҳиндустон, Чин, Эрон, Афғонистон мерафтанд. Аввал, ин ишоратро дар асоси чӣ мегўянд маълум нест. Дигар, онҳо аз куҷо медонанд, ки он дорбозҳо ба кадом миллат тааллуқ доштанд?

То солҳои 80-и садаи бист ҳанўз дорбозҳои машҳури суннатӣ ва авлодӣ дар ҳар минтақа вуҷуд доштанд. Онҳо ба мисли собиқ шаҳр ба шаҳр, ноҳия ба ноҳия мегаштанд. Дар майдонҳои назди бозорҳо дори худро насб карда, ҳунарнамоӣ мекарданд. Бо таассуф ҳоло теъдоди дорбозҳои тоҷик, пас аз даргузашти насли калонсол, хеле кам мондаанд. Аммо аз рўи инсоф метавон гуфт, ки имрўзҳо дар Ўзбекситон дорбозӣ рушд ёфтааст. Дар кишварҳои дигари ҳамсоя Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон низ дорбозӣ вуҷуд дорад.

То солҳои 50-60 садаи бист дорбозҳо дар Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан будаанд. Аз пурсишҳо маълум шуд, ки дарбозӣ дар аксари шаҳрҳои Осиёи Миёна вуҷуд доштааст. Иҷрогари асосии онҳо тоҷикон будаанд. Тавре пирамардон ба мо гуфтанд, пас аз фавти дорбозчиёни пир ҷавонон ин касбро идома надоданд. Ҳамчунин аз сабаби заҳмати зиёд доштанаш, дорбозӣ кам шуд ва дорбозчиёни асосӣ ба сирки расмӣ роҳ ёфтаанд.

Пас аз он ки Осиёи Миёна таҳти таъсири Русия қарор гирифт, дорбозҳои Осиёи Миёна ба он кишвар низ сафар карданд. Дар солҳои 1771 ва 1785 ҳунарнамоии дорбозони Бухоро дар шаҳри Маскав сурат гирифтааст. Дар садаи 19 ва аввали 20 ҳунари дорбозӣ дар тамоми Осиёи Миёна густариш ёфта буд. Гурўҳҳои ҳунарии зиёд дар ҳар ҷо ҳунарнамоӣ мекарданд. Дорбозӣ дар водии Фарғона ва баъдтар шаҳри Тошканд рушд кард. Дорбозҳои минтақаҳои Бухоро, Самарқанд, Хуҷанд, Истаравшан заиф гаштанд. Дар нимаи аввали асри бист дорбозчиёни сайёр ҳар ҷо мерафтанду ҳунари худро намоиш медоданд, вале дар солҳои 70-90 суст шудан гирифт.

Яке аз гурўҳҳои машҳури хонаводагии дорбозон – Тошканбоевҳо (асосгузор Эгамбердиев Тошканбой, 1866-1963), ки дар Фарғона буданд бо мурури замон аз майдонҳои кушод ба саҳнаи сирк гузаштанд. Ҳоло дорбозон дорҳои калон ва ҳам дорҳои хурдро дар саҳнаи сирк месозанд ва дорҳои хурдро симдор мегўянд.

Мутаассифона, дорбозӣ дар Тоҷикистон дар ҳолати аз байн рафтан аст. Он дорбозҳои машҳур, ки дар гузаштаҳо буданд, ҳоло нестанд. Ҳатто чунин аст, ки пажўҳандагон дар бораи дорбозӣ кори майдонии ҷиддӣ нагузаронидаанд; оид ба шахсияти он дорбозоне, ки чанд даҳсола пеш дар Тоҷикистон ҳунарнамоӣ менамуданд, иттилои зарурӣ гирд наовардаанд. Мо намедонем, ки дар бойгониҳо маводе ҳаст ё не. Ба ҳар ҳол ҳанўз ҳам дер нашудааст, ки аз калонсолон дар бораи дорбозӣ мавод гирдоварӣ шавад ва нақлҳои онҳо роҷеъ ба дорбозӣ мавриди омўзиш қарор гирад. Агар чунин шавад аз ин тариқ метавон як ҷузъи фарҳанги миллиро, ки таърихи дуру дароз дорад, биомўзем.

Равшан Раҳмонӣ

профессор

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj