Зани бедордил

  Занон хушбахтии худро дар рўзгори осоишта ва доштани фарзандони солеҳ мебинанд. Занони боиродаву омўзгор на танҳо тарбиятгари фарзанд, балки тарбиятгари ҷомеа ба шумор рафта, дар поягузории ҳаёт нақши бориз доранд. Намунаи чунин зани кордон дар симои  Ҷамила Раҳмонова пеши назар меояд. Ҷ.Раҳмонова аз зумраи занони бонуфузи ҷомеаи мост, ки фаъолияту рафтору кирдору гуфтораш намуна  аст.  Фаъолияти ин зани коршинос аз оғоз дар ду самт босамар ҷараён доштааст, ки яке таълиму тарбия, дигаре омўзишу таҳқиқ мебошад. Раҳнамоиҳои Пешвои миллат, аз ҷумла, ҳарфҳои зерини ў: «Агар дар бораи вазифаҳо ва ҳадафҳои мактабу маориф сухан ронданӣ бошем, таълиму тарбия ва ба камол расонидани насли дилсўзу ғамхори Ватан, халқу ҷамъият, насле ки масъулияти фардои Тоҷикистонро ба дўш гирифта тавонед, вазифаи аввалиндараҷа ва муқаддаси системаи маорифи мост» аз аввал то имрўз барояш маҳаки эътибор ва раҳнамои фаъолият будааст.
Ҷамила Раҳмонова самтҳои фаъолияташро танҳо ба манфиати халқу Ватан муайян ва амалӣ месозад, ки парвариши насли корсоз ҷузъи асосии он ба шумор меравад. Ў дар давраи муовини декани факултети рўзноманигорӣ оид ба таълим буданаш, мазмун ва мундариҷаи нақша ва барномаҳои таълимиро бо назардошти консепсияи хоси миллии таълим, ки дар заминаи дастурҳои Президенти кишвар таҳия шудааст, тартиб ва амалӣ сохт.
 Фаъолияти ҳамсони омўзгорӣ ва роҳбарӣ чеҳраи аслии инсонӣ ва касбии ин зани фидокорро ошкор сохт, ки ахлоқи пок, маърифату маънавиёти баланд дорад. Фазилатҳои неки инсонӣ ва маҳорати касбӣ омили аслии нуфуз ва эътибори ин зани огоҳу бедордил дар муҳити донишгоҳ ва берун аз он аст.
Фаъолияти ў дар соҳаи таълим ва тарбия танҳо бо раҳнамоиҳои идорӣ маҳдуд набуду маҳдуд нест. Вусъат ва миқёси масъулияташ то он ҷост, ки бо вуҷуди гирифториҳои роҳбарӣ дар ин самт аз оғоз то имрўз ҷузъи фаъолияташро ба илм ва таҳлилу таҳқиқ бахшида, дар ин замина комёб низ шудааст. Қадами аввали ў дар ин роҳ таҳқиқи публитсистикаи Мутеулло Наҷмиддинов ва дар ин замина ҳимояи рисолаи номзадӣ буд, ки равиши минбаъдаи илмии ўро муайян намуд.
Рисолаи «Ҷаҳони муосир: мавқеи симо ва садо» (2012) гувоҳи ёригари ҳам будани фаъолиятҳои таълимӣ ва таҳқиқии ўст. Ин рисола ҳамчун воситаи ёрирасони таълимӣ барои донишҷўёни факултети рўзноманигорӣ арзиши назарӣ ва амалӣ дошта, онҳоро бо фаъолияти симо ва садои тоҷик дар давраҳои гуногун ошно месозад, ки ҷанбаи таҷрибаомўзӣ низ дорад.
Барои хизматҳои бисёрсолаи бенуқсон дар соҳаи маориф, дар таълиму тарбияи насли наврас ба Аълочии маорифи ҶТ, Аълочии матбуоти ҶТ сарфароз гардидааст.
     Дар охир, ба ин бонуи хуштолеъ ва ҷонсупори халқу Ватан, тарбиятгар, ташкилотчӣ ва муҳаққиқ умри дароз дар рушди илму маорифи кишвар саҳми босазо дорад,  зиндагии бобаракат таманно намуда,  барояшон  саломатӣ, рўзгори осоишта ва беҳтарин дастоварду комёбиҳои илмиро орзумандам. Хоҳони онам, ки ба бахти ин диёру соҳибони он ҳамеша муваффақ  бошанд.
                        Қарз аст кардаҳои ту бар души рўзгор,
                         Дар ҳар замон ки вақт биёяд адо кунад.
  Майсара Маҳмадова,
                                                           унвонҷўи кафедраи матбуоти
                                                                 факултети журналистика

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj