Илёсҷон ШАМСОВ: Дастовардҳои ҷавонон боиси рушди иқтисодиёт мегардад…

(Суҳбати хабарнигори нашрияи “Ба қуллаҳои дониш” Абумуҳаммад Тураев бо декани факултети иқтисод ва идора, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Илёсҷон Шамсов)
- Устоди гиромӣ, қаблан дар мавриди дастовардҳои факултет дар соли 2016 чанд сухан мегуфтед?
-Коллективи факултети иқтисод ва идора ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супориш ва нишондодҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумат ва дигар барномаву стратегияҳои соҳавӣ чораҳои муассирро татбиқ намуда, дар омода кардани кадрҳои баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва кадрҳои илмию педагогӣ пешсаф мебошад.
Албатта, самти муҳимми фаъолияти факултет ва кафедраҳои тахассусии он омода кардани менеҷерони замони муосир мебошад. Аз ин рӯ, дар факултет аз рӯйи даҳ ихтисос мутахассис тайёр карда мешавад, ки ба талаботи бозори муосири меҳнат ҷавобгӯ мебошанд. Вобаста ба ин, ҷиҳати такмили ташкили низоми таълим ва баланд бардоштани сифати он дар факултет мунтазам корҳои муайян ба анҷом расонида шуда, раванди мазкур зери назорати қатъӣ қарор дорад.
Дар ин самт, барои баланд бардоштани сифати таълим ва самаранокии азхудкунии фанҳо синфхонаҳои факултет бо технологияи муосири иттилоотию коммуникатсионӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ду синфҳонаи лингофонӣ ва ду маркази интернетӣ фаъолият мекунад. Барои мукаммал гардонидани ҷараёни таълим ва таъмини донишҷӯён бо маводи таълимӣ мунтазам аз ҷониби устодони факултет маводи илмӣ ва таълимию методӣ омода карда мешавад ва бо дастгирии раёсати донишгоҳ ба табъ мерасанд. Дар соли таҳсили ҷорӣ шумораи чунин маводҳо, яъне китоби дарсӣ, воситаҳои таълимию методӣ ва монографияҳо ба 15 адад мерасад.
Дар самти омода намудани кадрҳои илмию педагогӣ дар факултет Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ амал мекунад, ки онро д.и.и., профессор Одинаев Ҳ.А. роҳбарӣ мекунанд. Мавриди зирк аст, ки аз соли 2015 то имрӯз 9 нафар устодон ва аспирантону унвонҷӯёни факултет рисолаҳои номзадии худро дифоъ намуда, соли ҷорӣ панҷ нафари дигар рисолаҳои худро дифоъ хоҳанд кард.
Бо назардошти таъсиси Шӯроҳои миллӣ низ садорати факултет ва кафедраҳои тахассусии он ҷиҳати тақвият додани ҷараёни омода кардани кадрҳои илмию педагогӣ нақшаҳои муайянро тартиб дода, иҷроиши онро зери назорати қатъӣ гирифтаанд. Таҷрибаи дифои рисолаҳои илмӣ дар марказҳои бузурги илмиву таълимии хориҷа низ нигоҳ дошта шуда, соли 2015 Садриддинов М.И. дар Донишгоҳи давлатии Новосибирск ва соли 2016 Раҳмонов Ҷ.Р. дар Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов рисолаҳои илмии худро дифоъ намуданд. Айни замон бо ташаббуси раёсати донишгоҳ барои ташкил намудани Шӯрои дифои байнидавлатӣ бо муассисаҳои илмию таълимии Ҷумҳурии Қирғизистон гуфтушунидҳо ба анҷом расонида шуда, ҷиҳати таъсиси Шӯро аз рӯи се ихтисоси илмҳои иқтисодӣ корҳои муайяне ба анҷом расонида шудаанд.
Садорати факултет ҷиҳати тақвияти робитаҳои байналмилалӣ низ корҳои назаррасро ба анҷом расонида, айни замон кафедраҳои марбутаи он бо як қатор марказҳои бузурги илмию таълимии хориҷи дуру наздик робитаҳои самаранок доранд. Масалан, дар оғози соли равон бо ташаббуси садорати факултет миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи муҳандисву омӯзгории Қрим шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.  Дар асоси ҳамин шартнома санаи 24 марти соли ҷорӣ конференсияи байналхалқии муштарак баргузор карда шуд. Дар баробари ин ҳар сол устодони зиёди факултет дар чорабиниҳои илмию омӯзишӣ, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, фаъолона иштирок намуда, дар муаррифии дастовардҳои илми тоҷик саҳми назаррас мегузоранд.
Як нуқтаи муҳимми дигарро низ мехоҳам таъкид созам, ки устодони факултет дар таҳия ва ташхиси барномаву стратегияҳои давлатӣ иштироки фаъолона доранд Барои мисол метавон 6 нафар устоде, ки дар таҳияи «Стратегияи миллии рушд, барои давраи то соли 2030» иштирок доштанд, 5 нафарашон устодони факултети мо буданд, ки бо сипосномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон қадршиносӣ шудаанд.
-Иштироки донишҷӯён дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар чӣ сатҳ қарор дорад? Садорат ва мудирияти кафедраҳои факултет барои беҳбуд бахшидани ин самт чӣ чораҳо андешидааст?
-Самти муҳимми фаъолияти кафедраҳои тахассусии факултет ин ҷалби донишҷуён ба корҳои илмию тадқиқотӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Дар ин самт, дар кафедраҳои марбутаи факултет маҳфилҳои илмии донишҷӯён ва дастаҳои олимпӣ таъсис дода шудаанд, ки донишҷӯёни фаъоли факултетро фаро мегиранд.
Садорати факултет мунтазам барои ташкил ва гузаронидани озмунҳои илмию оммавӣ, махсусан, олимпиадаҳо шароити мусоидро фароҳам сохта, бо кафедраҳои дахлдор ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Дар баробари иштирок дар олимпиадаҳо, донишҷӯёни факултет дар озмунҳои корҳои хатии донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ иштирок намуда, чанд соли охир сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
- Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» пешниҳод гардид ва аз ҷониби  Созмони Милали Муттаҳид қатънома қабул шуд. Дар робита ба ин ва дигар масъалаҳои иқтисодии ҷумҳурӣ факултет чи нақша-чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст.
- Ба ҳамагон маълум аст, ки 21 декабри соли 2016 Ассамблеяи Генералии СММ қатънома дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028»-ро қабул намуд, ки ин иқдом маҳз аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Пешвои миллат пешниҳод гардида буд. Коллективи факултети иқтисод ва идора ин хабари муҳимро бо хушнуди пазируфта, нақша-чорабиниҳои муайянро ҷиҳати муаррифӣ ва шарҳу эзоҳи он  роҳандозӣ намуда истодаанд. Ҳамзамон, устодони факултет ҳамарӯза дар ВАО оид ба паҳлуҳои гуногуни «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» суханронӣ менамоянд. Бояд махсус қайд кард, ки мудири кафедраи иқтисоди миллӣ профессор Исайнов Ҳ.Р. дар чорабиниҳои илмие, ки берун аз факултет ва донишгоҳ сурат гирифтанд, ширкат варзида, доир ба аҳамияти иқтисодиву иҷтимоии қатъномаи мазкур андешарониҳо карданд. Боиси ифтихор аст, ки бахшида ба ин қатънома монографияи илмии устоди факултет н.и.и., Садриддинов М.И. «Арзёбии муҳиммияти захираҳои обии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Оценка значимости водных ресурсов Республики Таджикистан) дар ш. Новосибирски Федератсияи Русия аз чоп баромад, ки дар он масъалаҳои идоракунии захираҳои об ва нақши он дар инкишофи иқтисоди миллии кишвар баррасӣ шудааст.
- Соли ҷорӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардид, дар ин замина факултет чӣ иқдомоте пеш гирифтааст?
         - Пешвои миллат ҳангоми суханронии хеш дар вохӯрӣбо намояндагони ҷавонони мамлакат, ки 23.05.2013 баргузор гардида буд, иброз дошта буданд: «Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Гузашта аз ин, онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу амалҳои созандаи Тоҷикистон такягоҳи боэътимоди давлат мебошанд». Бинобар ин, эълон гаштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон боиси ифтихори ҳар як ҷавони худогоҳу ватандӯст аст.
Факултети иқтисод ва идора тибқи нашқа-чорабиниҳои таҳияшуда  вобаста ба Соли ҷавонон чорабиниҳои мухталифро ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллии донишҷӯён мунтазам баргузор намуда, тамоми имкониятҳои мавҷударо пайваста истифода менамояд.
Баргузор намудани чорабиниҳои маърифатию варзишӣгувоҳи онанд, ки садорати факултет нисбат ба қувваи созандаву бунёдкоронаи ҷавонон эътимоду боварии комил дошта, ҷиҳати омода намудани кадрҳои баландихтисосу ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ҷавобгӯ  мунтазам  талош варзида, тарбия намудани донишҷӯёнро дар рӯҳияи ватандӯстиву бунёдкорӣва созандагиву ахлоқи ҳамидаи инсонӣвазифаи аввалиндариҷаи худ меҳисобад.
-Таманниёти Шумо ба хонандагон (ҷавонон) дар Соли ҷавонон.
-Озодиву истиқлол дар Паёми солонаи Пешвои миллат «неъмати бузурги миллат» баҳогузорӣгашт ва даъват барои ҳифзу нигаҳдошти он муҷиби пойдории ин мулку сарзамину фарҳанг барои наслҳои минбаъда дониста шуд.
Бинобар ин, ба ҷавонони неруманди кишвари азизамон муроҷиат карданиам, ки илм омӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд ва ифтихори оила, ҷомеа ва миллату давлати хеш бошанд. Дар ҷомеае, ки имрӯз умр ба сар мебаранд, бояд хамқадами он бошанд. Аз ҷониби онҳо дар соҳаҳои илму варзиш боло бардоштани парчами кишвари соҳибистиқлоламон шаҳодати он аст, ки ҷавонони Тоҷикистон дар руҳияи ватандориву худшиносӣба воя мерасанд ва дастовардҳои онҳо боиси рушди соҳаҳои гуноугни ҷумҳурӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, мегардад.
Ташаккур барои чунин суҳбати самимӣ.
Саломат бошед.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj