Интернет ва ҷавонон

 Дар замони муосир фаъолияти кориро бе истифодаи компютер, телефони мобилӣ ва дастрасӣ ба шабакаи интернетӣ тассавур кардан номумкин аст. Марк Тзукерберг, ки ихтироъкардаи сомонаи муоширатии "Facebook" мебошад, дар давоми 7 соли фаъолият ва дар 23- солагӣ аллакай яке аз миллиардерҳои ҷаҳон шудааст (Марка ихтироъи худро аз замони донишҷўӣ дар хобгоҳ бо ҳамсоядонишҷўёни худ эҷод кардааст). Чунин мисолҳо бисёранд, ки боиси шуғлнокӣ, машҳургардӣ ва ҳаёти осоиштаи ҷавонон гардидааст ва гардида истодааст.
 Он донишҳое, ки ҷавонон тавассути технологияи иттилоотӣ, махсусан аз шабакаи интернет мегиранд, барои ҷаҳонбиниашон нақши муҳим мебозад. Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ вобаста ба раванди ҷаҳонишавӣ ва нақши ҷавонон дар ин фазо чунин қайд намуда буданд: «Ҷавонон бояд сабақҳои истиқлолиятро ҳаматарафа омўзанд, аз равандҳои солиму носолими сиёсати имрўз огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд».
Интернет чун насли нисбатан ҷадиди воситаи коркарди иттилоот аз лиҳози фарогирии ахбору маълумоти гуногунғоя дар худ ҳамто надорад. Ин аст, ки интернетро ба ҳайси тори анкабути умумиҷаҳонӣ ном мебаранд ва ҳамзамон таъсири онро дар ташаккули одамият ба ғояти барандаи арзишҳои умумибашариву ғановати фарҳангӣ буданаш басо бузург хондаанд.
Тибқи маълумоти баъзе сарчашмаҳои оморӣ тахмин меравад, ки айни ҳол дар мамлакат шумораи умумии истифодабарандагони интернет назар ба чанд соли пеш ба маротиб афзуда, беш аз 30%-и аҳолиро ташкил мекунад, ки ин нишондиҳанда мутаносибан ба зиёда аз 3 млн. нафар мебошад, ки аз ин миқдор, қисмати аъзамашро ҷавонон ташкил мекунанд. Албатта, ин хуб аст, ки  ҷавонони замони мо бештар ба воситаҳои навтарини иттилоърасон рў меоранд, аммо ин ҷо саволе ба миён меояд, ки ҷавонон асосан ба кадом ваҷҳу ҳадаф вориди фазои интернетӣ мешаванд? Имрўзҳо афроди зиёдеро вохўрдан мумкин аст, ки бештари вақти худро дар шабакаи иҷтимоии интернет баҳри анҷом додани муошират бо ёру дўстон ва ё баъзан ҷиҳати дарёфти ошноҳои нав зоеъ менамоянд. Ҷиҳати мусбати интернет дар он аст, ки бо истифодаи оқилона аз он кас метавонад фаҳмиши хешро перомуни талаботҳои ниёзманди худ  бароварда созад, ҳамзамон барои сайқал ва вусъати тоза бахшад ба ақлу фаҳмиши хеш заминаи мусоид фароҳам оварад. Ёдовар мешавем, ки ин шабакаи оламшумул дар доираи афзалиятҳои беназири худ ба кулли истифодабарандагонаш имкон медиҳад, ки на танҳо аз захираи мавҷудаи донишҳои рўзмарра ва илмӣ дар он баҳравар шаванд, балки ба воситаи ворид шудан ба фазои муоширати интернетӣ аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба дилхоҳ суолҳои хеш, алалхусус мутааллиқ ба дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти назарияи илм то ҷойе амиқу фаврӣ гирифта бошанд.
Шабакаи ҷаҳонии интернетро метавон маҳсули дунёи воқеии дуқутба номид, яъне дар радифи бисёр ҷиҳатҳои мусбатро дар бар доштанаш, инчунин дар он инъикоси тарафҳои манфии ҳаёти иҷтимоӣ кам нестанд. Аз ин рў, бо назардошти он ки табиатан ҳар чизи хубро боз ҷиҳатҳои бадаш дар бар аст, субъектҳои тарбияро мебояд, ки дар баробари донистани аҳамияти интернет дар таъмини тарбияи ҷавонон, инчунин, аз ноҷуриҳояш дар ин самт воқиф бошанд.
Бартарии аввалиндараҷа ва аз ҳама асосии интернет чун воситаи комплексии иттилоот ба шумор рафтанаш аст. Масалан, агар телевизион фақат васоити видеоиро фарогир бошад, пас, тори умумиҷаҳонии анкабут тамоми васоити ахбори омма, китобу энсиклопедияҳои илмӣ, маърузаву рефератҳо ва ҳатто санадҳову ҳуҷҷатҳои расмиро низ фарогир мебошад. Яъне, тамоми иттилооти интернетӣ, тибқи таъйиноташон, ҳам дар шакли навориву овозӣ ва ҳам дар шакли матнӣ, инъикос меёбанд, ки ҳатто аксари онҳоро ба хотири даст ёфтан ба идроки пурраву саҳеҳашон гаштаву баргашта истеъмол фармудан имконпазир аст.
Бо боварии қатъӣ гуфта метавонем, ки интернет ва воситаҳои техналогияи иттилоотӣ омўзгор ва китобро пурра иваз карда наметавонад ва аз ин лиҳоз истифодаи онҳо дар якҷоягӣ бо усулҳои нави таълим ба манфиати кор аст. Дар замони гузриш ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ бояд ҷавонон аз технологияи навин комилан огоҳ бошанд, то бо боварӣ гуфта тавонем, ки насли тарбиянамудаи имрўза дар пешрафти ҷамъият саҳми босазо гузошта метавонад.
 
Файзуллоев Э.Ф.,
 н.и.к., устоди факултети кимиё

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj