Илм фидокорӣ мехоҳад

Генри Дэвид Торо – нависандаи англис мегӯяд, он чи ки як бор бо сифат иҷро шудааст, барои як умр аст. Маҳз ҳамин амал дар тадқиқоти устоди муҳтарами мо, профессор Сайидраҳмон Сулаймонӣ дида мешавад. «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ»-и таҳиянамудаи С. Сулаймонӣ дар ҳаҷми сад ҳазор калима метавонад як умр мавриди истифодаи устодону донишҷӯён бошад. Устод Сайидраҳмон Сулаймонӣ зиёда аз панҷ ҷилди осори Шайхурраис Абӯалӣ ибни Синоро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ ва аз тоҷикӣ ба русӣ тарҷума кардааст, ки ҳар яке аз онҳо тақрибан 700–800 саҳифаро дар бар мегиранд. Профессор С. Сулаймонов худро шогирди маънавии Ибни Сино медонад ва ба худ қавл додааст, ки то имқоният ҳаст, тамоми эҷодиёти Ибни Синоро аз забони арабӣ ба тоҷикӣ бар мегардонад. Тавре худи устод мегӯянд, «ҳар амалеро подошест». Заҳматҳои шабонарӯзии устод Сайдираҳмон Сулаймониро ба назар гирифта, эшонро ба узвияти Академияи забонӣ арабӣ, ки дар шаҳри Қоҳираи Мисри Араб воқеъ аст, пазируфтанд. Мо тасмим гирифт, ки перомуни ин мавзуъ бо устод С. Сулаймонов суҳбате дошта бошем.
-Устод, мехостем дар оғози суҳбат каме дар бораи фаъолияти худ ва ин дастоварди бузург сухан мегуфтед?
-Одатан устодон ду самти фаъолият доранд. Самти якум - дарсгӯйӣ ва самти дуввум масъалаи таҳқиқ аст. Аммо ман бо боварӣ гуфта метавонам, ки дар шароити кунунӣ се самти фаъолият илмӣ дорам. Самти авали фаъолияти ман ин дарс гуфтан, самти дуввум - таҳқиқ дар соҳаи арабшиносӣ ва самти сеюм ин тарҷумаи осори мутафаккирони форсу тоҷик аз забони арабӣ ба забони тоҷикӣ ва аз забони русӣ ба забони тоҷикӣ ва ё баракси он аст, ки дар ин ҷода низ банда корҳои мушаххасро ба анҷом расонидаам. Агар сухан дар бораи «Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ» равад, метавон гуфт, ки маҳз бо шарофати ин фарҳанг маро ба муассисаҳои муҳтарами илмии забоншиносии ҷаҳони ислом, алахусус Академияи забони арабӣ ба ҳайси узви вобастаи ин муассисаи бузург пазируфтанд. Ман пеш аз ҳама ба ин муассисаи бузург, ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ба Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи Академияи улуми Тоҷикистон миннатдорӣ баён мекунам. Чунки дар ин муаассисаҳо солиёни дароз фаъолияти илмӣ карда, то ба дараҷаи олимӣ расидам. Гуфтаниям, ки омода сохтани ин фарҳангро низ ҳанӯз аз даврони фаъолият дар ҳамин пажуҳишгоҳ оғоз карда будам. Барои омода намудани фарҳанги мазкур зиёда аз 20 сол кор кардам. Ин фарҳанг ду маротиба ба нашр расид. Бори аввал соли 2004-ум ва бори дуввум соли 2011 бо тағйиру иловаҳо дастраси хонандагон гардид. Агар дар ин ҷода барои миллати худ хизмат карда бошам, худро бисёр сарбаланд эҳсос мекунам…
-Устоди азиз, дар ҳақиқат Шумо дар самти эҷодиёт ва таҳқиқ корҳои назаррасе анҷом додаед. Акнун мо хостем бифаҳмем, ки нақши Шумо дар омода сохтани мутахассисон чӣ гуна аст?
- Яке аз ҳадафҳои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин тайёр кардани мутахассисони баландихтисос дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла дар соҳаи арабшиносӣ, мебошад. Агар мо кадр тайёр накунем, дар оянда наметавонем, ки ягон соҳаи илмро пеш барем. Барои ҳамин ба назари банда, дар шароити кунунӣ тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси арабшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз вазифаҳои донишгоҳ, хусусан кафедраи филологияи араб, мебошад. Кафедраи зикршуда зиёда аз 60 сол аст, ки фаъолият дорад ва дар ин муддат чандин кадрҳои хубро тарбия кардааст, ки ҳоло бисёре аз онҳо дар сохторҳои гуногуни давлатӣ кор мекунанд. Дар чанд соли охир, ки ман ба ҳайси сарвари кафедраи мазкур таъин шудаам, аз ҳисоби устодони кафедра се нафар ҳимоя карданд ва дипломҳои худро гирифтанд. Се нафари дигар ба наздикӣ кори худро ба анҷом мерасонанд, ки банда роҳбарии онҳоро ба уҳда дорам. Умедворем, ки шогирдони мо дар оянда арабшиносии тоҷикро хеле хуб пеш мебаранд. Арабшиносӣ барои Тоҷикистон аз се ҷиҳат муҳим аст. Аввалин, аҳамияти арабшиносӣ дар он аст, ки аксари меъроси илмиву фарҳангиву фалсафии миллати мо бо забони арабӣ навишта шудааст, ки тарҷумаи онҳо бо забони тоҷикӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ вазифаи муҳими арабшиносии Тоҷикистон мебошад. Дуввум, ин ки забони тоҷикӣ бо забони арабӣ бархурди фарҳангӣ дорад. Дар таркиби забони тоҷикӣ 35-40 дар сад иқтибосоти арабӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ яке вазифаҳои дигари арабшиносон ин таҳлилу баррасии ин иқтибосот мебошад. Севвум, ин ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароиити имрӯза, ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ҷаҳони ислом, ҳамкориҳои сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ барпо кардааст. Дар ин ҷода низ омода кардани мутахассисони арзандае, ки тавонанд сиёсати дохилию хориҷии кишварро дар давлатҳои араб роҳандозӣ созанд, бар зимаи арабшиносони тоҷик мебошад. Аз ин нуқтаи назар илми арабшиносӣ дар Тоҷикистон муҳимтарин илм ба ҳисоб меравад.
-Ҳамаи он меҳнату заҳматҳое, ки Шумо барои халқу миллат ва шогирдон кардаед, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна қадрдонӣ гардидааст?
 -Дар тамоми ҷаҳон як қоида аст, ки барои ҳар як амали нек, иҷрокунандаи онро аз рӯи меҳнату заҳматаш қадрдонӣ мекунанд. Шукри Худо ман низ гуфта метавонам, ки дар шароити кунунӣ Ҳукумати ҶТ меҳнати маро ба назар гирифта соли 2011 ба унвони «Арбоби илм ва техникаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаам. Аслан мо тамаъҳои зиёде надорем, вале ақидаи мо ин аст, ки ҳар як хизмат аз ҷониби давлат қадрдонӣ карда шавад. Чунки қадрдонӣ, арҷгузорӣ ба заҳмати ҳар як инсон, ин пеш аз ҳама ҷанбаи ахлоқӣ ва ҳам ҷанбаи ташвиқи инсон барои пешбурд ва густариши илм аст. Инсон ҳамчун фарди иҷтимоӣ ҳамеша ниёзманди он аст, ки заҳматҳои кардаи ӯ ҳамеша мавриди арҷгузорӣ ва қадрдонӣ қарор гирад…
- Феълан омодасозии кадрҳои ҷавони арабшиносӣ дар кадом сатҳ қарор дорад. Оё шогирдоне, ки факултаи забонҳои Осиё ва Аврупоро хатм мекунанд, метавонанд корҳоеро анҷом диҳанд, ки аз ҷониби марказҳои бонуфузи илмӣ қадрдонӣ шаванд?
-Усули таълиме, ки феълан дар факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо ва дигар факултаҳои донишгоҳ амал мекунад, аз даврони Шӯравӣ фарқ мекунад. Агар дар даврони Шӯравӣ дар як сол 10-15 нафар қабул карда мешуд, ҳоло бошад ҳар сол дар ҳар як ихтисос то 70-80 нафар қабул мегардад, ки ин ҳам аз музаффариятҳои Истиқлолият гувоҳӣ медиҳад. Имрӯзҳо донишҷӯёнро ба ду гурӯҳ ҷудо кардан мумкин аст. Якум, донишҷӯёне, ки воқеан барои хондан меоянд. Дуввум, донишҷӯёне, ки ба мақсади рӯзгузаронӣ ба донишгоҳ меоянд. Дар ин чанд соле, ки дар донишгоҳ кор мекунам, гуфта метавонам, ки баъзе донишҷӯёни мо аз донишҷӯёни даврони Шӯравӣ ба маротиб боқуввату донотаранд. Дар ин баробар донишҷӯёне ҳастанд, ки ҳеҷ ба илм таваҷҷуҳ надоранд. Мо ба ин ҷавонон муроҷиат мекунем, ки каме ояндаи худро фикр карда, фаъолтар бошанд… Бояд гуфт, ки таълим дар Донишгоҳи миллӣ аз дигар донишкадаю донишгоҳо фарқ мекунад. Дар инҷо аз таъриху ҷуғрофия, диолектология, забону адабиёт, фарҳанг ва дигар соҳаҳои гуногун онҳо таълим дода мешавад.
-Устод, Шумо ҳамчун шахси рӯзгордида барои пешбурди корҳои ояндаи ҷавонон чӣ маслиҳат медиҳед?
 -Инсон истеъдод дорад, истеъдод ва лаёқат бошад дар ҳаёти инсон нақши арзандаро мебозад. Аммо нақши аз ҳама муҳим ин такмил додани илми худ аст. Агар инсон гӯяд, ки истеъдод дораму кам мутолеот кунад, вай ба ҳадафҳои асосӣ расида наметавонад. Ҳама он чизе, ки инсон ба даст меорад, агар 20 фоизаш аз ҳисоби истеъдод бошад, 80 фоизи дигари он танҳо бо роҳи рехтани арақи ҷабин ва заҳматҳои шабонарӯзию мутолиа кардан ба даст меояд. Ман ба ҷавонон гуфтаниям, ки илм фидокорӣ мехоҳад. Ин хел буданаш номумкин аст, ки инсон ҳам сарватманд бошаду ҳам олим. Андешаҳои хешро бо суханони Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ ба охир мерасонам, ки мефармояд: Гар таваккул мекуни, дар кор кун, Кишт кун, пас такя бар ҷаббор кун.

Суҳбаторо Абӯмуҳаммад ТӮРАЕВ

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj