Захираҳои обӣ - рушди асосии соҳаҳои Тоҷикистон

Захираҳои обӣ асоси рушди ҳамаи соҳаҳои иқтисодиёти Тоҷикистон ва махсусан хоҷагии деҳот ва энергетикаро ташкил медиҳанд. Аммо таъминоти ин соҳаҳҳо бо об аз таѓйирёбии иқлим дар навбати аввал аз минтақаи тавлиди ҷараёни об вобаста мебошад.

Пайдоиш ва инкишофи захираҳои обӣ бо хусусиятҳои асосии равандҳои геологӣ  ва табиӣ  ба монанди  ташаккулёбӣ, сохти геологӣ, пайдоиш ва таркиби ҷинсҳои кўҳӣ, гармшавии иқлими қисмати байни атмосфераю  литосфера  вобаста  аз  маҳал ва дигар омилҳои геологӣ  алоқаи зич доранд. Ташаккулёбии захираҳои обӣ-энергетикӣ қонуниятҳои бузурги иқтидорҳои дарёҳои Тоҷикистонро дар бар гирифта, самаранокии иқтидорҳои захираҳои обии онро меомўзад. Инчунин,  дарёҳое, ки захираҳояшон мавриди истифода қарор надоранду иқтидорҳои зиёдро доро ҳастанд ба монанди  дарёҳои  Вахш, Панҷ, Амў, Зарафшон ва дигар дарёҳо бо шохобҳояшон барои сохтмони неругоҳҳои барқӣ-обӣ, ки аз ҷиҳати табиӣ-муҳандисӣ барои кишвари мо созгор аст, дар солҳои баъдӣ бояд роҳандозӣ карда шавад. 

Айни замон мушкилоти таъмини об барои  аҳолӣ  сол ба сол тезутунд шуда истодааст. Қариб 1 млрд. одамон дар дунё ба оби тозаи ошомиданӣ ва 2,6 млрд. нафар ба шароити одитарини санитарӣ дастрасӣ  надоранд. Зиёда аз 80 давлат норасоии захираҳои обро эҳсос менамоянд, ҳар ҳафта 42 ҳазор нафар аз бемориҳое, ки ба сифати пасти оби ошомиданӣ ва шароити ѓайрисанитарӣ вобастаанд, мефавтанд, ки бештар аз 90 дарсади ин кўдакони синнашон то 5-сола мебошад. Мувофиқи маълумоти СММ  то соли 2025 норасоии захираҳои обро аз се ду ҳиссаи мардуми кураи Замин эҳсос хоҳад намуд.

Барои ҳалли масъалаҳои таъмини қисми зиёди аҳолии давлатҳои минтақа бо оби ошомиданӣ, Президенти Тоҷикистон ақидаи интиқоли обро аз кўли Сарез ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб пешниҳод намуд. Амалӣ сохтани ақидаи мазкур метавонад шиддати норасогии таъмини оби нўшокиро барои миллионҳо нафар сокинони давлатҳои поёноб аз байн барад. Ин кўли дар тамоми дунё машҳур, ки дар маркази Помир дар баландии 3261м аз сатҳи баҳр воқеъ  гардидааст ва соли 2011 он  100-сола шуд,  17км3  оби  тозаи  ошомиданӣ дорад.

Рушди иқтисодӣ ва фарҳангии инсоният ва давлатҳо ҳамеша ба истифодаи захираҳои об вобаста буд. Новобаста аз он, ки 71% сатҳи кураи заминро об ташкил медиҳад, захираи оби тоза бисёр кам - андак бештар аз 35 млн. км3, ё ин ки 2,35 % тамоми захираи оби Замин мебошад. Аз ин миқдор захираи оби дарёҳо ва кўлҳо ҳамагӣ 0,0132%-ро ташкил медиҳад. Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва қисми таркибии ҳамаи ҷузъиёти биосистемаи хушкӣ мебошад. Маҳз ҳаҷми ками захираҳои оби тоза дар ҷаҳони имрўза масъалаҳои норасоии захираҳои обро мубрам мегардонад. Мувофиқи арзёбии коршиносон, теъдоди нафарон дар давлатҳое, ки мушкилоти норасоии обро бештар эҳсос мекунанд, аллакай, ба 2 млрд. нафар расидааст. Қариб 80 давлати дунё имрўз ба муаммоҳои оби тоза рў ба рў шудааст.  Мувофиқи  маълумоти СММ дар тамоми дунё бинобар сабаби норасоии оби тоза, аллакай, қариб 300 минтақаи имконпазири  ихтилофот ба ҳисоб  гирифта шудааст. Ба чунин минтақаҳо ҳавзаи баҳри Арал, ки он ба фалокати экологии миқиёси сайёравӣ  дучор  гардидааст, комилан  мансуб дониста мешавад.

Ҳамин тавр, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми ҳафтуми умумиҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об, дар шаҳри Дэгуи Ҷумҳурии Корея,12-уми апрели соли 2015 дар суханрониашон қайд намуданд, ки барои расидан ба ҳадафҳои соҳаи об маблаѓгузории мунтазам тадбири муҳим мебошад. Мутаассифона, буҳронҳои молиявӣ ва иқтисодӣ дар тўли даҳсолаи охир саъю талоши кишварҳоро оид ба таъмини соҳаи об бо маблаѓгузории кофӣ коҳиш доданд. Аз ин лиҳоз, таъсис додани сандуқҳои (фондҳои) гуногуни миллӣ ва минтақавию глобалӣ, инчунин дигар ташаббуссҳо доир ба беҳсозии маблаѓгузории соҳаи об ба хотири мусоидату мадад, аз ҷумла, ба кишварҳои камтараққӣ ва давлатҳои  хурди ҷазиравӣ, дар ҳалли ин масъалаҳо иқдомоти саривақтӣ хоҳанд буд.

Тоҷикистон аз рўи захираҳои об ба ҳар сари аҳолӣ дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишѓол менамояд. Дар қаламрави кишвар тақрибан 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ ташаккул меёбанд. Аммо инфрасохтори начандон мутараққӣ ва манбаъҳои маҳдуди молиявӣ имкон намедиҳанд, ки захираҳои мавҷудаи об ба андозаи пурра ба манфиати рушди иқтисоди кишвар истифода карда шаванд.

Сарфи назар аз захираҳои кофии об, имрўз фақат тақрибан 57 фоизи аҳолии мамлакат ба манбаъҳои бехатари оби нўшокӣ ва қариб 30 фоиз он ба шароити хуби санитарӣ дастрасӣ дорад. Ин масъала, алалхусус, дар деҳот тезутунд буда, дастрасии сокинони деҳот ба оби нўшокӣ ҳамагӣ қариб 40 фоиз ва ба хизматрасонии беҳдоштӣ на зиёда аз 10 фоизро ташкил медиҳад.

Офатҳои табиии марбут ба об барои  Тоҷикистон ҳамоно чун мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонанд. Тоҷикистон кишварест, ки наваду се фоизи қаламрави онро кўҳсори релейфаш мураккаб ташкил медиҳад. Селу обхезиҳо ҳамасола ба иқтисоди кишвар зарари калон мерасонанд ва дар баъзе ҳолатҳо, мутаассифона, боиси ҳалокати одамон мегарданд. Масалан, фақат тайи 5 соли охир хисороти умумӣ аз обхезӣ дар Тоҷикистон зиёда аз 600 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Мушкилоти зикршудаи марбут ба об, ки Тоҷикистон ба он рў ба рўст, ба дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ хос мебошанд. Суръати баланди афзоиши аҳоли дар минтақа ва таѓйирёбии иқлим, ки ба раванди обшавии пиряхҳо-манбаи асосии об, таъсири манфӣ мерасонанд, сол аз сол мубрам ва боиси нигаронӣ мегарданд.

Мувофиқи арзёбию таҳлилҳои мавҷуда то соли 2030 таъминот бо об ба ҳар сари аҳолӣ ба ҳадди ниҳоиву хатарноки худ – камтар аз 1,7 ҳазор метри мукааб дар як сол мерасад. Дар муқоиса бояд гуфт, ки ин нишондиҳанда дар солҳои 60-уми асри гузашта тақрибан ба 6 ҳазор метри мукааб барои як одам дар як сол баробар буд.

Дигар масъалаи мубрами минтақаи мо бо об таъмин намудани аҳолии деҳот мебошад. Обёрии зиёда аз 8,5 миллион гектар заминҳои корами минтақа дар шароити даври таѓйирёбандаи гидрологӣ ва зиёд шудани шумораи солҳои камобу хушк душвортар ва мураккабтар мегардад.

Дар зимн истифодаи дурусти захираҳои об, алалхусус, тавассути  технологияҳои муосири сарфаи об, навсозии шабакаҳои обрасониву мелиоративӣ ва татбиқи усулҳои нави обёрӣ ниҳоят муҳим мебошад.

Чунин муносибат ва тарзи кор ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, хеле кам гардидани партовҳои заҳрнок ба атмосфера, ҳамчунин ба рушди иқтисоди «сабз», ки ба татбиқи самараноки манбаъҳои таҷдидшавандаи неруи барқ равона шудааст, мусоидат менамояд. Гузашта аз ин, дар минтақа захираҳои кофие мавҷуданд, ки азхудсозии ботадриҷи онҳо ба кишварҳо имкони ба даст овардани фоидаи иловагиро муҳайё  мегардонад. 

Ба назари мо, фақат ҳамкории пурсамар дар арсаи истифодаи оқилонаи захираҳои об имконияти бо об таъмин намудани аҳолии кишварҳои минтақаро фароҳам оварда, дар баробари ин, ба ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд.

Соли 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид эълон гардида буд, ба анҷом расид. Дар иртибот ба ин, арзёбии мукаммалу ҳамаҷонибаи чорабиниҳои дар тўли даҳ сол суратгирифта, ошкор сохтани мушкилоту масъалаҳои дар роҳи татбиқи ҳадафҳои даҳсола мавҷуда ва ҳамчунин банақшагирии амалиёти минбаъда дар давраи баъд аз соли 2015 зарур аст.

Таҳдиду хатарҳои муосири глобалӣ, аз ҷумла бўҳронҳои  молиявию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, таѓйири иқлим, зуд-зуд рух додани ҳодисаҳои офатбори гидрометеорологӣ, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда ва фавти модару кўдак, саъю талоши бештар ва  андешидани тадбирҳои марбутаро тақозо доранд. 

Итминон дорем, ки бо эълони даҳсолаи байналмилалии  навбатӣ таҳти  шиори «Об ба хотири рушди устувор» татбиқи амалии тадбирҳои нақшавиро дар чаҳорчўбаи Даҳсолаи байналмилалии навбатӣ  «Об барои ҳаёт» идома  дода шуда, ин татбири андешида  густариш  дода мешаванд. 

 

Фирдавс ДАВЛАТОВ, 

Дилором НАЗИРОВА 

устодони факултети геология,

Фаридун АЛИЕВ

донишҷўи курси 3-юми 

факултети геология, (гидрогеолог)

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj