Зарурати тарбияи ватандўстӣ

    «Тоҷикистон сарзамини пурганҷ аст, вале бойгарии асосии он фарзандони бонангу бономус ва бофарҳангаш мебошад»- гуфта буд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Оре, ояндаи орому осоиштаи кишвар, сарзамини ободу озода, осмони софу беғубор аз ҷавонони ботарбия, бодониш, тарақикарда, боодоб, ташаккулёфта, ватандўст, поквиҷдону бошаъну шараф вобаста аст. Мо фарзандони Тоҷикистон  узви ҷомеа буда, бо ғаму дарди ин  давлат шарикем. Пеш аз ҳама мо шукронаи ваҳдату истиқлолияти кишварамон мекунем, чунки мо  дар фазои ободу озоди Ватан озодона зиндагӣ мекунем. 

  Вақтҳои охир мушкилоти ҷавонон дар ҷомеа зиёд шудааст. Дар баробари мушкилоти иҷтимоӣ–иқтисодӣ ва камбудиҳои ҷавонон ақидаҳои  ифротӣ ва ғояҳои иртиҷоӣ низ мафкураи ҷавонони моро табоҳ менамоянд. Ба ин амр як қатор омилҳое  мусоидат менамоянд, ки барраси намудани онҳо аз аҳамият холӣ нест. Яке аз мушкилоти асосии ҷавонон дар ҷомеаи муосир ин поён рафтани меъёрҳои ахлоқии онҳо ба шумор меравад.  Вақте муомилаи ҷавонон пур аз алфози фаҳшу қабеҳ ва сухани дуруғ бошад, амалашон нигаронкунанда мегардад. Хатари дигаре, ки ба ҷомеа, алалхусус ба ҷавонон таҳдид месозад, ин густариши фаъолияти ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ мебошад. Хатари таҳдиди онҳо бо ғояи таъсиси хилофати ягона аз байн бурдани режимҳои давлатии мавҷуда, бо даъват  ба ҷиҳод ва амалҳои зуроварӣ алоқаманд мебошад. Барои ҷалби ҷавонон ҷараёнҳои мазкур аз тамоми василаҳо истифода менамоянд. Дар баробари ҳавасманд намудани ҷавонони ногоҳ ҷалби онҳо ба марказҳои махсуси таълимии динӣ, «кўмак» - ҳои молиявӣ, тарғиби ғояи мубориза алайҳи бединон ва соҳибмазҳабон татбиқ мегардад. Ҳукумати ҷумҳурӣ барои соҳаи иҷтимоӣ ва таълиму тарбия диққати махсус медиҳанд. Ҳалли ин масъала аз фаъолияти мунтазами ғоявии мақомоти давлатӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятиву динӣ вобаста мебошад. Имрўз ҳар як шаҳрванди  Тоҷикистонро мебояд аҳамияти таърихии ватандўстиро дониста арзишҳои онро риоя намояд. Барои расидан ба ин ҳадаф дар Тоҷикистон тамоми имкониятҳо мавҷуданд.  

 Аммо як чиз ҳаяҷоновар аст, ки чаро баъзе аз ҷавонон шукронаи фазои орому осоишта  накарда худро қурбони ин гуна гурўҳҳо мекунанд?    Ман фикр мекунам, ки ҷавононе, ки ба ин роҳ равона  мегарданд, ақида ва дониши кофии диниву дунявӣ надоранд.  Бояд гуфт, ки илму дониш чун чароғи тобонест, ки дар зулмати ҷаҳолат (нодонӣ) дурахшида, роҳнамо ва мададгори мо дар зиндагӣ мегардад. 

Инсон дар тамоми давру замон эҳтиёҷ ба тарбия дорад. Паст шудани майлу хоҳиш ва шавқу рағбат ба донишандўзӣ, зиёд гардидани пулу мансабпарастӣ яке аз сабабҳои коҳиши маънавиёти имрўза аст. Аз ин лиҳоз бояд ҷаҳони маънавии насли наврасро бо ҳадафҳои нек пурра ва мунаввар сохта, онҳоро барои хизмати сазовор кардан ба  ҷомеа тарбия намоем.  

Мо медонем, ки Тоҷикистони азизамон чи рўзҳои сангинеро аз сар гузаронидааст. Боиси таасуф аст, ки воқеаи нангини солҳои 90-ум вазъи сиёсии Тоҷикистонро ба саҳифаи сиёҳ дохил кард. Ин воқеаҳо дар матбуоти даврӣ, китобу маҷалаҳо бо номи «ҷанги бародаркуш», «ҷанги шаҳрвандӣ» ва ғайра байён ёфтааст. Дар ин солҳо аз кор мондани баъзе корхонаҳо, ба фурўш нарафтани маҳсулот, сари вақт нагирифтани  маош, зиёд  шудани миқдори бекорон то рафт норозигиро дар минтақа бештар мекард.

Ҳамаи ин каму костагиҳо буд, ки сабаби ҷанги шаҳрвандӣ гардид. Ба фаъолияти корвони сулҳу ваҳдат Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон баҳои мусбӣ дода, чунин қайд кардааст: «Хушбахтона, мо дар кишвари худ барои сулҳ ва ҳаёти осоиштаи ҷомеа, заминаи боэтимод гузоштем, ин пеш аз ҳама аз дилу нияти нек, азму талоши гарм ва меҳнати фидокоронаи  тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизамон вобаста аст».

 Бо туфайли сулҳ хатари барҳам  хурдани  ҷумҳурии  соҳибистиқлоли  Тоҷикистон аз байн рафт: оштии миллӣ  нишон дод, ки халқи тамадуни бой ва фарҳанги қадимадошта, мардуми  сулҳдўст буд ва мемонад. 

 Мо бояд шукри истиқлол, озодӣ, оромӣ ва алалхусус, шукри беҳамд бар Худо намоем, ки ба мо чунин сарвари оқилу доно фиристодааст. Ман шодам, ки вазъи сиёсии кишварамон орому босубот буда, рушди кишвар зина ба зина татбиқ мегардад. Мо мардуми тоҷик сулҳдўст, сулҳпарвар ва хостори  оромиву осоиштагӣ буда, дуои онро дорем, ки Худованд Тоҷикистони моро дар паноҳи худ нигоҳ дорад.

Бахтиёр  Талбаков,донишҷўи курси 2, хтисоси минтақашиносии хориҷӣ 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj