Забони тоҷикӣ дар байни забонҳои дунё

(Дар ҳошияи китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат – ҳастии миллат»)
Имрўз забони тоҷикӣба ҳайси забони миллӣва давлатӣдар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.
Эмомалӣ Раҳмон
         Пешвои миллат ва забони тоҷикӣ
Пешвои миллат дар китоби «Забони миллат – ҳастии миллат» дар бораи гузашта ва имрўзи забон суханҳои нек гуфтаанд. Дар оѓози сухан воқеъбинона гуфта шудааст: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».
Забони тоҷикӣ марбути гурўҳи эронии хонаводаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буда, таърихи тўлониро тай намудааст, ки дар китоби Пешвои миллат дар ин бора ба таври муфассал изҳори назар шудааст. Пешвои миллат ба решаҳои забон, ки нишонаҳои он дар китобҳои арзишманди «Авесто» ва «Ведо» инъикос ёфтааст таваҷҷуҳ намудаанд. Хеле хуб ва муҳим аст, ки дар рисола баъзе вожаҳои бостонӣ бо вожаҳои забони тоҷикии имрўз ба таври муқоисавӣ пажўҳиш гардида, пайванди забони имрўз бо гузашта нишон дода шудааст. Дар ин асар таъкид шудааст, ки ниёгони мо маҳз ба воситаи ҳамин забон осори гаронбаҳоеро барои мо ба мерос гузоштаанд. Онҳо барои рушди забон фидокориҳое намудаанд. Инро мо аз замони пеш аз мелод аз давраи Ҳахоманишиён мебинем, ки ин забонро дар баробари забонҳои неруманд ба кор мебурданд. Маҳз онҳо забон ва алфбои худро бо номи ориёӣ маъруф  намуданд. Баъдтар, пас аз юнониён давлати ориёитабори Кўшониён низ забони ориёиро дар тамоми қаламрави хеш густариш доданд. Шоҳи Кўшониён бо номи Канишка навиштаҳои худро ориёӣ гуфтааст.
Пас аз истилои араб бошад, дар давраи Тоҳирён, Саффориён, ба хусус дар замони Сомониёни миллатдўсту фарҳангпарвар, ба забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) таваҷҷуҳи махсус дода мешуд. Дар ин ҷо ба як нукта ишора менамоем, ки вожаҳои тоҷикӣ = форсӣ = дарӣ дар даҳсолаҳои охир ҳамчун муродифи ҳамдигар ба кор мераванд. Маълум аст, ки дар тўли таърихи дуру дароз, дар натиҷаи муҳоҷирати қавму қабилаҳо забон густариш ёфта, аз як забон боз чандин забони дигар пайдо шудааст, ё забон аз байн рафтааст. Ҳамин буд, ки бархе аз забонҳои гурўҳи эронии қадим ба монанди ориёӣ, авестоӣ, бохтарӣ, паҳлавӣ, суѓдӣ, хоразмӣ ва ѓайра бо мурури замон аз байн рафтаанд. Вале хушбахтона дар тўли беш аз ҳазор сол то ба имрўз барои забони форсии тоҷикии дарӣ, ки идомаи он забонҳост, ин ҳолат рух надодааст. Балки дар давоми беш аз ҳазор сол пойдор мондааст. Яъне забони форсии дарии тоҷикӣ ҳанўз аз ҳамдигар ҷудо нашудаанд. Балки дар садаи бисту як ба ҳамдагр назидик шудани онҳо ба назар мерасад.
Агарчи дар замони муосир нисбат ба забони тоҷикӣ (форсии дарӣ) се истилоҳ ба кор меравад, ин маънии онро надорад, ки онҳо се забонанд. Тамоми форсизабони фаҳангпарвар, ки дар тамоми гўшаву канори дунё зиндагонӣ мекунанд, ин се номро бояд азиз доранд ва онро аз якдигар ҷудо нашуморанд. Чунки имрўз дар арсаи сиёсати дунё ин се вожае, ки як маънӣ дорад барои се кишвари мустақил ба кор меравад. Дар ин ҷо чун далели мантиқӣ метавон чанд сатре аз ҳамон шеъри машҳури шоири хушбаёну ширинкаломи тоҷик устод Муъмин Қаноат биоварем:
Форсӣ гўӣ, дарӣ гўӣ варо,
Ҳар чӣ мегўӣ, бигў.
Лафзи шеъру дилбарӣ гўи варо,
Ҳар чӣ мегўӣ, бигў.
Баҳри ман танҳо забони модарист,
Ҳамчу шири модар аст.
Ба таъкиди Пешвои миллат забони мо дар тўли таърих ҳамеша пайвандгар ва ваҳдатофарини тамоми мардумони эронитабор ва ҳатто қавмҳои дигар будааст. Дар ин забон аз замони Сомониён то имрўз дар тамоми бахшҳои улуми иҷтимоӣ ва дақиқ осори зиёде таълиф шудааст.
Пешвои миллат  дар китоби худ «Забони миллат – ҳастии миллат» ба таври пайдарпай решаҳои гузашта, таҳаввул ва ба мушкилиҳо дучор шудани забонро дар партави таърих мавриди баррасӣ қарор додаанд. Дар китоб роҷеъ ба пайдоиши тоҷикон ва забони онҳо дар асоси манбеи илмӣ изҳори назар гардида, ҳамзамон,ба ҳудуди густариши он низ ишорат шудааст. Дар раванди суханони худ Пешвои миллат ба навиштаҳои пажўҳандагони шарқию ѓарбӣ такя намуда, ҳар гуфтаи худро бо далелҳои илмӣ асоснок намудаанд.
Барои дарки бештари моҳияти забон дар китоби мазкур дар бораи рушди фарҳанг, адаб фаъолияти илмию адабии шахсиятҳои маъруфи садаҳои ҳашт ва баъд мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст. Аз таҳлилҳо маълум мешавад, ки забони тоҷикии форсии дарӣ дар тамоми соҳаҳо истилоҳоти зиёди илмиро ба вуҷуд овардааст. Аз ин рў, таъкид шудааст, ки забон бояд сарчашмаи муҳим барои омўзиши фарҳанг, таърих, адаб ва дигар соҳаҳои илм бошад.
Вожаи «тоҷик» дар сарчашмаҳои таърихӣ беш аз ду ҳазор сол аст, ки дида мешавад. Аммо истилоҳи илмии «забони тоҷикӣ» дар садаи бист ба вуҷуд омада, дар давраи Истиқлолият ҷойгоҳи худро ёфт ва бо номи Тоҷикистон вобастагии ногусастанӣ пайдо карда, забони расмии он гардид. Имрўзҳо дар арсаи ҷаҳон забони тоҷикӣ ҷойгоҳи сиёсӣ ва фарҳангии худро дарёфт. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Забони миллӣ ва ҳамзамон ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Забони миллӣ яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдорӣ ва таҳкими давлати миллӣ мақом ва нақши муҳим дорад ва ба ҳамин далел забони миллат бунёд ва пояи давлат маҳсуб мешавад».
Решаи ягона доштани забонҳои дунё ва забони тоҷикӣ
 Агар шахс донишпарвару фарҳангдўст бошад ба пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии ҷомеа таъсири арзанда мегузорад. Аз ин рў, мо бояд сабақҳои таърихи ниёгони худро, аз ҷумла Сомониёнро, пеш аз ҳама, барои баланд бурдани сифати ақлонии шахси ояндасози донишпарвар равона созем, то дар канори миллатҳои пешрафтаи дунёи муосир қарор бигирем. Фақат ба воситаи забон мо метавонем ба ин кор сазовор гардем.
Ҳоло ҷаҳонӣ шудани забону фарҳангҳои кишварҳо шурўъ шудааст, ки дар ин самт нақши воситаҳои техникӣ зиёд аст. Ба гуфти Саъдии бузургвор тамоми башар ба самти «бани одам аъзои якдигаранд» равон аст. Ҳоло он тасаввуроте, ки бани одам дар асл аз як реша будааст ва шояд забони ягона ҳам доштааст, мавриди таҳқиқу таҳлили пажўҳандагони илмҳои гуногун қарор гирифтааст. Модоме, ки ҳамин тавр аст, пас, оё инсон дар гузашта соҳиби забони ягона будааст?
         Бале, имрўзҳо бо далелҳои илмӣ забоншиносон Ҷозеф Гринберг, Меррит Рулен, Виталий Викторович Шеворошкин, Сергей Анатолевич Старостин, Квентин Аткинсон, Танмой Бхаттачаря, Ҳуҷҷати Асадоиён ва дигарон дар кишварҳои гуногуни олам, пас аз баррасиҳои тўлонӣ, тахмин мекунанд, ки ҳамаи забонҳои дунё решаи ягона доштаанд. Ба гуфти муҳаққиқон ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) башарро боз ба ин самт равон намудааст. Аз ин рў, яке аз масълаҳои ҷиддии муосир бо суръат аз байн рафтани забонҳои зинда аст. Ҳар забоне, ки дар ин ҷаҳонишавӣ муқовимат карда наметавонад, аз байн меравад. Забон, ки аз байн рафт, миллату кишвар низ пойдор намемонад. Пешвои миллат  дар Паёми телевизионӣ ба муносибати рўзи забон, 4-октябри соли 2016, бори дигар дар ин бора ёдовар шуда, гуфтанд: «Тавре таъкид карда будам, «забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣаз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».
Пас, агар мо хоҳиши дар канори забонҳои дигари дунё пойдор мондани забони тоҷикиро дошта бошем, бояд талош намоем, ки он дар ҳамаи арсаҳои ҷомеа, аз ҷумла риштаҳои гуногуни илм, ба таври ҷиддӣ фаъол бошад, ки ин дар дасти худи мост.
         Ҷойгоҳи забони тоҷикӣ дар байни забонҳои дунё
         Забоншиносони ҷаҳон ва ҳамчунин расонаҳои ахбор (ба хусус дар интернет) ёдовар мешаванд, ки дар ҷаҳон аз 6 то 7 ҳазор забон мавҷуд аст. Гоҳе ададашро камтар нишон медиҳанд, ки теъдоди аслӣ дақиқан маълум нест. Даҳ забоне, ки бо он аксари мардумони олам гап мезананд, инҳоянд:
 

Чинӣ (гўиши мандаринӣ)

1, 075, 000, 000

Англисӣ

514, 000, 000

Испанӣ

425, 000, 000

Русӣ

275, 000, 000

Арабӣ

256, 000, 000

Бенгалӣ

215, 000, 000

Португалӣ

194, 000, 000

Малайӣ-индонезӣ

176, 000, 000

Франсузӣ

129, 000, 000

 
         Пажўҳандагон ёдовар шудаанд, ки дар соли 1996 дар ШМА шахсе бо номи Туча вафот кард. Ў охирин шахсе буд, ки забони «катоуба»-и индейсҳои қабилаи Сиу-ро медонист. Пеш аз маргаш намунаи нутқ ва сурудҳои маросимии забони ўро Институти Смитсонов сабт карда, бо ин барои илм хидматҳои арзандае кардааст. Бо таассуф, забон низ бо охирин намояндаи худ ана ҳамин тавр номаълум мемурад. Ба гуфти олимон пас аз 100 сол аз 3000 то 6000 забон аз байн меравад. Пажўҳандагон ёдовар мешаванд, ки барои зинда мондани забон ба он бояд беш аз 100 ҳазор кас гап занад. Мегўянд, ки дар замони мо бештар аз 400 забон дар ҳолати аз байн рафтан аст. Аз ҷумла ин забонҳо:
 

Африқо

Забони бикиа

1 нафар гап мезанад

Африқо

Забони гоундо

30 нафар гап мезананд

Африқо

Забони элмоло

8 нафар гап мезананд

Америкаи ҷанубӣ

Забони техулче
 

Қариб 30 нафар гап мезананд

Америкаи ҷанубӣ

Забони итонама

Қариб 100 нафар гап мезананд

Америкаи шимолӣ

Забони кагуила

35 нафар гап мезананд

Америкаи шимолӣ

Забони чинук

12 нафар гап мезананд

Америкаи шимолӣ

Забони канса

19 нафар гап мезананд

Русия

Забони керек

2 нафар гап мезананд

Русия

Забони удэге

100 нафар гап мезананд

Австралия

Забони алауа

Қариб 20 нафар гап мезананд

        
         Хушбахтона, тибқи охирин иттилооти омори ҷаҳонӣ, ки дар интернет низ нашр шудааст, забони форсӣ, ки тоҷикии дарӣ муродифи он аст, яке аз 23 забони асосии дунёст, ки моро зарур аст барои пойдории он талоши бештар намоем.
Дар асоси нашри 17-уми донишномаи «Мардумшиносӣ: Забонҳои ҷаҳон» («Ethnologue: LanguagesoftheWorld»), моҳи марти 2016, дар интернет ҷадвале нашр шуд. Дар асоси омори ин ҷадвал маълум шуд, ки дар дунё бо 23 забон, беш аз 60 миллион нафар гап мезадаанд ва забони форсӣ яке аз онҳо будааст:
 

Номи забонҳо

Теъдоди
сухангўён

Кишварҳои
Асосӣ

Теъдоди
кишварҳое,
ки гап мезананд

1

Чинӣ

1 302 000 000

Чин

35

2

Испанӣ

427 000 000

Испания

31

3

Англисӣ

339 000 000

Британияи Кабир

106

4

Арабӣ

267 000 000

Миср

58

5

Ҳиндӣ

260 000 000

Ҳиндустон

4

6

Португалӣ

202 000 000

Бразиля

12

7

Банголӣ

189 000 000

Бангладеш

4

8

Русӣ

171 000 000

Русия

17

9

Японӣ

128 000 000

Япония

2

10

Лаҳнда (Панҷоби ѓарбӣ)

117 000 000

Покистон

8

11

Яванӣ

84 300 000

Индонезия

3

12

Кореягӣ

77 300 000

Корея

7

13

Олмонӣ

76 900 000

Олмон

26

14

Фронсавӣ

75 900 000

Франсия

53

15

Телугу

74 200 000

Ҳиндустон

2

16

Мратҳӣ

71 800 000

Ҳиндустон

1

17

Туркӣ

71 400 000

Туркия

8

18

Урду

68 600 000

Покистон

6

19

Ветнамӣ

68 000 000

Ветнам

3

20

Тамилӣ

67 800 000

Ҳиндустон

7

21

Италиявӣ

63 400 000

Италия

13

22

Форсӣ

60 600 000

Эрон

30

23

Малайӣ

60 600 000

Малайзии

1

 
Дар донишномаи мазкур фақат он касоне, ки дар тамоми дунё забони худро форсӣ мегўянд, оварда шудааст. Дар ин донишнома забони тоҷикӣ ва дарӣ гўё забонҳои мустақил ҳастанд. Агар ба ин омор тамоми форсизабонони дунё илова гардад, ки тибқи тахминҳои мантиқӣ беш аз 100 миллион ҳастанд, он гоҳ забони форсии дарии тоҷикӣ ба ҷои 11-ум мебарояд. Мо бояд талош намоем, ки ҳар чи зудтар тамоми истилоҳоти умури сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, пизишкӣ, улуми дақиқ ва амсоли ин баҳри пойдории забони форсии дарии тоҷикӣ ба якдигар наздик шаванд. Албатта, ин кор ба забони тоҷикӣ то ҳадде шурўъ шудааст, вале амалӣ намудани он суст аст.
         Забони илм бояд тоҷикӣ бошад.
Ҳоло рисолаҳо илмӣ ба забони русӣ дифоъ мешаванд. Акнун замоне расидааст, ки роҳҳои ҳалли ба забони тоҷикӣ навиштан ва дифоъ намудани асарҳои илмӣ пайдо гардад. Мо медонем, ки амалӣ намудани ин кор мушкил аст, вале бояд шурўъ кард. Ҳар чи зудтар шурўъ намоем, ҳамон қадар қадамҳои ҷиддӣ ба пеш мегузорем. Ҳар чи дертар оѓоз намоем дар канори рушди технологияи имрўз ва инкишофи забонҳои дигари олам қафо мемонем. Мо хоҳем, нахоҳем дар оѓози садаи ХХ1 пешрафтҳои воситаҳои техникӣ, мусобиқаи фарҳангӣ ва илмӣ, ки он фақат тавассути забон сурат мегирад, дар авҷи баланд расидааст. Чи тавре Пешвои миллат гуфтаанд: «Рўзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣдар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳар чи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ѓановати мунтазами таркиби луѓавии он, ҳамчунин, ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣаҳлона талош намоем».
Яке аз масъалаи бисёр муҳим барои рушди бештар ва пойдор мондани забон, ин тамоми рисолаҳои илмиро ба забони тоҷикӣ навиштан аст. Пешвои миллат борҳо дар суханрониҳои хеш ба ин масъала ишораҳо кардаанд. Эшон таъкид намудаанд, ки коргузории тамоми бахшҳои илм бояд ба забони тоҷикӣ бошад. Барои дар амал татбиқ намудани ин суханони Ҷаноби Олӣ дастандаркорони миллат бояд камари ҳиммат банданд. Дар зудтарин фурсат ба забони тоҷикӣ навиштани рисолаҳои илмиро дар ҳамаи бахшҳои илм ба инобат гиранд. Суханони ҷиддӣ ва қотеонаи Пешвои миллатро фаромўш накунанд: «Забони тоҷикӣ ҳамон вақт дар мақоми забони илму фарҳанг қарор мегирад, ки агар бо ин забон истилоҳоти илмӣ, аз ҷумла сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад».
         Хеле хуб гуфта шудааст, ки «бо ин забон истилоҳи илмӣ», «сабки нигориши илми муосир ба вуҷуд оварда шавад». Бо таассуф, ҳанўз ҳам ба таври пурра ин масъала ҳалли худро пайдо накардааст. Дар давоми суханони худ эшон боз ҳам ёдовар шуда, пурсамар намудани фаъолияти сохторҳои давлатиро, ки корашон ба забон вобаста аст, таъкид намуда буданд: «Барои ба тамоми арсаҳои илм ворид гардидани забони давлатӣ тадбирҳои зиёдро бояд амалӣ кард. Дар ин бобат, пеш аз ҳама, бояд фаъолияти сохторҳои давлатие, ки ба татбиқи сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба забон машѓуланд, хеле пурсамар карда шавад».
         Пешвои миллат ин гуна суханонҳоро борҳо гуфтаанд. Вале онҳо то имрўз пурра амалӣ нашудаанд. Баъзеҳо мегўянд, ки илми мо тавассути забони дигар ба берун мебарояд ва ё кадр намерасад. Имрўзҳо дар кишварҳои гуногуни дунё дар ҳамаи соҳаҳо тоҷикон таълим мегиранд, онҳо ҳамчун неруи ақлонӣ бояд барои пешрафти кишвари худамон Тоҷикистон истифода шаванд.
Барои он ки забон пойдор бимонад, бояд масъалаҳои рушди минбаъдаи забони тоҷикӣ бо ҳамкории олимони тамоми соҳаҳои кишварҳои ҳамзабон (Эрону Афѓонистон) сурат бигирад. Ба таъкиди Пешвои миллат ба хусус олимони забон ва адабиёт дар як маркази илмии муҳим муттаҳид шаванд: «Истифодаи фарогири забони тоҷикӣ дар мақоми забони давлатӣ, ба хусус дар соҳаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангии кишвар, ҳамчунин, робитаҳои байналмилалӣ бо кишварҳои ҳамзабон ва дигар давлатҳои хориҷӣ зарурати таҳқиқи ҳамаҷонибаи илмӣ ва амалии онро дар як маркази мўътабари илмии академӣ ба миён меорад. Танҳо чунин марказ метавонад дар асоси маводи муътабари забонӣ ва ганҷинаи осори гузаштаву имрўза аз роҳи таҳлилу ташхиси истилоҳоти муосир дар шароити рушди рўзафзуни илму техника ва технологияи навин дар татбиқи сиёсати давлатии забон нақши муҳим ва асосӣ иҷро намояд».
         Дар айни замон, барои зудтар амалӣ шудани ин гуфтаҳои Пешвои миллат Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти ҶТ-ро дастгирӣ бояд кард, ки рисолаҳо дар ҳамаи соҳаҳо ба забони тоҷикӣ дифоъ шаванд. Албатта, ин кор осон нест, вале роҳи ҳалли онро бояд пайдо кард.
Пешвои миллат дар робита ба таъсис додани Комиссия олии аттестатсионӣ гуфта буданд:“Таъсиси Комиссияи олии аттестатсионӣ имконият медиҳад, ки мушкилоти зиёди шаҳрвандон дар бобати омода кардани рисолаҳои илмӣ ба забони давлатӣ ва ҳимояи онҳо дар дохили кишвар осон гардида, ҳамзамон бо ин, эҳтиёҷоти иқтисоди кишвар ба кадрҳои муосири илмӣ дар доираи низоми байналмилалӣ таъмин гардонида шавад.Ин иқдом метавонад барои таҳкими истиқлолияти илмии мамлакат мусоидат намояд”.
         Ба таъкиди Пешвои миллат зиёиёни пешқадам дар канор нашинанд, барои ободии ин ё он соҳае, ки худашон дар он самт кор мекунанд, бояд талош варзанд. Роҳу равиши иҷрои амали некро пайдо карда, барои иҷрои он кўшиш намоянд. Дар айни замон масъулон низ зуд барои ҳалли масъала шароит муҳайё намоянд. Барои он ки забони илм зудтар тоҷикӣ шавад, Сарвари кишвар гуфта буданд, ки масъулон бояд аз паи супоришҳо шаванд: «Барои дар мақоми забони илм қарор додани забони тоҷикӣ бояд, пеш аз ҳама, ба низоми таҳсилоти миёна ва олӣ такя карда шавад. Зеро соҳаи мазкур асоси рушди забони адабӣ ва ҳамзамон забони илм мебошад».
         Имрўзҳо дар ҳамаи соҳаҳо ҳатто риштаҳои забон ва адабиёт низ рисолаҳо ба забони русӣ дифоъ мешаванд. Модоме, ки забон дар ин самт фаъол нест, пас, чи гуна истилоҳоти илмии риштаҳои дигарро ба вуҷуд меорем? Яъне, як бахши забон  дар рушди илм, дар кишвари мо нофаъол мемонад.
         Умед дорем, ки дар зудтарин фурсат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ (барои дар тамоми ришатаҳо ба забони тоҷикӣ навишатни рисолаҳои илмӣ) ёрии худро дареѓ намедорад ва иҷрои гуфтаҳои Президенти муҳтарамро зери назорати масъулини худ қарор медиҳад. Барои дар амал татбиқ намудани гуфтаҳои Пешвои миллат чанд пешниҳод дорем:
1.  Пас аз истиқлолияти Тоҷикистон аз кишварҳои ҳамзабони мо дар риштаҳои забон, адабиёт ва фолклор унвонҷўёни зиёде ба забони форсии тоҷикӣ (бо алифбои арабиасос) рисолаҳои илмӣ дифоъ карда, сазовори мадраки илмӣ гардиданд. Агар чунин рисолаҳои илмӣ дар илмҳои дақиқ ба забони тоҷикӣ дифоъ шаванд, он гоҳ барои мустаҳкам намудани забонамон ҳиссае гузошта мешавад.
2. Баъзе аз пажўҳандагон мегўянд, ки агар мо дар риштаҳои улуми дақиқ ба забони тоҷикӣ рисола нависем дар арсаи байналмилалӣ бо натиҷаи кори мо ошно намешаванд. Не, ин тавр нест. Агар асари илмӣ пухта ва арзанда бошад, он тавассути забони тоҷикӣ низ дар арсаи байналмилалӣ мебарояд. Зарур бошад, тарҷума мешавад. Ҳоло садҳо ҷавонони мо дар риштаҳои гуногуни илм дар кишварҳои хориҷӣ маҳз тавассути забони тоҷикӣ ҷойгоҳи худро пайдо кардаанд. Нуктаи дигар ин аст, ки метавон авотрефератҳои рисолаҳои илмӣ ба забон русӣ ва англисӣ таълиф шаванд.
3. Баъзеҳо мегўянд, ки: «дипломи Русия эътибори баланд дорад, дар Ѓарб дипломи моро намепазиранд». Ин суханро дар асоси кадом санади ҳуқуқӣ мегўянд, маълум нест. Пазируфтани ҳар мадрак тибқи қонун ва санадҳои меъёрии ҳамон кишвар амалӣ карда мешавад. Чунин қоида дар кишвари мо низ ҳаст. Масалан, пеш аз он ки хориҷиён ба давраи аспирантура ба донишгоҳҳои мо ворид шаванд, тибқи қонунҳои мавҷуд мадраки онҳоро Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз назар гузаронида ба онҳо мадрак медиҳад. Баъдан онҳо таҳисли худро идома медиҳанд. Ҳоло кишварҳои аврупоӣ кўшиш доранд, ки низоми таълими худро ба якдигар наздик созанд ва мувофиқи қарори ҷараёни Балония мадорики якдигарро бипазиранд.
4. Ахиран филмҳо, сурудҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо бо гўиши тоҷикӣ аз тариқи телевизиони кишварҳои ҳамзабон ва баръакс аз телевизиони Тоҷикистон пахш мешаванд, ки хеле хуб аст. Ин корҳо забонро мустаҳкамтар месозад. Дар кишвари Эрон ҳазорон асарҳои бадеӣ ва илмӣ дар тамоми риштаҳо аз забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума мешаванд, ки агар мо дар Тоҷикистон аз онҳо истифода кунем, бо истилоҳоти зиёд ошно мешавем. Ҳамчунин, он дастовардҳои илмии забони тоҷикиро, ки пешкаши ҳамзабонони худ намоем, ҳамоҳангиҳои бештар барои истифодаи истилоҳоти илмӣ ва рушди забони муштарки мо ба вуҷуд хоҳад омад. Ин корҳо барои наздик шудани гўишҳои забони ин се кишвар мусоидат мекунад ва забони моро дар арсаи байналмилалӣ пойдор месозад. Аз ин тариқ забони форсии дарии тоҷикӣ ҳамон асолати худро, ки дар тўли беш аз ҳазор сол дошт, неруманд менамояд. Фақат талошу заҳмату иттиҳод метавонад дар даҳсолаҳои наздик забони форсии тоҷикии дариро ба яке аз 10-15 забони маъмултарини дунё табдил созад.
5. Тавре  мебинем муассисаҳо ва ширкатҳои кишварҳои хориҷӣ, ки дар кишвари мо фаъолият доранд кўшиш менамоянд, ки забони моро дар ҳамаи соҳаҳо истифода баранд. Ҳоло сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ бо муҳаббат забони тоҷикиро меомўзанд, ки ин хеле муҳим аст. Касе, ки забони худро дўст медорад, ба забони дигарон низ эҳтиром дорад. Аз ин рў, ба онҳо барои омўхтани забон ва таҳияи дастурҳои таълимӣ бояд ёрӣ расонд.
6. Фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, таърихи гуфторӣ илмҳое ҳастанд, ки имрўзҳо дар тамоми дунё ба он таваҷҷуҳ менамоянд. Аз тариқи ин илмҳо ҳам суннатҳои мардумиро аз ҳар нигоҳ мавриди омўзиш ва пажўҳиш қарор медиҳанд, ҳам нишонаҳои нодир ва муҳими оинҳо, ҳунарҳо, гуфтаҳои мардумро, ки дар хотираҳо аз замонҳо қадим то имрўз расидааст, барои мавриди баррасӣ қарор додан гирд меоваранд. Ҳоло дар тамоми кишварҳои дунё мувофиқи қарори ЮНЕСКО ба масъалаи омўзиши фолклор, анъанаҳои мардумӣ, маросимҳо, таърихи гуфторӣ, яъне ба мероси ѓайримоддӣ, аҳамият медиҳанд. Ҳамаи ин ба воситаи забон аз насл ба насл мегузарад ва ба восистаи забон гуфта мешавад, ё иҷро мегардад. Барои омўзиши ин корҳо дар донишгоҳҳои кишварҳои собиқ Шўравӣ кафедраи фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва таърихи гуфторӣ ҳаст. Онҳо ҳам барои муассисаҳои илмӣ, фарҳангӣ, шуъбаҳои фарҳанги ноҳияҳо, донишгоҳҳо кадрҳо омода менамоянд. Аз ҳама муҳим ҳар падидаи нави дар зиндагӣ ба вуҷуд омадаро низ гирдоварӣ намуда, мавриди баррасии илмӣ қарор медиҳанд ва барои давлат низ ёрӣ мерасонанд. Вале дар кишвари мо то ҳол кафедраи таълимие нест, ки ин корҳоро созмон диҳад. Кафедраи фолклор, мардумшиносӣ, таърихи шифоҳӣ барои кишвари мо лозим аст.
Хулоса ба як нуктаи дигар низ ишорат кардан мехоҳам, ки он шахсоне, ки дар домани забон ва фарҳанги бегона парвариш ёфтаанд ва ба забони дигар меандешанд, табиист, ки он забонро тарафдорӣ менамоянд. Инро дар байни равшанфикрони тоҷик низ метавон дид. Гумон мебаранд, ки тамоми пешрафтҳои дунё маҳз бо он забонест, ки онҳо дар парвариши он буданд. Аз ин рў, онҳо тарафдори забони бегона ҳастанд. Ва ҳоло ки дар кишварҳои бомаърифату бофарҳанг ин тавр нест. Онҳо барои он ки забони худро аз балоҳо нигоҳ доранд, талош меварзанд. Мисоли барҷастаи ин мардуми кишварҳои Назди Балтик (Латвия, Литвия, Эстония) аст, ки эшон дар тамоми риштаҳои илмӣ аз забони худ истифода мебаранд ва муваффақ ҳам ҳастанд. Пас, чаро мо, ки теъдоди аҳолиамон нисбат ба онҳо зиёд аст ва забонамон ба гуфти академик И.М.Стеблин-Каменсикий дар тўли бештар аз ҳазор сол ба мардуми се кишври форсизабон (Тоҷикистон, Афѓонистон ва Эрон) комилан фаҳмост, онро рушд надиҳем?
Ба такрор метавон гуфт, ки агар кас забони модарии худро хуб донад ва ба он муҳаббат дошта бошад, ҳатман, забонҳои дигарро аз сидқи дил эҳтиром мекунад, ки инро дар аксари кишварҳои пешрафтаи дунё, аз ҷумла Русия, Австрия, Фронса, Англия, Италия, Япония, Олмон, Шведсия, Норвегия ва ѓайра метавон дид! Бо таассуф, шахсоне, ки нажодпарастӣ мекунанд ба забонҳои дигар эҳтиром надоранд, онҳо таърих, забон, адабиёт ва фарҳанги худро низ хуб намедонанд!
Дар охир боз як сухани хеле муҳимми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меорам, ки  таъкид намудаанд: «Вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣдоштани забони давлатӣаст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандўст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад».
Ба умеди пойдории забони тоҷикӣ. 

Равшан Раҳмонӣ

профессори ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj