Истифодаи захираҳои обӣ - энергетикӣ

«Расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб меравад ва баробари эҷоду ҳифзи ҳалқаи ягонаи энергетикӣ, аз миён бурдани хавфи парокандагии системаи ягонаи энергетики кишвару манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии он дар маҷмўъ барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва амнияти миллӣ низ хеле муҳимму арзишманд мебошад». Ин нуктаро мудири кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои иқтисодии байналхалқӣ М. Саидмуродова дар семинари илмӣ-ҷумҳуриявие, ки дар факултети молиявию иқтисодӣ дар мавзўи «Истифодаи самараноки захираҳои обию энергетикӣ дар таъмини ҳадафҳои берунииқтисодии ҶТ» баргузор гардид, баён дошт. Дар семинар намояндагони сохторҳои илмию таълимии ҷумҳурӣ ва устодону муҳаққиқони риштаи иқтисодии факултетҳои иқтисодии донишгоҳ иштирок намуда, роҷеъ ба паҳлуҳои гуногуни мавзўи нишаст маърузаҳо ироа намуданд. 

«Ба қуллаҳои дониш»

Нашрияи «Ба қуллаҳои дониш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии роҳбарият ва ташаббуси котиби ҳизбии ҳамонвақтаи Донишгоҳ (1956), шодравон Абдулатиф Бухоризода таъсис дода шудааст.

Факултетҳо

Донишҷӯи азиз! Барои иттилои бештар ба ихтисосҳои дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, ба саҳифаи факултетҳо муроҷиат намоед.

Донишгоҳи ман

Донишгохи миллии Тоҷикистон

Тамос

734025, хиёбони Рудакӣ, ш. Душанбе, Ҷумҳурии Тоҷикистон
Телефон: +992 37 227 08 64
Сайт:
www.dmt.tj
Почта: dmt@dmt.tj