Забон ва марзи ҳимоят

Ҳамеша чунин буда, ки сухан аз рӯзгору масири эҷодии бузургон дар миён гузоштан масъулияти сангинеро ба дӯши хостгор мегузорад. Масъулияте, ки бар асари барқвори азамату шукӯҳи корномаи эшон дар ниҳоди тараф зода мешавад ва неруи оғозу шинохти сарчашмаро аз ӯ боз мегирад. Фазое шигифт, пурсишзо ва ҳамзамон андешабарангез эҷод месозад. Ин фазо инсонро, гӯӣ, рӯйи курсие гардон менишонад ва бо ҳар чархише ба дунёҳои зебову тамошоӣ рӯ ба рӯ месозад. Шоҳидро барои ин баҳс метавон аз зиндагии пурбору борвари устоди гаронқадр Худоӣ Шарифзода интихоб намуд. Матлаби мо дар ин мақола дар атрофи яке аз бахшҳои пажӯҳишии мавсуф шакл хоҳад гирифт.

Устод Х. Шарифзода замоне огоҳона сарнавишти хеш ба адабиёту таҳқиқи он пайванд дод ва содиқонаву ошиқона ба сарвату дороии ин сарзамини ҷодуӣ ишқ варзид. Зистан бо адабиёт, хоса адабиёти дерсол, ки дар ҳар гӯшааш кохе шукӯҳманду дурахшон қомат афрохта, кори саҳле нест. Гаштори ҷустуҷӯгарона пайи ганҷҳои нуҳуфтаи маънӣ дар девону осоре, ки оғози умрашон ба аъмоқи асрҳо мерасад, ҳамеша ранҷҳову сахтиҳоро ҳамроҳ доштааст. Ин амр барои муҳаққиқони зоҳирбин қобили пазириш нест. Шояд гурӯҳе аз эшон ҳаргиз аз умқу кунҳи ин ранҷи бузург пай набаранд. Дар ҳоле ки зуҳури он ниёзи бархоста аз конуни вуҷуди мост. Маҳз бо баракати ҳамин ранҷи ҳастисозу зебоиофарин аст, ки мо рӯзе ба натиҷаҳои матлуб мерасем.

Имрӯз нигоҳе иҷмолӣ ба таълифоти устод натиҷаи хушояндеро дар зеҳни мо бедор месозад, ки мусофирати тӯлонӣ дар марзҳои нокушодаи адабиёт барои устод барҳадар нарафта. Ҳадяи эшон барои насли имрӯзу фардо китобу мақолоти арзишмандест дар перомуни дидаҳову ёфтаҳо дар фарҳангу адабиёт, мазҳари зиндагӣ, шеваи ҷаҳонбиниву ҷаҳоншинохтии гузаштагон.

Пардохтан ба осори Х. Шарифзода дар заминаи масоили пурпечу хами адабиётшиносӣ ҳадафи ин мухтасар намебошад. Қасди мо баррасии дидгоҳҳои номбурда дар атрофи забони тоҷикӣ ва ҳимоят аз он аст.

Забон ва аносири вуҷудии он дар имтидоди замон ҳамвора мавриди таваҷҷуҳи устод буда. Албатта, ҳеҷ риштае аз донишҳои инсониро наметавон ном бурд, ки аз корбурди имконоту зарфиятҳои забон бениёз бошад. Аҳли ҳар забоне, чи хосу чи ом, дар зиндагии ҳаррӯзи худ аз захоири бепоёни забон кор мегиранд. Бо асбобу абзори забонӣ маҷмуи ниёзҳои хешро бароварда месозанд, ки мардуми мо низ аз ин радиф мустасно нест. Вале камтар касоне ҳастанд, ки ба чашми сипосу дидаи эҳтиром ба ин ёдгори бебаҳои ниёгон бингаранд. Дардҳои нуҳуфта дар пайкарашро бишносанд, муҳимтар аз ҳама, аз он ҳимоят кунанд.

Миёни соҳибони забон беш аз ҳама адибону нависандагон бо забон сару кор доранд. Мутаассифона, аз шумори онон низ ба нудрат нафареро суроғ дорем, ки дар тӯли зиндагӣ бо вуҷуди ҳамдӯшӣ, зистан бо вожагон андешаи хосе дар атрофи масоили забонӣ ва шигифтиҳои ин дунёи рангину чашмрабо баён дошта бошад. Албатта, дар тӯли ду даҳсолаи охир мақолоту рисолаҳои пуршуморе дар атрофи забону мушкилоти он, ҷойгоҳи забони тоҷикӣ ба нашр расидаанд. Вале, мутаассифона, аксари навиштаҳо умумӣ, такрорӣ, ҳошиянишин ва гоҳо тазоҳуриянд. Ин вазъият дар ҳолест, ки забон барои рафъи мушкилоташ бархӯрди дигаргуна, шеваҳои корсозу ҷиддиро тақозо мекунад.

Тарҳу баррасии масъала дар мақолоти Х.Шарифзода ҳарчанд шуморашон андак аст, бо маводи батабърасида қобили қиёс нест. Андешаҳои мундариҷ дар мақолот ҳукми барномаи муназзамеро доранд, ки аҳкоми онро дар ислоҳи забон ва рафъи мушкилоти забонӣ метавон дастури амал қарор дод.

Нахустин натиҷае, ки аз таҳқиқу бознигарии дидгоҳҳои мазкур дар перомуни забон бармеояд, ҳифзу нигаҳдорӣ ва доштани маълумоти саҳеҳу корсоз дар атрофи вазъи воқеии забон аст. Натиҷаи дувум рушду густариши забон ва ҷалби саросарии аҳли забон дар нерумандсозии доштаҳо ва пойгоҳи забонист. Ба андешаи устод забон бояд инъикосгари сатҳи андешаманд, фарҳангӣ, муҳити мавҷуд, фазоҳои мухталифи забонӣ бошад. Ҳадафу матолиби гӯяндаро бо имконоту зарфиятҳои худ баён созад. Аз навиштаҳои устод муносиб аст, то дар ин маврид аз мақолаи «Забони миллӣ ва имконоти фикрӣ» зикри ном шавад.

Бозтоби пасмондагии равшанфикрони сиёсатмадори тоҷик аз пешрафти сатҳи андеша, ҷаҳоншинохтии намояндагони дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ дар солҳои поёнии давлати Шӯравӣ, сатҳи пасти фарҳангу дониши зиёиёни тоҷик муқаддимаи мақолаи мазкурро ташкил медиҳад. Донишманди фозил бо пешниҳоди ин ки муҳаққиқону равшанфикрони тоҷикро зарур аст, то «пайи таҳқиқи сарчашма ва оғози сабабҳои бозмондагии мудҳиши фарҳангӣ бошанд», ниҳоят муҳаққиқона раванди шаклгирӣ ва шукуфоии забони тоҷикиро ба риштаи таҳқиқ мекашад.

То нимаи қарни XIX забони тоҷикӣ, ба андешаи муаллиф, даврони тӯлонии пешрафту такомулро паймуда, ба мақоми сухани китобӣ ва таълифӣ расида буд: «Тамоми таҷрибаи ҳосилшудаи ҷомеа аз ахбори касбии деҳқонӣ ва кишоварзӣ, илмию амалӣ, маърифати ҷаҳон, рӯҳоният ва маънавияти динӣ, фарҳангӣ ва ҳунару шеъру адаб дар забони форсӣ-  тоҷикӣ сабту ҷорӣ шуда буд. Ин забони доноӣ, муқаддас ва муҳтарам буда, ба камоли касбии ҳунарии луғавӣ ва бадеӣ расида, дар мақоми волои фарҳангӣ ҷой дошт ва соҳибонашу донишмандонаш худро ашрофи мукарраму фозили баруманд медиданд, ҳар касе дасти қалам дошт, дар ин забон чизе менавишт» (Шарифов Х. Забони тоҷикӣ ва фарҳанги миллӣ. // Ваҳдат, 2000).

Такяи муаллиф дар матлаби ёдшуда бештар атрофи иллатҳо ва заминаҳои заъфу аз кор афтодани забони тоҷикист, ки дар мақтае аз замон бар марзҳои беназири рушду боландагӣ расида буд. Х. Шарифзода ниҳоят мӯшикофона падидаву рухдодҳои сиёсиву иҷтимоии замонро, ки дар ноустувор сохтани аркони забони тоҷикӣ ва ҷуғрофиёи он муассир буданд, номгӯ ва таҳлилу баррасӣ менамояд.

Ҳуҷуми дадманишона ва куштори ҳазорон-ҳазор тоҷикзабон, бумӣ шудани қавму миллиятҳои кӯчнишин, ҳамҷиворӣ бо турку турктаборон, заминаҳои нахустинро барои канор рафтани забони тоҷикӣ фароҳам сохтанд, вале ин авомил асливу бунёдафкан набуданд. Устод бар ин бовар аст, ки «аз истифода мондани забони форсӣ дар Осиёи Миёна ва паст рафтани мақоми он дар худи Тоҷикистон сабаб ва омили таърихие дорад, ки сарчашмаи онҳоро ҷустуҷӯ бояд кард, агар мо мехоста бошем, ки забонамон тамоман суқут накарда бошад»  (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ (Маҷмуаи мақолаҳо).– Душанбе, 2007).

Заминаҳои сиёсии ин масъала, фишори миллӣ, туркигароиро, ки муҳаққиқону таърихшиносон дар баҳсҳо нисбат ба забони тоҷикӣ ба он ишорат намудаанд, устод муҳимму баҷо мешуморад, вале аз нигоҳи ӯ ин омилҳо ягона нестанд. Мавзӯъ фарохтар аз он аст, ки тасаввур мешавад. Бояд аслро дар заминаи сабабҳои илмиву фарҳангӣ таҳқиқу решаёбӣ намуд.

Худи устод дар ошкорсозии омилҳои таъсиргузор ба як мавзӯи муҳимму ҷондор ишорат менамояд. Камранг шудани ҷуғрофиёи забони тоҷикӣ ва ҳошиянишин гаштанаш замоне суръату вусъати рӯзафзун пайдо намуд, ки сарзаминҳои Осиёи Миёна аз ҷониби Русия тасхир гардиданд. Дар ин миён бар асари ошноӣ аз вазъи фарҳангиву илмиву фаннии кишварҳои аврупоӣ дар кишварҳои Шарқ низ, мисли Туркия, Эрон ва Афғонистон такону ҷунбише ба хотири рушду боландагии фарҳангу тамаддун ба вуҷуд омад. Ҷунбишҳои маорифпарвона дар ин марзу бум по гирифтанд.

Ин ҷунбишҳо, махсусан, дар Туркия ва миёни тотору туркзабонҳои Русия неруманду барҷаста буданд. Мусаллам аст, ки ҳар ҷунбишеро маводу абзоре барои таблиғу ташвиқ ва шинохт лозим аст. Мутаассифона, тамоми адабиёт аз шумули рӯзнома, китобҳои дарсӣ, рисолаҳои ҷудогона, китобҳои тахассусӣ ба забони туркӣ буд. Зери таъсири ин адабиёт «тасаввури нав дар бораи ҷуғрофиёи олам устувор гардид, дониши техникӣ, назари тозаи илмии табииёт, иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба мақоми болотар баромад ва устувор гардид» (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ (Маҷмӯаи мақолаҳо).– Душанбе, 2007).

Баррасии хостҳо ва ҳадафҳои Русияи подшоҳӣ ва Туркия бар мабнои нашру густаришу пахши адабиёти илмиву фаннӣ, диниву мазҳабӣ дар он замон масъалаи ҷудогонаест. Ҷолиб ин аст, ки шинохти густурда аз ҷаҳон ва мазоҳири ҳазорранги он тавассути забони туркӣ сурат мегирифт. Ин амр оқибат боис гардид, ки забони тоҷикӣ мақому ҷойгоҳи пешинаашро аз даст дод ва забони туркиву ӯзбекӣ дар сархат қарор гирифт.

Албатта, дар шаҳрҳои бузурге, мисли Тошканду Қазон, Когони Бухоро ва Санкт-Петербург талошҳое барои чопи китобҳои форсӣ ба харҷ дода шуд, вале аксари ин китобҳо қадима буданд ва бо надоштани «забони тозаи илмӣ ва мазмуни нави таҷрибаи илмию фикрӣ ва рӯҳонию маънавӣ нақши тозае ё самти дигаре дар орою афкору забон ворид сохта натавонистанд» (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ (Маҷмӯаи мақолаҳо).– Душанбе, 2007).

Муҳаққиқи арҷманд дар идомаи мавзӯъ бо таъкиди ин ки «пастравии ҳақиқии мақому арзиши забони форсӣ дар Осиёи Миёна дар замони Шӯравӣ рӯй дод», раванди барчидани дору мадори забони тоҷикро зери сояи сиёсатҳои ба зоҳир дурусту дар асл дурӯғин дар ниҳояти тафсил, борикбинона, бо нақли мисолу шавоҳиди муътамад баён медорад (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ, 2007).

Ин сиёсати тарғибгари пешрафту тараққӣ, пайомадҳои нохушоянде дошт. Мисли зарпечак оҳиста-оҳиста эҳсоси миллиро дар вуҷуди наслҳо хафа кард. Бар асари он «дар тамоми қаламрави забони форсӣ-тоҷикӣ дар Осиёи Миёна захираи забонии ҳазорсола беарзиш гашт, ки дар айни замон маънои канда шудан аз маънавият ва маданияти фикриро дошт» (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ, 2007).

Аз дидгоҳи устод Х. Шарифзода, бузургтарин шикаст барои забон канда шудани мардум аз суннатҳои фарҳангию маънавӣ буд. 

Масъалаи дигаре, ки дар мақолаи мазкур қобили мулоҳиза аст, шарҳу тафсири баҳси куҳнаи «сода кардани забон аст». Ба андешаи мо, Х. Шарифзода барои нахустин бор ин мавзӯъро бо камоли сароҳат, бо мисолу далелҳои илмӣ таҳлилу арзёбӣ намуда, ҳадафи ниҳоии ҷонибдорони онро рӯй рост баён намудааст.

Дареғ аст, ки сиёсати сода кардани забон бо падидаҳои дигаре, мисли табдили расмулхат, тарғиби бединӣ, дур андохтани адабиёти динӣ ва авомили дигар тамоми таҷрубаву андӯхтаҳои забониро аз байн бурд.

Мавзӯи дигаре, ки атрофаш шарҳи муфассали олимона сурат гирифта, мушкилоти забону сухани пешиниён, ҳунару санъати суханварӣ, ғаробату кашандагии забон аст, ки дар тӯли қарнҳо дар матну батни забон шакл гирифтаву фарҳангу маънавият, тафаккури миллатро созмон додаанд. Адами шинохти ин вижагиҳо хоставу нохоста сатҳи пасти фикрӣ ва тафаккурро созгор мешавад.

Устод, ҳамчунин, аз даврони классикии инкишофи тамаддуни миллӣ, ки хосси ҳар миллатест, ёд мекунад ва асбобу абзори созандаи онро баён дошта, таъкид менамояд, ки танҳо касоне қодиранд ба камолу боландагии маърифат бирасанд, ки аз сарчашмаи фарҳанги замони классикӣ обҳо бардоранд. Ба қавли эшон, «касе, ки ба ин забон сухан мегӯяд, бояд аз дарвозаи илму донишу фарҳанги ба ин забон офарида бигзарад ва илло дар маърифату завқи сухан урёну беиззат аст» (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ, 2007).

«Мақоми илмии забони миллӣ» мақолаи дигари арзишманди устод Х. Шарифзода ба шумор меравад. Ангезаи таълифи ин мақола даъвои бебунёду берешаи иддае аз муҳаққиқон аст, ки забони тоҷикиро дар баёни мазомини илмӣ нотавону оҷиз медонанд. Донишманди фозил дар посух ба ин назаргоҳҳои  бепоя бо шавоҳиду далелҳои илмӣ собит месозад, ки забони мо бо пешинаи ҳазорсола вуҷуди ҳазорон китобу рисола дар заминаи илмҳои мухталиф тамоми зарфияту имконотро барои баёни матлабҳои илмӣ дорад. Набояд забону доштаҳои онро нодида гирифт.

Дар мақола дар атрофи мушкилоти мавҷуд дар ин замина сухан рафта, зимнан, роҳҳои рафъи мушкилот пешниҳод шудааст. Дидгоҳҳои муҳаққиқи гиромӣ бештар ба шинохти қобилиятҳои забон ва таҷдиди онҳо ихтисос доранд. Ба ақидаи эшон, забон замоне қудратманд аст, ки имкону зарфияти вожасозиву пазириши калимоти тозаро аз дигар забонҳо дошта бошад. Вожасозиву вожагузинӣ дар поксозиву неруманд сохтани забон нақши бузурге дорад. Зарурати дигаре, ки дар ин миён ба зуҳур мерасад, решаёбии забони тоҷикӣ, решаёбии лаҳҷаҳо ва калимот мебошад.

Нуктаи дигаре, ки ба он ҳамчун унсури корсоз таъкид шуда вуҷуди истилоҳоти илмӣ аст. Лозим аст, бунёди истилоҳоти илмиро дар осори гузаштагон таҳқиқу баррасӣ намуд. «Ба назари мо, –  менависад Х. Шарифзода, –  ба фарҳанги гузашта рӯй оварда, дар заминаи он ба такмили забони илмии имрӯза машғул шудан лозим аст. Ба ин ният луғатҳои истилоҳоти тахассусӣ сохтан, китобҳо ба вуҷуд овардан лозим аст. Халқи мо бояд соҳиби илму фазилати замонӣ ба забони худаш бошад» (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ, 2007).

Тавре дар боло зикр шуд, гурӯҳе аз «зиёиёни донишмандмаоб» забони тоҷикиро бо доштани ҷуғрофиёи маҳдуд як забони баста, дорои зарфиятҳои маҳдуд дар баёни мазомину андеша мешуморанд. Вале устод ин тарзи талаққиро нокомил мешуморад ва бар ин назар аст, ки шеваҳои шинохти қавму миллатҳо иршоду ҷаҳоншумул шудани адабиёту фарҳанги онҳост. Нашру доманафкании адабиёт бошад, қабл аз ҳама, тавассути забон сурат мегирад. Доштани фарҳанги ҷомеи забони тоҷикӣ дар қолиби чанд ҷилд пешниҳоди дигари қобили мулоҳизаи муҳаққиқи соҳибназар аст. Фарҳанге, ки моро дар фаҳми надонистаҳову иштибоҳоти забонамон ёрӣ расонад.

Аз сӯйи дигар, мавсуф бар ин бовар аст, ки дар ин сарзамин ҳар касе аз зумраи нависандагону ҳунармандон мехоҳад осори ҳунарӣ халқ кунад, бояд аз забони тоҷикӣ кор бигирад. Зеро аз тариқи забони тоҷикӣ аст, ки мо, мардуми мо ба Тоҷикистон марбут мешаванд, пайванду иттиҳод эҷод месозанд.

Х. Шарифзода дар ҳифзу нигаҳдошт ва нерумандсозии забони тоҷикӣ нақши мардуми одиро ниҳоят меассир медонад. Аз дидгоҳи ӯ, чун тоҷикӣ забони гуфтори мардум аст, онро танҳо бо ёрии ин мардум метавон пурбору ғаниву поксозӣ намуд. Ҳамин мардум буд, ки «бо вуҷуди маҳдудиятҳо, бастани мактабҳо, маҳрумият аз захоири ҳазорсола, ҳатто манъи китобу сӯхтану дар ғору таҳхонаҳо пӯсидану ба хориҷ бурдани мардуми фирорию гуреза онҳо забони худро пос доштанд. Бо ин ҳама мардум забонро дар урфи гуфтугӯ ва то ҷое дар таълим нигаҳ доштанд» (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ).

Матлаби дигари қобили мулоҳиза миёни таълифоти муҳаққиқ мақолаи «Марҳилаи эҳёи забони тоҷикӣ» аст. Тибқи маъмул нахуст дар мақола перомуни сухану суханварӣ, ҷойгоҳи сухан дар ҷомеа, забони осори бадеӣ ибрози назар шуда, сипас дар атрофи забони осори бадеӣ, гусастагии мардум бо суннатҳои пешин, қабатҳои ҳазорсолаи фарҳангӣ сухан рафтааст. Назарҳои пуршуморе роҷеъ ба иллату сабабҳои костагиҳои забон, забони осори бадеӣ, таъсирпазирӣ аз фарҳангу адаби арабӣ дар адабиёти қадим, таъсири адабиёти рус дар замони Шӯравӣ ва ғ. дар навишта мундариҷ аст. Аз миёни аҳкоми мақолаи мазкур, махсусан, «масъалаи ба вуҷуд овардани инсони нав ё инсони замони нав» дар аҳди Шӯравӣ ва қиёси он бо қаҳрамони адабиёти гузашта қобили таваҷҷуҳ аст.

Нависандаи аҳди Шӯравӣ ба хотири падид овардани чунин инсоне бояд тамоми арзишҳои мавҷудро инкор мекард. Дар тасаввури адиби шӯравӣ ин «инсон бояд аҳли заҳмат, фақир ва зодаи хонаводаи коргару деҳқон, ҳатман даҳрию худоношинос, бадбину сармоядор… бошад» (Шарифов Х. Сухан аз адабиёти миллӣ. (Маҷмӯаи мақолаҳо).– Душанбе, 2009).

Дар қиёс бо ин «қаҳрамони адабиёти гузашта бозгӯи рӯҳияи одамӣ дар шеър, бозигари тақдири башарӣ дар ҳамоса, ба сабаби рӯҳияи пессимистӣ доштан дар ғазали ирфонӣ ва ҳавасбозиҳои як подшоҳи худбин дар «Хусраву Ширин» ҳеҷ гоҳ монанди мо нест» (Шарифов Х. Сухан аз адабиёти миллӣ, 2009).

Ин қиёс гувоҳ бар он аст, ки таҳақуқи ин орзуи ба зоҳир «нек» чи паёмадҳои мудҳише барои забон, фарҳанг ва ҷомеаи мо ба бор оварда. Ҷудоӣ, дурӣ, гусастагӣ аз суннатҳои миллӣ, адабӣ ва ниҳоят вазъи андӯҳборе дар муҳити забонӣ. Ҳадафи аслӣ дар мақола таъкид бар нақши маънавият дар пешрафту шукуфоии фарҳанги як миллат аст. Онро бояд дар рӯҳу равон, дидгоҳҳо, сатҳи андешагии миллат, ки дар адабиёти бадеӣ бо забон бозтоб мегардад, ҷустуҷӯ намуд.

Имрӯзҳо расм шуда, бархе аз забоншиносони соҳибунвон бо истифода аз мақому мартабаи давлатии хеш бидуни он ки китобе аз осори гаронсанги классик хонда бошанд, дар рӯзномаву маҷаллот дам аз забон мезананд ва перомуни масоили он ҳукмҳои аҷибе мекунанд, дар сурате ки дар навиштаи эшон як ҷумлаи бенуқсу аз назари мантиқӣ саҳеҳ пайдо наметавон кард. Устод Х. Шарифзода дар осораш борҳо хотирнишон сохта, ки барои ҳукм кардану назар додан мутолиоти амиқ, омодагии фарогири таърихӣ «мутолиаи 40-50 китоби бунёдии тоҷикӣ» лозим аст (Шарифов Х. Суннатҳои адабӣ, 2007).

Намунаи ин китобҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Таърихи Байҳақӣ»-и Абдулфазли Байҳақӣ, «Хамса»-и Низоми Ганҷавӣ, осори Носири Хусрав, «Тафсири Ҳусайнӣ»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва ғ. мебошад. Зеро забони имрӯз заминаи фароҳамсозии ин омодагиро надорад. Ин танҳо назари Х. Шарифзода нест. Бисёре аз донишварону пажӯҳандагон дар матни осори классик шигифтиҳои забонро зиндаву барҷаста мебинанд.

Ба ақидаи нависандаи муосири Эрон Маҳмуди Давлатободӣ, забони  форсӣ дар осоре, мисли «Таърихи Систон» ва «Таърихи Бухоро» барҷастагӣ пайдо мекунад ва дар «Таърихи Байҳақӣ»-и Хоҷа Абдулфазли Байҳақӣ, таълифоти Хоҷа Низомулмулк ва Носири Хусрав ва баъдан дар қарни ҳафтум дар осори Аттору Саъдӣ ба авҷу камоли худ мерасад.

Номбурда насри Атторро ба булур ва насри Саъдиро маъҷун аз рангҳои мухталиф медонад. «Ба назари ман,–менависад М. Давлатободӣ, – насри Аттор авҷ аст ва таҷаллии зулолии рӯҳи ирфониву ирфони эронӣ аст, нақши он дар адабиёти форсӣ ба касе пӯшида нест» (Давлатободӣ М. Мо ҳам мардуме ҳастем. Теҳрон, 1378).

Мурури таълифоти устод дар пайванд бо забон гувоҳ бар ин аст, ки имрӯз забони мо беш аз ҳар замони дигаре ба ҳимояту ҳифозат ниёзманд аст. Ин ҳимоят бояд ҷанбаи ҳамагонӣ дошта бошад. Тибқи барномаи хосе сурат бигирад. Рӯ овардан ба мероси гаронсанги пешиниён, пайванду барқарорсозии суннатҳои адабӣ- фарҳангӣ, таҷдиди назар дар шеваҳову равишҳои забономӯзӣ, шинохти адабиёт, бознашри осори бунёдӣ, чопи фарҳангҳои тахассусӣ, аз ҷумлаи мавзӯъҳое мебошанд, ки бо омӯзишу баҳрагирӣ аз онҳо метавон дар ҳимояту пешрафти забон саҳм гирифт. Ба дигар сухан, бар мабнои аҳкоми мазбур имкон дорад, барномаи мушаххасе тадвин намуд.

Х. Шарифзода дар китоби «Сездаҳ мақола»-и хеш муҷаддадан ба масъалаи забон бармегардад, ки мо нақли бахше аз онро дар поён зарур мешуморем: «Рукни хеле бузурги фарҳанги мо забони мост… Вақте забон бори бештар аз ҳазору садсолаи фарҳангиро бар дӯш дорад, доираи таҷассуми фарҳангӣ, маънавӣ ва ҳунарӣ дар он аз ҳудуди ҳар гуна тахмину шумури хаёлӣ бузургтар аст. Ба шарти он ки соҳибонаш онро биёмӯзанд, бидонанд, ба кор баранд, афзун гардонанд ва барояшон мояи ифтихору эҳтироми худӣ ва худшиносӣ бошад» (Шарифзода Х. Сездаҳ мақола. –Душанбе, 2013).

Дар ҳақиқат дар шароити имрӯз моро лозим аст, беш аз пеш дар пайи рушду камоли забон бошем. Онро аз хатароти пинҳондидори раванди ҷаҳонишавӣ, ки батадриҷ фарҳангу забонҳои дунёро ба нестӣ мекашад, ҳимояту ҳифозат кунем. Забони мо инъитофпазир, дорои имконоту зарфиятҳои бепоён аст. Танҳо зарур аст, ба қавли устод Х. Шарифзода онҳо шинохтаву фаро гирифта шаванд. Ин вазифаву амали як нафару ду нафар нест, рисолати ҳамагонӣ аст.  

Умар Сафар, 

профессори ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj