Илмдўсту покзамир

          Ҳар як боргоҳи таълимӣ бо донишмандону омўзгорони асил нуфузу эътибор пайдо мекунад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки яке аз бузургтарин марказҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, дар он омўзгорони пуртаҷрибаву донишмандони варзидаи соҳаҳои мухталиф фаъолият дошта, номбардори миллату давлати хеш гардидаанд.

          Аз зумраи чунин нафарон муаллимаи покзамиру дарёдил Мамлакат Аюбова мебошад, ки умри бобаракати хешро дар ин боргоҳи таълимиву илмӣ сипарӣ намуда истодааст. 

Мамлакат Аюбова 12-уми декабри соли 1956 дар ноҳияи Шаҳритўс таваллуд шудааст. Мамлакат Аюбова соли 1978 Донишкадаи давлатии омўзгории Тоҷикистон ба номи Шевченко (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ)-ро бомуваффақият хатм менамояд ва худи ҳамон сол ба кори омўзгорӣ мепардозад. Яъне, фаъолияти меҳнатии муаллима аз соли 1978 оѓоз гардидааст. Фаъолияти меҳнатиашро аз муаллимаи забон ва адабиёти мактаби миёна оѓоз кардааст, ки то соли 1993 идома меёбад. Дар ин муддат ў тамоми роҳу усулҳои фаъоли таълимро ба роҳ мемонад, то хонандагон соҳиби донишу хиради воло гарданд. Чунин ҷидду ҷаҳдҳои муаллима буд, ки соли 1993 ўро ба сифати муҳаррир ва баъдан сармуҳаррири шуъбаи  табъу нашри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор даъват менамоянд. Шурўъ аз соли 1994 аввал ба сифати ассистент, муаллими калон ва дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ѓайрифилологӣ (ҳоло кафедраи забони тоҷикӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология)-и ДМТ кору фаъолият кардааст.

Рисолаи илмиашро соли 2002 таҳти роҳбрии профессор Кабиров Ш. дифоъ менамояд. Муаллифи зиёда аз 60 мақолаи илмӣ- тадқиқотӣ ва методиву оммавӣ мебошад мебошад. 

М. Аюбова аз ҷумлаи он омўзгороне мебошад, ки дар ин боргоҳи маърифат беш аз бист сол боз кору фаъолият дорад ва бо фазилату хиради хеш дар рушду инкишофи илм ва дар камолоти маънавии ҳазорон донишҷў саҳми босазое гузоштааст. 

Пажўҳиш ва таҳқиқотҳои М.Аюбова паҳлуҳои гуногуни илми забоншиносиро фаро гирифта, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас муваффақ гардидаанд. Нигоштаҳои илмию таълимӣ ва методии дотсент М.Аюбова дар бахшҳои луѓат, имло, антропонимия арзиши баланди илмӣ доранд. Бе шак, гуфта метавонем, ки эшон аввалин забоншиносе мебошанд, ки антропонимияи тоҷикони навоҳии Шаҳритўсу Қубодиёнро гирд оварда, дар шакли монография манзури хонандагон гардонидааст. 

Ба қалами дотсент М.Аюбова китобҳои дарсӣ, аз ҷумла  «Забони тоҷикӣ» (барои гурўҳҳои русӣ), «Забони тоҷикӣ» (барои факултетҳои биология ва тиббию фармасевтӣ), «Барномаи таълимии забони тоҷикӣ барои ихтисосҳои ѓайрифилолгӣ» тааллуқ доранд. Аз ин рў, месазад гуфт, ки саҳми ин олими дарёдилу нодиргуфтор ва некандешу нозукбин дар рушди илми забоншиносии тоҷик шоистаи таҳсин аст. 

Имрўз муаллимаи муҳтарами мо, Мамлакат Аюбова ба синни мубораки шаст қадам ниҳоданд, ки ба эшон ин санаи фархундаро муборакбод гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, саодатмандиву хушҳолиро таманно дорем. 

Назрулло Каримов, 

Саъдӣ Исматов 

дотсентони ДМТ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj