Илми таърих ва дониши ҷавонон

Ба таъкиди донишмандон таърих яке аз фанҳои муҳимми  таъсиррасон дар ахлоқи ҷомеа, ба хусус дар ахлоқи ҷавонон буда, шахсе, ки таърихро меомўзад, ҳатман, ватани хешро дўст медорад. Донистану омўхтани таърих шинохтани гузаштагони худ, тараққиёти кишвар, донистани рушди илму маърифат ва забону ватани хеш буда, худшиносӣ, якдилӣ ва ваҳдати миллатро ба вуҷуд меорад.  Ҳамин аст, ки мақсаду мароми ҳар як муаррих  хонандаро ба роҳи хештаншиносӣ, ба қадри неъматҳои замон расидан, ҳисси миллӣ ва дар рўҳияи ватандўстӣ тарбият намудан аст.  Асосгузори сулҳу Ваҳдат миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд, ки “Агар кас  гузаштаи  аҷдоди  худро надонад,  инсони комил нест.  Албатта таърихро хотираи инсоният меноманд.  Пас, ҳар фард бе омўзиши таърихи кишвари  худ, аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро  пойдору бегазанд нигоҳ дошта  наметавонад,  аз решаи хеш  дур  ё канда  шуда,  ба вартаи  гумномӣ қадам мениҳад. Агар мо аз роҳи тайкардаи пур  аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шоя туфони офат бори  ҷанги  шаҳрвандӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги  фоҷеавӣ намегиифт. 

Як сарчашмаи  худшиносии миллӣ  маҳз  ошнои  ба мероси  таърихӣ аст. То хотираи  қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву  миллии бостон маҳфуз аст,  ҷомеа аз худ накунад,  аз хираду заковати гузаштагон  баҳраманд нашавад,  дар тамоми  риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад”. 

Омўхтани таърих на танҳо ба хотири  донистани гузашта, балки барои  шукуфоии  фардои ҳар миллату  давлат  зарур аст. Миллат бояд  аз гузаштаи худ,  хоҳ дурахшон бошад, хоҳ тира сабақ гирад  ва дурнамои ояндаашро муайян созад.  Ашхосе, ки  несбат ба таърих беаҳамиятӣ  зоҳир мекунанд,  аз решаву насаби хеш  канда оқибат аз хотираи  таърихи  гузаштаи пурифтихор ва мероси фарҳангии миллати худ  бенасиб монда, чун махлуки  худпараст  бемасъулият ва бегонапарвар  ба камол мерасад ва гирифтори тафаккури ѓуломона  мегардад. Бузургон бар ин ақидаанд, ки сабақҳои ибратомўзи  таърих  роҳи гузаштаву имрўзу ояндаро пешорўи мо  қарор дода, чун  ҳаками одил, гиреҳи бурду бохтҳои  силсиладавлату  давлатдориҳои тоҷиконро  барои ҳар фарди соҳибхирад  мекушояд. Пас, ҷавонони моро лозим аст, ки рў ба китобҳои таърихию фарҳангӣ оранду гузаштаи худро омўзанд ва аз он сабақ гиранд. 

Афзалшо СЎФИЕВ, 

донишҷўи курси 4, 

факултети тарих 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj