Илҳом аз Паём

Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ, ректори ДМТ, академик
Паёмҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барномаи корие барои рушди бемайлони кишвари азизамон дар ҳама самтҳо мебошад. Дар Паёмҳои худ Пешвои миллат аз як тараф натиҷаҳои бадастомадаи як соли гузаштаро ба баррасӣ мекашанд ва аз тарафи дигар барномаву ҳадафҳои заруриро барои як соли дигар ба миён мегузоранд. Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 20-уми январи соли ҷорӣ сурат гирифт, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки миллати тоҷик маҳз дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳои Пешвои худ метавонад ба ҳама ҳадафҳои миллии худ даст ёбад.
Дар Паёми навбатӣ дар баробари  пешравиҳои назарраси илму маорифи кишвар ба норасоиҳо ва камбудиҳои ҷиддии ин самт ишора шуд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид доштанд: “Дар замоне, ки илму технология бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, дар илми тоҷик навгонӣ ва ташаббусҳои илмӣ кам ба мушоҳида мерасанд, афроди лаёқатманд, ихтироъкору навҷў ба ҷодаи илмҳои дақиқ ҷалб карда намешаванд ва мавзўъҳои фармоишӣ барои талаботи давлат равона намегарданд. Дар мамлакат дар шароити имрўза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву таҳқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад”.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави ҳидоятҳову роҳнамоиҳо ва таъкидҳои Пешвои маҳбубамон ба ҳамгироӣ ва татбиқи илм дар истеҳсолот  талош намуда, ба тарвиҷи илмҳои дақиқу бунёдӣ ва тарбияи ихтироъкорону эҷодкорони ҷавон диққати ҷиддӣ медиҳад.

 

Ф.С. ОБИДОВ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор:  

 

-Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи истиқболи 25-умин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки дастоварди муқаддастарин ва бузургтарини таърихи навини миллӣ мебошад, пешниҳод гардид. Дар Паём ҷанбаҳои муҳимми вазифаҳои иҷрошуда ва минбаъда ироа гардиданд.

Ҳадафи асосии Паёми Сарвари мамлакат дар асоси се самти афзалиятноки сиёсати стратегии давлат ва фароҳам овардани шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин паст гардидани сатҳи камбизоатӣ аз 32% ба 31% дар зарфи як сол натиҷаи амалишавии дастурҳо дар партави Паём буд, ки дар шароити таъсири манфии равандҳои сиёсиву иқтисодиву ҷаҳонӣ ва минтақавӣ вобаста ба вазъи иҷтимоиву иқтисодии мамлакат ин нишондиҳандаи хеле назаррас мебошад. 

Таъмин намудани рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз оғози даврони истиқлолият то ба имрўз ҳадафи асосии Давлат ва Ҳукумат мебошад. 

Дар Паём махсус қайд гардид, ки ҳукумат инкишофи устувори минбаъдаи кишварро дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ пешбинӣ карда, барои баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираву имкониятҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ талош менамояд. Таҷрибаи як қатор мамлакатҳо нишон медиҳад, ки ислоҳоти ба низоми рушди соҳаи навоварӣ равонашуда, неруи иқтисодиро ҳатто дар давраи бўҳрон мустаҳкам менамояд. Дар мамлакатҳои рушдёфта  соҳаҳое, ки технологияи олии навтаринро истифода мебаранд, қисми бузурги арзиши изофаро месозанд. 

Дар муқоиса ба давраи соли гузашта ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 млрд. сомонӣ ба 48,4 млрд.сомонӣ ё ба маблағи 2,8 млрд. сомонӣ (6,1%) афзуд. Дар назар аст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2016 ба зиёда аз 53 млрд. сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки нишондиҳандаи қарзи давлатӣ нисбат ба маҷмўи маҳсулоти дохилӣ 27,9%-ро ташкил дод. Мутобиқи таҷрибаи байналмилалалии идораи қарзи давлатӣ мавҷуд будани қарзи давлатӣ то 40% маҷмўи маҳсулоти дохилӣ барои мамлакатҳои рў ба инкишоф хатар надорад. Ҳамин тавр, қарзи давлатӣ якҷоя бо низоми андозӣ воситаҳои муҳими давлатӣ мебошанд, ки бо ёрии он давлат сиёсати худро амалӣ менамояд. Бозори қарзҳои давлатӣ дар ҷамъияти ҳозира яке аз муҳимтарин танзимкунандаи раванди рушди иқтисодиёт мебошад. Бо истифодаи дурусти ин категорияи молиявӣ, давлат метавонад ба пешравиҳо ва ислоҳоти иқтисодӣ ноил гардад.

Қарзи давлатӣ ба ҳолати буҷети давлатӣ, сиёсати пулию қарзӣ, иқлими иқтисодӣ, талаботи аҳолӣ ва ғайра таъсири худро мерасонад. Бо сиёсати дурусти молиявӣ давлат гаронии андозҳоро ба вақт тақсим намуда, ба низоми андозбандӣ имкон медиҳад, ки ба тиҷорат гаронӣ наорад, ки ин метавонад дар оянда имконияти молиявии давлатро васеъ намояд.

Дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳадафҳои стратегии давлат сифатҳои навро гирифта, маҳаки асосии онро истифодаи самарабахши нерўи барқ, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва  дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ташкил хоҳад дод.

Барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо моро зарур аст, ки бо заҳмати софдилонаву самаранок тамоми кушишу ғайрати худро баҳри ободиву гулгулшуфоии Ватани азизамон равона сохта, ба боварии Пешвои миллат сазовор гардем.

 

А. Каримов, декани факултети биология: 

 

-Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ як барномаи мукаммал барои некуаҳволии мардум ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони азизамон мебошад.  Паёми навбатӣ дар бораи фардои дурахшони кишварамон дар дили ҳар як сокини кишвар дилгармию фараҳро эҷод мекунад.  Воқеан, Паём – илҳомбахши мардум аст.

Хушбахтона Ҳукумати Ҷумҳурӣ баробари афзоиши имкониятҳои иқтисодии давлат маблағгузориро барои соҳаи маориф зиёд менамояд. Аз ҷумла дар Паём омадааст, ки  аз 1-уми июли соли равон марҳалаи навбатии зиёдшавии музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, ба шумули муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, миёнаи умумӣ ва олӣ, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, илм, фарҳанг, варзиш ва тандурустӣ 20 фоиз, зиёд карда мешавад. Воқеан, мактабу маориф такягоҳи муътамади рушду тараққиёти ҳар як давлати демократӣ ва дунявӣ мебошад. Вобаста ба ин Ҳукумат барои таъмин намудани пешрафти соҳаҳои илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аз тамоми имкониятҳо истифода карда, ба рушди илмҳои техникиву табиатшиносӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад ва доир ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, ҷорӣ намудан ва васеъ гардонидани доираи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, таъмини самаранокии фаъолияти омўзгорон ва такмили малакаи педагогии онҳо тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Инчунин,  аз супориши Роҳбари давлатоамон айён гардид, ки мо-олимони соҳаҳои  табиатшиносиро зарур аст, ки ҳамеша дар ҷустуҷў, омўзиш, таҳлил ва ба захираҳои давлатӣ ворид намудани сарватҳои табиии кишвар бо вазорату идораҳои дахлдор ҳамкории  зич дошта бошем. Донишҷўёнро дар рўҳияи ватандўстиву инсонпарварӣ ва худогоҳиву худшиносӣ дар раванди  тарбия ва таълим омода созем.

 

 

Р. Икромов, Раиси Созмони ҷавонони ДМТ:

 

-Баҳри амалан татбиқ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушду нумуи насли наврас ва ҷавони кишвар, бахусус дастуру супоришҳое, ки дар Паёми имсола ироа гардид, масъулият ва дарки бештари ватандориро аз ҳар як сокини кишвар тақозо мекунад. Имрўз бо вуҷуди ҳамагуна имкониятҳои моддӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ, пеш аз ҳама, ба таълиму тарбияи наврасону ҷавонон зоҳир мегардад. Яке аз нуктаҳои Паём ин самти тарбияи насли наврас ва омода намудани мутаххасисони ҷавон буд. Дар Паём таъкид шуд, ки “Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омўзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд.

Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрўз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар - Ватани худ содиқона хизмат мекунанд”.

 Бояд қайд намуд, ки Паём худ яке аз ҳуҷҷатҳои ниҳоят муҳим ва тақдирсоз барои тамоми қишрҳои ҷомеа маҳсуб ёфта, асоси рушди босуботи кишварро инъикосгар аст.  Дар ин замина моро зарур аст, ки ба масоили омода намудани кадрҳои ҷавон ва ҷалби онҳо ба корҳои илмиву роҳбарӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. 

Мо ҷавонон бояд бо мақсади пешрафти кишварамон ва беҳтар намудани савияи дониши худ ҳамарўза кўшиш ба харҷ диҳем, ки дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарҷ гардидааст, ҳаматарафа мавриди омўзиш қарор дода, он таъкидҳое, ки дар Паём дарҷ гардид, бо масъулияти баланди ватандорӣ, пайи иҷроиши он бошем.

 

 

С.Шарофуддинов, муовини декани факултети таърих оид ба тарбия,  номзади илмҳои таърих:

 

-Дар Паёми Пешвои миллат дар бораи дастгирии соҳаи маориф, масъалаи баланд бардоштани мақоми омўзгор махсус таъкид гардидааст ва хотирнишон мешавад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда  ва фаъоли ҷомеаи имрўза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад. Тавре гуфта шуд: «...ояндаи мамлакат аз фаъолияти омўзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». 

    Ин ҳолат аҳли маориф ва аз ҷумла омўзгоронро водор месозад, боз ҳам ба масъалаи таълиму тарбияи насли ҷавон дар муассисаҳои таълимии кишвар диққати бештар зоҳир намоянд. 

         Дар Паёми Президенти кишвар зикр гардид, ки «...ба падару модарон, масъулони таълиму тарбия, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ муроҷиат менамоям, ки барои аз мактаб дур намондани фарзандон саъю талош намоянд, ба илму донишандўзӣ ва касбу ҳунаромўзии наврасону ҷавонон диққати махсус диҳанд. Ҳамзамон бо ин, ҳамкориро бо мактаб тақвият бахшанд ва барои таълими фарзандон тамоми шароити заруриро муҳайё намоянд». 

Дар партави Паём садорати факултети таърих ва Шўрои сарпарастони факултет  нақша-чорабиниҳо тартиб дода, вобаста ба он дар гурўҳҳои академии факултет дарсҳои тарбиявӣ гузаронида мешавад. Ҳамзамон, садорат тасмим гирифтааст, ки дар нимсолаи дуюми соли хониш боз ҳам робитаи волидайнро ба донишгоҳ ва гузаронидани ҷаласаҳои волидайнро дар гурўҳҳои академӣ зиёд намояд.

           

Н.М.Дадаҷонова, муовини декани факултети тиббӣ оид ба тарбия:

Дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-иҷтимоиии кишвар Паём ҳамчун чароғи фурўзон, фишанги доимамалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амалӣ шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрўзу фардо ва, пеш аз ҳама, мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳрезӣ ва пешниҳод намудааст. 

 Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб меравад ва ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмаҳсулу самарабахш даъвату ҳидоят менамояд. Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми имсола дарҷ гардид, ин соҳаи тандурустӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки рушди самараноки соҳаи тандурустӣ дар кишвар барои давлату давлатдорӣ аҳамияти калон дорад ва ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат низ дар ин самт дар хизмати соҳаи тиб қарор додани технологияҳои инноватсионӣ мебошад. Дар Паём таъкид шуд, ки солҳои охир дар муассисаҳои тиббӣ таҷҳизоти замонавӣ васеъ ворид гардида, ба ин восита сатҳи ташхису табобати беморон беҳтар шудаистодааст. Аммо ихтисосмандоне, ки таҷҳизоту технологияҳои муосири тиббиро пурраву самаранок истифода бурда тавонанд, дар кишварамон ҳанўз хеле каманд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат дар сиёсати иҷтимоии худ навсозиҳои соҳаи тандурустиро идома дода, маблағгузории соҳаро дар соли 2015 нисбат ба соли гузашта 10 фоиз зиёд пешбинӣ намудааст. Дар даврони истиқлолият барои рушди соҳаи тандурустӣ илова ба маблағҳои аз буҷет ҷудошуда 107 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3 миллиард сомонӣ татбиқ гардидааст. Ҳоло дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар илова ба маблағҳои буҷетӣ татбиқи 38 лоиҳа ба маблағи 570 миллион сомонӣ идома дорад.

Он ҳама таъкидҳое, ки дар Паём дарҷ шудаанд, аз ғамхории Пешвои миллат нисбат ба соҳаи тандурустӣ шаҳодат медиҳанд. Факултети тиббии ДМТ низ, ки соли 2015 таъсис ёфтааст, барои боз ҳам рушд бахшидани ин соҳа ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи тиб бо 7 муассисаи табобативу профилактии ш. Душанбе шартномаи дуҷониба дорад, ки мувофиқи он донишҷўён бо таълиму таҷрибаомўзӣ фаро гирифта шудаанд.

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj