Зи ҷўе, ки хўрдӣ аз ў оби пок…

Дар партави Қатъномаи «Об  барои  рушди  устувор, 2018-2028»
«Тоҷикистон, алҳақ, неъмати худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рўи замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои ширин, кўҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гўшаи олам вуҷуд надоранд.»
                                                                  Эмомалӣ РАҲМОН
     Боиси ифтихор ва сарбаландии мардуми шарифи Тоҷикистон аст, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо Қарори Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи Даҳсолаи  байналмилалии амал «Об барои  рушди устувор, 2018-2028»  қабул шуд. Ташаббуси навбатии Пешвои муаззами  мо  дар шароити тағйирёбии иқлим, норасоиҳои захираҳои об дар сайёра, раванди биёбоншавӣ, афзоиши хатарҳои офати табиӣ  дар  ҳалли  масоили  байналмилалии истифодаи оқилонаи об аҳамияти оламшумул дорад.
Ҳадаф аз эълони даҳсолаи нав бо андешидани тадбирҳои мушаххас кўшишҳои ҷадид баҳри ҳалли масоили марбута ва мушкилоти ҷойдошта, идома бахшидани даҳсолаҳои  сипаригардида   ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тариқ, зиёда аз чаҳор маротиба бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳимми байналмилалӣ дар сатҳи баланд оид ба масоили беҳдошт ва захираҳои оби ошомиданӣ мавриди баррасӣ ва таваҷҷуҳи кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтанд. Пешвои миллат зимни баромади пурмуҳтавои худ аз тариқи минбари Созмони Милали Муттаҳид  зикр карда буданд, ки: «нархи об дар ҷаҳон аз нархи нафту газ боло меравад».
Тибқи маълумоти оморӣ ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 2 миллион нафар мардум аз норасоии оби нўшокӣ азият мекашанд. Аз ҳисоби нўшидани оби ҷавобгў набуда ба талаботи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ҳамасола беш аз 5 миллион нафар одамон аз олам чашм мепўшанд ва 3 миллион нафар ба бемориҳои гуногуни сироятӣ  гирифтор мешаванд. Бар замми ин дар ҷаҳон 1,2 миллиард нафар одамон аз норасоии  оби нўшокӣ сахт танқисӣ мекашанд. Инчунин, зиёда аз 3 миллиард инсонҳо аз одитарин шароити беҳдоштӣ (санитарӣ) маҳруманд ва оби ифлоси баҳру уқёнусҳоро худсарона истифода мебаранд. Сол то сол дар кураи Замин ҳаҷми обҳои ошомиданӣ коҳиш меёбад ва захираҳои об рўз аз рўз нисбатан кам гардида истодааст.
Ниёгони мо аз қадимулайём обро сарчашмаи ҳаёт ва ганҷи муқаддасу бебаҳо ҳисобида, ба он арҷ мегузоранд. Бояд қайд намуд, ки об барои ҳар яки мо мисли маводи ғизоӣ басо зарур буда, бе он ҳаёти инсонро тасаввур намудан ғайриимкон аст. Ибтидою интиҳои ҳаёти инсон дар рўйи олам ба воситаи истифодабарии об сипарӣ мегардад. Ба андешаи мутахассисон саломатию дарозумрии инсонҳо низ ба поку мусаффо нигоҳ доштани оби нўшокӣ вобаста  аст. Муҳимтарин ҷараёнҳои биологӣ, ҷуғрофӣ ва иктишофию ҷустуҷўии геологӣ бе иштироки об ба амал намеоянд.
              Тибқи маълумотҳо ва далелу санадҳо дар соҳаи саноат барои тайёр ё истеҳсол кардани каучуки сунъӣ 2500 метри мукааб, барои истеҳсоли як тонна никел 4000 метри мукааб, барои тавлиди як тонна мис 5000 тонна, барои тайёр кардани як тонна маҳсулот дар заводи нуриҳои азотии Вахш аз 50 то 300 метри мукааб, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Заводи алюминийи тоҷик» аз 100 то 200 метри мукааб ва дар заводи Ҷамъияти саҳомии шакли пўшидаи «Тоҷиккабел» 250 метри мукааб об масраф мегардад. Далелҳои боло гувоҳи онанд, ки истеҳсолот низ ҳамчун организми зинда ба об эҳтиёҷи калон дорад.
               Бинобар ин, истифодаи оқилона ва самараноки об дар тамоми самтҳои ҳаёт имрўз тақозои айём аст. Мо бояд шукрона аз он намоем, ки кишвари осмонбўсу биҳиштосои мо дар саргаҳи оби шаффоф ва захираҳои бузурги об  қарор дорад.
              Аз ин лиҳоз, мувофиқи меъёр истифода бурдани оби ошомиданӣ ва расидан ба қадри манзалати ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як инсон ба шумор меравад. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ фармудааст:
Зи ҷўе, ки хўрдӣ аз ў оби пок,
Нашояд фикандан дар он сангу хок!
 

 
                                                                          
Хуршед Норов,
омўзгори кафедраи системаҳои иттилоотӣ
 дар иқтисодиети  факултети иқтисод
ва идора
 
 
 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj