Ду тарзи дуруст ва нодурусти ифода дар ҷумла

Худ қазоват кунед, ки кадом тарзи ифода мутобиқи тарзи табиии баёни матлаб ва қобили қабул аст ва кадом тарзи ифодаи фикр сунъӣва ба табиати забони тоҷикӣбегона ва қобили қабул нест:
П е ш о я н д и  бо (дар) назардошти:
Хизматҳои Тоҷиддин Имомалиевро ба назар гирифтасоли 1963 ба ўунвони Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣдоданд (А.Баҳорӣ).
Бо дарназардоштихизматҳои Тоҷидин Имомалиевсоли 1963 ба ўунвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣдоданд.
Муаллим... савияи талабагонро ба эътибор гирифта ба онҳо доир ба ҷумлаи пайрави пуркунанда баъзе маълумотҳои (? маълумоти) иловагӣниз дода метавонад (Мактаби советӣ– 1959 -- №1 -- С.37).
Муаллим... бо дарназардоштисавияи талабагон ба онҳо доир ба ҷумлаи пайрави пуркунанда баъзе маълумоти иловагӣниз дода метавонад;
П а й в а н д а к и  бо (дар)назардошти он (ин) ки:
Бо назардошти он ки ин иқдоми якдафъаина набуда, лоиҳаи дарозмуддат аст,... дурнамои лото-варзиш қобили қабул буда (? шуда) метавонад (“Чархи гардун”, 20.05.2009).
Азбаски ин иқдоми якдафъаина набуда, лоиҳаи дарозмуддат аст,... дурнамои лото-варзиш қобили қабул шуда метавонад;
П е ш о я н д и  новобвста аз (ба):
Муносибат бо Русия барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Аммо новобаста азин бояд дипломатҳои кишвар талош мекарданд, то ҳадди ақал имтиёзҳое... ноил мегаштанд  // Аммо новобвста аз ин ки... (? бо вуҷуди ин ки...) (“Озодагон”, 2.10.2013).
Муносибат бо Русия барои Тоҷикистон хеле муҳим аст. Аммо бо вуҷудиинбояд дипломатҳои кишвар талош мекарданд, ки ҳадди ақал ба имтиёзҳо ноил мегаштанд.
П а й в а н д а к и  новобаста аз (ба) он (ин) ки:.
Новобаста аз он ки Темур Қулибоев дар ҳукумат кор намекард ва ҳокими вилояте набуд, дорои таҷрибаи бойи менеҷменти давлатию сиёсӣмебошад (“Дунё”,4.08.2011).
АгарчиТемур Қулибоев дар ҳукумат кор намекард ва ҳокими вилояте набуд, дорои таҷрибаи бойи менеҷменти далатию сиёсӣмебошад.
Новобаста аз он киман чӣқадар шикваю шикоят мекунам, ин мардак оромона ба рўзномахонӣсар мекунад (“Ҳамроз”).
Бо вуҷуди ин киман чӣқадар шикваю шикоят мекардам, ин мардак оромона ба рўзномахонӣсар меунад;
П е ш о я н д и  нигоҳ накарда ба:
Ўхуд имрўз модари панҷфарзанд аст ванигоҳ накапрда баҳама гиру дорҳои зиндагӣҳам дар саҳнаи ҳаёти воқеӣва ҳам (дар) саҳнаи театр бо саъю талош, бо завқи комил пайи ба даст овардани муваффақиятҳо равона аст (“Ҷилои ҳунар”, 22.01.2014).
Ў...бо вуҷудиҳама гирудорҳои зиндагӣ... бо саъю талош пайи ба даст овардани муваффақиятҳо равона аст.
П а й в а н д а к и  ба он (ин) нигоҳ накарда ки; нигоҳ накарда ба он (ин) ки:
Ба он нигоҳ накарда кикўдак дар оилаи одӣтарбият меёбад,қобилиятҳои донишомўзии ўолиҷанобанд (“Оила”).
Бо вуҷуди он кикўдак дар оилаи одӣтарбия меёбад, қобилиятҳои донишомўзии ўхуб аст.
Нигоҳ накарда,(?) ба он кидар ҳаёт банда кўшидам, ки нумўи гулҳои зиндагии худро ба таври дуруст ба роҳ монам,... аммо ин нуқоти фаврӣ... таъсири бевоситаи худро гузоштааст (“Фараж”, 3.03.2010).
Ҳарчандбанда кўшидам, ки ин нумуи гулҳои зиндагии худро ба таври дуруст ба роҳ монам, аммо ин нуқоти фаврӣ...таъсири бевосита гузошта аст.
Пешоянди бо дарназардошти (бо назардошти) ва пайвандаки тобеъкунандаи бо дарназардошти (бо назардошти) ин (он) ки бо таъсири тарҷумаи таҳтуллафзии пешоянду пайвандаки русии с учётом, с учётом того, что ба вуҷуд омадааст. Чунин воситаҳои грамматикии алоқа таърихан дар забониамон вуҷуд надоштанд ва дар гуфтори мардум ҳам набуданду имрўз ҳам қобили қабул нестанд. Сохтори наҳвии забони тоҷикӣаслан ба ин қабил воситаҳои грамматикии сунъии ҷумлабандӣэҳтиёҷнадорад, онҳо тарзи табиии ифодаи фикр ва ҳусни баёни тоҷикиро халалдор намуда, забони адабии имрўзаамонро аз асолати ҳазорсолаи худ ва қаробати таърихияш бо форсию дарӣдур меандозанд.
 Б.Камолиддинов,
доктори илмҳои филологӣ, профессор

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj